21:35:05 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Аҳмадшоҳи Масъуд - озодихоҳе ба як пой устувор

Шоми 7-уми сентябр дар шаҳри Душанбе маҳфили бузургдошти шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд, қаҳрамони миллии Афғонистон баргузор шуд. Маҳфил бо мусоидати Анҷумани тоҷикон ва форсизабононони ҷаҳон «Пайванд» ва ташаббуси Шӯрои олии ҳамбастагии тоҷикони Афғонистон, бо раҳбарии сиёсатмадори Афғонистон Латифи Пидром, бо ширкати васеи ҳаводорону аҳли зиёи тоҷик доир гашт.

latifi-pidrom-98454521.jpg9-уми сентябри соли 2001 сипаҳсолори варзида, генерал Аҳмадшоҳи Масъуд аз инфиҷори ду араби маргталаб захмӣ шуд ва 5 рӯз баъд аз ин ҷароҳати мудҳиш дигар ба худ наёмада, ҷон ба Ҳақ таслим кард.

Ҳамоиши ба солгарди шаҳодати ин шахсияти таърихӣ тарҳрезишударо шоири номвари тоҷик Беҳрӯзи Забеҳулло оғоз карда, гуфт, ки ин ҳамоиш ба рӯзи шаҳодати паҳлавони номдор ва симои дурахшону беназири таърихи муосири Афғонистон ва минтақа Аҳмадшоҳ Масъуд Алайҳираҳма баргузор шудааст. Ӯ зикр кард, ки «тавре иттилоъ доред, Шӯрои олии ҳамбастагии тоҷикони Афғонистон соли ҷорӣ бо ибтикори устод Латифи Пидром, раиси Ҳизби кунгураи миллии Афғонистон таъсис ва дар Вазорати адлияи кишвар сабти ном шудааст. Ин Шӯро чандин гирдиҳамоиву ҳамоиши милливу илмӣ дар Афғонистон баргузор карда, ки маҳфили гиромидошти солгарди шаҳодати ҷонсӯзи солори озодагони Хуросон Аҳмадшоҳи Масъуд дар шаҳри Душанбе яке аз онҳо аст».

Дар ҳаминҷо аз ҷониби қории Қуръон ояте чанд аз каломуллои Маҷид қироат шуд, то рӯҳи бузургон шод гардад.

Ба изҳори Беҳрӯзи Забеҳулло, 14 сол қабл аз имрӯз ҷаҳонро ду ҳодиса сахт такон дод, якум ҳодисаи 9-уми сентябр ва дувум 11-уми сентябр. Дар таърихи 9-уми сентябр миллати масрури Афғонистон, сипаҳсолори бузурги ҷиҳоду муқовимат ва фарзанди босалобатеро, ки миллати Афғонистонро аз бӯҳрони шадиди маҳрумшавӣ аз ҳаёти илмиву сиёсии хеш кӯҳ ба кӯҳ ва дарра ба дарра ёрӣ ва ҳамроҳӣ намуд, аз даст дод. Ин абармард дар таърихи 9-уми сентябр ба дасти гурӯҳи қатлу ҷиноят шаҳид шуд ва миллати Афғонистон ва мусалмонони ҷаҳон-омӯзгорони сулҳу озодиро дар ҳама ҷо сӯгвор сохт.

- Мо ин шом дар шаҳри зебои Душанбе бо ҳам омадем, то дар бораи хуршед сӯҳбат кунем. Хуршед гарчи дар шаб наметобад, аммо ин маънои онро надорад, ки вуҷуд надорад. Хуршед гарчи дар шаб наметобад, аммо нуру гармои нури он ҳамчунон дар мост. Шаҳидони бузург аз ҳамин мақому мартаба бархӯрдор ҳастанд ва зиндаву ҷовидон мемонанд,- тазаккур дод Беҳрӯзи Забеҳулло.

Чун дар ин ҳамоиш сиёсатмадори тоҷики Афғонистон Латифи Пидром бо ҳамсараш Фаришта Ҳазратӣ бевосита ҳузур доштанд, сароғоз сухан ба Латифи Пидром, раиси Ҳизби кунгураи миллии Афғонистон ва бунёдгузори Шӯрои олии ҳамбастагии тоҷикони Афғонистон дода шуд. Зикр гардид, ки мо сӯҳбат дар мавзӯи гиромидошти шаҳидон ва ҷойгоҳи тоҷикон баъд аз реҳлати ӯ хоҳем дошт. Беҳрӯзи Забеҳулло изҳор кард:

- Дар аввал гузориши мухтасари Латифи Пидром аз авзои тоҷикони Афғонистон ва минтақа ва дар қисмати дуввум ёдошту хотироти шумо азизон дар мавриди Аҳмадшоҳи Масъуд. Яъне як сӯҳбати озод. Ин як маҳфили сӯгворӣ нест, балки мурури тоза ба зиндагӣ ва шахсияти шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд хоҳад буд.

Ба қавли шоир:

Зиндатар аз ту касе нест, чаро гиря кунем?...

- Донишмандони гиромӣ, шахсиятҳои муаззаму орифони Тоҷикистон, аз донишмандони донишгоҳҳои Кобул ки инҷо ташриф овардаанд, аз эшон сипосгузор ҳастам, - сухани хешро оғоз кард Латифи Пидром.

Ӯ гуфт, ин ҳамоиш бо кӯшиши Шӯрои олии ҳамбастагии тоҷикони Афғонистон заминааш фароҳам шудааст. Аз фурсат истифода карда, паёми ҷаноби Абдураҳими Ҳайдарӣ, раиси Шӯрои иҷроияи  Шӯро ва аъзои раҳбари ин шӯроро барои Шумо бирасонам, чун онҳо наметавонистанд биёянд, зеро имкон набуд дар ин фурсати кӯтоҳ барояшон раводид фароҳам оварем, гарчӣ эшон алоқаманд буданд, ки дар ин ҳамоиш ширкат дошта бошанд.

- Мо мехоҳем дар ин солрӯзи шаҳодати Аҳмадшоҳи Масъуд дар ин суҳбат ба гунаи дигаре бархурд кунем. Дар бораи шахсият ва корномаҳои қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд чӣ дар замони ҳаёти эшон ва чӣ дар замоне, ки ҷунбишҳои озодихоҳонаи Афғонистонро раҳбарӣ мекарданд,  ҳам дар даврони пеш ва ҳам дар даврони Толибон дар мавриди шаҳодати эшон суханони зиёде гуфтаанд, калимоти зиёде гуфтаанду ҳам китобҳои зиёде таълиф кардаанд, ҳам аз мардумони Афғонистон ва ҳам Тоҷикистон ва ҳам аз кишварҳои дигар, чӣ фаронсавиҳо ва чӣ дигарон. Ончи ман мехоҳам дар инҷо матраҳ бикунам, вазъият баъд аз Аҳмадшоҳ Масъуд дар Афғонистон аст. Ба забони дигар ман мехоҳам дар мавриди вазъияти тоҷикон, сохтори сиёсӣ дар Афғонистон, он таҳаввулоте, ки иттифоқ афтод сухан бигӯем, барои ҳамин ҳам баҳси озод гузоштем то фурсате дошта бошем, ки гуфтугӯ ҳам бикунем. Дар айни ҳол устодон чун Муъмин Қаноат ва дигарон баҳсҳои адабӣ ва шеърҳое ҳам доранд, ки дар ин ҷаласа хоҳанд хонд, - изҳор кард мавсуф.

Ӯ гуфт, «дар бораи озодихоҳии фармондеҳ Масъуд, қаҳрамони миллии Афғонистон ва шахсияти мондагор дар таърихи муосири кишвари мо, ҳамаи мо медонем, ҷангҳои бузургеро фармондеҳ Масъуд роҳбарӣ кард ва дар охирин дидоре, ки дар Кобул дошт қабл аз зуҳури Толибон, бо котиби давлатии Амрико хонум Матлен Олбрайт охирин паём ё ҳарфе ба пешниҳоди амрикоиҳо барои он, ки мехостанд ба унвони қудрати дуввум дар Ағонистон боқӣ бимонанд ва пружаҳое барои  кули минтақа доштанд, гуфт, «ба андозаи ин кулоҳи ман агар ҷой дар Афғонистон бошад, ман аз ин кишвар, аз ин мардум ва сарбаландии он дифоъ хоҳам кард». Ончики баъд аз фармондеҳ Масъуд дар Афғонистон иттифоқ афтод, чизҳое набуд, ки дар замони фармондеҳ Масъуд бо ӯ дар миён нагузошта шуда бошад. Фармондеҳ Масъуд на танҳо як стартеги хуб дар арсаи низомӣ буд, балки як андешманди барҷаста буд, дар ҳоле, ки зоҳиран дида мешуд ё андешида, ки як фармондеҳи сиёсӣ аст ё стратежӣ аст, лек  хубтарин вақтеву айёмеашро, ки ба даст меовард, ба мутолиа шурӯъ аз адабиёт то манобеи сиёсӣ мегузаронид».

Ба қавли сиёсатмадор Латифи Пидром талоши Аҳмадшоҳи Масъуд он буд, ки кишвараш мустақил бошаду зимоми идораи он дар дасти худи мардумаш. Ба гуфтааш, ӯ ҳама мақсадҳои нопоку ғаразнокро аз байн мебурд, шояд барои ҳамин кушта шуд.

- Аҳмадшоҳи Масъуд иҷоза намедод, ки аз хоки Афғонистон, аз Бадахшон ба Осиёи Марказӣ лашкаркашӣ сурат бигирад. Ёд доред, ки дар вазнинтарин лаҳзаҳои он солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ӯ дар канори роҳбарияти Тоҷикистон буд ва беш аз ҳама талоши онро мекард, ки инҷо субот барқарор шавад. Ин ҳама ҳимоятҳо барои хоки Ватанаш буд, - мегӯяд Латифи Пидром.  

Муаллифи достони “Масъуднома”, Шоири халқии Тоҷикистон устод Муъмин Қаноат аз ҷойгоҳу азамати сипаҳсолори нотакрор Аҳмадшоҳи Масъуд сухан кард.

- Ман дар сарзамине ба вуҷуд омадам, ки ба Афғонистон хеле наздик аст, «упара» мегӯяд, яъне онтарафи соҳил, яъне ҷудоӣ набуд ва нахоҳад буд миёни мо. Аз таърих ҳам сарнавишти мо хеле пайваста буд. Вақте размҳои Аҳмадшоҳи Масъуд оғоз шуд, ман дар сафарҳои тулонӣ будам. Чун ман ҷангноманавис ҳастам, «Суруши Сталинград»-у «Китоби захмин»-у «Мавҷҳои Днепр» ва дигар, яъне пайрави ҳаким Фирдавсӣ ҳастам. Ба ин хотир аз ман хоҳиш карданд, ки чизе бигӯям дар бораи ин қаҳрамон. Аввал се шеър навиштам, оғоз як шеър, боз дуйи дигар ва дидам, ки кифоят намекунад. Аҳмадшоҳи Масъуд як чеҳраи воқеан ғайриоддӣ аст. Як ҷанговари майдонӣ набуд, шоир ҳам буд, муҳандис ҳам, ошиқи шоирона буд, меҳр ба Ватану Модару хонаводаву мардум дошт. Ӯро дар як достон тасвир карда намешавад. Ҳаминқадар ки дар саросари ҷаҳон навиштанд, ӯро пурра таҷассум карда натавонистанд. Ман инро эҳсос мекунам. Душвор аст ин симоро пурра фаро гирифтан. Барои ҳамин, ман ҳам усулеро пеш гирифтам, ки ҳашт хусусияти ӯро тасвир кунам. Аввал ишқ ба модар. Чун меҳре ӯ ба модар дорад, дидам, ҳуш аз сарам парид. Вақте рафтем ба Қандаҳор, низомиҳои зиёде буд, меҳмони зиёд, 300 метр дуртар, гуфт ман меравам намоз мехонам барои модарам, рафт намозу дуояшро хонд, то индараҷа ахлоқ дошт ӯ.  Чун ин ҷанбаҳоро омӯхтаму дидам, гуфтам агар ӯро ҳамчун ҷанговар тасвир кунем, феълан чизеро гуфта наметавонем, барои ҳамин аз 8 мақеъ ба ӯ назар кардам, ҳамчун ошиқ, ҳамчун фарзанд, ормони миллат, ки Афғонистонро чигуна бисозад, ки дар ҳамон як суханаш гуфта буд, ки:

Ба шакли дил бисозам гунбади онро,

Ки бошад мавҷгири меҳр кайҳонро…

Инчунин андешаро ки дорад дигар? Ба шакли дил мехоҳад бисозад миллаташро.

Барои ҳамин, вақте ҳашт қисмро навиштаму сохтам, Алмаато рафтам, Сафар Абдуллоҳ, ки ҳамонҷо кор мекард, баъдан Олҷаз Сулаймонов, шоири бузурги Қазоқистон дӯсти ман аст, гуфтанд як маротиба диҳед, ки ин чист. Гуфтам инро бо забони русӣ тарҷума карда намешавад, ин ибора танҳо бо форсӣ равон аст.  Сафар Абдуллоҳ, ки номи қаблии онро барояшон таҳтуллафзӣ тарҷума карда буданд, ба ман гуфтанд, ки номашро «Масъуднома» гузоред, то ҷовидона бошад. Бо хати кириливу форсӣ бо ҳамин ном чоп шуд, - изҳори назар кард Муъмин Қаноат.

Ҳаминҷо Беҳрӯзи Забеҳулло хотироти дигареро ёдрас шуд, ки Муҳамадҳусейни Ҷаъфариён шоир ва рӯзноманигори Эрон, ки охирин зиндагиномаи Аҳмадшоҳи Масъудро наворбардорӣ кард ва дар 18 қисм филми хубе дорад дар бораи Аҳмадшоҳи Масъуд, хотира мекунад. Қисса ин аст, ки чун Муҳамадҳусейни Ҷаъфариён шеъри сафед мегуфт, шеърҳояшро пеши Аҳмадшоҳи Масъуд мекушояд ва дар ҳоле разм идома дораду чанд фармондеҳ назди хайма истодаанд то гузориши ҷанг бидиҳанд, Аҳмадшоҳи Масъуд таваҷҷӯҳ ба китоб дошт ва ҳамингоҳ суол мекунанд, ки «амалиёт асту шумо сухан аз шеъру адабиёт мекунед», ӯ мегӯяд, ки «ҳама амалиёти мо ба хотири ҳамон адабиёти мо аст».

Дар ин баробар журналист Муҳаммадато Султонов низ чанд навори таърихиро гузошт ва дар бораи он ба ҳозирин қисса кард.

Ӯ гуфт, чор сол сафари хизматӣ доштам ба Панҷшер ва дар як сафар 14 рӯз дар Панҷшер будам. Аксеро ҳам ба ҳозирон нишон дод, ки Аҳмадшоҳи Масъуд дар соядаст хоста буд:«Аз Худованд орзу мекунам, ки сиҳату саломат бошанд». Султонов некухоҳиро ҳатто дар нисбати душман доштани Аҳмадшоҳи Масъуд хуб маънидод кард, ки дар Қарияи Баҳораки Панҷшер асирон 700 нафар буданду мо рафта навор гирифтем ва дар ҳоле навор намоиш дода мешуд, ӯ он нуктаро ёдрас шуд, ки чисон Аҳмадшоҳ таъкид медошт, то асиронро гушна нагузоранд, гарчи душман ҳисоб меёфтанду муқобилашон ҷангида буданд.  

Султонов хотираи дигареро ҷолибу боиси ёдоварӣ донист, ки Аҳмадшоҳ аз дохили мошини худ дар дарё як моҳиро мебинаду мегӯяд, ки истед.

- Дар аввал ман гумон кардам, ки касеро супориш медиҳад ё чӣ, ки мошинро боздошту фаромад. Ӯ бошавқ шинои ҳамин моҳиро наззора мекарду маро ҳам фарёд кард, ки «Атохон, биё, нигоҳ кун моҳиро чихел озодона шино дорад»…

Шоири тавоно Ҳаёт Неъмати Оташ гарчи аз «меҳмони мо» гуфтани садри ҳамоиш Беҳрӯзи Забеҳулло андаке норозӣ шуду гуфт, ки «инҷо хонаи худам, меҳмон нестам», бовуҷуд, бо хурсандӣ, ки ёди родмардон гуфта, аз марзу бумаш дидан мекунад, изҳори шодмонӣ намуд. Ӯ гуфт, ки «ман давоми се соли охир мисли ҳабси хонагӣ будам, чун имкон намедоданд инҷо биёям». Шоир мегӯяд, ки баъзан монеъ мешаванду мегӯянд, ки «чӣ ин қадар Тоҷикистон меравӣ?». «Охир, ман тоҷик ҳастам, Тоҷикистон наоям, куҷо бояд биравам? Ана Туркманистон ё давлати дигар намеравам ку? Инҷо хонаам, бобу аҷдодам аст, ки меоям».

Ӯ пораеро аз достони худ низ хонд, ки мегӯяд:

Ҳамонҷо, ки номаш бувад Панҷшер,

Ҳама зодагонаш чу пиланду шер.

Самарқандиасланду Даҳбедиянд,

Ҳама тоҷиконанду Хуршедиянд.

Дар ин ҳамоиш Мирзо Шукурзода, Сайид Раҳмон, Муҳтарам Ҳотам, Шаҳрия, Аскар Ҳаким, Тоҷиддинӣ-шоири эронии муқими Душанбе низ ширкат ва аз Аҳмадшоҳи Масъуду корномаҳои ӯ ва дидору мулоқоташон дар вақту замони гуногун ҳикоят карданд.

Бо шавқу завқи баланд духтарони дугоники рӯзноманигор Толибшоҳ Сайидзода Фотимаву Зуҳро шеърҳои дар ситоиши Аҳмадшоҳи Масъуд нигоштаи Латифи Пидром, ва Илоҳаи Беҳрӯзи Забеҳулло шеъри бо ин мазмун нигоштаи сафири Афғонистон Абдулғаффури Орзуро қироат карданд.

Зулолаи Нур

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi