16:19:55 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

АМИР ОЛИМХОН «БОСМАЧИЁН»-РО ЧӢ ГУФТ? Аз силсилаи "Босмачӣ кӣ буд? Ватанхоҳ ё хоин?"


Аз ин рӯ эҳтиёткорӣ дар шеваи кори ин бузургон яке аз шартҳои муҳим буд. Ва ин эҳтиёткорӣ, ба ақидаи ман, на ба хотири тарси аз даст додани ҷони худ буд. Ин эҳтиёткорӣ ба хотири он буд, Айнӣ барин бузургони миллат намехостанд, ки имконияти мусоиди ба Ватан хизмат карданро муфт аз даст бидиҳанд.

Мисли роҳбарони марказ нирӯҳои зиддишӯравиро "босмачӣ" гуфтани онҳо низ маҳз аз гӯшаи ҳамин эҳтиёткорӣ буд. Боварӣ дорам, ки агар онҳо дар давлати мустақил зиндагӣ мекарданду умури давлатдорӣ пурра дар дасти онҳо мебуд, албатта бо мухолифони худ мушкилотро бо роҳи мусолиматомез ҳал мекарданд. Ҳаддиақал мухолифони худро "босмачӣ" наменомиданд. Зеро фаҳмишу дониши онҳо ба он мерасид, ки як дузд, раҳзан ва ғоратгарро аз мухолифи як сохти дигари давлатдорӣ фарқ бикунанд. Зеро ин калима дар фарҳангу луғатномаҳои гузаштагони онҳо вуҷуд надошт. Чун худ сухандону луғатшинос буданд, инро нағз медонистанд. Дар он кишваре, ки онҳо зиндагӣ мекарданд, маҷбур буданд, ки сухани раҳбарияти хешро, ки аз мардуми ғайр буданд, бигӯянду таблиғ кунанд. Онҳо наметавонистанд мухолифи қавонини давлате, ки дар садраш бегонаҳо буданд, амал кунанд. Агар мекарданд онҳо низ "босмачӣ" эълон мешуданд.

ИМРӮЗ ГАП ТАМОМАН ДИГАР АСТ

Имрӯз чӣ? Имрӯз гап тамоман дигар аст. Аввал шукри Худованди бузург, ки мо дар давлати мустақил зиндагӣ мекунем. Дигар он Иттиҳоди Шӯравӣ, ки мо ҷузъи он будем, вуҷуд надорад. Баъзе амалкардҳои Ҳокимияти Шӯравиро дар давраҳои аввали барпо шуданаш на танҳо бархе аз мардуми манотиқе, ки ин сохт ҷабран болои онҳо таҳмил шуд, балки худи қисмати калони русҳо низ дар Русияи имрӯза, ки меросхӯри асосии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳаст, сахт маҳкум мекунанд. Воқеан, худи русҳои болшевик дар ҳамон давраи барқарор кардани сохти шӯравӣ мухолифони Ҳокимияти Шӯравиро "сафедҳо" ва худро "сурхҳо" меномиданд. Дар истилоҳоти "сафед"-у "сурх" ягон тобиши маъногии таҳқиромез вуҷуд надорад. Бинед, русҳои болшевик бо вуҷуди он ки нисбати халқи худ ҷабру ситамҳои зиёде кардаанд, вале душманони асосии худро бо истилоҳи "гвардиячиёни сафед" ном мебаранд. Ҳатто "душман", "хоин" гуфта бошанд ҳам, вале истифодаи истилоҳи таҳқиромезро алайҳи онҳо эб надиданд ва намебинанд.Чаро? Шояд ин як навъ худдорӣ кардан аз коштани тухми нифоқ миёни иҷтимоъи миллати хеш аст? Шояд ин дурандешии онҳоро нишон медиҳад?

