ТОҶИКИСТОН ВА АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - 4
Нахустин сафари Масъуд ба Тоҷикистон
Нахустин сафари Аҳмадшоҳ ба Тоҷикистон миёнаҳои сентябри соли 1996 бо ибтикори Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вуқӯъ пайваст. Ин замоне буд, ки профессор Бурҳониддин Раббонӣ ҳанӯз дар Кобул чанд рўзи дигар қудратро дар даст дошт. Раванди музокироти сулҳи байни тоҷикон ба кундӣ пеш мерафт. Барои тезондани он раҳбарияти Тоҷикистон мехостанд аз имкониятҳои Аҳмадшоҳи Масъуд истифода кунанд. Барои ин корро анҷом додан бо ӯ дар як вазъияти оромтар машварат кардан ба мақсад мувофиқтар буд.
Аҳмадшоҳи Масъуд бо дар назардошти вазъияти Афғонистон розигӣ дод, ки мулоқоти ӯ бо Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз ноҳияҳои сарҳадии Тоҷикистон сурат бигирад. Масъули баргузории ин мулоқот вазири амнияти вақти Тоҷикистон генерал-лейтенант Сайиданвар Камолов дар сӯҳбат бо мо гуфт, бо дарназардошти он ки умури сарҳад асосан ҳанӯз ҳам дар дасти марзбонҳои Русия буд ва ин сафари нахустини Масъуд ба Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт, мо ба масъалаи таъмини амнияти ин сипаҳсолори нотакрор хеле ҷиддӣ муносибат кардем. Натиҷаи ин мулоқот босамар буд. Пеш аз ҳама бо мусоидати Аҳмадшоҳи Масъуд чанд рӯз баъди ин мулоқот дар маркази вилояти Тахор Толуқон, ки қароргоҳи раҳбарияти мухолифин он ҷо буд, консулгарии Тоҷикистон кушода шуд ва ин ниҳод дар роҳи баргаштани гурезаҳо ба Ватан корҳои зиёдеро анҷом дод. Дуввум дар бозгашти Ризвон бо гурӯҳаш, ки он замон аз таҳти итоати раҳбарияти мухолифин хориҷ шуда буданд, Масъуд мусоидат кард-, мегӯяд Сайиданвар Камолов.
Дар раванди музокироти сулҳ мулоқоти Хустдеҳи сарони ҷонибҳои ба ҳам даргир дар қазияи Тоҷикистон, ки 11-12 декабри соли 1996 баргузор гардид, як гардиши қатъиеро ба вуҷуд овард. Агар бигӯем, ки сулҳи Тоҷикистон аз Хустдеҳ маншаъ мегирад, асло муболиғае накардаем. Намояндагии СММ дар Тоҷикистон хоҳони он буд, ки агар мулоқоте байни мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар ҳудуди Афғонистон сурат бигирад, пас ин дидорбинӣ бояд бо дарназардошти вазъи Афғонистон дар Бандари Шерхон ва ё ягон минтақаи ба сарҳади Тоҷикистон наздики Афғонистон ба вуқӯъ пайвандад.
Вале Аҳмадшоҳи Масъуд, ки масъулияти таъмини амнияти ин мулоқотро ба дӯш дошт, исрор варзид, ки ин мулоқот маҳз дар дараи Фархор, дар Хусдеҳ баргузор гардад. Ин пофишории Масъуд аз як тараф ба хотири таъмини бехатарии ин вохӯрӣ бошад, аз сӯйи дигар як рамзеро дар худ ниҳон дошт. Ӯ ба лидерони ҳарду ҷониби даргир дар Тоҷикистон амалан нишон доданӣ буд, ки тоҷикон дар маконе ҷойгир шудаанд, ки ҳама кӯҳистони танг аст. Дар чунин муҳит ба ҳам душманӣ варзидан баробар аст ба худкушӣ кардан.
Бақои миллати тоҷик, наҷоти миллати тоҷик танҳо дар созиши байниҳамдигарӣ ҳасту бас. Ба ҷуз бо ҳамдигар созиш кардан дигар тоҷик дар ин вазъияти душвори кишвари кӯҳистонияш роҳе надорад. Муҳити зиндагонияшон тоҷиконро водор месозад бо ҳам созиш кунанд. Хулоса он ду рӯзе, ки дар тӯли он ҳайатҳои ҳарду ҷониб дар як маҳдудаи танг, бо ҳам якҷо хӯрок мехӯрданду мулоқот мекарданд, аз як ҳаво нафас мекашиданд, кори мусбати худро карданд. Бале, лаҳзаҳое буданд, ки агар Масъуд дахолати рӯи рост намекард, шояд ҷонибҳо аз мавқеъҳои ишғолнамудаи худ ба ин зудӣ пас намегаштанд, ба ёд меорад он рӯзҳоро Сайидамир Зуҳуров. Махсусан раҳбарияти мухолифин дар масъалаи ҳарчи бештар дар ҳукумати оянда саҳим шудан дар қудрат пофишорӣ мекарданд. Масъуд дар ин иртибот ба роҳбарияти оппозитсион ҳушдор дод, ки онҳо эҳтимоли такрор намудани камбудии муҷоҳиддини Афғонистонро пешорӯ доранд.
Ба гуфтаи Аҳмадшоҳ давлатдориро бояд афроди ҳирфаӣ бикунанд, на ашхоси тасодуфии бо зӯри силоҳ ҳукуматро ба даст гирифта. Ба ақидаи ӯ агар раҳбарияти мухолифини тоҷик аз ақлу хирад кор нагиранд, он гоҳ метавонанд Тоҷикистонро аз даст бидиҳанд, ки барояшон ин бохте хоҳад буд ҷуброннашаванда. Хушбахтона, дар раъси ҳайати муолифин шахсе буд, ки бо дурандешии худ миёни дигар раҳбарони мухолифин фарқ мекард ва ин шахс худораҳматии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аз ақлу хирад кор гирифт,- мегӯяд Сайидамир Зуҳуров.
Чаҳорчӯбаи мақола имкон намедиҳад, ки дар бораи тамоми он дигар хизматҳое, ки Масъуд барои истиқрори сулҳу субот дар Тоҷикистон кардааст ва баръакс, дар бораи он кӯмакҳое, ки ҳукумати Тоҷикистон ба Ҷабҳаи Муттаҳиди Афғонистон дар раъсаш устод Бурҳониддин Раббониву Аҳмадшоҳи Масъуд дар мубориза ба муқобили гурӯҳи Толибон ва терроризми байналмилалӣ дар Афғонистон кардааст, муфассал ҳарфе бизанем. Абъоди ин мавзӯъ хеле доманадор аст. Омӯзиш ва инъикоси ин мавзӯъ ба таври бояду шояд на танҳо барои таърих зарур аст, балки он метавонад дар таҳкиму густариши равобити дуҷониба дар марҳилаи ҳозира ҳамчу улгӯ нақши мусбате дошта бошад.
Дар хотима мехостам ба ҳукумати Тоҷикистон як пешниҳодеро ироа бикунам, ки амалӣ шудани он дар рушди равобити дуҷонибаи байни Тоҷикистону Афғонистон, тарбияи насли ҷавони миллати сарбаланди тоҷику афғон дар рӯҳияи миллатдӯстиву ватанпарварӣ нақши мусбате хоҳад бозид. Пешниҳод менамоям, ки ҳамон манзилеро, ки Масъуди сипаҳсолор рӯзҳои дар Тоҷикистон буданаш барои зиндагӣ кардан дар Душанбе ба иҷора мегирифт, агар он моли хусусӣ бошад аз соҳибаш харида ба хона-музейи ин абармарди таърихи миллати мо табдил бидиҳанд. Боварӣ дорам, ки баъди ба низом даровардани фаъолияти он ин хона музей ба макони зиёрати доимии на танҳо тоҷикону афғонҳо, балки тамоми ҷаҳонгардоне, ки барои сайру сайёҳат ба Тоҷикистон меоянд, мубаддал хоҳад шуд.
ТОҶИКИСТОН ВА АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - 1
ТОҶИКИСТОН ВА АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - 2
ТОҶИКИСТОН ВА АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - 3
Султони Ҳамад, «Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/tarih/3252-----4.html