14:49:23 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

САНГАК САФАРОВ, ҶАБҲАИ ХАЛҚ ВА ТАҲВИЛИ ҚУДРАТ ДАР ТОҶИКИСТОН

Рӯзи 11 майи соли 1992 дар Тоҷикистон ҳукумати мусолиҳаи миллӣ таъсис ёфт, ки дар ҳайъати он намояндагони бархе гурӯҳҳо ва аҳзоби исломгаро ва демукротик низ шомил буданд. Ҳамзамон, тобистони он сол даргириҳои мусаллаҳона дар ҷануби Тоҷикистон миёни шибҳинизомиёни тарафдори давлат ва мухолифон шиддат гирифт.

Муҳосираи Кӯлоб

/images/stories/2012/05/30_tajik_civil_war-1992.jpgТобистони соли 1992 баъд аз густариши даргириҳо дар водии Вахш, дар ҷануби Тоҷикистон, даҳҳо ҳазор нафар аз сокинон ба манотиқи амн паноҳ бурданд. Минтақаи Кӯлоб, маҳалли аслии фаъъолияти тарафдорони давлати кумунистии вақт, дар муҳосира қарор гирифт ва ин муҳосира то ҷойе пеш рафт, ки мардум ҳатто нони хӯрдан надоштанд. Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ, ки бархе аз раҳбарони гурӯҳҳои исломгаро ва демукротик шомили он буданд, натавонист вазъиятро ором кунад.

20 сол пеш Фронти халқӣ ё Ҷабҳаи халқ нахуст дар шаҳри Кулоб шакл гирифт. Дар ин созмони сиёсӣ ва низомӣ афроди гуногун шомил буданд. Баъзе аз онҳо ҳанӯз дар ҳамин шаҳр ҳастанд. Талб Каримов, узви собиқи Ҷабҳаи халқ, мисли садҳо сокини дигари ин минтақа дар тобистони соли 1992 дар яке аз хиёбонҳои маркази шаҳри Кӯлоб, ки "Майдони сурх" ном дорад, ба шибҳинизомиёни тарафдори давлат пайваст.

Талб Каримов мегӯяд: "Мардум дар ин майдон ҷамъ мешуданд ва гуфтушунид мекарданд. Аз ҷумла ман ҳам дар ҳамин ҷо омада, тавсияҳои заруриро гирифтам ва баъд ба ҷанг рафтам."

Таъсиси Ҷабҳаи халқ

Ҳафтуми сентябри соли 1992 Раҳмон Набиев, раиси ҷумҳури вақти Тоҷикистон, ҳангоме ки мехост аз Душанбе ба Хуҷанд парвоз кунад, аз сӯйи гурӯҳе аз шибҳинизомиёни мухолифи давлат гаравгон гирифта шуд. Таҳти фишори ин гурӯҳ ӯ аз мақомаш истеъфо дод. Ин ҳодиса хашми тарафдорони Набиевро барангехт. Гурӯҳҳои тарафдори давлат дар Кӯлобу Хуҷанд ва водии Ҳисор истеъфои ӯро ғайриқонунӣ медонистанд.

Дар ҳар тараф гурӯҳҳои мусаллаҳ таъсис ва раҳбаре барои онҳо пайдо мешуд. Дар шаҳри Кӯлоб Ҷабҳаи халқ ба раҳбарии Сангак Сафаров, як сокини ин шаҳр, таъсис ёфт, ки ҳадафи худро барқарории ҳукумати қонунӣ медонист. Худи Сангак Сафаров фарде буд, ки то замони истиқлоли Тоҷикистон ба иттиҳоми қатл беш аз 20 соли умрашро дар зиндонҳои шӯравӣ сипарӣ карда буд.

Талб Каримов, узви собиқи Ҷабҳаи халқ, мегӯяд: "Дар он вақтҳо ба сухани ҳама гӯш намедоданд. Шахсе лозим буд, ки халқ ҳарфи ӯро бигирад ва ба гуфтаи ӯ амал кунад. Дар Кӯлоб ғайри гапи бобои Сангак ҳарфи каси дигарро намегирифтанд."

"Дастони олуда ба хун"

Кишварҳое монанди Узбакистону Русия нисбат ба ҳаводисе, ки дар Тоҷикистон рух медод, бетафовут набуданд. Онҳо аз ин ки мумкин аст як давлати исломгаро дар Тоҷикистон рӯйи кор ояд, башиддат бим доштанд. Тоҷикистон бо кишвари ҷангзадаи Афғонистон, ки конуни исломгароӣ маҳсуб мешуд, ҳаммарз аст. Ба ин сабаб ҳам Русия манофеъи худро дар Осиёи Миёна дар маърази хатар медид ва ҳам Узбакистон бими исломгароёнро дошт.

Талб Каримов: "Тавассути чархбол моро аз фурӯдгоҳи Кӯлоб ба шаҳри Ҷарқурғони Узбакистон бурданд. Баъд ба шаҳри Турсунзода омадем ва аз он ҷо ҷангро оғоз кардем"

Талб Каримов, узви собиқи Ҷабҳаи халқ, мегӯяд: "Тавассути чархбол моро аз фурӯдгоҳи Кӯлоб ба шаҳри Ҷарқурғони Узбакистон бурданд. Баъд ба шаҳри Турсунзода омадем ва аз он ҷо мо ҷангро оғоз кардем."

Ҷавви сангини ҷанг дар минтақаи Кӯлоб ҳоким шуда буд, бисёре аз ҷавонони маҳаллӣ хоста ё нохоста ба ҷанг мерафтанд. Шояд чорае ҷуз рафтан надоштанд.

Талб Каримов мегӯяд, вақте ӯ, баъд аз шаши моҳ ҷанг ба Кӯлоб баргашт ва ба дидани Ашӯр Сафар, шоъири фақид, рафт, Ашур Сафар аз ӯ рӯ гардонда ва ба Талб гуфта буд, ки "ман бо ту салом намекунам, чун дастат ба хуни ҳаммиллатҳои мо олуда аст."

Талб мегӯяд: "Дар он рӯзҳо гуфтани ҳақиқат мушкил буд ва ман ин сатрҳоро дар посух ба ҳарфҳои Ашур Сафар гуфта будам:

Ҳақиқатро бигӯям, мекушандам,

Агар ботил бигӯям, дилписандам.

Манам ҳайрон миёни обу оташ,

Намедонам бигирям ё бихандам...."

Чаро Кӯлоб?

Бисёриҳо ин суолро матраҳ мекунанд, ки чаро мардуми минтақаи Кӯлоб сарсахтона аз давлате, ки дар баробари гурӯҳҳои исломгаро ва демукротик дар ҳоли фурӯпошӣ буд, ҳимоят карданд? Ҷавви сангини ҷанг дар минтақаи Кӯлоб ҳоким шуда буд, бисёре аз ҷавонони маҳаллӣ хоста ё нохоста ба ҷанг мерафтанд

Зафар Мирзоён, коршиноси маҳаллӣ, мегӯяд: "Онҳое, ки дар майдонҳо буданд, озодӣ мехостанд. Мехостанд Тоҷикистон истиқлол ба даст орад, забони модариашон давлатӣ шавад, яъне арзишҳои хубро таблиғ мекарданд. Дини ислом озод бошад.

Ин албатта хостҳои хуб буданд. Аммо дар ҳаракоташон баъзе тундгароӣ ва таҳдид алайҳи қавмҳои дигар низ буд, мутаасифона. Вақте ба мардуми Кӯлоб гӯш накарданд, сарварони ҷунбишҳо ҳам ашхоси сиёсатпеша набуданд, онҳо таҷрубаи сиёсӣ надоштанд, натавонистанд, ин мардум ба ҳам биёяд.

Нерӯҳои сиёсие буданд, ки аз ин суиистифода карданд. Ин нерӯҳо дар беруни Тоҷикистон ҳам буданд, дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам буданд, ин нерӯҳо дар собиқ дастаҳои ҳизби кумунист ҳам вуҷуд дошт."

Аз сӯйи дигар, вилояти собиқи Кӯлоб фақиртарин минтақаи Тоҷикистон дар замони Шӯравӣ буд. Мардуми ин минтақа ҳамвора аз камтаваҷҷуҳии ҳукумати марказӣ ба мушкилоти худ норозӣ буданд. Нооромиҳои баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ фурсати муҳимме барои онон фароҳам кард, ки бо тавассул ба ҷанг қудратро дар даст бигиранд.

Ҷаласаи Хуҷанд

Моҳи ноябри соли 1992 дар ҷаласаи 16-уми порлумони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Эмомалӣ Раҳмон, раиси вақти вилояти Кӯлоб, раиси порлумон интихоб шуд. Дар ин ҷаласа низоми раёсати ҷумҳурӣ лағв ва низоми порлумонӣ роҳандозӣ шуд.

Раҳбарони мухолифон ба хориҷ аз кишвар, аз ҷумла ба Эрону Покистон ва Афғонистон, паноҳ бурданд ва баъзе ҳам ба зиндон афтоданд. Шибҳинизомиёни мухолифи давлат дар манотиқи кӯҳистонии шарқи Тоҷикистон боқӣ монданд, то алайҳи нерӯҳои давлати тозатаъсис биҷанганд.

Баъд аз панҷ соли даргирӣ ва мухолифатҳо, 27 июни соли 1997 ду гурӯҳи даргир бо подармиёнии Русия ва Эрон оштӣ карданд, аммо Тоҷикистон то муддатҳо аз ин ҷанг ранҷ мебурд.

Тоҷикистон танҳо ҷумҳурии собиқ буд, ки аз артиши қудратманди Шӯравӣ ҳеҷ меросе набурд. Ҷабҳаи халқ баъдан заминае барои таъсиси артиши миллӣ шуд. Бисёре аз аъзои он ба артиш пайвастанд ва бақия ба зиндагии одӣ баргаштанд.

"Нони серӣ мехӯрда бошем?"

Ҳоло чанд сол аст ки ҷангҷӯйи собиқ Талб Каримов устоди забон ва адабиёти Донишгоҳи фанноварии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб аст ва 500 сомонӣ (100 дулор) ҳуқуқи моҳона мегирад.

Вай мегӯяд: "Соли 1992 одамон орзу мекарданд, ки соҳиби як бурда нон мешуда бошанд? Ё як бори дигар шиками мо сер мешуда бошад, ки нонро ақаллан басерӣ бихурем? Шукри худо имрӯз ҳама чиз ҳаст. Камбудие нест.Одаме ки каме заҳмат кашад, дар шароити имрӯза ба ҳама чиз мерасад."

Агарчи имрӯз барои ҷанговарони собиқ ва мардуми Тоҷикистон ҳамаи шароит фароҳам аст, барои ононе, ки ҷони солим бадар бурданд, чи исломгаро ва чи тарафдори Ҷабҳаи халқ, ҳанӯз баъд аз 20 сол сояи хотироти он рӯзҳои талх ва ваҳшат бар зиндагии онҳо сангинӣ мекунад.

Сӯҳроби Зиё, Би-би-сӣ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi