13:04:57 01-уми Июли 2025 сол

Ш. ШАБДОЛОВ: “АФСӮС, КИ “ГКЧП” ПИРӮЗ НАШУД”

19-уми августи соли ҷорӣ аз оғози кудетои маъруф ба "ГКЧП" дар Маскав 20 сол сипарӣ мешавад. Бештаре аз соҳибназарон мӯътақиданд, ки ин ҳодиса ба фурӯпошии кишваре абарқудрате бо номи Иттиҳоди Шӯравӣ мунҷар шуд.

/images/stories/2011/08/18_shodi-shabdolov_18.8.2011.jpgГурӯҳе аз мухолифони Михаил Горбачёв, ки сиёсатҳои ӯро таҳдиде барои тамомияти арзии давлати Шӯравӣ ва омили фурӯпошии низоми кумунистӣ медонистанд, ҳокимиятро ғасб карда ва озодиҳои сиёсӣ дар қаламрави кишварро маҳдуд сохтанд.

Михаил Горбачев, ки он замон раиси ҷумҳури ин кишвар буд ва раҳбарии Ҳизби куммунисти Иттиҳоди Шӯравиро низ бар ӯҳда дошт, ахиран эълом кард, ки аз таҳия шудани ин кудето иттилоъ дошт, вале ба хотири ҷилавгирӣ аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ натавонистааст бо он мухолифат кунад.

Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби куммунисти Тоҷикистон мегӯяд, ки оқои Горбачёв худ аз мубтакирони “ГКЧП” будааст. Вай гуфт: “Ман бо раҳбарони ин кудето сӯҳбатҳо доштам ва онҳо иқрор шуданд, ки “ГКЧП” аз сӯйи Горбачёв таҳия шуда буд, вале дар ниҳоят вай ба Қрим фирор кард.”

Ба эътиқоди раҳбари куммунистҳои тоҷик, мухолифони “ГКЧП”, ки “аз се-чор нафари бадмаст, назири Яковлев, Шеварнадзе ва Собчак иборат буданд, нерӯе дар ихтиёр надоштанд.”

Оқои Шабдолов гуфт: “Горбачев, ки аз ин кудето пуштибонӣ мекард, ба ҳама хиёнат кард ва Янаев, ки он замон муъовинаш буд, ночор шуд раҳбарии “ГКЧП”-ро ба зимма бигирад.”

Оқои Шабдолов бо таъассуф мегӯяд, ки “афсӯс, “ГКЧП” пирӯз нашуд. Агар пирӯз мешуд, Иттиҳоди Шӯравӣ побарҷо ва ба кишвари абарқудрате табдил мешуд.” Ба гуфтаи вай, ҳеҷ яке аз ҷамоҳири шӯравии собиқ, ба ҷуз аз ҷамоҳири соҳили Болтик хостори аз байн бурдани ин иттиҳод набуданд.

Зимнан, чанд моҳ қабл аз ин кудето, дар ҷамоҳири Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамапурсие баргузор шуда буд ва бештаре аз сокинони ин кишварҳо ба ҳифзи ин кишвари воҳид раъй доданд. Аз ҷумла, беш аз 90 дарсади сокинони Тоҷикистон низ хостори ҳифзи Иттиҳоди Шӯравӣ шуда буданд.

Ба гуфтаи Шодӣ Шабдолов, қарор буд, ки ҷамоҳири шӯравӣ истиқлоли бештаре касб кунанд ва ба ин тартиб Иттиҳоди Шӯравӣ ҳифз шавад. Ин матлабро Қаҳҳор Маҳкамов, ки он замон раиси ҷумҳури Тоҷикистон буд, дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ таъйи кард.

Вай гуфт: ӯзи 21 августи соли 1991 мо бояд дар Маскав созишномаи нави Шӯравиро имзо мекардем. Тибқи ин созишнома, дар сохтори Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷумҳуриҳо тағйироти ҷиддие бояд ҷорӣ мешуд. Яъне, ба ҷумҳуриҳо истиқлоли бештар дода мешуд, вале ба ғайр аз корҳои хориҷӣ, роҳи оҳан, барқ. Дигар ҳама салоҳиятҳо бояд дар ихтиёри ҷумҳуриҳо қарор мегирифт."

Он замон мухолифони оқои Маҳкамов ӯро ба ҳимоят аз омилони ин кудето муттаҳам мекарданд. Аммо худи вай ин иддаъоро бо ханда рад мекунад: "Ин гап гапи Отахон Латифӣ буд. Як шаб Латифӣ наздам омаду гуфт, ки чаро “ГКЧП”-ро маҳкум намекунед? Ман посух додам, ки “ГКЧП” тамом шуд. Баъд илова кардам, ки то ҳол ин “ГКЧП” ягон кори баде накардааст. Мо онро на пуштибонӣ кардем ва на маҳкум. Вай худаш аз байн рафт."

Шодӣ Шабдолов мегӯяд, ки воқеъан раҳбарияти Тоҷикистон он замон ҳеҷ вокунише дар қиболи “ГКЧП” ироа накарданд ва ин амр дуруст ҳам буд, зеро вазъи норӯшане эҷод шуда буд. Ба эътиқоди оқои Шабдолов, ҳоло мусаллам аст, ки тарҳи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ аз сӯйи Ғарб таҳия шуда буд ва мавзеъгирии раҳбарияти Тоҷикистон дар ин маврид аҳамияте надошт.

Биҳоҷал Раҳимова, ки он замон муъовини нахуствазири Иттиҳоди Шӯравӣ буд, мегӯяд, ки рӯзи 19 август, саҳар фаҳмидааст, ки “ГКЧП” рух дод ва “ман ҳис кардам, ки тамом, дар ҳақиқат будани Иттиҳоди Шӯравӣ дигар имкон надорад. Ин давлат ҳатман суқут мекунад.

Вай афзуд: “Мо мехостем баргардем ба Тоҷикистон, аммо гуфтанд, не бояд бимонед. Инҷо ҷаласа бояд баргузор шавад. Ман аз тариқи телефон пайваста аз раҳбарони Тоҷикистон хабар мегирифтам. Он замон ҳама худро мустақил эълон кард ва мо ҳам маҷбур будем, ки истиқлоли худро эълом кунем. Ин амр ногузир буд”.

Воқеъан, дар пайи кудетои нофарҷоми ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ, аз Русия гирифта то ба ҷумҳуриҳои фақири Осиёи Миёна, як-як худро мустақил эълом карданд. Дар пайи ин ҳодиса норизоятиҳои умумӣ ва мухолифатҳои густарда бо ҳукумати Қаҳҳор Маҳкамов дар Тоҷикистон шиддат гирифт. Ва саранҷом вай рӯзи 31 август дар ҷаласаи ғайринавбатии порлумони вақт аз симати раёсати ҷумҳурӣ истеъфо дод.

Ба гуфтаи вай, дар ҷаласаи порлумон аз ҳудуди 200 намоянда ба ҷуз аз Юсуфҷон Аҳмадов дигар ҳама хостори истеъфояш шуданд. “Ман мехостам батадриҷ қудратро вогузор кунам, вале аъзои порлумон напазируфтанд.”

Зимнан, оқои Маҳкамов, замоне ки толори ҷаласаи порлумонро пас аз эъломи истеъфои худ тарк мекард, гуфт, ки "ман меравам, аммо шумо пушаймон мешавед." Баъд аз як соли ин ҳодиса дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд, ки тӯли панҷ сол идома дошт ва то 150 ҳазор кушта бар ҷой гузошт.

Би-Би-Си

Шарҳҳо   

 
0 #2 Guest 24.08.2011 01:13
1 Student tu bisyor AHMAQ hasti bo in guftahoyat. Shabdolov hej vaqt taqozoi prezident shudan nadoshtast.
 
 
+1 #1 Guest 19.08.2011 19:27
rafik shabdolov hamu haykali lenina ki xudotay parastidan bigi yaki gapta megira axir prezident meshay ? guftan haykali stalina sohib nashidai ? oxi ush payghambartay ku ? xay saxt hamu haykala zora kadan gir yaki dilush mesuza prezidentut mekna .
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