Ба ҳар ҳол мо, журналистон, ба фикри банда, дар ин масъала агар таҷдиди назар кунем, ба манфиати миллат хоҳад буд. Аслан дар як ҷомеаи демократӣ қабул нашудааст, ки ба касе бигӯянд, "Ту ин хел навис, ту фалон хел навис". Касе, ки чӣ хеле, ки менависад, ин кори шахсии ҳамон журналист ё худ қаламбадаст аст. Муҳим он аст, ки он мавод дар чаҳорчӯбаи қонунҳои ҷории ҳамон кишвар ва ахлоқ навишта шуда бошад. Ҷабран таҳмил кардани қабули ин ва ё он мафҳум ё идея ин ҳам на шеваи кори матбуоти демократӣ ҳаст. Хонандаи мо низ имрӯз бояд ба дарки он бирасад, ки дар қабули ин ва ё он маводи ин нашрияҳо ихтиёри комил дар дасти ӯст. Мехоҳад он маводро мехонад ва тибқи он амал мекунад ва ё тасмими дигар мегирад, ин кори ӯ мебошад. Масъалаи "босмачӣ" гуфтан ва ё нагуфтан низ аз ҳамин қабил аст. Вале азбаски имрӯз дар ҷомеаи мо як бахши умдаи ҷамъият хоҳони он ҳастанд, ки аз ин ба баъд дар матбуот ва китобҳои таърихиамон, умуман дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоиямон ба ин масъала бо чашми адлу инсоф нигарем, хуб мешуд мо қаламбадастон ба хотири ваҳдати миллӣ дар инъикоси ин мавзӯъ эҳтиёткор бошем. Дигар кӯр-кӯрона ҳамон истилоҳеро, ки аҷнабиёни ишғолгар ба мухолифони сохти давлатдории хеш аз ҳисоби ҳамватанон ва ҳаммиллатони мо тамға бастанд ва он тобиши таҳқиромез дорад, то абад истифода набарем. Охир дигар он давлати пурқудрати Шӯравӣ вуҷуд надорад, (Иттиҳоди Шӯравӣ ҷиҳатҳои зиёди мусбате низ дошт, ки ёдоварӣ аз онҳо аз мавзӯйи ин мақола берунанд), ки қонунҳояш вайрон шавад гуфта, тарсу ҳарос дошта бошем. Мо бояд дигар аз он дар хавотир бошем, ки мабодо ихтилофҳои собиқро душманони ин миллат бори дигар бар алайҳи ин миллати азияткашида истифода набаранд. Босмачӣ гуфтани ҳамаи онҳое, ки зидди ҳукумати шӯравиҳо мубориза бурдаанд, ба иззати нафси бозмондагони онҳо, ки бахши калони ҷамъияти имрӯзаи моро ташкил медиҳанд, хоҳад расид. Бархе аз бозмондагони онҳо имрӯз дар ҷомеаи мо обрӯю нуфузи баланд доранд. Дар хизмати халқу Ватан ҳастанд. Дар ин даврони соҳибистиқлолӣ тамоми корҳоямон ба хотири пешрафти ҳар як шахс,ҷомеъа ва кишвар бояд бошад. Аз ин рӯ вақте дар бораи муқовиматҳои замони шӯравӣ ҳарф мезанем бояд тарзе бигӯем, ки бар зарари ҷомеъа,кишвар ва имрӯзу фардои мо набошад. Ба ҳамдигар ҳатто фишори рӯҳӣ бояд наорем. Шикастарӯҳу ноумед сохтани нафаре Худои бузургро на танҳо аз он хуш намеояд, ки ин навъе аз ҷаврест болои бандааш. Шикастарӯҳ сохтани шахсе ин қатрае аз сели зулм аст, ки бо афзоиш ёфтани он хонаи ҷамъият хароб хоҳад шуд. Ва оқибаташ бар зарари золим низ ҳаст.

ПАС МО ОНҲОРО ЧӢ БИГӮЕМ?

Дар ин бора нуқта назарҳои мухталиф мавҷуд аст. Нахуст, биёед бубинем, ки худи онҳое, ки зидди давлати шӯравӣ мубориза бурдаанд, худро чӣ мегуфтанд. Мо дар бораи ҳаракати зиддишӯравӣ дар замони баъди суқути аморати Бухоро дар ҳудуди Тоҷикистон то ба ҳол дар ин силсиламақолаҳо чизе нагуфтаем. Вале, иншоаллоҳ, хоҳем гуфт. Зеро дар китобҳои таърихӣ вақте, ки дар бораи ҳаракати "босмачигарӣ" сухан меравад, бештар ва асосан замони баъди суқути амир Олимхонро мисол меоранд. Ва худи амир Олимхонро ҳамчун саркарда ва илҳомбахши ҳаракати "босмачигарӣ" дар аморати Бухоро, ба хусус дар Бухорои Шарқӣ ном бурдаанд. Биёед, пеш аз он ки дар бораи ҳаракати "босмачигарӣ" дар Бухорои Шарқӣ ҳарф бизанем ва барои то андозае рӯшан кардани суоли "Босмачиён қаҳрамон буданд ва ё хоин" талош биварзем, аввал бифаҳмем, ки худи амир Олимхон онҳоеро, ки барои барҳам хӯрдани сохти шӯравӣ мубориза мебурданд, чӣ меномид.Вопасин амири аморати Бухоро онҳоро дар вақти гуфтугӯ "лашкари ислом", "аскари ислом", "сарбози ислом" номидааст. Боре ҳам калимаи босмачиро истифода набурдааст. Баръакс, вақте дар бораи бисёриҳо сухан мерондааст, "навкарони мӯътабари ислом", "асокири ислом" ва "муҷоҳидони роҳи ислом" мегуфтааст. Ӯ дар ёддоштҳои худ "Таърихи ҳузнулмилали Бухоро" дар ин бора чунин менависад: " Чун мулло Иброҳимбеки мавсуф баъд аз аҳкоми маро ба даст овардан лашкарияи худро ҷамъ оварда, дар болои вилояти Ҳисор рафта, муқаддима намуда, хеле муқобала ва муқотала карда, олоти ҳарбӣ ва хизона ғанимат гирифта, арки вилояти Ҳисорро муҳосира намуда, ба ин бандаи оҷиз аҳволоти худро иттилоъ дода, муҷоҳидони хизматкардаи худро маълум намуда буд, ки ин бандаи оҷиз барои муҷоҳидони роҳи ислом мансаби рафеъ ва тараққии дараҷоташонро фармон бо мӯҳру имзои худ равона намудам ва ҳар бор аз барои аҳволпурсӣ аз тарафи худ аз доруссалтанаи Кобул як нафар, ду нафар одам фиристода, аҳвол мегирифтам, ки аз тарафи ман рафта аҳволпурсӣ карда меомаданд". (Саид Амир Олимхон "Таърихи ҳузнулмилали Бухоро", Душанбе, Интишороти "Паёми ошно"-2006, саҳ. 24)

ФУРСАТИ АЗДАСТРАФТА

Дар замони шӯравӣ то зуҳури сиёсати бозсозӣ ва ошкорбаёнии Горбачевӣ онҳоро ҳам дар китобҳои таърихӣ, ҳам дар китобҳои бадеӣ ва ҳам дар адабиёти илмӣ босмачӣ мегуфтанд. Охирҳои солҳои ҳаштодум ва аввалҳои солҳои навадуми асри гузашта вақте ки каме беш нашрияҳои хусусӣ ва ғайридавлатӣ ба фаъолият пардохтанд, дар ин нашрияҳо матлабе ба табъ мерасиданд, ки дар онҳо аз босмачиён ба некӣ ёд мекарданд. Баъзеҳо онҳоро "муҷоҳид", бархе "сарбозони роҳи озодӣ", як қисми дигар "ватанхоҳон" меномиданд. Бархе ҳаракати онҳоро "ҳаракати миллӣ-озодихоҳӣ" меҳисобиданд. Рости гап, роҳбарияти ҷумҳурӣ, ки асосан роҳбарони ҳизби коммунист буданд ва умуман оммаи васеи мардум ҳам ҳанӯз омодаи қабули дигар истилоҳ ба ҷойи калимаи "босмачӣ" набуданд. Аз ин рӯ дар матбуоти даврии давлатӣ ин гуна мақолаҳоро на танҳо дидан мумкин набуд, балки алайҳи чунин матлабҳо мақолаҳое низ ба чоп мерасиданд. Бинобар ин сабаб кам нашрияи мустақил ҷуръат мекард, ки чунин мақолаҳоро ба нашр бирасонад. Журналист Ҷонибеки Асрориён, ки дар ин авохир беш аз дигар рӯзноманигорон ба ин масъала рӯ оварда истодааст, дар мақолаҳои ахираш ( "Тоҷикон: миёни хиёнату хун", ҳафтаномаи "СССР". 09.10.08, "Китоби сурху сиёҳи тоҷик ё мо босмачизодаем?", ҳафтаномаи "СССР", 23.10.08., "Проклятые босмачи", ҳафтаномаи "СССР", 30-октябри соли 2008, "Босмачизодагонем!!!", ҳафтаномаи "СССР", 12.02.09) борҳо ёдовар мешавад, ки дар замони шӯравӣ аз нашри ин навъ мақолаҳои ӯ бисёр рӯзномаҳо худдорӣ мекарданд. Хуб, ба ҳар ҳол дар солҳои ахири мавҷудияти давлати шӯравӣ ин мавзӯъ гоҳу ногоҳ дар матбуоти даврӣ, асосан, матбуоти хусусӣ, матраҳ мешуд.

Баъди ба истиқлолият расидан дар сентябри соли 1991 журналистон ва таърихнигорони мо ба ин масъала бештар рӯ оварданд. Ҳатто аввалин китобчае таҳти унвони "Аморати Бухоро; тахти вожгун ё истилои болшевикӣ", ки муаллифаш пажӯҳишгар Қосим Одинабеки Ғорифӣ, мебошад, аз сӯйи "Бунёди забони форсии тоҷикӣ" соли 1992 ба табъ мерасад. Баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ шояд ин бори аввал буд, ки дар китобҳои ба мавзӯи таърихӣ навиштаи муаллифони тоҷик босмачӣ- муҷоҳид ва аскари сурх-истилогар номида мешуд. Мухолифони ин нуқтаи назар албатта зиёд буданд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ фурсат надод, ки он замон ба ин баҳс хотима дода шавад.

БОЗ ЯК ТАЛОШИ ДИГАР

Аз рӯйи адл, боинсофона ба ин баҳс агар дар ҳамон замон дар як муддати кӯтоҳ хотима гузошта мешуд, шояд анҷоми ин баҳс оғози эҳёи ваҳдати ҳақиқатан ҳам миллӣ мегардиду мо даст ба даст имрӯз комёбиву муваффақиятҳои бештареро дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиямон касб мекардем. Шояд душманону нотавонбинони миллати мо, Тоҷикистони азизи мо, ин чизро аз мо хубтар медонистанд, ки моро тавонистанд, то ба ҷони ҳам бишӯронанд. Ва аз ҷумла аз ҳамин баҳси нотамоми мо низ ба муқобили мо бисёр моҳирона ва ноҷавонмардона истифода бурданд. Ҷанг сабақҳои худро дорад. Яке аз сабақҳои ҷанги шаҳрвандии мо тақозо мекунад, ки дар баробари фикри мухолифи ақидаамон ироашуда ҳамеша босабру ботаҳаммул бошем. Фикру ақидаи ҷониби мухолифро бо тамкин бишунавем. Ва танҳо дар чаҳорчӯбаи қонуну мантиқ ва ахлоқ вориди баҳс бишавем ва онро аз тариқи гуфтугӯ бе дода шудан ба эҳсосот ҳаллу фасл кунем. Ё рад бикунем, ё қабул ва ё фикри дигареро пешниҳод кунем. Ва он чиро мепазирем бояд аз дидгоҳи манофеи миллӣ арзёбӣ шавад. Тавре ки инро Қонуни асосии имрӯзаи кишвар тақозо дорад. Баҳси "Босмачӣ ё ватанхоҳ" шояд ин дафъа бо назардошти ҳамин воқеиятҳо бори дигар дар саҳифаҳои матбуоти муосир матраҳ гардид. Шукри Худо, ки имрӯз шароит мусоид аст, ки дар як вазъияти сулҳу субот ва ором ба ин баҳс ҳусни мақтаъ бахшем.


(Идома дорад)


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi