14:44:35 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2014 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/14_--01-a-aaaaamodar---02.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/14_--01-a-aaaaamodar----02.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/14_--01-a-aaaaamodar---02.jpg'

УСТОД НУРӢ: РОЗҲОИ НИҲОНӢ БО МОДАР

Нӯҳ  сол пеш, дар рӯзи саввуми баъди марги модарашон устод Нурӣ алайҳираҳма дафтари бисёрварақаи бемуқоваеро ба ман доданду хоҳиш намуданд, ки онро бихонаму баъдан фикрамро ба он кас бигӯям. Матлаби навиштаи устод агарчӣ ҳаҷман он қадар калон набуд, вале аз навиштаҳои қаблиашон ба куллӣ фарқ мекард. Ин дафъа устод бархилофи чашмдошти ман на аз сиёсат мегуфтанду на аз раёсат ҳарф мезаданд. Ҳатто  ғайримунтазира матлабашонро бо ҳуруфи кирилӣ навишта буданд. Он кас дар бораи азизтарин ва муқаддастарин барояшон инсон-модар чунон  бо сӯзу гудозе сухан мегуфтанд, ки онро бе ҳаяҷон мутолиа карда наметавонистам. Чанд рӯз гузашта бошад ҳам, аз чи сабаб бошад  ҷуръат намекардам, ки ба устод дар бораи ин матлабашон фикрамро бигӯям. Билохира худи устод маро ба наздашон хонданду фикрамро оиди он сатрҳои нигоштаашон пурсон шуданд. Хостам шурӯъ кунам ба гуфтан.

 

Вале сухан  лаҳзае дар гулӯям дармонд. Инро устоди рӯҳшинос дарк карданд ва нагузоштанд, ки дигар чизе бигӯям.Ҳамин қадар гуфтанд, ки «пас чизи бад набудааст…». «Розҳои ниҳонӣ бо модар»- и  шодравон устод Нурӣ то ин дам дар ягон сомонаи интернетӣ ба табъ нарасидааст. Инак, ба ифтихори Рӯзи Модар ва 64-умин солгарди рӯзи таваллуди устод Нурӣ онро пешкаши хонандагони гиромии сомонаи «Рӯзгор»  мегардонем.

 

 
Розҳои ниҳонӢ бо модар
 

«Биҳишт дар зери қадами модарон аст».
 Ҳадиси Ҳазрати Муҳаммади Пайғамбар (с).

 

 Модар!

Ту чӣ мавҷуди муқаддасӣ! Аз домони ту бузургон ба авҷи аъло расидаанд. Ҳастии пайғамбарон аз вуҷуди туст. Ту модари уламо ва фузалои ҷаҳонӣ. Ту модари авлиёи Худоӣ… Мардони паҳлавон ва силаҳшӯрони ҷаҳон аз ту маншаъ мегиранд.

Модар!

Тамоми давлатдорони олимақом ва сиёсатмадорони қавинизомро ту тарбият кардаӣ, ту қудрат додаӣ!

Модар!

Ту меҳрӣ. Ту муҳаббатӣ.

Агар падар  қиблагоҳам буд, ту паноҳгоҳам, такягоҳам будаӣ. Имрӯз, ки баъди се рӯзи рафтанат бо ту роз мегӯям, дарди дил мекунам ба хотири он аст, ки аз хушунате, бадрафторие баранҷ андарам. Ягона ҳамрозам ту будӣ ва ту ҳастӣ. Мехоҳам дар ин лаҳазот бо хаёли меҳру муҳаббати ту дар паноҳат  бошам.

Модар!

Ту саросар меҳрӣ. Ҳатто дар охирин лаҳазоти ҳаётат мегуфтӣ! «Тифлакам чизе хӯрдааст, ҳичияш додед?». Бо он ки дар он лаҳза садҳо дард пайкараи латифи туро озор медод, ҳамаро фаромӯш кардӣ ва дар ғами он будӣ, ки тифлаконат чизе хӯрдаанд ё на!

Модар!

Соате чанд ҳамсари маро ба наздат хондӣ ва кӯшиш кардӣ ба ӯ чизе бигӯӣ. Вале аҷал забони туро банд карда буд. Зӯр мезадӣ то бо дастонат чизеро бифаҳмонӣ. Вале онҳо низ дар банди аҷал буданд. Натавонистӣ.

 

Охирин нирӯи худро ба кор бурдӣ. Аз меҳргоҳи қалби пур аз муҳаббатат ашки сӯзон ва пур аз дархосту хоҳишро бурун кардӣ. Гӯё бо ҷӯяҳои ашк бар сафҳаи рухсораи пурнурат ин каломро менавиштӣ: «Тифлакамро бар ту супоридам, мувозиби ҳолаш бош. Ба ӯ раҳиму меҳрубон  бош. Нагузор, ки бар ӯ газанде бирасонанд.  Нагузор, ки гурусна бимонад».

 

Ин охирин васияти ту барои фарзандат буд, ки бо ашки резон мехостӣ ӯро ҷойгузини худ бисозӣ. Вале ҳайҳот. Кӣ метавонад ҷои модарро бигирад? Кӣ метавонад кори модарро анҷом диҳад? Танҳо модар. Ҳеҷ каси дигар.

Модар!

Бо он, ки ҳамеша дар наздат худро бо ҷуз тифлаке чизи дигар ҳис намекардам, вале аз он рӯзе, ки рафтӣ ин ҳақиқатро бештар дарк кардам. Чанд рӯзест ҳар саҳар баъди анҷоми намоз нохудогоҳона ба қасди дидорат худро дар пеши утоқат мебинам ва танҳо он гоҳ дарк мекунам, ки ту нестӣ. Чун тифли гумкардамодар ба ин сӯю ба он сӯ нигоҳ мекунам.

 

Ҳамаро холӣ мебинам ва худро танҳо. Ин ту будӣ, ҳама пур буд. Ин ту будӣ, ки ҳама ҷо нур буд. Хомӯш бармегардам. Кӯшиш мекунам касе ин ҳоли кӯдаконаи маро надида бошад. Ба ин сӯю он сӯи ҳавлӣ нигоҳ мекунам. Танҳо офтобаатро мебинам, ки бо он таҳорат мекардӣ. Ту куҷоӣ? Дар ҳеҷ куҷо наёфтамат. Ту дар дили ман ва дар хонаи дили ман намози шукр мехонӣ. Бале, хайрият, ки ин ҷоӣ. Дар ҳақиқат ин ҷоӣ.

Модар!

Имрӯз сафар дорам. Либосҳои сафар пӯшидам. Омадам пеши мошин. Дилам гуфт: «Дуо нагирифтӣ!». Шитобон баргаштам ба сӯи утоқ. Ҷамъе маро медиданд. Аз ин рафтори тифлонаи худ шарм доштам. Барои шикастани шарми худ бо оҳанги шӯхӣ гуфтам: «Биравам ва аз модар дуо бигирам».

 

Рафтам ба утоқат.  Гуфтам:

«Куҷост модарам то дуо бигирам?

Кӣ имрӯз барои ман

Аллоҳ нур,

Бало дур,

Ба ҳақи Муҳаммади Расул.

Дуои ин пири барҷомондаро дар ҳақи ҳамин фарзандам кунӣ қабул» мехонад?

 

Ҳайрон ба чеҳраи ҳар як бо диққат нигоҳ кардам. Ногоҳ чашмам ба холаам уфтод, ки ёде аз чеҳраи модар меовард. Аз ӯ дуо пурсидам. Дуоям дод. Вале ҷои дуои модарро наметавонист бигирад. Дуои холаам он нирӯеро натавонист бидиҳад, ки дуои модар медод.

 

Омадам ба шаҳри Душанбе. Эҳсоси хастагӣ мекардам. Дарсам заиф буд, корам суст. Иҷозат хостам аз дӯстон то чанд соате дигар низ дар танҳоӣ бо ёди модар бошам. Ва ин сатрҳо самараи он розҳои ниҳонанд бо модар.

 

Бародарони гиромӣ!

 

Ман бо пайравӣ аз таъолими поки Худо ва Расули Худо тавсия медиҳам, ки хидмати модару падарро ғанимат бидонед. Онҳо сутуни ҳаёт ва зиндагии ҳар яки моянд.

 

Таҳияи Султони Ҳамад

http://www.ruzgor.tj/tarih/1933-2010-03-14-20-58-13.html

 



Шарҳҳо   

 
+1 #3 Guest 14.06.2010 18:37
Salom bar mardoni sharif ki xastand va insholohki jovid bemonand
 
 
+1 #2 Guest 06.05.2010 03:39
Макола хеле оли аст .. офари ба шумо..
 
 
+1 #1 Guest 20.04.2010 00:12
Khudovand Ustod va Modarashonro biyomurzad, khonai okhiratashon Jannatul_Firdav s boshad/ OMIN!!!
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi