09:53:29 15-уми Июни 2025 сол

АВВАЛИН ТАЪРИХШИНОСЕ, КИ УНВОНИ НОМЗАДИ ФАНҲОИ ТАЪРИХРО ГИРИФТ

Бахшида ба 80-умин соли мавлуди устоди шодравон профессор Ҳақназар Назаров

3-haknazar333.jpgНабошад ҳаме неку бад пойдор,

Ҳамон беҳ, ки некӣ бувад ёдгор.

Агар хоҳед, ки накӯтарин ва писандидатарини мардумон бошед, та¬ла¬би илм кунед, зеро қавли Расули акрам «с» аст, ки «талабу-л-илми фари¬за¬тун ало кулли муслимин (ҷустуҷӯи илм фариза аст бар ҳамаи мусулмонон)».  ва ҳамчунин «бикӯшеду некӣ ба бор оваред» зеро ниёишу дуои хайри бузургон аст, ки:

Марди хирадманди ҳунарпешаро

Умри ду боист дар ин рӯзгор.

То ба яке таҷриба омӯхтӣ,

Бо дигаре таҷриба бурдӣ ба кор.

Вале афсӯс ҳамчунин нест, балки умри одамӣ киштии даруни обро мемонад, ки истода менамояду чун тир меравад, аниқтараш:

Он ки моро зиндагонӣ дод,

Додаи хеш боз мехоҳад.

Донишманди тавоно ва муаррихи бузурги даврони мо устод Ҳақназар Назаров агар дар ҳаёт мебуд, 80 соли мавлудашро бистуми апрели ҳамин сол бо ҳам ҷашн мегирифтем. Вале афсӯс, ки… ҳатто 75-умин солгарди мавлуди ин шахсиятро натавонистем дар сатҳи бузургии эшон таҷлил кунем, зеро 3-4 моҳ пеш аз рӯзи ҷашн дунёро падруд гуфт. Бо як конферентсияи кӯчак, маҷлиси ёдбудаш сурат гирифт, аниқтараш Ҳақназар Назаровро дар он мақоми баланди илмие, ки қарор дошт, натавонистем муаррифӣ кунем. Умед аст, ки шогирдони донишмандаш ин кори хайрро ҷомаи амал пӯшонанд.

Ҳақназар Назаров дар деҳаи Сангвори ноҳияи Тавилдара, ки пеш аз инқилоби шукӯҳманди Октябр «…ободтарин қасаботи Дарвоз буду аҳолии он … соҳиби фасоҳату балоғат ва … олимони мутабаҳҳир»  рӯ ба арсаи ҳастӣ ниҳодааст. «Падари ман - мегӯяд устод – Назари Бадеъ фарзанди Восеъ, яке аз шахсони бонуфузи водӣ ба шумор мерафт. Ҳамин қадар маълумам ҳаст, ки падарам дастпарвари аввалин курсҳои саводомӯзии Шӯравӣ буд, вале эшон саводи кӯҳна ҳам доштанд, зеро аз рӯи шунидам баъзе вазифаҳои маъмуриро низ бар ӯҳда доштанд» (Қ. Искандаров. Муҳаққиқе дар таърихи Афғонистон, саҳ. 8, Душанбе - 2001).

4-haknazar444.jpgҲақназар  Назаров таҳсили ибтидоиро дар деҳаи худ оғоз кард ва аз солҳои мактабиаш як ҷаҳон таассуроте дорад. Аз ҷумла мегӯяд: «Дар айёми ҷавонии ман мактаб беҳтарин машғулиятгоҳ ва фароғатгоҳи иҷтимоӣ ба ҳисоб мерафт… Аз ин гузашта дар мактаби дурдасти деҳаи Сангвори мо маҳфили бадеӣ ва худфаъолият амал мекард, ки шавқу рағбату мо хонандагонро ба мактаб бештар ҷалб менамуд.

Мактаб на танҳо таълимгоҳ, балки беҳтарин тафреҳгоҳ низ ба шумор мерафт, ба таври дастаҷамъӣ сайру гашт дар атрофу акнофи деҳот ҳам кайфият дошт. Ба замми ин хонандагон бо молҳои саноатӣ - курта, майка, собун ва мукофоти пулӣ сарфароз карда мешуданд. Ба мо инчунин хӯроки гарм медоданд. Хулоса мактаб дар маркази диққат ва ғамхории ҳамагон қарор дошт.

Дар чунин шароит ҳеҷ кас наметавонист аз мактаб канораҷӯи ихтиёр намояд ва таълим ҳамаро фаро гирифта буд. Мо дар ҳақиқат соҳиби муаллимони меҳрубон ва дилсӯз будем» (Муҳаққиқе дар таърихи Хуросон, саҳ 9-10, Душанбе-2001). Ва ин панди Ҳақназар Назаров аст, ба маорифу мактабу муаллими имрӯзу фардо:

Нагӯянд аз сари бозича ҳарфе,

К-аз он панде нагирад соҳиби ҳуш.

Вале ҳайфову вовайло, ки:

В-агар сад бор ҳикмат пеши нодон

Бихонанд, оядаш бозича дар гӯш.

Ҳамон маорифу мактабу муаллим буд, ки Ҳақназар Назаров ба мақоми воло расид ва дар илм нақши носутурданӣ гузошт. Эшон ҳанӯз дар ҷавонӣ рӯ ба корҳои назарраси илмӣ ниҳод. Бо ҳидоят ва маслиҳати муаррихи маъруф академик Зариф Раҷабов мавзӯи «Очерки таърихи Кӯҳистон (болооби Зарафшон) дар нимаи дуюми асри XIX ибтидои асри XX»-ро мавриди таҳқиқ қарор дод, мавзӯе, ки то ҳол омӯхта нашуда буд. Ӯ бо фитрату дарки баланди илмии хеш, бо далелу бурҳон аҳли илмро бо таърихи сохти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодии Кӯҳистон аз ибтидои асри XVIII то барқароршавии ҳокимияти Шӯравӣ ошно сохт.

Албатта, маълум аст, ки дар масъалаи муносибатҳои таърихии Осиёи Миёна ва Россия назарҳо гуногун буд. Бархе амали Россияро як навъ истило ва истисмор мегуфтанд, баъзеҳои дигар ҳамроҳшавию якҷошавӣ, яъне ин масъала аз ҷониби баъзеҳо мусбат ва аз ҷониби гурӯҳе манфӣ арзёбӣ мешуд. Ҳақназар Назаров бо далел исбот кард, ки омадани Россияи подшоҳӣ ба баъзе кишварҳои Осиёи Миёна як навъ сиёсати забткорона ва истисморгарона буд.

Аҳволи оммаи заҳматкаш, хусусан қисмати Кӯҳистон, ки шароити баду гарони иқтисодиву иҷтимоӣ доштанд, хубтар нашуд, баръакс аҳли заҳмат баъд аз ин зери фишору истисмори дуҷониба қарор гирифтанд. Ва тарафҳои мусбати онро низ қайд намуда, таъкид мекунад, ки ҳамроҳшавии қисмати Кӯҳистони ақибмонда бо Россия ба парокандагии сиёсии он хотима бахшид, сохтори молиявию маъмурии он таъғир ёфта рушди иқтисодӣ ва муносибатҳои пулию молӣ ба вуҷуд омад. Яъне донишманди мӯҳтарам дар рисолаи хеш тавонист бисёр саҳифаҳои норавшану торики халқи тоҷики ин минтақаро бо далелҳои илмӣ ошкор созад.

Ин рисолаи илмии Ҳақназар Назаров ва андешаҳои бикри ӯ аз ҷониби олимони маъруфу машҳур А. Мирзоев, З. Раҷабов, А. А. Семёнов ва дигарон баҳои баланд гирифт. Аз ҷумла академик А. Мирзоев дар як мақолааш меоварад: «Во время учёбы (дар аспирантура – Ҷ. Н.) Назаров интересовался и старался глубоко изучить историю родного востока. Им было написано научная работа «Очерк истории Кухистана второй половины XIX и начало XX вв.» за которую ему была присуждена учёная степень кандидата исторических наук. …Вопрос этот сложный, требуется большой, кропотливой работы и можно с радостью отметить, что он серьёзно относиться к своим обязанностям и достиг некоторых успехов. Конечно, это еще не предел возможностей. И мы уверены, что Х. Назаров, по коммунистически понимая свой долг учёного, отдаст все время силы и знания на изучения поставленных перед ним проблем».  

Ногуфта намонад, Ҳақназар Назаров бо рисолаи зикршуда дар илми таърихшиносии Тоҷикистон аввалин касе буд, ки унвони номзади фанҳои таърихро гирифт.

1-haknazar111.jpgҲ. Назаров аз соли 1958 ба Шӯъбаи шарқшиносӣ ва осори хаттии АИ ҶТ ба кор омад ва бо маслиҳати як зумра донишмандони маъруф, аз ҷумла роҳбари шӯъба академик А. Мирзоев мавзӯи ҷолиб, вале душвор – афғонистоншиносиро мавриди таҳқиқ қарор дод. А. Мирзоев боварӣ дошт, ки Ҳ. Назаров бо дониш ва фаҳмише, ки дорад ин корро хуб анҷом медиҳад. «Молодой учёный избрал темой для исследования историю политических, экономических и культурных связей Бухары и дружествен¬ного нам Афганистана с XVIII в. и до последнего времени. Вопрос этот сложный, требуется большой кропотливой работы и можно с радостью отметить, что он серьёзно относится к своим обязанностям».  Гуфтаи ин олими нуқтасанҷ як навъ эътиқод, эътимод ва боварӣ ба истеъдоди фитрии Ҳ. Назаров буд.

Минбаъд гуфтан мумкин аст, ки тамоми фаъолияти илмӣ, педагогӣ, ҷамъиятӣ ва таблиғотии Ҳ. Назаров ба Афғонистон пайваст гардид ва дар ин замина асарҳои зиёде офарид. Аз ҷумла, Равобити Бухоро ва Афғонистон аз барпо шудани давлати Дуррониҳо то ғалтидани аморати Бухоро. – Душанбе, 1963; К характеристике народных движений конца XIX века в Афганистане. – Душанбе, 1968; Из истории движения народных масс Афганистана в начале XX в. – Душанбе 1969; Народные и просветитель¬ско-антифеодальные движения в Афганистане. – Душанбе, 1976; Омолу афкори Саид Ҷамолиддини Афғонӣ. – Душанбе, 1980 ва чандин асарҳои дигар. «Ва имрӯз низ ғамшарики доимии ин кишвари ҷангзада ва ин мардуми қурбони манофеи ҷангсолорони дохилӣ ва қудратҳои ҷаҳонӣ гашта мебошад».  

Ҳақназар Назаровро аз соли 1968 инҷониб мешиносам, аз замоне ки аспиранти Шӯъбаи шарқшиносӣ ва осори хаттӣ шудам. Дар ин Шӯъба донишмандони вақт устодон академик Абдулғанӣ Мирзоев, Андрей Бертелс, Ҳақназар Назаров, Аълохон Афсаҳзод, Муҳаммадвафо Бақоев, Зоҳир Аҳрорӣ, Камол Айнӣ, Амрияздон Алимардонов, Баҳром Сирус, Абдуллоҷон Ғаффоров, Сайфулло Саидов, Расул Ҳодизода, Абӯбакр Зуҳуриддинов, Шарафбону Пӯлодова, Амирбек Абибов, Дӯстмурод Саидмуродов, Наима Қаҳҳорова барин шахсиятҳо ифои вазифа мекарданд ва возеҳу равшан аст, ки аксари ин донишмандон ва бешак Ҳақназар Назаров дар илми шарқшиносии шӯравӣ ва ҷаҳон нақши боофарин ва шоёни таъриф гузоштаанд.

Васфи Ҳақназар Назаровро зиёд шунида будам, вале худашро баъзан дар маҷлису маҳфилҳои илмӣ медидам, аз суханронию мақолаҳояшон истифода мекардам. Баъдтар дар тӯю ҷашну сур бо ҳам наздику ошно шудем. Банда ҳамон замон чун ҳунарманд-овозхон вориди майдони ҳунар шудам ва мисле ки устод чанд даъфа изҳори мухлисӣ ҳам карданд. Эҳтироми тарафайн буд, вале наздикӣ ва дидорбинӣ камтар сурат мегирифт. Баҳори соли 1993 чархи фалак моро хеле наздик сохт. Он замон банда директори Институти мероси хаттӣ будаму эшон директори Институти шарқшиносӣ.

Бо қарори ҳукумат Институти шарқшиносӣ беэътибор шуду ваколату фаъолияташро ба ихтиёри Институти мероси хаттӣ ҳавола карданд. Ҳарчанд директори Институт будам, худро аз камтарин ходимони ин даргоҳ медонистам. Бо вуҷуд буданд балвогароне, ки мехостанд байни ману Ҳақназар Назаров фитнае барангезанд, муҳити илмиро ноором созанд. Бо он кас сӯҳбате доштем ва ҳамдигарро хуб шинохтем ва хеле наздик ҳам шудем. Ба шарофати хираду фазилату маърифату дониши амиқу килки ҷаҳонбини чунинҳо мақоми Институти мероси хаттӣ хеле боло рафт, ки барои ман мояи ифтихор буд.

Албатта дар илми адабиётшиносӣ, нусхашиносӣ, матншиносӣ корҳои назаррасеро устодон Аълохон Афсаҳзод, Зоҳир Ахрорӣ, Камол Айнӣ, Амрияздон Алимардонов, Алиқул Девонақулов, Абӯбакр Зуҳуриддинов, Шарафбону Пӯлодова, Раҳим Додхудоев, Ҷобулқо Додалишоев, Алиасғар Ҷонфидо, Солеҳ Салоҳ ва шогирдони онҳо Қосимшо Искандаров, Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ, Баҳриддин Мирзоев, Саиданвар Шохуморов, Дӯстмуҳаммади Дӯст, Ғолибшоҳ Ғоибов, Муҳаммадёр Шарифов, Алӣ Муҳаммадӣ, Нуриддин Шамсиддинов, Қудратбек Элчибеков, Ҷавлонбону Наҷмиддинова, Саиднуриддин Шаҳобиддинов, Муҳаммадҷон Умаров, Файзулло Бобоев, Далер Қаноатов баринҳо анҷом дода буданд.

Аз ҷумла, дар Теҳрон чоп шудани «Куллиёт»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, дар ҳафт ҷилд ва «Таърихи Табарӣ» дар ду ҷилд, «Феҳристи нусхаҳои хаттии ганҷинаи Институти мероси хаттӣ» дар чаҳор ҷилд ва даҳҳо номгӯи китобҳои чопшуда кори андаке набуд. Вале бо ҳиммату ғайрати Ҳақназар Назаров ва шогирдонаш таъсис ёфтани маркази пуриқтидори афғонистоншиносӣ ҳамаро ба ҳайрат гузошт.

2-haknazar222.jpgЧун он замон масъулияти Институт бар дӯши банда буду дидам Ҳақна¬зар Назарову шогирдонаш кори бузургеро оғоз карданд, дар назди Институт шӯъбае таъсис додам бо номи «Шуъбаи таърих ва таҳқиқи низоъҳои минтақавӣ» ва бо маслиҳати устод бори гарони ин шӯъбаро бар дӯши донишманди нуктасанҷ ва афғоншиноси чирадаст профессор Қосимшо Искандаров гузоштам. Шогирдон ва мухлисони Ҳақназар Назаров –  Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ, Носир Назаров, Раҳматшо Маҳмадшоев, Раҳматулло Абдулоев, Муҳаммадӣ Сафолов, Худойбердӣ Холиқназаров, Исмоил Раҳматов, Раҳималӣ Нуриддинов, Соҳибназар Муродӣ (шаҳрванди Афғонистон) ва чандин нафари дигар бо ҳам шуданд ва корҳое карданд, ки таҳсин бояд гуфт.

Дар мавриди шинохти Афғонистон даҳҳо китоб ба табъ расид. Вале китоби калонҳаҷму пурмӯҳтавои Ҳақназар Назаров «Мақоми тоҷикон дар таърихи Афғонистон» (Душанбе, 1998) асари вежаест. Мақсад аз навиштани ин асар нишон додани мақому мартабаи ростини миллати тоҷик дар Афғонистон ва рафъи тасҳиф ва таҳрифи «таърихнигорон», аниқтараш паштугароёну дуруғгӯёни олами илм дар Афғонистон аст.

Ҳарфи муаллифи китоб ба ҷост, ки мегӯяд: «…муаллифони афғон дар ним қарни охир тамоми комёбиҳо ва дастовардҳои Хуросонро асосан ба афғонҳо (паштунҳо) нисбат дода, тоҷиконро ба ҷумлаи ақалиётҳои миллӣ ё «қабилае аз қабоили паштун» ба қалам медоданд. Дар зери мафҳуми фарҳанги афғонӣ онҳо тамоми дастовардҳо ва комёбиҳои илмӣ, адабӣ ва фарҳангии сарзамини Хуросонро ба паштунҳо ба сифати қавм ва миллати асосӣ ва ҳукмрони Афғонистони муосир нисбат дода, нақш ва мақоми халқи тоҷикро надида мегирифтанд, ҳоло он ки аҳолии асосии Хуросони гузашта ва то ҳадди зиёд Афғонистони имрӯзаро ҳам аз қадимулайём то ҳол тоҷикон ташкил медиҳанд. Бузургтарин иттиҳодияи давлатӣ ва сулолаҳои ҳукуматӣ аз қабили бохтариҳо, кӯшониён, ҳайтолиён, тоҳириён, саффориён, сомониён, ғуриҳо, куртҳои Ҳирот ва ғайра бар асоси манбаъ ва маъхазҳои таърихӣ ба номи тоҷикон ва аждодони онҳо сабт шудаанд». 

Дар ҳақиқат дар марҳалаҳои гуногун, ҳатто дар замони ҳукумат¬дории М. Таракӣ, Ҳ. Амин (апрели 1978 – декабри 1979) ва нуфузи «Толибон» сиёсати паштунсолорӣ шиддат гирифт ва натиҷааш таъқиб ва озор додани миллатҳои ғайрипаштун шуд. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ, дар Маскав низ сиёсати ғайриодилонае пеш гирифта шуд, ки иртиботи тоҷикони Афғонистонро бо тоҷикони Осиёи Миёна маҳдуд мекард ва ҳамин омилҳо сабаб шуд, ки Ҳақназар Назаров ҳарфашро бигӯяд.

Аз ҷумла дар мактуби ба КМ Ҳизби комунисти Тоҷикистон фиристодааш, ки имрӯз ҳам бешубҳа дар шароити истиқлолияти Тоҷикистон аҳамияти худро гум накардааст, менависад: «Дар давоми бештар аз се соли дар сафари хидматӣ дар Афғонистон будан имкон доштам ба таври ҳамаҷониба ва амиқ ба соҳаҳои гуногуни воқеияти афғонӣ шинос шуда, шароити зиндагии гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоиро дар марказ ва гӯшаю канорҳо мушоҳида намоям. Вақте ки зиндагӣ ва маишати моро бо ҳаёти афғонӣ ва тарзи зиндагии афғонӣ муқоиса менамоем, беихтиёр моро эҳсоси бузурги хушӣ, ифтихор ва хушбахтӣ фаро мегирад ва худ ба худ савол мекунем, ки чӣ хуш аст, ки дар соҳили рости Панҷу Омӯ таваллуд шудаӣ ва ин ҷо зиндагонӣ мекунӣ.

Ҳамчун инсон ва коммунист, ки бевосита, фақру фоҷиа ва зиндагии бидуни ояндаи мардуми Афғонистонро мушоҳида намудам, наметавонам ба тақдир ва ранҷу азоби халқҳои мазлуми Афғонистон бетараф бошам. Вазифаи пурифтихори худ медонам, ки ба маълумоти КМ Ҳизби Комму¬нисти Тоҷикистон масъалаҳои зеринро бирасонам, ки ба ҳаллу фасли мусбати онҳо ниёзмандӣ вуҷуд дорад.

Чуноне маълум аст, дар Афғонистон беш аз 7-8 млн. тоҷик зиндагӣ ме¬ку¬над ва шумораи мардуми форсизабон қисматҳои зиёди аҳолии кишвар¬ро ташкил менамояд. Онҳо ба сарнавишти тоҷикони Иттиҳоди Шӯра¬вӣ дилчаспии махсус доранд. Аммо имрӯз дар Афғонистон роҷеъ ба Тоҷикистони Шӯравӣ, дастовардҳои он дар соҳаҳои иқтисод, фарҳанг ва рушди иҷтимоӣ дар солҳои ҳокимияти Шӯравӣ маълумоти кофӣ надоранд.

Забони тоҷикӣ, ба мисли забони дарӣ ва форсӣ барои мардуми Афғонистон ва Эрон фаҳмост. Аз манфиат холӣ нахоҳад буд, ки аз имконот ва муштаракоти забонӣ васеътар истифода намуда, китобҳои назариявӣ, илмию оммавӣ ва бадеиро ба забони тоҷикӣ ва расмулхатти форсӣ нашр намоем. Дар чорабиниҳои Ҷамъияти дӯстии шӯравию афғон иштирок намуда, ман бисёр вақтҳо эҳсоси нороҳатӣ мекардам, вақте ки дӯстони афғониям хоҳиш мекарданд, ки ягон китоберо дар бораи Тоҷикистон бо хатти форсӣ ба онҳо тақдим намоям.

Дар Ӯзбекистон, гарчанде назар ба Тоҷикистон муштаракоти камта¬ри забонӣ, адабию фарҳангӣ бо халқҳои Афғонистон ва Эрон доранд, вале бо вуҷуди он маҷаллаи моҳонаи бо унвони «Имрӯзи Ӯзбекистони Шӯравӣ» ва китобу китобчаҳои бисёр ба забони форсӣ, дар қоғази хуб бо тасвирҳои зебо чоп мешавад. Дар Тоҷикистон бошад Ҷамъияти дӯстӣ бо кишварҳои хориҷӣ бюллетене бо ҳарфҳои хурд дар ротатор чоп мекунад, ки бо нашрияҳои ӯзбекӣ ҳеҷ қобили муқоиса нестанд, ҳатто фиристодани он ба хориҷ шармовар аст.  

Барои ин ният зарур аст, ки нашри китобҳои тоҷикиро бо алифбои арабӣ дар нашриёти «Ирфон» ба роҳ монда, маҷаллае бо номи «Тоҷи¬кис¬то¬ни Шӯравӣ» махсус барои форсизабонони Шарқи хориҷӣ чоп намоем. Сохти давлатдории Афғонистон салтанати машрута буда, дар он миллатҳои гуногун зиндагӣ мекунанд, вале миллати ҳукмрон ва со¬ҳибим¬тиёз афғонҳо мебошанд, ки дар дастгоҳи давлат нақши бузург доранд. Дигар миллатҳо амсоли тоҷикҳо, ӯзбекҳо, ҳазораҳо ва ғайра дар вазъи риққатбор ва мазлумият ба сар мебаранд. Дар шароите, ки муборизаи миллатҳои мазлум барои таъмини ҳуқуқи баробарӣ шиддат мегирад, мо аз онҳо ҳаққи чашм пӯшидан надорем».  

Ва ҳамчунин такя ба андешаҳои ростин ва маълумотҳои Мир Ғулом Муҳаммад Ғубор баринҳо исбот кунад, ки паштузабонҳо 6 млн.ё 40 дар сад, ё даризабонҳо 8 млн. 53 дар сад мебошанд. Муҳаққиқони ғарб низ ин андеша¬ро қабул доранд ва бешак тоҷикон ҳоло ҳам дар баробари паштунҳо таркиби асосии Афғонистонро ташкил медиҳанд ва соҳибватанони асил, ворисони таърих ва тамаддуни ин хоку бум ба шумор мераванд. 

Асарҳои барҷастаи баъдтар навиштаи Ҳақназар Назаров, аз қабили «Авомили суъуд ва суқути давлати Сомониён», «Нақши эрониён-тоҷикон дар тамаддуни ҷаҳон» ва амсоли инҳо ҳар кадом дарёи маърифат аст дар нишон додани мақому мартабаи миллати тоҷик.

Хулоса, устод Ҳақназар Назаров дар нишон додани мақому мартабаи миллати куҳанбунёди тоҷик ва нақши ин миллат дар таърихи тамаддуни Афғонистон ва ҷаҳон хидмати арзанда ва бузургеро анҷом додааст ва месазад, ки ӯро дар мақоми баланди илмие, ки дорад бишиносем ва қадр кунем.

Адабиёт:

1 (Ғазолӣ. Кимиёи саодат, ҷилди 1, саҳ. 214, Душанбе - 2008)

2 Гулшанӣ. Таърихи Ҳумоюн. – Душанбе, 2006. – С.159.  

3 Комсомолец Таджикистана, 1958, 19 октябрь.

4 Комсомолец Таджикистана, 1958, 19 октябрь.

5 Искандаров Қ. Муҳаққиқе дар таърихи Афғонистон. – Душанбе, 2011. – С.25.

6 Назаров Ҳ. Мақоми тоҷикон дар таърихи Афғонистон. – Душанбе, 1998. – С.3. 

7 Искандаров Қ. Муҳаққиқе дар таърихи Хуросон. – Душанбе, 2001. – С.37-38.

Ҷӯрабек Назриев, доктори илмҳои филологӣ

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854