21:34:19 08-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Қиссаҳо аз рӯзгори Эшони Султон, аҷдод ва пайвандони ӯ - 2

Эшони Авлиё Мирзораҳим ба таълиму тарбияи шогирдон машғул мешавад, муридони зиёде пайдо мекунад. Овозаи авлиёгии ӯ ба дуру наздик паҳн мешавад. Сӯфиҳои зиёде дар чиллахонаҳои ӯ чилла мешинанд. Дар чиллахонаҳои ӯ дар як вақт аз даҳ то понздаҳ сӯфӣ чилла менишастааст.

1 eshoni-sulton 985647845

Шогирдони зиёдеро ба воя мерасонад, ки дар назди ӯ аз шаш то ҳашт сол таълим мегирифтанд. Баъдан шогирдон ва муридонаш ӯро ба деҳаи Ёзғанд даъват мекунанд. Дар ин ҷо ба ӯ заминҳои хубро ҷудо мекунанд, барояш боғ бунёд ва масҷиду мадраса месозанд. Мадрасаи эшони Авлиё Мирзораҳим хеле овозадор будааст. Махсусан дар давраи писари ӯ эшони Шайх Шаҳобиддини Валӣ шуҳрати ин мадраса беандоза калон шуд ва онро шахсиятҳои бузург хатм карданд.

 

Яъне ба таълиму тарбияи мардум машғул шавад. Эшони Авлиё Мирзораҳим розӣ мешавад. Эшон ба ҳамин тариқ ҳам дар Яхакпасти минтақаи Қаротегин, ҳам дар Ёзғанди дараи Вахё ва ҳам дар Янқӯрғони Кофарниҳон замин доштааст ва дар ин манотиқ низ зиндагӣ мекардааст. Ба навиштаи Николай Кисляков, этногрфи рус, ки солҳои зиёд зиндагиномаи эшонҳои Ёзғандро омӯхтааст ва китобе низ навиштааст, эшони Авлиё Мирзораҳим соли 1867 дар деҳаи Яхакпаст дунёи фониро падруд мегӯяд ва дар ҳамон ҷо ба хок супурда мешавад. 

Яъне ба таълиму тарбияи мардум машғул шавад. Эшони Авлиё Мирзораҳим розӣ мешавад. Эшон ба ҳамин тариқ ҳам дар Яхакпасти минтақаи Қаротегин, ҳам дар Ёзғанди дараи Вахё ва ҳам дар Янқӯрғони Кофарниҳон замин доштааст ва дар ин манотиқ низ зиндагӣ мекардааст. Ба навиштаи Николай Кисляков, этногрфи рус, ки солҳои зиёд зиндагиномаи эшонҳои Ёзғандро омӯхтааст ва китобе низ навиштааст, эшони Авлиё Мирзораҳим соли 1867 дар деҳаи Яхакпаст дунёи фониро падруд мегӯяд ва дар ҳамон ҷо ба хок супурда мешавад.

ДарҷанозаашшоҳиҚаротегинШоҳМузаффарҳузурдоштааст. Мазораш то ҳоло дар Яхакпаст побарҷост. Сарабек, ки баъди марги эшони Авлиё Мирзораҳим Қаротегинро мегирад ба одамонаш намегузорад, ба ҳурмати эшонҳо ва ё аз тарси онҳо ба Яхакпаст ҳамла кунанд.

Феълан мақбараи эшони Авлиё Мирзораҳим дар Яхакпаст макони зиёрати орифону ошиқони Худо қарор гирифтааст. Н. Кисляков дар китоби худ "О феодалах Восточной Бухары, в основном, о семьи Язгандских ишанов и их последних поколений ишана Султанхана" ("Дар бораи феодалҳои Бухорои Шарқӣ, асосан дар бораи хонаводаи эшонҳои Ёзғанд ва намояндаи ахири онҳо эшони Султонхон" дар бораи маросими ҷанозаи эшони Мирзораҳим бо истинод ба мардуми куҳансол мегӯяд, ки он хеле бошукӯҳ ва серодам гузашта будааст.

Фарзандони эшони Авлиё Мирзораҳим

Эшони Авлиё Мирзораҳим ҳафт фарзанд дошт:

2 eshoni-sulton 985647845

Эшони Мирафзал писари калониаш мебошад, ки ҳамагӣ якчанд моҳ баъди вафоти падар ӯ низ аз дунё мегузарад. Баъди вафоти ӯ деҳаи Калпак бар асари омадани сел аз байн меравад. Мардум омадани сел ва аз байн рафтани деҳаро ба марги бемаҳалли ду олими намоён иртибот додаанд.

Эшони Муҳаммадобид дар вақти дар қайди ҳаёт будани падараш бо ҳамроҳии бародараш эшони Шарофуддин дар деҳаи Ёзғанд зиндагӣ мекард.

Эшони Мирзо ва эшони Халифа ҳамроҳи қиблагоҳашон дар Яхакпаст хок шудаанд.

Писари хурдиашон эшони Мавлавӣ дар Янқӯрғон дар наздикиҳои мавзее ба ном "Кирпичный" ба хок супурда шудааст.

Баъди вафоти эшони Авлиё Мирзораҳим фарзанди он кас эшони Шайх Валӣ Шаҳобиддин, ки дар Ҳисор зиндагӣ мекард, ба Ёзғанд бармегардад ва умури падарро ба дасти хеш мегирад. Эшони Муҳаммадобид, ки як шахси зоҳид ва тақводор буд ва ба воситаи парҳезгорӣ ба мартабаи авлиёгӣ расида будааст, дар бораи бародараш Шайх Валии Шаҳобиддин гуфтааст, ки ӯ валии модарзод аст ва месазад, ки "гарди эзангӯи аспашро бо ҷорӯби миҷгон бирӯбӣ".

 

Баъди омадани Шайх Шаҳобиддин ба Ёзғанд эшони Муҳаммадобид бо ҳамроҳии эшони Шарофуддин ба деҳаи Чаққони Ховалинг мераванд. Ба ақидае силсилаи эшонҳои Чаққон аз ҳамин эшони Муҳаммадобид писари эшони Авлиё Мирзораҳим шуруъ мешавад. Воқеан як хоҳари онҳо низ бо номи Бибии Чаққон ҳамчун табиб  дар чор атрофи Кӯлоб машҳур гаштааст. Эшони Муҳаммадобид низ дар ривоҷи ислом дар Кӯлоб хизматҳои шоёне кардааст. Масҷиду мадраса сохта шогирдон ва муридони зиёде тарбия кардааст.

Эшони Шайх Шаҳобуддини Валӣ

Эшони Шайх Шаҳобуддин чор зан дошт, ки дар маҷмӯъ аз онҳо шаш писар ва ду духтар ба дунё меоянд. Як занаш духтари Шоҳ буд. Зани дуввумаш, Халифа, духтари мансабдори қалайхумбӣ Мулло Раҳим, яке аз бачаҳои амакаш буд. Зани сеюмаш аз Қаротегин аз қишлоқи Дашти Ёвар буд. Зани чорумаш аз Ҳисор аз дараи Ромит. Зани аввалааш ҳамеша дар Ёзғанд мезист. Халифа гоҳ дар Ёзғанд ва гоҳ дар Яхакпаст буд. Зани сеюм доимо дар Яхакпаст будааст. Зани чорумаш дар Янқӯрғон мезист.

Писарони эшони Шайхи Шаҳобиддини Валӣ эшони Султон, эшони Аловуддин, эшони Ҳайдар, эшони Шоҳраҳматуллоҳ, эшони Ҳоҷӣ (ё худ эшони Сайидҷалолиддин С. Ҳ,) ва эшони Сулаймон мебошанд. Шайх Шаҳобиддин инчунин бо номҳои Винаск (Бибинаск) ва Вимушк (Бибимушкиниссо) ду духтар низ дошт.

Эшони Шайх Валии Шаҳобиддин кӯшиш мекард, ки ба фарзандонаш таълими хуби исломӣ диҳад. Онҳоро аз ҳамаи илмҳои замон бохабар созад. Устодон ва муаллимони онҳо аз ҳисоби уламо ва шахсиятҳои шинохтаи гирду атроф буданд. Худи эшони Шайх Шаҳобиддин донишманди хеле бузург буд. Шогирдону муридони зиёде дошт, ки аксари онҳо дар дари хонаи ӯ аз ҳашт то даҳ сол истода хизмат мекарданд, илм меомӯхтанд. Яке аз онҳо шоири зуллисонайн Абдулҳайи Муҷахарфӣ буд.

Шайх Абдулҳайи Муҷахарфӣ

Шайх Абдулҳайи Домулло Муҳаммадсобири Абдулазим соли 1284 ҳиҷрӣ, баробар бо 1867 милодӣ дар деҳаи Муҷахарфи ноҳияи Нурободи Раштонзамин ба дунё омадааст. Гузаштагони дури ӯ аз Даҳбеди Самарқанд будаанд.

Соли 1930 Абдулҳайи Муҷахарфӣ ва писари калониаш Абдулфаттоҳ, ки он вақт сисола буд, бо туҳмат дар Оби Гарм суд ва ба ҳукми паррон маҳкум карда мешаванд. Падар писарашро як кор карда мегурезонад. Ӯ ба Афғонистон мегурезад. Баъди дар соли 1979 ба Афғонистон даромадани нирӯҳои шӯравӣ Абдулфаттоҳ ба Арабистони Саудӣ ҳиҷрат мекунад. Писари дигари ӯ Муҳаммадикром, хушбахтон, ҳоло дар қайди ҳаёт аст ва 93 сол дорад. Яъне таваллуди ӯ соли 1920 милодӣ мебошад. Соли 1991 Муҳаммадикром барои ҳаҷ ба Макка меравад ва дар он ҷо бародари калониаш Абдулфаттоҳро мебинад. Шоир Абдулҳайи Муҷиахарфиро соли 1931 дар синни 64 -солагӣ ба қавли баъзе шоҳидон дар маҳаллаи Сариосиёи шаҳри Душанбе ба шаҳодат расонидаанд.

Ҳафт сол дар Ёзғанд таҳсили илм кардааст.

"Абдулҳайи Муҷахарфӣ дар назди эшони шайх Шаҳобиддини Валӣ дар Ёзғанд чанд муддат хизмат карда дасти пир гирифтааст. Падари Абдулҳайи Муҷахарфӣ Муфтӣ Муҳаммад Собир бо эшони Шаҳобиддин иртиботи хеле наздик доштааст. Баъд аз он ки писараш Абдулҳайи Муҷахарфӣ аз назди пираш ба деҳаи худ Чормағзак бармегардад, аз мардум дурӣ ҷуста дар як гӯшаи деҳа ду сол чилла мешинад. Аз ин кори писараш падараш дар ташвиш афтода ба назди дӯсташ, пири писараш шайх Шаҳобиддини Валӣ рафта аҳволро ба ӯ мерасонад.

(идома дорад)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi