БРИТОНИЁ ДАР ТЕРРОРИ ЛЕНИН ДАСТ ДОШТ?
Ҳудуди як қарн пеш Бритониё ба тарроҳии тавтеъаи қатли Ленин ва талошҳо барои сарнагунии ҳукумати булшевикии навпои ӯ муттаҳам шуд. Давлати Бритониё ин иттиҳомро бахше аз прупогондои Шӯравӣ хонд. Аммо шавоҳиди ҷадиде, ки ба даст омада, нишон медиҳад, ки ин мавзӯъ мумкин аст сиҳҳат дошта бошад.
Он чи ба номи "Тавтеъаи Локҳорт" шинохта мешавад, барои чандин даҳа дар оршиви асноди Иттиҳоди Шӯравӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта ва дар мадорис тадрис шуда ва ҳатто дар мавриди он филм сохта шудааст. Дар авоили соли 1918 ва дар моҳҳои поёнии ҷанги ҷаҳонии аввал давлати булшевикии ҷадиди Русия машғули музокироти сулҳ бо Олмон ва ақиб кашидани нерӯҳои аз нафас афтодааш дар ҷабҳаҳо буд.
Ин кор ба мазоқи Ландан хуш намеомад, чаро ки олмониҳоро аз шарри ҷангидани ҳамзамон дар ду ҷабҳа халос мекард ва ба онҳо иҷоза медод нерӯҳояшонро дар ҷабҳаи Ғарб тақвият кунанд. Бритониёиҳо, ки мусаммам буданд Русияро ба нафъи мутафиқин ба ҷанг бозгардонанд, марди ҷавони сиву чандсолаеро ба унвони намояндаи худ ба Маскав фиристонад. Номи ӯ Роберт Брус Локҳорт буд.
Ҳимоят аз мухолифони булшевикҳо
Локҳорт, ки як искотландӣ буд, шахсияти ҷолибе дошт. Ӯ ошиқи шароб, зан ва варзиш буд ва дар айни ҳол иддаъо мекард метавонад панҷ китобро ба таври ҳамзамон бихонад. Дар ибтидо ба назар мерасид Локҳорт пешрафти хубе дошта бошад. Вале дар моҳи марти он сол Иттиҳоди Шӯравӣ паймони сулҳи Брест-Литовскро бо Олмон имзо кард ва ба ин тартиб ҳамаи умедҳо барои бозгашти он ба ҷабҳаи мутафиқин аз миён рафт.
Аммо зоҳиран Локҳорт ба ҳеҷ ваҷҳ қасди раҳо кардани мавзӯъро надошт. Дар иваз гуфта мешавад, ки аз он ба баъд таваҷҷуҳи ӯ маътуф ба сарнагунии ҳукумати булшевикӣ ва ҷойгузин кардани он бо давлате буд, ки моил бошад муҷаддадан алайҳи Олмон вориди ҷанг шавад.
Аснод нишон медиҳад, ки Локҳорт дар моҳи июн барои кумаки молӣ ба созмонҳои зиддибулшевикии мухталиф дар Маскав аз Ландан дархости пул кард. Номаи ӯ, ки қайди "фаврӣ" ҳам дошт, аз сӯйи вазорати умури хориҷа ба хазонадорӣ фиристода шуд.
Ин нома бархӯрди вазири умури хориҷа бо намояндаи Маскавро бахубӣ нишон медиҳад: "Оқои Болфур муътақид аст, ки вақти анҷоми ин иқдом фаро расидааст ва ман қасд дорам аз шумо бихоҳам кумитаи лурдҳоро ба таъйиди ҳазинаҳои мавриди ишора тарғиб кунед, то манобеъи молии мавриди назар дар ихтиёри оқои Локҳорт қарор бигирад."
Инқилоб дар инқилоб
Дар авохири моҳи май бритониёиҳо тасмим гирифтанд нерӯи низомии кучакеро ба Архангелск дар шимоли Русия бифиристанд.
Расман гуфта мешуд, ки маъмурияти ин нерӯҳо ҷилавгирӣ аз афтодани ҳазорон тун таҷҳизоти низомии бритониёӣ, ки қаблан ба русҳо дода шуда буданд, ба дасти олмониҳост. Аммо асноди он замон нишон медиҳанд, ки нақшаҳое мавриди баррасӣ будаанд, ки мутобиқи он панҷ ҳазор сарбози бритониёӣ ба бист ҳазор нерӯи вижаи латуниёии маъмури ҳифозат аз Кохи Кремлин, ки гумон мерафт имкони пушт карданашон ба булшевикҳо вуҷуд дорад, мулҳақ мешуданд.
Локҳорт дар тобистони соли 1918 баъд аз мулоқоте бо яке аз мухолифони маҳаллии булшевикҳо ба номи Совенков, телегрофе ба Ландан мухобира кард. Ӯ дар ин телегроф гуфта буд: "Пешниҳоди Совенков барои инқилоб дар инқилоб. Нақша дар мавриди ин аст, ки чи гуна дар пайи ҳамлаи мутафиқин сарони булшевикҳо ба қатл бирасанд ва диктотурии низомӣ шакл бигирад."
Дар зайли порогроф ҳуруфи аввал ном ва имзои Лурд Карзен дида мешавад, ки дар он замон яке аз аъзои кобинаи ҷанги Бритониё буд. Телегроф мегӯяд: "Равишҳои Совенков хашин ҳастанд, албатта дар сурати мувафаққият эҳтимолан короии хубе хоҳанд дошт. Вале мо то замоне ки тасмими қатъӣ дар мавриди иқдоми низомӣ гирифта нашавад, мо наметавонем ҳарфе бизанем ё ҳаракате бикунем."
Сайри вақоеъ
1914 шурӯъи ҷанги ҷаҳонии аввал миёни мутафиқин (Фаронса, Русия ва Бритониё) ва дували марказӣ (Олмон, Имперотурии Утриш - Маҷористон ва Туркияи Усмонӣ)
1918 як инқилоби мардумӣ ба раҳбарии булшевикҳо тезорро водор ба канорагирӣ мекунад ва давлати ӯ сарнагун мешавад.
1918 Поёни ҷанги ҷаҳонии аввал; Тезор Никулойи дувум ба қатл мерасад; ҷанги дохилӣ дармегирад ва ниҳоятан дар он артиши сурхи Ленин русҳои сафед (ё ҳамон мухолифони кумунистҳо)-ро, ки мавриди ҳимояти қудратҳои хориҷӣ ҳастанд, шикаст медиҳад.Сардастаи ҷосусҳо
Дар ҳамин ҳол, Локҳорт ҳамкорӣ бо шахсияти ҷолиби дигареро шурӯъ карда буд. Сидней Ролӣ як табаъаи Русия буд, ки пештар номи худро аз Русан Блум тағйир дода буд. Ӯ, ки соҳиби як ширкат буд ва зиндагии пурзарқу барқе дошт, батозагӣ ба ҳамкорӣ бо сервисҳои махфии Бритониёро шурӯъ карда буд.
Ӯ баъдҳо ба "сардастаи ҷосусҳо" маъруф шуд ва дар китоби достонҳои пурмоҷаро ба шуҳрат расид. Ҳатто гуфта шуд ӯ илҳомбахши Ён Флеминг дар офаридани шахсияти достонии Ҷеймс Бонд будааст. Каме баъд ҳар дуи онҳо даргири иттифоқи бузург ва ҳайратоваре шуданд. Дар авохири тобистони соли 1918 Ленин дар Маскав террор шуд.
Як зани ҷавон аз фосилаи наздик ба ӯ шиллик кард. пулиси махфии булшевикҳо маъруф ба ЧК, Брус Локҳортро чанд соъат баъд аз ин воқеъа дастгир кард ва ӯро барои бозҷӯйӣ ба Кохи Кремлин бурд. Ройлӣ дар он мавқеъ аз чанги ЧК фирор кард, аммо чанд сол баъд бо фиреб ба Русия кашонда шуд ва бо шиллики гулӯла ба қатл расид.
Бар асоси аснод ва мадорики ЧК Локҳорт ба даст доштан дар тавтеъаи қатли Ленин ва сарнагунии давлати булшевикӣ эътироф кардааст. Аммо намояндаи Бритониё дар Маскав дар авоили октябри 1918 бо ҳамтои русии худ дар Ландан мубодила шуд.
"Пардапӯшӣ дар баёни ҳақиқат"
Локҳорт дар китоби пурфурӯшаш ба номи "Ёддоштҳои як маъмури бритониёӣ", ки дар даҳаи 1930 мунташир шуд, таъкид мекунад, ки ҳеҷ нақше дар тавтеъаи қатли Ленин ва ё тавтеъаи сарнагунии давлати булшевикӣ надоштааст. Ӯ дар иваз исрор дошта, ки Сидней Ролӣ, "сардастаи ҷосусҳо" пушти нақшаҳои анҷоми кудето будааст.
Локҳорт изофа карда, ки бо Ройлӣ сару кори чандоне надошта ва Ройлӣ ба иддаъои бисёре хориҷ аз кунтрул ва такравона амал мекардааст. Як нома, ки тавассути Робин писари Локҳорт навишта шуда, дар Амрико дар оршивҳо пайдо шудааст. Бо ин вуҷуд як нома, ки тавассути Робин писари Локҳорт навишта шуда, дар Амрико дар оршивҳо пайдо шудааст.
Писари Локҳорт дар ин нома интишор мекунад, ки падари ӯ дар баёни бархе ҳақоиқ пардапӯшӣ кардааст: "Агар мавзӯъ робитаи падари ман бо Ройлӣ ҳанӯз барои баъзеҳо дар вазорати умури хориҷа ҷаззоб аст, бояд гуфт, ки аз китоби "Ёддоштҳои як маъмури бритониёӣ" ба рӯшанӣ бармеояд, ки пас аз он, ки дар соли 1918 тасимими дахолат дар умури Русия гирифта шуд, падари ман аз ҷунбиши мухолифи инқилоб ошкоро ҳимоят мекард ва мусалламан Ройлӣ бо ин ҷунбиш ҳамкории фаъолонае дошт. Падарам шахсан бароям равшан кард, ки ҳамкории ӯ бо Ройлӣ аз он чи ошкоро гуфта буд, хеле танготангтар будааст."
Зоҳирсозии давлати Бритониё
Пруфессур Роберт Сервис касе аст, ки номаи мавриди баҳсро пайдо кардааст. Ӯ ақида дорад танҳо роҳи пайдо кардани ҳақиқат дастрасӣ ба бақия парвандаҳои он давра аст. Аммо давлати Бритониё бисёре аз ин парвандаҳоро баъд аз гузашти 90 сол ҳамчунон сиррӣ ба шумор меоварад. Пруфессур Роберт Сервис муътақид аст далели ин кор ҳифзи ин афсона аст, ки тавтеъаҳое ба сабки Локҳорт ҳаргиз мавриди таъйиди Ландан набуда ва нахоҳад буд.
Ӯ мегӯяд: "Сиёсати расмии имрӯзи сервисҳои иттилоъотии Бритониё мухолифи барандозии давлатҳои хориҷӣ ва ё ба қатл расондани раҳбарони сиёсӣ аст. Гумон мекунам давлат мехоҳад дар зоҳири амр нишон диҳад, ки ин нигоҳ ҳамеша вуҷуд доштааст ва Бритониё ҳамеша корномаи поке доштааст. Корномаи Бритониё ҳамеша пок набудааст. Он ҳам ба андозаи дигарон корҳои нодуруст анҷом додаанд".
Би-Би-Си