12:51:02 01-уми Июли 2025 сол

ЧАРО МАСЪУД ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ КИШВАРИ ХУД МАҲБУБИЯТ ДОРАД?

Аҳмадшоҳи Масъуд, аз фармондеҳони муҷоҳидини афғон, ки ду рӯз пеш аз ҳодисаи 11 сентябри соли 2001 дар ҳамлае интиҳорӣ кушта шуд, беш аз кишвари худ дар Тоҷикистон маҳбубият дорад. Бисёре аз ҷавонони тоҷик ӯро қаҳрамоне афсонаӣ медонанд, шахсияти ӯро барои худ улгӯ қарор медиҳанд ва кулоҳи афғонии покулро, ки “кулоҳи Масъуд” меноманд, бар сар мегузоранд.

/images/stories/2011/09/09_ahmad_shah_masud_9.9.2011.jpgБархе аз шоъирону нависандагон, монанди Мӯъмин Қаноъат, ашъор ва достонҳое дар ситоиши ӯ сурудаанд, рӯзноманигорон ва пажӯҳишгарон мақолоти зиёде аз корномаҳои ӯ дар матбуъоти тоҷик интишор додаанд. Ин дар ҳолест, ки худи афғонҳо андешаҳои зидду нақизе дар бораи ӯ доранд. Гурӯҳе аз онҳо Масъудро қаҳрамони миллӣ медонанд ва гурӯҳи дигар аз ӯ барои ончи мавориди густардаи нақзи ҳуқуқи башар дар замони ҳукумати Бурҳониддин Раббонӣ дар Аф0ғонистон медонанд, интиқод мекунанд. Далоили маҳбубияти Масъуд дар Тоҷикистон чист? Султони Ҳамад, пажӯҳишгари тоҷик, дар матлаби зер ин мавзӯъро ба баррасӣ гирифтааст:

Масъуд дар матбуъоти Шӯравӣ

Мардуми Тоҷикистон аввалин бор дар бораи Аҳмадшоҳи Масъуд дар авоили даҳаи 1980, баъд аз ҳамлаи Шӯравӣ ба хоки Афғонистон иттилоъ ёфтанд. Дар он давра дар матбуоти Шӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, дар бораи Аҳмадшоҳи Масъуд ва фармондеҳони дигари муҷоҳидини афғон гаҳ-гоҳе хабару мақолаҳо мунташир мешуданд. Дар ин хабару мақолаҳо Масъуд ва роҳбарони дигари муҷоҳидон дузду роҳзан, қотилу ғоратгар ва душманони давлат ва миллати Афғонистон хонда мешуданд.

Матбуъоти шӯравӣ бар афкори умумӣ таъсири густардае дошт, вале афроди ҷудогонае ҳам буданд, ки дар ин навиштаҳо ба чашми тардид менигаристанд. Онҳо инсонҳои кунҷкове буданд, ки манобеъи хабарии дигареро ҷустуҷӯ мекарданд ва пинҳону ошкор ба родиюҳои хориҷӣ, назири Би-би-сӣ, «Озодӣ», родиюҳои Эрон ва «Овози дӯст»-и Покистон гӯш медоданд. Бар хилофи матбуъоти Шӯравӣ, ки ҷанг дар Афғонистонро "кумаки интернатсионалистии Иттиҳоди Шӯравӣ ба ин кишвар" тавсиф мекарданд, расонаҳои хориҷӣ аз ҷанги як давлат алайҳи давлати дигар хабар медоданд. Дар бештари родиюҳои хориҷӣ муҷоҳиддини афғон муҳофизони Ватан, дину фарҳанг, мудофеъони марзу буми Афғонистон тавсиф мешуданд.

Ба ҷуз родиюҳои хориҷӣ боз манобеъи дигаре низ буданд, ки хабарҳоеро дар бораи вазъияти Афғонистон ба мардум мерасонданд. Ин манбаъҳо афроде буданд, ки ба ҳайси сарбоз, тарҷумон, мушовир ба Афғонистон фиристода мешуданд ва бардоштҳои хусусии худро ба мардум нақл мекарданд. Маъмулан, ин афрод баъд аз бозгашти худ ба Тоҷикистон дар бораи Аҳмадшоҳ Масъуд ва муҷоҳиддини афғон дар маҳофили хусусӣ назароти худро ба мардум иброз медоштанд, ҳарчанд назарот ва бардоштҳои онон гоҳо бо идеулужии ҳоким дар ҷомеъа созгор набуда ва хатаротеро низ барои онҳо ба дунбол дошт.

Масалан, Сайидамир Зуҳуров, вазири пешини амнияти Тоҷикистон, ки дар даҳаи 1980 дар Афғонистон ба ҳайси корманди амниятӣ кор мекард, мегӯяд, ки тафовути Масъуд бо фармондеҳони дигари ҷиҳодӣ аз он иборат буд, ки дар манотиқи таҳти назари ӯ муҷоҳидон бо мардум бархӯрди нек доштанд, ба касе зулмро раво намедиданд, касеро базӯр ба ҷабҳа намебурданд, ба аҳли хонаводаи касоне, ки дар ҷабҳа буданд, кумакҳои моддӣ мерасонданд. Ба гуфтаи оқои Зуҳуров, фаъолияти зердастонашро Масъуд бар хилофи фармондеҳони дигар на ба ҳисоби кишту фурӯши маводди мухаддир, балки бо фурӯши сангҳои гаронбаҳо, ки дар Панҷшер ва Бадахшон одамонаш бо заҳати ҳалол ба даст меоварданд, таъмин мекард.

Вай меафзояд: "Муҳиммтар аз ҳама, вақте ки сарбозони Шӯравӣ ба асорати муҷоҳиддини Масъуд меафтоданд, зиёд озору азият намешуданд, бо онҳо муносибати башардӯстона сурат мегирифт. Аз ин рӯ, дар ин манотиқ мардуми одиро алайҳи ӯ ба мубориза бархезондан ва аз онҳо бар зидди ӯ истифода кардан ғайримумкин буд. Ин вазъро фармондеҳони шӯравӣ низ хуб медонистанд."

Бо ин рафтори худ Масъуд женеролҳои русро низ таҳти таъсири худ гузошта буд. Маъмулан женеролҳои рус дӯст намедоштанд, ки аз муҷоҳиддини афғон бо суханони нек ёд кунанд, вале аз корбурди лақаби «Шери Панҷшер» дар ҳаққи Аҳмадшоҳи Масъуд худдорӣ намекарданд. Яъне онҳо низ эътироф мекарданд, ки Масъуд дар дараи Панҷшер нуфузи биломунозеъе дошт.

"Сарбозони интерносиюнолист"

Баъд аз хурӯҷи сипоҳи Шӯравӣ аз Афғонистон чеҳраи Масъуд дар матбуъоти Шӯравӣ андаке тағйир ёфт ва акнун мақолоте чоп мешуд, ки дар онҳо Аҳмадшоҳ гоҳо фармондеҳе шуҷоъ, далер, донандаи хуби ҷангҳои чирикӣ ва дар баробари ин, нисбат ба душманонаш ҷавонмард, тавсиф мешуд. Бахусус, баъд аз он ки Аҳмадшоҳ бо вуҷуди имконоти зиёди ҳамла ба сарбозони Шӯравӣ дар ҳангоми хурӯҷи онҳо аз Афғонистон дар соли 1989 аҳдшиканӣ накард, эҳтироми русҳо ба ӯ бештар шуд. Ҳатто матбуъоти Русия дар соли 1992 аз ин ки Масъуд қабл аз дигар фармондеҳон вориди Кобул шуд, табли шодӣ заданд.

Сиёсатмадорону таҳлилгарони Шӯравӣ аз он ҳушҳол буданд, ки Кобулро баъд аз суқути ҳукумати дуктур Наҷибулло на Ҳикматёр, балки тарафдорони Раббонӣ ва Масъуд гирифтанд. Чунин тағйир дар мавзеъгирии матбуъоти шӯравӣ, ва дертар Русия, нисбат ба Масъуд, албатта, бар зеҳнияти фарҳангиён ва равшанфикрони тоҷик низ, ки ҷузъе аз ҷомеъаи Шӯравӣ буданд, таъсир гузошт. Бавижа, пас аз касби истиқлоли Тоҷикистон бархе аз зиёиёни ин кишвар Масъудро қаҳрамони миллӣ хонда ва аз ширкати ҳаммиллатонашон дар ҷанги Афғонистон ибрози пушаймониву надомат мекарданд.

Ҳатто иддае аз сарбозони собиқи ҷанги Афғонистон, ки ба унвони "сарбозони интерносиюнолист" аз имтиёзоте бархӯрдор буданд, аз имтиёзоти худ даст кашиданд. Дар ҳамин давра эҳсоси худшиносиву худошиносии бахше аз мардуми Тоҷикистон боло гирифта буд. Яке аз сабабҳои боло рафтани гароишҳо ва эҳсосоти динии мардуми Тоҷикистон дар авоили даҳаи 1990 шикасти Шӯравӣ дар Афғонистон ва ба қудрат расидани муҷоҳидин буд. Фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам, ки абарқудрате ломазҳаб маҳсуб мешуд, ва заъиф шудани нуфузи ҳизби кумунист, дар канори авомили дигар мардумро бештар ба сӯйи арзишҳои динию мазҳабӣ савқ дод. Дар ҳамин давра дар Тоҷикистон нирӯҳои сиёсие зуҳур карданд, ки бо ҳукумати вақт ба мухолифат бархостанд ва дар масоили ҳукумату тарзи давлатдорӣ баҳсу мунозираҳои шадиде дар ҷомеъа ба роҳ андохтанд. Муборизаҳои сиёсии аҳзоб, гурӯҳҳо ва созмонҳои иҷтимоъӣ дигар ба авҷи аълои худ расид ва кор ба тазоҳуроту майдоннишиниҳо анҷомид.

"Бародари ҳамдину ҳамхун"

Дар яке аз чунин тазоҳурот, ки дар майдони «Шаҳидон», дар маркази Душанбе, дар моҳҳои марту апрели соли 1992 доир шуд, аввалин бор яке аз суханронон, Сайид Қиёмиддини Ғозӣ, ки бо шиъорҳои пуртаъсираш дар миёни мӯътаризон лақаби "генерали мардумӣ"-ро гирифта буд, аз Масъуд ба унвони як қаҳрамони миллӣ ёд кард. Вай эълом кард, ки дар ҳамин рӯзҳои майдоннишинӣ "яке аз бародарони ҳамхуни мо, ҳамдину ҳамфарҳанг, қаҳрамони Афғонистон, Аҳмадшоҳ Масъуди тоҷиктабор" бо ёронаш ҳукумати кумунистии дуктур Наҷибро суқут дода ва дар Афғонистон ҳукумати исломиро ба сари қудрат овардааст. Вай аз ҷумла гуфт: "Мо пайрави ӯ ҳастем, мо аз ӯ ибрат хоҳем гирифт. Дар Тоҷикистони мо низ агар ба хости мардум кор накунанд, ҳукумати кумунистиро чунин сарнавиште дар интизор аст."

Баёнияи Саид Қиёмиддини Ғозӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамомии қаламрави Шӯравӣ, вокунишҳои зидду нақизеро дар пай дошт. Агарчи бархе аз фарҳангиёну мазҳабиёни тоҷик аз ин изҳорот ҳимоят карданд, вале иддаи дигар онро як навъ шитобзадагӣ хонда ва ҳушдор доданд, ки чунин суханон метавонад ба муносиботи байни Тоҷикистон ва Русия латма занад. Хуллас, ин тазоҳурот ва майдоннишиниҳо батадриҷ ба даргириҳои мусаллаҳона байни тарафдорони ҳукумати кумунистии вақт ва мухолифони исломгаро ва демукросихоҳи онҳо табдил шуд. Тарафҳои даргир бо роҳҳои гуногун силоҳ ба даст меоварданд. Яке аз тарафҳои ҷанг барои ба даст овардани силоҳу муҳиммоти ҷангӣ аз марз убур карда ба назди муҷоҳидини афғон рафтанд ва тақозои кумак карданд.

Гуфта мешавад, дар он замон фармондеҳони муҷоҳидини афғон, аз қабили Абдураб Расули Сайёф, Гулбидини Ҳикматёр ва дигарон, ба намояндагони гурӯҳҳои мухолиф дар Тоҷикистон бовар карда ва бидуни тафтишу тафаҳҳус то ҳадде, ки метавонистанд, ба онҳо силоҳу муҳиммот доданд. Аммо ба гуфтаи шоҳидони вақоеъи он солҳо, Аҳмадшоҳи Масъуд аз ҳамон оғоз кӯшиш мекард, ки ба қазияи Тоҷикистон амиқтар ворид шавад ва дарк кунад, ки ин муборизаву мухолифатҳо дар кишвари ҳамсоя сари чи масъалае ба вуқӯъ пайваста ва кадом тараф гунаҳкор асту кадом тараф бегуноҳ.

Пазироӣ аз фирориёни тоҷик

Даргириҳои мусаллаҳона дар ҷануби Тоҷикистон дар охири соли 1992 ба ҳадде расид, ки бахше аз мардум ба хотири ҳифзи ҷони худ ба Афғонистон паноҳ бурданд. Ба гуфтаи бисёре аз паноҳандагони тоҷик, онҳо аз ҳамон оғоз мавриди пазироии гарму самимонаи муҷоҳидин ва мардуми меҳмоннавози афғон қарор гирифтанд. Манотиқи шимолии Афғонистон он замон таҳти нуфузи Масъуд қарор дошт.

Даҳҳо ҳазор нафар аз паноҳандагони тоҷик, ки аксаран бо дастони холӣ аз хонаҳои худ фирор карда буданд, дар зимистони сарди соли 1992-93 дар муддате кӯтоҳ аз макони зист, кӯрпаву болишту кампал ва то расидани кумакҳои башардӯстона, аз маводди ғизоӣ бархурдор шуданд. Аҳмадшоҳи Масъуд шахсан дар рӯзҳои аввали паноҳандагии муҳоҷирони тоҷик аз ҷойи зисти онҳо дар Қундуз ва деҳоти атрофи он дидан карда ва ба онҳо кумакҳои лозимро расонда буд.

Масалан, дар авоили моҳи январи соли 1993 ӯ бо як гурӯҳ аз фармондеҳони ин минтақа ба назди паноҳандагони тоҷик омад, ки дар урдӯгоҳи Майдони Ҳавоии Кундуз (собиқ шаҳрчаи низомиёни шӯравӣ) мустақар буданд. Ӯ ба паноҳандагоне, ки дар хаймаву казармаҳои (сарбозхонаҳои) бедару тиреза зиндагӣ мекарданд, барои гарм кардани манозилашон бухорӣ (печка) ҳадя кард. Яке аз паноҳандагони Майдони Ҳавоии Кундуз, ки шоҳиди ин рӯйдод буд, мегӯяд: "Аҳмадшоҳи Масъуд дар зимистони сарди 1993 бо дидорбинии паноҳандагони тоҷик на танҳо ба манозилашон гармӣ овард, балки шӯълаи умедеро низ нисбат ба оянда дар дилҳои онон фурӯзон кард."

Баъд аз он ки роҳбарони нерӯҳои мухолифи давлати Тоҷикистон ба Кобул рафтанд, Аҳмадшоҳи Масъуд кумакҳои худро ғолибан тавассути онон ба паноҳандагони тоҷик ирсол мекард. Бо тавсияи ӯ ва пруфессур Бурҳониддин Раббонӣ, ки он замон раисҷумҳури Афғонистон буд, роҳбарони мухолифони давлати Тоҷикистон, ки таҳти парчами Ҳаракати Наҳзати Исломии Тоҷикистон ба фаъолиятҳои сиёсиву низомии худ берун аз кишвари худ идома медоданд, ниҳодеро ба номи Кумитаи Муҳоҷирин таъсис доданд, ки ба мушкилоти фирориён расидагӣ мекард.

Кумак ба размандагони мухолиф

Кумакҳои Масъуд танҳо ба фирориён маҳдуд намешуд. Вай ба гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифони давлати Тоҷикистон ҳам, ки дар хоки Афғонистон мустақар шуда буданд, ёрӣ мерасонд. Вай ба размандагони мухолифи давлати Тоҷикистон на танҳо силоҳу муҳиммот медод, балки қароргоҳҳо, хӯрок ва пӯшоки онҳоро низ таъмин мекард. Вай ҳатто қароргоҳи машҳури худ «Операсиюн» дар Толуқонро, ки нақшаҳои ҷанг алайҳи Шӯравиро дар он ҷо мекашид, дар ихтиёри раҳбари мухолифони давлати Тоҷикистон, Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, гузошт. Аҳмадшоҳи Масъуд ҳамчунин ду тамрингоҳи хеле муҷҷаҳаз ва машҳури муҷоҳидинашро низ, ки дар манотиқи Фархор ва Баҳорак воқеъ буданд, чанд муддат ба размандагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон вогузор кард.

Албатта, ин ҳама корҳоро Аҳмадшоҳ бо ду далел мекард: пеш аз ҳама, ба ин хотир, ки ӯ аз қазияи Тоҷикистон ҳанӯз ба таври бояду шояд иттилоъ надошт. Яъне манбаъи аслии хабарии ӯ дар бораи вазъияти Тоҷикистон ва ҳаводиси он умдатан ҳамин роҳбарони мухолифин буданд. Аз сӯи дигар, агар Масъуд ба размандагони мухолифи давлати Тоҷикистон кумак намекард, ин гурӯҳҳо ҳатман чунин кумакҳоеро аз рақибони вай дарёфт мекарданд. Дар натиҷа, имкон дошт онҳо аз кунтрули ӯ хориҷ шаванд ва таҳти нуфузи фармондеҳони дигари афғон қарор бигиранд.

Аҳмадшоҳ аз он хавф дошт, ки дар оянда рақибонаш мумкин аст аз фирориёни тоҷикистонӣ алайҳи худи ӯ истифода кунанд. Ба ҳамин хотир, ӯ ба нирӯҳои мусаллаҳи мухолифин кумакҳои низомӣ мекард. Ба чунин кумакҳо Аҳмадшоҳи Масъуд то замоне, ки худаш шахсан бо роҳбарони Тоҷикистон, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон, раиси порлумон, ва Сайидамир Зуҳуров, вазири амният, рӯбарӯ мулоқот накард, сидқан идома дод.

 Дидори Масъуд бо Раҳмон

Ин дидор дар ҷараёни як сафари расмии сарвари давлати Тоҷикистон ба Афғонистон, ки аз 28 то 30 августи соли 1993 дар Кобул идома дошт, доир шуд. Дар ин сафар оқои Раҳмон дар баробари мулоқот бо Бурҳониддин Раббонӣ, раиси ҷумҳурии вақти Афғонистон, якҷо бо оқои Зуҳуров мулоқоте бо Аҳмадшоҳи Масъуд доир кард, ки тақрибан чаҳор соъат тӯл кашид.

Саидамир Зуҳуров мегӯяд, ки дар ин мулоқот умдатан дар боби баргардондани фирориён ба ватан ва расидан ба сулҳи пойдор ва саросарӣ дар Тоҷикистон сухан мерафт. Аҳмадшоҳи Масъуд мукарраран таъкид кардааст, ки "нагузоред, ҷанги Тоҷикистон ба дарозо бикашад ва худой нахоста он ба ҷанге чирикӣ табдил ёбад. Ҷанги чирикӣ кишварро ба харобӣ ва мардумро ба фақр мебарад."

Ба гуфтаи оқои Зуҳуров, Масъуд ҳатто аз таҷрубаи худ чунин мисоле овардааст: "Солҳое, ки алайҳи режими Кобул ҷанг мекардам, ба яке аз зердастонам 10 ҳазор афғонӣ додам, ки комбинати масолеҳи сохтмонии Кобулро битарконад. Имрӯз ман ба ҳайси яке аз роҳбарони ин кишвар ҳатто ба маблағи 6 милюн дулор наметавонам ин корхонаро барқарор кунам."

"Ман аз роҳбарони мухолифини ҳукумати шумо дар сӯҳбатҳоям ҳамеша даъват мекунам, ки қазияро бо роҳи мусолиматомез ҳаллу фасл кунанд, бахусус даст ба амалҳои вайронкориву теруристӣ назананд. Аз Шумо низ самимона хоҳиш мекунам, ки қазияи Тоҷикистонро бо мусолиҳа ҳаллу фасл кунед."

Масъуд дар ин мулоқот суханонеро ба забон овард, ки роҳбарони Тоҷикистон низ бешак хоҳони шуниданаш буданд. Шояд ба ҳамин далел дар поёни ин сафар раҳбарони ду кишвар баёнияи муштараке интишор доданд. Дар ин баёния ҷонибҳо ба ҳалли мусолиматомези қазияи Тоҷикистон таъкид кардаанд: "Ҷонибҳо нақши СММ-ро дар ҳалли ин масъала мусбат ва созанда арзёбӣ карданд. Ҳарду тараф тавофуқ карданд, ки як кумисиюни сеҷониба бо ширкати намояндагони Афғонистон, Тоҷикистон ва Кумисериёи олии СММ дар умури паноҳандагон тарҳи Созишнома барои бозгашти фирориёнро таҳия ва тасвиб кунад."

Раҳбарони Тоҷикистону Афғонистон ҳамчунин тавофуқ карданд, ки ба муқобили ҳамдигар ҳаргиз аз нерӯ кор нагиранд, дар иқдомҳои душманона алайҳи якдигар ширкат наварзанд ва кӯшиш кунанд, ки масоили мавриди баҳсро танҳо бо роҳҳои мусолиматомез ҳаллу фасл намоянд. Ин баёния меафзояд: "Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Исломии Афғонистон изҳори омодагӣ карданд, ки тадобири зарурии муштараке алайҳи терурисми байналмилалӣ, қочоқи силоҳ ва маводди мухаддир ва фурӯши ғайриқонунии он хоҳанд андешид."

"Лаҳазоти ҳассос"

Эмомалӣ Раҳмон нахустин роҳбари кишваре буд, ки дар замони раҳбарии Бурҳониддин Раббонӣ ба Афғонистон сафаре расмӣ анҷом дод ва дар ин сафар бо мақомоти ин кишвар дар мавриди муборизаи муштарак бо терурисми байналмилалӣ ба тавофуқ расид. Баъд аз дидор бо мақомоти Тоҷикистон Аҳмадшоҳи Масъуд мавзӯъи истиқрори сулҳ дар ин кишварро дар сӯҳбатҳояш бо роҳбарони мухолифон, ки дар Афғонистон зиндагӣ мекарданд, қотеъонатар дар миён мегузошт. Ҳамагӣ чанд моҳ баъд аз ин мулоқот музокироти сулҳи тоҷикон дар Маскав шурӯъ шуд.

/images/stories/2011/09/09_massud_9.9.2011.jpgЧун ин музокирот ба дарозо кашид, ҳукумати Афғонистон, ки дар раъси он Бурҳониддин Раббонӣ ва вазири дифоъи он Аҳмадшоҳи Масъуд буданд, омода шуд, ки дар Кобул мулоқоти раҳбарони ду ҷониби қазияи Тоҷикистон, яъне Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Абдуллоҳи Нуриро, доир кунад. Аммо созмондиҳии ин мулоқот кори содае набуд. Дар ҳарду ҷониб мухолифони баргузории ин мулоқот кам набуданд. Он гуна ки Сайидамир Зуҳуров, вазири собиқи амнияти Тоҷикистон, мегӯяд, дар ташкил ва баргузории ин мулоқот Аҳмадшоҳи Масъуд нақши калидӣ дошт.

Оқои Зуҳуров мегӯяд: "Масъуд пеши Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ обрӯю эътибори зиёде дошт. Ва бо фаҳму идроки бузурге, ки дошт, назароташро мутобиқи одоби шарқиёна дар лаҳазоти ҳассоси мулоқот чунон баён мекард, ки ба ҳама писанд меомад ва ҷараёни музокирот ба самти дилхоҳ пеш мерафт."

Ҳамагӣ ду моҳ баъд аз ин мулоқот Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ прутукуле дар бораи усули аслии барқарории сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон имзо карданд, ки он гоми муҳиме барои идомаи музокирот ва дастёбӣ ба сулҳ дар ин кишвар буд. Ин тавофуқ дар натиҷаи як силсила сафарҳои намояндаи вижаи Дабири кулли СММ дар Тоҷикистон Ромиру Пириз-Болун байни Душанбе ва Кобул ва дидорҳои ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба даст омад. Масъуд дар таъмини амнияти сафарҳои Пириз-Болун ба Кобул нақши боризе дошт.

Мулоқоти Хустдеҳ

Нахустин сафари Аҳмадшоҳ Масъуд ба Тоҷикистон дар миёнаҳои моҳи сентябри соли 1996 ба ибтикори раиси ҷумҳурии ин кишвар сурат гирифт. Ин замоне буд, ки пруфесур Раббонӣ ҳанӯз чанд рӯзи дигар дар Кобул қудратро дар даст дошт. Раванди музокироти сулҳи тоҷикон бакундӣ пеш мерафт. Барои тасреъи ин раванд мақомоти тоҷик мехостанд аз имконот ва мусоъидати Масъуд истифода кунанд. Мебоист бо ӯ дар фазое оромтар машварат кунанд. Ва ӯ розӣ шуд, ки мулоқоташ бо оқои Раҳмон дар яке аз ноҳияҳои марзии Тоҷикистон доир шавад.

Сайиданвар Камолов, вазири амнияти вақти Тоҷикистон, ки масъули баргузории ин мулоқот буд, мегӯяд: "Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки умури марзбонӣ умдатан дар дасти марзбонҳои Русия буд ва ин нахустин сафари Масъуд ба Тоҷикистон маҳсуб мешуд, мо ба мавзӯъи таъмини амнияти вай ҷиддан муносибат кардем."

Натиҷаи ин мулоқот босамар буд. Чанд рӯз баъд аз он, бо мусоъидати Аҳмадшоҳи Масъуд дар шаҳри Толуқон, ки қароргоҳи раҳбарони мухолифини тоҷик дар он ҷо буд, кунсулгарии Тоҷикистон ифтитоҳ шуд, ки барои бозгашти фирориён ба ватан корҳои зиёде анҷом дод. Ба гуфтаи оқои Камолов, Аҳмадшоҳи Масъуд ба бозгашти гурӯҳи Ризвон Садиров, яке аз фармондеҳони нерӯҳои мухолифи давлати Тоҷикистон, ки дар он замон аз итоъати раҳбарони мухолифин берун рафта буд, низ мусоъидат кардааст.

Дар раванди музокироти сулҳи Тоҷикистон мулоқоти Хустдеҳ, ки 11-12 декабри соли 1996 дар шимоли Афғонистон баргузор шуд, гардиши ҷиддие ба вуҷуд овард. Бархе бар ин боваранд, ки сулҳи Тоҷикистон дарвоқеъ аз мулоқоти Хустдеҳ маншаъ мегирад. Намояндагии СММ дар Тоҷикистон хоҳони он буд, ки мулоқоти Раҳмон ва Нурӣ дар Бандари Шерхон ва ё маҳалли дигаре наздик ба марзи Тоҷикистон доир шавад. Вале Масъуд, ки масъулияти таъмини амнияти ин мулоқотро ба дӯш дошт, исрор варзид, ки он дар дараи Фархор, дар Хустдеҳ, баргузор шавад.

Хулоса, он ду рӯз, ки ҳайъатҳои ду ҷониб дар як маҳдудаи танг бо ҳам хӯрок мехӯрданду мулоқот мекарданд, аз як ҳаво нафас мекашиданд, натиҷаи мусбате ба дунбол дошт. Ба гуфтаи Саидамир Зуҳуров, вазирои собиқи амнияти Тоҷикистон, дар мулоқоти Хустдеҳ лаҳзаҳое ҳам буд, ки агар Масъуд мустақиман мудохила намекард, шояд ҷонибҳо ба ҳам гузашт намекарданд. Бахусус, раҳбарони мухолифин дар мавриди гирифтани саҳми бештар дар ҳукумати ояндаи Тоҷикистон пофишорӣ мекарданд. Масъуд дар ин иртибот роҳбарони мухолифини давлати Тоҷикистонро ҳушдор дод, ки набояд иштибоҳоти муҷоҳидини Афғонистонро такрор кунанд.

Оқои Зуҳуров мегӯяд: "Масъуд бар ин бовар буд, ки давлат бояд дар дасти афроди ҳирфаӣ бошад, на афроди тасодуфие, ки бо зӯри силоҳ ҳукуматро ба даст гирифтаанд. Ба ақидаи ӯ, агар раҳбарони мухолифини давлати Тоҷикистон аз ақлу хирад кор нагиранд, он гоҳ мумкин буд Тоҷикистонро аз даст бидиҳанд, ки ин бохте ҷуброннопазир мебуд. Ва марҳум Нурӣ аз ақлу хирад кор гирифт."

Султони Ҳамад, пажӯҳишгари тоҷик, BBC

Назари Шумо

Security code
навсозӣ