05:55:22 03-уми Декабри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Декабр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

22 ИЮН-РЎЗИ ОҒОЗИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

 

Расо 68 сол пеш 22 июни соли 1941 Ҷанги Бузарги Ватанӣ оғоз ёфт. Ҳамон рӯзи якшанбеи 22 июн ба воситаи радио изҳороти Ҳукумати Шӯравӣ садо дод, ки сатрҳои он имрӯз ҳам дар хотири насли калонсоли ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ боқӣ мондааст. 

Дар изҳорот аз ҷумла гуфта шуда буд: «Қисмҳои ҳарбии Олмони фашистӣ соати 4-и субҳи имрӯз бе ягон огоҳӣ ва бе эълони ҷанг ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуҷум оварданд. Онҳо ба қаламрави мамлакати мо зада даромада, дар бисёр минтақаҳо ба посгоҳҳои сарҳадӣ ҳуҷум оварданд, ҳавопаймоҳои душман шаҳрҳои Житомир, Киев, Севастополь, Каунас ва ғайраро бомбаборон карданд». Ҳамон рӯз барои халқҳои шӯравӣ давраи фоҷиабор ва муборизаи қаҳрамонона барои озодии мамлакат- Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз ёфт.

22 июни соли 1941 Фармони Раёсати Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ дар бораи сафарбар намудани мардону ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ интишор дода шуд. Тамоми халқи шӯравӣ ба ҳимояи Ватан бархост. Рӯзи аввали ҷанг бештар аз сад нафар сокини шаҳри Сталинобод ба Комиссариати ҳарбӣ ариза навишта, хоҳиш намуд, ки онҳоро ба сафи Артиши сурх шомил созанд. Дар байни онҳо 30 нафар зан ҳам буд.

Рӯзҳои аввали ҷанг ба Комиссариатҳои ҳарбӣ зиёда аз 10 ҳазор ариза дода шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли солҳои ҷанг ба фронт чандин полкҳо ва бригадаҳоро ташкил намуда фиристонд. Аз соли 1941 то 1943 аз Тоҷикистон қариб 100 ҳазор нафар ва то моҳи маи соли 1944 214696 нафар ба ҷанг фиристода шуд, ки ин 15% аҳолии ҷумҳуриро ташкил медод.

Умуман аз Тоҷикистон дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бештар аз 290 ҳазор нафар иштирок дошт. Намояндагони ҳамаи 15 ҷумҳурии ИҶСШ дар муборизаи умумӣ бар мукобили фашизм саҳми бузург гузоштанд. Қисмҳои ҳарбии фашистӣ аз рӯзҳои аввали ҷанг ба муқовимати шадиди ҷузъу томҳои Артиши сурх рӯ ба рӯ гардиданд.

Солҳои ҷанг фидокорӣ ва қаҳрамонии аскарону афсарони шӯравӣ ҳудуд надошт. Халқҳои ҷаҳон қаҳрамонии муҳофизони қалъаи Брест, ҳимоятгарони Ленинград, Сталинград, Киев, Маскав ва ғайраро то ҳол фаромӯш накардаанд. Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1418 шабонарӯз давом кард. 

Дар мубориза ба муқобили ишғолгарони фашистӣ қариб 27 миллион нафар қурбон шуд. Бояд гуфт, ки ягон мамлакати ҷаҳон дар тамоми таърихи инсоният дар ягон ҷанг чунин қурбонӣ надодааст. Ҷанги Бузурги Ватанӣ фоҷиаи бузурге буд, ки тақрибан ба ҳамаи хонаводаҳои шӯравӣ дахл дошт. Ин ҷанг бо ғалабаи комили халқи шӯравӣ анҷом ёфт.

22 июн халқҳои ҷаҳон дар назди рӯҳи муқаддаси қурбониёни ҷанг сари таъзим фуруд меоранд.  

Наталья Михайлова, АМИТ «Ховар» 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi