19:22:19 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Сухан аз фоҷиъае, ки имрӯз ҳам дар ҳар кишвар рух доданаш мумкин аст

Имрӯз, 15-уми феврали соли 2016 ба хуруҷи нируҳои ба ном маҳдуди мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афғонистон расо 27 сол пур мешавад. Он солҳо Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣҳамчун як ҷумҳурии он қарор дошт. Дар ҳайати Артиши Шӯровӣ бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон низ хизмати сарбозии худро ба ҷо меоварданд. Як теъдод ба ҳайси тарҷумон ва мутахассисони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ дар Афғонистон буданд.

1_savlatsho-mergan_215645.jpg

Савлатшоҳи Мерган, ки,яке аз афғонистоншиносони маъруфи Иттиҳоди Шӯравӣ ба шумор мерафт, аз ҷумлаи онҳо буд. Ӯ бештар аз 20 сол дар Афғонистони замони Муҳаммад Зоҳиршоҳ, Муҳаммад Довуд, Афғонистони даврони халқиҳову парчамиҳо дар вазифаҳои гуногун кору зиндагӣ карда буд. Афғонистонро бештар ва хубтар аз ҳар як коршиноси масоили Афғонистон медонист. Мутаассифона, чанд моҳқабл ӯ дар синни тақрибан 80 солагӣ дунёи фониро падруд гуфт. Банда бо Савлатшоҳи Мерган расо ҳашт сол муқаддам, дар арафаи 30 солагии ғалабаи Инқилоби савр дар Афғонистон дар бораи баъзе масоили норӯшани ин рухдоди муҳими кишвари ҳамсоя мусоҳибае доир карда будам, ки то ба ҳол дар ягон расонаи электронӣ ба нашр нарасидааст.

Бо баҳонаи солгарди хурӯҷи нирӯҳои шӯравӣ аз Афғонистон ва зикри хайри Савлатшоҳи Мерган, ин афғонистоншиноси маъруф матни комили мусоҳибаи мазкурро  бе ягон дигаргуние пешкаши хонандагони арҷманди сомонаи «Рӯзгор» мекунам.

«Расо 30 сол пеш 27-уми апрели соли 1978 дар кишвари ҳамсояи мо Афғонистон ҳодисае ба вуқӯъ пайваст, ки таъсири он на танҳо ба худи Афғонистон ва ҷумҳурии мо, балки минтақа ва тамоми ҷаҳон беандоза бузург ва сарнавиштсоз буд. Баъди рух додани ин воқеъа дар он замон баъзе таҳлилгарони сиёсии ҷаҳон аз  Афғонистон ҳамчун аз кишваре ном мебурдагӣ шуданд, ки мебоист дар ояндаи наздик ба ҷумҳурии шонздаҳуми Иттиҳоди Шӯравӣ табдил меёфт. Вале касе пешгӯӣ карда наметавонист, ки ҳамагӣ каме бештар аз 13 сол мегузараду Афғонистон сабаби асосии аз харитаи сиёсии ҷаҳон ғайб задани Иттиҳоди Шӯравӣ -ин бузургтарин ва пурқувваттарин  кишвари сайёра мегардаду минтақа ва ҷаҳонро ба мушкилоти тоза мувоҷеҳ месозад.

Он чӣ гуна ҳодиса буд? Дар ин бора сӯҳбате дорем бо яке аз шоҳидони бевоситаи ин ҳодисаи фоҷиъабор. Савлатшоҳи Мерган- афғоншиноси хеле варзидаи тоҷик, ки наздик ба ду даҳсола дар Афғонистон кор кардааст, ҳамон шабу рӯзҳо дар сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ дар Кобул фаъолият мекард ва имрӯз омода ба он шуд, ки дар ихтиёри хонандагони гиромии ҳафтаномаи мо иттилоеро вогузор намояд, ки чанде пеш аз  ошкоро гуфтани он худдорӣ менамуд.

ӯҳтарам Савлатшоҳи Мерган, сабабҳои ба вуқӯъ пайвастани табаддулоти давлатии моҳи апрели соли 1978-ум дар Афғонистонро, ки баъдан онро инқилоби 7-и Савр ё худ 27-уми апрел ном мебурдагӣ шуданд, чӣ гуна арзёбӣ мекунед? То андозае, ки мо иттилоъ дорем Шумо ҳамон шабу рӯзҳо дар Кобул будед. Дар кадом вазифа  фаъолият мекардед?

2_savlatsho-mergan_215645.jpg

-Ташаккур, ман ҳамон вақт дар сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ дар Кобул корманди шӯъбаи иқтисодӣ будам. Дар бораи сар задани Инқилоби 7-и савр ё худ 27-уми апрели Афғонистон пеш аз ҳама ҳаминро бояд гуфт, ки дар аксари расонаҳо хабарии олам нуқтаназарҳое ба нашр мерасанд, ки тибқи он гӯё ин инқилоб тавассути шӯравиҳо ташкил карда шуда будааст. Яъне шӯравиҳо гӯё, ки онро худашон созмон дода бошанд. Албатта ин нуқтаи назар чандон саҳеҳ нест. Бале, аз нуқтаи назари мафкура ва ё худ идеология таъсири шӯравӣ ба созмондиҳандагони ин инқилоб хеле бузург буд. Идеологияи Ҳизби Халқӣ - Демократии Афғонистон (ҲХДА) идеологияи марксистӣ- ленинӣ буд ва дар зери таъсири Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолият мекард. Вале дар он ки маҳз рӯзи 27-уми апрели соли 1978  бояд инқилоб рух диҳад, дар ин бора дар сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ дар Кобул он вақт касе хабар надошт.

-Шумо чӣ гуна ин нуқтаи назаратонро шарҳ дода метавонед?

-Далели  асосии сар задании инқилоб ин кушта шудани Мир Акбари Хайбар яке аз шахсиятҳои барҷастаи ҲХДА буд, ки дар Академияи полиси Афғонистон кор мекард. 19-уми апрел, дар рӯзи дафни ӯ тамоми пешвоёни ҳизб ҷамъ омада буданд ва қасам хӯрданд, ки «мо ба доди ҳукумати Довуд, ки узви ҳизби моро кушт, мерасем». Баъди садо додани чунин таҳдидҳо аз рӯзи 20-уми апрел сар карда  то 25-уми апрел дар қасри шоҳӣ Муҳаммад Довуд ҳар рӯз ҷаласа мегузаронд ва  пешниҳод мекард, ки роҳбарони ҲХДА боздошт ва зиндонӣ шаванд. Вале аз аъзои ҳукуматаш дар аввал  аксаран ба далели он ки ин амал вазъиятро дар кишвар ноором мекунад, ба ин пешниҳод мухолифат мекарданд. Вале билохира, рӯзҳои 25-ум ва 26-уми апрел тасмим гирифта шуд ва ҳафт нафар роҳбари ҳизб ба шумули Нурмуҳаммади Таракӣ, Бабрак Кормал, Аноҳита Ротибзод, Дастгири Панҷшерӣ ва ғайра ба ҷуз Ҳафизуллоҳ Амин зиндонӣ шуданд.

Тафсилоти ба вуқӯъ пайвастани инқилоби Саврро ман рӯзи 29-ум, яъне як рӯз  баъди ғалабаи инқилоб аз як корманди амниятӣ, ки берун аз маҳдудаи сафорат дар шаҳр зиндагӣ мекард, фаҳмидам.

-Оё мумкин аст, ки аз он кас ном бигиред?

-Номаш Виктор буд. Фамилияаш Козирев. Виктор Козирев. Он вақт ман намедонистам, ки корманди амниятии шӯравӣ будааст. Ҳамин Виктор рӯзи 29-ум нақл кард, ки «рӯзи 26-уми апрел бегоҳӣ чор нафар низомиёни афғонӣ ба хонаи ман омада гуфтанд, ки Довуд роҳбарони ҳизби моро зиндонӣ кардааст, мо пагоҳ ба муқобили вай муборизаро шурӯъ мекунем». Виктор дар навбати худ омада дар сафорат ба намояндаи КГБ дар сафорат хабар медиҳад ва он намоянда сипас дастгоҳи марказии  КГБ-и Маскавро тавассути барқия аз қазия бохабар месозад. «Аз Маскав амр доданд, ки сафирро дар ҷараён гузорем,- гуфт Виктор.

Мо соати яки шаби рӯзи 27-уми апрел сафир Александр Михайлович Пузановро аз хоб бедор карда гуфтем, ки фардо дар Афғонистон инқилоб мешавад. Сафир ба мо гуфт, ки дар марҳилаи кунунӣ ба ҷуз Довуд дар Афғонистон дигар қувваи сиёсие нест, ки Афғонистонро идора карда тавонад. Қуввае қудрати инқилоб карданро надорад. Беҳуда маро дар ин нимашабӣ безобита кардед! Виктор мегӯяд, ки мо маҷбур шудем, ки матни шифртелеграмма (барқияи рамзӣ)-еро, ки дар он КГБ-и шӯравиро аз эҳтимоли ба вуқӯъ пайвастани инқилоб хабар медодем, ба Пузанов нишон диҳем. Пузанов ноилоҷ ба ҳамин мазмун, яъне фардо дар Афғонистон эҳтимоли сар задании инқилоб вуҷуд дорад ба роҳбарияти вазорати умури хориҷаи Иттиҳоди Шӯравӣ нома фиристод».

3_savlatsho-mergan_215645.jpg

Як далеи дигаре, ки даст надоштани шӯравиро дар инқилоби Савр исбот мекунад, ҳамин буд, ки мутахассисини шӯравӣ, ки ҳамон шабу рӯз дар Кобул хеле зиёд буданд, ҳама чун ҳарвақта субҳи рӯзи 27-уми апрел ба ҷойҳои кории худ рафтанд. Ҳатто кӯдаконро аз микрорайонҳо барои дарс гирифтан ба ягона мактаби русӣ, ки дар сафорат амал мекард, оварданд. Агар шӯравиҳо инқилобро ба роҳ мемонданд, онҳо ҷони садҳо шаҳрванди худ ва кӯдаконашонро ба хатар намегузоштанд. Тахминан соати ҳашту понздаҳ дақиқаи субҳ буд, ки садои тирпарронӣ баланд шуд. Радиои Кобул дар ин лаҳзаҳо хомӯш буд. Соатҳои 9- 9 30 дақиқа буд, ки ду чархбол дар фазои Кобул пайдо шуд. Яке болои Кобул мерафту дигаре поин. Баъд фаҳмидем, ки ин чархболҳо болои қасри Довуд тирпарронӣ мекардаанд. 

Касе намедонист, ки чӣ гап аст. Ҳама шӯравиҳо дар дохили сафорат буданд. Баъд хабар омад, ки қасри Довудро гирифтанд.

ӣқасри Довудро гирифт?

-Қувваҳои низомии Ҳизби Халқӣ- Демократии Афғонистон. Ҳафизуллоҳ Амин, узви Кумитаи Марказии ҳизб масъули масоили низомӣ буд. Ҳизб дар артиши Афғонистон тарафдорони худро дошт. Аввалин кореро карданд, ин озод кардани роҳбарон  ва аъзои КМ ҳизб аз зиндони ҷодаи вилоят буд. Ин соатҳои чоруними бегоҳӣ буд. Озодшудагонро ба бинои радио бурданд. Баъд, тахминан соати 6-у 10 дақиқаи бегоҳӣ буд, ки радиои Кобул баъди хомӯшии чандсоата боз ба кор даромад. Аввалин хабар дар бораи ғалабаи инқилоби Ҳизби Халқӣ Демократӣ ва суқути ҳукумати Довуд буд. Ба навбат аз тариқи радиои Кобул ҳам Таракӣ суханронӣ кард ва ҳам Бабрак Кормал. Аз ҳамин бинои радио роҳбарони ҳизб чор нафар намояндаи худро ба пеши Довуд ба қаср фиристоданд. Довуд, ки бо ҷамъи ёрони вафодораш қасрро дифоъ мекард, он чор намояндаро ба ҳузураш қабул мекунад. Онҳо аз Довуд талаб мекунанд, ки таслим шавад. Довуд мегӯяд, ки ба шарте таслим мешавад, ки ба назди ӯ собиқ мансабдоронаш Абдулқадир ва Гулобзуй, ки ба тарафи ҲХДА гузашта буданд, биёянд, то ки бо онҳо маслиҳат бикунад. Роҳбарияти ҳизб ин шарти Довудро нақшаи сӯиқасд ба ҷони ин ду нафар ҳисобида онро рад мекунад. Дар вақти гуфтушуниди намояндагони ҲХДА бо Довуд байни онҳо тирпарронӣ сурат мегирад, ки дар натиҷа Довуд ва тарафдорони боқимондааш дар қаср кушта мешаванд. Шаб ором гузашт. Рӯзи 28-уми апрел  соати 7 30 дақиқаи пагоҳӣ дар атрофи сафорати шӯравӣ тирпарронии шадиде ба вуқӯъ пайваст. Баъдтар фаҳмидем, ки вазири дифои Довуд Ғӯрбандӣ дар вақти тирпарронии дирӯзаи дохили қаср аз пояш захм бардошта худашро ба мурда андохта будааст. Вақте ҷасадҳоро ба соҳибонашон медиҳанд, ӯ дар назди наздиконаш аз зинда буданаш дарак медиҳад ва ба Пағмон, ба қисми ҳарбие, ки сарбозонаш тарафдори Довуд буданд, меравад. Онҳоро ташвиқ мекунад, ки муқовимат намоянд. Ба онҳо мегӯяд, ки ҷангро бо сафорати шӯравӣ бояд кард, зеро табаддулот кори дасти онҳост. Сипас чанде аз онҳоро гирифта ба назди сафорати шӯравӣ омада ба тирпарронӣ шурӯъ мекунад. Қувваҳои инқилобӣ ин ҳолатро дида  бо танку силоҳҳои сақила ба назди сафорати шӯравӣҳозир шуда бо нирӯҳҳои Ғӯрбандӣ ба ҷанг медароянд. Хулоса, дар як муддати кӯтоҳ  инқилобчиён нирӯҳои вафодор ба Довудро шикаст дода худи Ғӯрбандиро ба асорат мегиранд. Ӯро ба зиндони Пули Чархӣ бурда аз ӯ талаб мекунанд, ки расман эълон кунад, ки ӯ таслим шудааст. Вале ӯ «ман ба ҳукумати Довуд қасами садоқат хӯрдаам ва онро намешиканам» гӯён пешниҳоди ҳукумати инқилобиро рад мекунад. Дар натиҷа ӯ  худи ҳамон рӯз парронда мешавад. Ҳамин тариқ, гуфтан мумкин аст, ки инқилоби Савр ғайричашмдошти шӯравиён ба вуқӯъ пайвастааст.

4_savlatsho-mergan_215645.jpg

-Шояд замони сар задани инқилоб барои шӯравиён гайричашмдошт буд. Вале ҳадафи Ҳизби Халқӣ-Демократии Афғонистон, ки идеологияи марксистӣ-ленинӣ дошт, барпо кардани ҳукумати сохтораш мушобеҳ ба ҳукумати шӯравӣ буд. Ҳеҷ мумкин набуд, ки шӯравиён ин чизро надонанд ва ба онҳо дар ин корашон мусоидат накунанд? Охир Нурмуҳаммад Таракиву Бабрак Кормал ҳамчун роҳбарони ҳизби расман фаъолияткунанда  бо шӯравиҳо дар иртибот буданд?

-Нурмуҳаммад Таракӣ робита надошт. Дастгири Панҷшерӣ робита надошт, Тоҳири Бадахшӣ, ки шахси сеюм буд дар ҳизб, бо шӯравиҳо робита надошт. Вале Бабрак Кормал то замони сафир таъин шуданаш қариб ҳар шаб дар сафорати шӯравӣ буд. Дар берун аз сафорат низ бо яке аз роҳбарони шабакаи истихборотии шӯравӣ, ки дар шаҳр зиндагӣ мекард, пайваста мулоқот барпо мекард.

-Агарчанде Таракиву Панҷшериву Бадахшӣ ба гуфтаи Шумо то он замон шахсан бо шӯравиҳо робита надошта бошанд ҳам, вале онҳо аз сиёсати ҳукумати шӯравӣ пуштибонӣ мекарданд, тарафдори Иттиҳоди Шӯравӣ буданд. Ба фикрам, ҳизби онҳо  он шабу рӯз дар Афғонистон расман фаъолият мекард?

-Бале, ҳам дар замони Муҳаммад Зоҳиршоҳ ва ҳам дар замони Довуд Ҳизби Халқӣ-Демократии Афғонистон фаъолияти расмӣ дошт. Сабти ном шуда буд. Касе онҳоро таъқиб намекард, азият намедод. Ҳизби Халқӣ-Демократии Афғонистон дар ба сари қудрат омадани Довуд низ саҳм дошт. Аниқтараш роҳбарони низомии ин ҳизб. Он роҳбарони ҳизб, ки дар артиш буданд, аз табаддулоти Довуд пуштибонӣ карданд. Роҳбарони аввали ҳизб як навъ бетафовут буданд. Вале вақте ки Мир Акбари Хайбарро ба қатл расонданд, ҳама гуфтанд, ки ин кори дасти Довуд аст ва бар зидди ӯ хестанд.

-Мир Акбари Хайбар чӣ гуна ва барои чӣ ба қатл расид?

-Мир Акбари Хайбар рӯзи 18-уми апрел соатҳои 8- бегоҳҳангоме, ки аз кор ба хонааш  пиёда бармегашт, дар наздикии пули микрорайони аввали Кобул аз сӯи як шахси номаълум парронда мешавад. Сабаби қатлашро тахмин мезанам, ки ин ҳамон фаъолияти ҳизбиаш дар байни донишҷӯёни Академияи полис буд.

-Чаро баъди ғалабаи инқилоби савр дар Афғонистон  ба сари қудрат Нурмуҳаммад Таракӣ омад, на Бабрак Кормал, ки бо шӯравиҳо наздиктар буд ва робитаҳои зичтар дошт?

5_savlatsho-mergan_215645.jpg

-Муншии аввали ҳизб аз аввал то рӯзи маргаш Таракӣ буд. Охирҳои соли 1966 ҳизбро бо пешниҳоди Бабрак Кормал ба ду фраксия ҷудо карда буданд. Парчамиҳо ва халқиҳо. Бабрак Кормал орзуи ба сари қудрат омадан дошт. Аз ин рӯ дар пайравӣ ба Ҳизби Коммунисти шӯравӣ (большевик ва меньшевик) фаъолият мекард. Чи тавре ки гуфтам, Тоҳири Бадахшӣ дар ҳизб одами сеюм буд. Тамоми маводи ҳуҷҷатгузорӣ дар дасти ӯ буд. Мо қариб ҳар рӯз вомехӯрдем ва дар бораи ҳизб сӯҳбат мекардем. Боре ӯ ба ман нақл кард, ки дар ҳамон ҷаласаи КМ ҳизб, ки масъалаи таҷзияи ҳизб ба амал омада буд, Ҳафизуллоҳ Амин бо як хурсандӣ пешниҳоди Кормалро ба овоз мегузорад. Тоҳири Бадахшӣ мегӯяд, ки ман аз ҷои худ бархоста, ба тарфи Амин ишора карда гуфтам, ки «Мо барои як ҷосуси СИ АЙ ИЙ-и Амрико ҳизби худро ҳеҷ гоҳ таҷзия намекунем». Дар ҳамин ҳолат Амин табошир (бӯр) дар даст дар назди лавҳаи эълоннависӣ истода буд. Ӯҳамон табошири худро ба шаст ба тарафи ман партофта гуфт, ки «Ҳоло ман ба доди ту мерасам».

 Дар ҳамон ҷаласа ҳизб ба ду ҷиноҳ тақсим шуд. Тоҳири Бадахшӣҳам баъди чанде ба қатл расид.

-Байни ин ду ҷиноҳ фарқ дар чӣ буд?

-Фарқе набуд. Идеологияашон як чиз буд. Мубориза барои ба сари қудрат омадан дар ҳизб. Ҳар ҷиноҳ мехост, ки қудратро худ ба даст бигирад. Дар ҳарду ҷиноҳ намояндагони миллатҳои мухталиф, азҷумла тоҷикону паштуҳо буданд.

ӯравиҳо дар як вақт ҳам ба ҲХДА кӯмак мекарданд ва ҳам бо ҳукумати Довуд ҳамкорӣ мекарданд?

-Бале. Байни ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ ва Афғонистон созишномаи ба ҳамдигар ҳамла накардан ба имзо расида буд. Шӯравиҳо дар замони Муҳаммад Зоҳиршоҳҳам дар Афғонистон қариб 400 нафар мушовири низомӣ доштанд. Ин мушовирон дар Ҷалолобод, Мазори Шариф ва вазорати мудофиа намояндагӣ доштанд. Мушовирини шӯравӣ дар замони Довуд низ боқӣ монданд. Ҳамин хел буд, ки кӯмаки шӯравӣ аз замони шоҳ сар карда дар ҳама вазоратҳои иқтисодӣ, масалан, вазорати зироат, молия, плон, тиҷорат, маъодин ва саноеъ, сохтмон ва ғайра хеле хуб эҳсос мешуд. Дар ҳамон давра тибқи омори расмӣ 63 дар сади тамоми кӯмакҳои иқтисодии хориҷиро ба Афғонистон Иттиҳоди Шӯравӣ мекард.

ӣҳодиса рух дод, ки муносибатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ бо ҳукумати Довуд бад шуданд.

-Дар яке аз сафарҳояш ба Маскав, ки соли 1976 ба вуқӯъ пайваста буд, Довуд суханҳои тунди роҳбари вақти Иттиҳоди Шӯравӣ Леонид Брежневро таҳаммул карда натавонист ва пеш аз хатми музокирот Маскавро тарк намуд. Ин бошад дар Брежнев ҳисси бадбиниро нисбати ӯ бедор карда буд. Ҳарчанд кӯмакҳои иқтисодии Иттиҳоди Шӯравӣ ба Афғонистон қатъ ва  ё кам нашуда бошанд ҳам, вале сардие дар муносибатҳои тарафайн сахт эҳсос карда мешуд.

-Шояд бадбахтиҳое, ки инак беш аз сӣ сол аст, ки Афғонистонро дунболагиранд, аз ҳамон ҷо маншаъ мегиранд?

-Ман дигар хел фикр дорам. Бадбахтиҳо ва нооромиҳое, ки қариб 35 сол боз дар Афғонистон идома доранд, аз табаддулоти Довуд, ки 26 саратон соли 1352 ҳиҷрии шамсӣ ё худ 17-уми июли соли 1973-и мелодӣ ба вуқӯъ пайваста буд, сарчашма мегиранд. Ҳамон сол Аҳмадшоҳи Масъуд, Худо раҳматаш кунад, ки донишҷӯи соли дуввум ва ё саввум Институти Политехникӣ буд, хонданро тарк карда ба дараи Панҷшер рафт ва як сол баъд дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Истиқлол (охирҳои августи соли 1974) овоза паҳн шуд, ки ӯ аз Панҷшер ва Ҳикматёр аз Чоросиёб ба Кобул ҳамла мекунанд. Ёдам ҳаст баъди сафари сафири Амрико ба Панҷшер овозаҳои дигар паҳн шуданд, ки гӯё Аҳмадшоҳ аз раъяш гаштааст. Вале ҳаракати зиддидавлатии муҷоҳиддин ҳамон вақт оғоз шуда буд.

-Хуб, ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ баъди апрели соли 1978 чӣ гуна ҳукумати нави Афғонистонро, ки акнун ҳадафу ғояҳои якхела доштанд, дастгирӣ мекард?

6_savlatsho-mergan_215645.jpg

-Дар аввалҳои фаъолияти ҳукумати нави Афғонистон роҳбарони он, махсусан, вазири корҳои хориҷаи он Ҳафизуллоҳ Амин, ки ҳамзамон вазифаи муовини сарвазир буд, аз шӯравӣ ду хоҳиш кард. Якум бунёди пуле дар дарёи Омӯ дар наздикии Хайратон, то ин ки кӯмакҳои низомӣ, махсусан, техника, тӯпу танк, тариқи ҳамон пул интиқол дода шаванд. Тарафи шӯравӣ ин хоҳиши ҷониби Афғонистонро бо баҳонаи он ки гӯё соҳилҳои Омӯ аз сабаби регзор буданашон барои пулсозӣ мувофиқ нестанд, аз иҷрои ин хоҳиш сарпечӣ кард. Чун диданд, ки шӯравӣ ин хоҳишро иҷро намекунад, талаби дигар пеш гузоштанд. Тарафи Афғонистон пешниҳод кард, ки чун сохтани пулҳои доимӣ имкон надорад, пулҳои сайёр (пантоновый) бисозанд. Бояд таъкид кунам, ки дар ҳамаи ин гуфтушунидҳо ман ба ҳайси тарҷумон ширкат доштам. Ҷониби шӯравӣ бо ҳамон  баҳонаи қаблӣ (регзор будани соҳилҳо) ин хоҳиши Афғонистонро ҳамон вақт рад карда буд. Вале аҷибаш ҳамин, ки вақте ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ дар моҳи декабри соли 1979 тасмим гирифт нирӯҳои низомиашро вориди хоки Афғонистон бикунад, дар як муддати кӯтоҳ дар болои рӯди Омӯҳафт пули пантонӣ сохт ва артиши худ, ба хусус танку тӯп ва техникаи худро ба хоки Афғонистон даровард. Сохтмони пули Хайратонро, ки аз болояш ба ҷуз мошин боз қатора низ меравад, соли 1980 оғоз карда дар якуним сол ба поён расонд.

-Кадом омилҳо сабаб шуданд, ки шӯравӣ баъдан дар моҳи декабри соли 1979 артиши худро ба Афғонистон дохил кард?

- Муборизаҳои дохилиҳизбӣ ба дараҷае расиданд, ки халқиҳо дар моҳи сентябри соли 1978 парчамиҳо Бабрак Кормал, бародари ӯ Маҳмуд Барёлай, доктор Наҷибуллоҳ, Аноҳита Ротибзод ва ғайраро аввал ба ҳайси сафир ба кишварҳои гуногун фиристода, сипас баъди якуним моҳҳамаи онҳоро душманони халқу ватан эълон карданд. Онҳо баъди дар ватан душман эълон шуданашон дар собиқ Югославия муқимӣ шуданд. Бабрак Кормалро бошад шӯравиҳо ба Маскав оварда дар дар минтақаи Фрунзенская набережня, ки маҳали зисти ходимони КМ Ҳизби Комунистии Иттиҳоди Шӯравӣ буд, манзили истиқоматӣ доданд. Баъдан он манзил ба писараш ба мерос расид, ки чанде пеш арзиши як миллион доллари амрикоиро дошт. Бабрак Кормал аз охирҳои соли 1978 то охири соли 1979 дар ҳамин хона мезист. Аз ҳамин ҷо баъди ба қатл расидани Ҳафизуллоҳ Амин ба Афғонистон бурда шуд ва ба сари тахт шинонда шуд.

-Он замон матбуоти шӯравӣ расман эълон карда буд, ки ӯ аз собиқ Чехословакия вориди Афғонистон шудааст?

- Бале, чунин эълон карда буданд, вале дар асл ӯ аз Маскав ба Афғонистон бурда шуд.

-Ӯ пас аз кушта шудани Амин ба Кобул бурда шуд ё барвақттар?

-Баъдтар. Қиссаи куштани Амин ҳам омӯзанда аст. Амин баъди он ки дар моҳи сентябри соли 1979 Таракиро аз байн бурда ба сари қудрат меояд, маҳали кору зиндагонии хешро тағйир медиҳад. Ӯ аз арки шоҳӣ, ки дар маркази Кобул аст, ба қасри Доруламон, ки дар беруни шаҳр буд, мекӯчад. Идораи КМ ҳизбро низ ба он ҷо мебарад. Ёдам ҳаст аз миёнаҳои моҳи октябр шурӯъ карда ҳар боре, ки аз шӯравӣ тайёра меомад, се нафар, чор нафар то ҳафт нафар ҷавонмардони тануманд либосҳои мулкӣ бар тан ба Кобул меомаданд ва онҳоро дар ҳамон сафорат ҷой медоданд. Дар зарфи ду-се моҳ онҳо чунон зиёд шуданд, ки дигар дар утоқҳои сафорат имкони онҳоро ҷойгир кунондан намонд. Сипас маҷбур шуданд, ки талабагони мактаби дохили сафоратро ба таътили иҷборӣ фиристанд ва онҳоро дар мактаб ҷой диҳанд. Вақте мо мепурсидем, ки инҳо киҳоянд ва барои чӣ омадаанд, роҳбарият аввалҳо мегуфт, ки инҳо ба хотири таъмини амнияти сафоратхона омадаанд. Баъдҳо, ки аз ҳад зиёд шуданд, мегуфтанд, ки барои ҳифзи иншоотҳое, ки шӯравӣ месозад, оварда шудаанд. Ошпазҳои Таракиро, ки  шаҳрвандони рустабори шӯравӣ буданд, Амин баъди марги Таракӣ бо худ ба қасри Доруламон бурд. Тарҷумони онҳо як тоҷики тоҷикистонӣ бо номи Муҳаммадҷон буд. Ман ин қиссаро аз ӯ ва Дастгири Панҷшерӣ, ки иштирокчии ҳамин ҳодиса будааст, шунидам. Рӯзи 27-уми декабри соли 1979 Амин ҷаласаи КМ ҳизбро дар қасри Доруламон таъин мекунад. Бо сабабҳои гуногун ширкаткунандагони ҷаласа ба маҷлис дер меоянд. Тақрибан соатҳои 12- и зӯҳр Амин эълон мекунад, ки ҷаласа баъди хӯрдани хӯроки нисфирӯзӣ шурӯъ хоҳад шуд. Дастгири Панҷшерӣ, ки чанд рӯз пеш аз ин ҳодиса баъди табобат аз шӯравӣ омада буд, мегӯяд, ки чун духтурон ба ман гуфта буданд, ки аз хӯрдани хӯроки тезу тунд парҳез кунам, ман хӯроки якум, шӯрборо, ки тез буд, нахӯрдам. Дигарон ҳама онро хӯрданд. Пеш аз хӯрдани хӯроки дуввум, яъне оши палав дидам, ки онҳое, ки шӯрбо хӯрда буданд бо шумули Амин, ҳама аз ҳуш рафтанд. Дар ин вақт духтурҳо омада ҳамаро ба ҷуз Амин ба шифохонаи «Чорсадбистар» мебаранд. Дар он ҷо меъдаи заҳролудшудагон ва дар ин миён аз манро ҳам шуста ҳамаро  аз ҳалокат наҷот медиҳанд,- мегӯяд Панҷшерӣ. Амин бошад, дар қасри Доруламон баъди чанде, соатҳои севуним ба ҳуш омада аз муҳофизаш хоҳиш мекунад, ки аз «Чорсадбистар» духтур биёрад. Муҳофиз як духтури рустабори шӯравиро ба қаср меорад. Духтур меъдаи Аминро шуста ӯро ба ҳуш меорад, ки дар ҳамин вақт, тақрибан соатҳои чоруними аср ба қаср ҳамлаи мусаллаҳона шурӯъ мешавад. Касе аз муҳофизини қаср, ки онҳо ҳам асосан сарбозони шӯравӣ буданд, намедонист, ки ҳамла аз ҷониби кӣ сурат мегирад. Ҳамлаварон ҳамон ҷавонмардони шӯравӣ буданд, ки ба таври инфиродӣ ба Афғонистон бурда шуда буданд. Онҳо муҳофизони қасрро мешинохтанд ва мекӯшиданд то камтар ба онҳо зарар бирасад. Вале Амин ва ҳамон духтури рустабор дар натиҷаи шиллики рокет (тири грантамёт) ба қатл мерасанд. Ҷасади Аминро баъди маргаш касе надидааст, ки дар куҷо ба хок супурда шудааст.

-Кадом омилҳо буданд, ки боиси шикасти шӯравӣ дар Афғонистон шуданд?

-Чунин омилҳо зиёд буданд. Вале омили асосӣ, аниқтараш хатои асосии ҳукумати вақти Иттиҳоди Шӯравӣ ин ворид кардани нирӯҳои низомиаш ба Афғонистон буд. Муовини фармондеҳи кулли нирӯҳои шӯравӣ дар Афғонистон доир ба таъминоти моддӣ, ки як чечен буд, нақл мекард, ки ба Афғонистон ҳамчун ба кишвари иқлимаш вазнин  аз Аврупо барои сарбозони артиш нӯшобаҳои гаронқимате ба мисли «Кока Кола» ворид мекарданд, вале касе аз сарбозони оддӣ онҳоро намедид. Барои афсарони  шӯравӣ дар Афғонистон фурӯшгоҳҳое фаъолият мекарданд, ки бо нархи арзон молҳои камёфтро мефурӯхтанд. Вале аксаран афсарон  баъди бо нархи арзон харидан онҳоро ба худи афғонҳо бо нархи дучанд мефурӯхтанду пул мекарданд. Силоҳ мефурӯхтанд, қисмҳои эҳтиётии тамоми анвои техникаро мефурӯхтанд, бензину дигар навъи сӯзишвориро мефурӯхтанд ва ғайраву ҳоказо. Хулоса, аксари низомиёни шӯравӣқариб, ки асосан ба тиҷорат машғул буданд, на ба ҷанг. Омилҳои дигари муҳими шикасти шӯравӣ дар Афғонистон  низ бисёр буданд, ки фикр мекунам баёни онҳо вақти зиёдро мегирад ва берун аз мавзӯи  ин мусоҳиба аст.

-Бале дуруст аст. Вале ман дар охир мехостам шумо дар чанд ҷумла  бардошти худро  аз ин ҳодисаи бузурги сиёсиву низомии минтақа  баъди сӣ соли вуқӯъи он ба хонандагони гиромӣ иброз намоед.

-Бардошти ман ҳамин аст, ки таърихи инқилоби Саврро на танҳо сиёсатмадорону ҳукуматдорони кишвари мо, минтақа ва ҷаҳон бояд хуб омӯзанд ва дар фаъолияти худ ба инобат бигиранд, балки ҳар як шаҳрванди оддии мо, ҳар як инсони соҳибшуури ин сайёра  бояд донаду дарки масъулият  кунад, ки он фоҷиъаест, ки ҳар лаҳза имрӯз ҳам метавонад дар ҳар кишвар рух диҳаду оламро ба гирдоби мусибатҳо мубтало созад. Аз ин рӯ чунон бояд зисту фаъолият кард, ки аз чунин фоҷиъаҳо дар амон бошем. Барои ҳамин ҳам суханамро бо ин байти пандомез султони шоирони форсигӯ устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба поён мерасонам:

Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,

Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.

-Ташаккур барои сӯҳбат.

Мусоҳиб Султони ҲАМАД»

Аксҳо  моли Султони ҲАМАД мебошанд. Ин мусоҳиба дар ҳафтаномаи «Ҷомеъа» рӯзи 01.05.08  бо номи «Фоҷиаи инқилоби Савр имрӯз ҳам дар ҳар кишвар рух доданаш мумкин аст» ба чоп расидааст.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi