21:53:12 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ОЛЕГ ПАНФИЛОВ: 'ЛАШКАРИ 201 БА ҲАР ДУ ҶОНИБИ ҶАНГ СИЛОҲ МЕДОД'

Олег Панфилов, рӯзноманигор ва пажӯҳишгари тоҷик, дар авоили даҳаи 1990 дар бораи оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон матолибе таҳия ва нашр мекард.

/images/stories/2012/06/27_panfilovc-270612.jpgСипас, вай ба симати коршинос дар музокироти сулҳи тоҷикон аз ҷониби Иттиҳодияи мухолифони пешин ширкат дошт. Феълан шаҳрванди Гурҷистон аст ва бо аҳли хонаводааш дар он ҷо зиндагӣ мекунад. Оқои Панфилов батозагӣ вориди Душанбе шуда ва ҳамкорамон Искандари Фирӯз бо ӯ сӯҳбате дар бораи ҷанги дохилии Тоҷикистон ва раванди музокироти сулҳ анҷом додааст.

-Оқои Панфилов, ба Тоҷикистон хуш омадед. Ёд дорам, дар авоили даҳаи 1990 дар Душанбе майдоннишиниҳо сурат мегирифт ва мардум ночор буданд пиёдагардӣ кунанд. Шуморо низ дар ин майдонҳо дида будам. Он замон Шумо хабарнигор будед?

-Дуруст, имрӯз ман ба ҳамтоёни худ аз шабакаи русизабони телевизиюни Гурҷистон феълан майдони "Дӯстӣ"-и Душанберо нишон медодам ва гуфтам, ки дар авоили даҳаи 1990 ин майдон "Озодӣ" ном дошт ва маро бори нахуст пулис дар ин ҷо боздошт карда буд.

-Барои чи боздошт кард?

-Барои "хабарнигори бад" буданам. Ёд дорам, барои ҷамъоварии мавод ба ҳамоише омада будам, ки донишҷӯён баргузор мекарданд. Вақте дастгоҳи сабтро берун кардам, худи раиси пулиси Душанбе, ки Раҳмонов ном дошт, наздам омад ва маро боздошт карда, ба идораи пулис бурд. Шояд мехостанд аз ин роҳ маро битарсонанд. Вале зуд маро озод карданд. Бо ин вуҷуд, ин нахустин таҷрубаи зиндонӣ шуданам буд.

-Он замон бо нашрияи "Независимая газета"-и чопи Маскав ҳамкорӣ доштед?

-Ҳамзамон бо хабаргузории "Оссушиэйтид Прес", бахши русии родиюи "Озодӣ", родиюи "Юност" ва "Независимая газета" ҳамкорӣ доштам. Зиёд матлаб менавиштам ва шояд ба ин далел бо норизоятии мақомот рӯбарӯ шудам. Дар поёни соли 1992 баъд аз таҳдидҳои расмии женерол Қурбон Эргашов, ки он замон раиси бахши Вазорати амнияти Тоҷикистон дар вилояти Ленинобод (феълан Суғд) буд, ночор шудам кишварро тарк кунам.

Аз моҳи декабри соли 1992 дар Маскав ба сар мебурдам ва замоне ки музокироти ҷонибҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон шурӯъ шуд, маро ҷониби мухолифин ба унвони коршиноси бахши ҳуқуқи башар даъват карданд ва ман муддате дар Теҳрон зиндагӣ кардам.

-Пас, дар куллияи мароҳили музокироти сулҳ ширкат кардед?

-Бале, тақрибан дар ҳамаи мароҳили музокирот, аз оғоз то ба охир, ширкат доштам.

-Дар бораи ин музокирот хотироти зиёди ширкаткунандагон мунташир шудааст. Чи лаҳазоти ҷолиберо метавонед ба ёд оваред?

-Хотироти зиёде монда, чун худи музокирот як раванди хеле ҷолиб аст. Чунки музокирот худ як муборизоти дохилӣ аст. Ман аз раванди музокирот барои "Независимая газета" ва нашрияҳои дигар матолибе таҳия мекардам, вале баъд аз пофишории ҳайъати давлати Тоҷикистон маҷбур шудам, ки аз ин кор даст бикашам.

Вале лаҳазоти ҷолиб, аз ҷумла хандаовар, низ зиёд буданд. Вале, фикр мекунам, ки ҳоло фурсат барои ошкоро гуфтани онҳо фаро нарасидааст.

Ба унвони мисол, метавон латифаҳои "намакини" раҳбари ҳайъати давлати Тоҷикистонро ба хотир овард, ки бо шунидани онҳо намояндаи СММ ночор мешуд раванди музокиротро ба таъвиқ дароварад. Ва хоҳиш мекард дар музокирот чунин латифаҳоро ҳикоят накунанд.

-Чунин латифаҳо дар музокироте садо медоданд, ки дар он сарнавишти як миллат баррасӣ мешуду ҳамарӯза чандин нафар дар ин ҷанг кушта мешуданд?

-Бале. Дар ин музкоирот зиёд мавориде буданд, ки дар бораи онҳо то ҳол касе чизе нагуфта ва нанавишта. Аз ҷумла, дар бораи фишорҳои Русия дар раванди музокирот касе то ҳол чизе нагуфтааст.

-Мешавад ин нуктаро бештар тавзеҳ бидиҳед. Зеро дар маҳофили Тоҷикистон дар ин бора зиёд ишора мешавад, вале расман касе чизе намегӯяд.

-Чунин фишорҳо як амри маъмулӣ шуда буданд. Дар ин музокирот ба сурати доимӣ як намояндаи давлати Русия ширкат дошт. Замоне ин вазифаро оқои Чернишев, ки муъовини вазири хориҷаи Русия буд, бар ӯҳда дошт. Дертар ӯро, шояд барои ноӯҳдабароияш, ба симати сафири Русия дар Ҳинд таъйин карданд.

Вай дар ин музокирот ошкоро танҳо аз як мавзеъ пуштибонӣ мекард. Ҳолатҳое низ буданд, ки музокирот оғоз мешуд, вале ҳайъати давлатӣ ҳозир намешуд. Баъд аз ним соъат ё як соъат давлатиҳо ҳозир мешуданд ва ба суоли намояндаи СММ, ки куҷо будед, ошкоро посух медоданд, ки дар сафорати Русия будем. Яъне, аз он ҷо дастур мегирифтанд.

Ман, албатта, намедонистам, ки ба онҳо дар сафорати Русия ё дигар ниҳодҳо чи дастуре медоданд, вале мусаллам аст, ки давлати Русия ғайримустақиман дар ин музокирот раҳбарӣ мекард.

-Чунин назароте низ вуҷуд дорад, ки дар раванди ин музокирот Эрон ва бархе аз кишварҳои шарқӣ аз мавзеъи мухолифон пуштибонӣ мекарданд. Оё фишорҳое аз сӯйи ин кишварҳо низ вуҷуд дошт?

-Фикр мекунам, ки мавзеъгирии мақомоти расмии Эрон бо ҷониби Русия ҳамсон буд. Дуруст аст, ки бештари мароҳили музокирот дар Теҳрон баргузор шуд ва аъзои ҳайъати мухолифон дар Теҳрон ба сар мебурданд.

Дуруст аст, ки аз лиҳози зеҳнӣ мақомоти Эрон ба мухолифон бештар таваҷҷӯҳ доштанд, зеро дар миёни онҳо мазҳабиҳо бештар буданд. Вале, ба назари ман, мақомоти Эрон масоили ин музокиротро бо Русия матраҳ мекарданд. Зеро, Эрон он замон низ аз шарикони Русия буд.

-Аммо бо ин назар мувофиқ ҳастед, ки бидуни мавзеъгирии яксони Эрон ва Русия дар мавриди қазияи Тоҷикистон имкони дастрасӣ ба сулҳ вуҷуд надошт?

-Шояд. Ин фарзия низ метавонад вуҷуд дошта бошад. Вале, ба назари ман, сабаби аслии имзои созишномаи сулҳ хастагии ҳар ду ҷониби даргир аз ҷанг буд. Ва дар ин маврид набояд чунин мавқеъро дошта бошем, ки гӯё нерӯҳои давлатӣ дар амалиётҳои низомии солҳои охир алайҳи мухолифон пирӯзӣ доштанд. Ин нукта дуруст нест.

Ба унвони мисол, нерӯҳои давлатӣ он замон дар минтақаи Ғарм ва Тавилдара хисороти сангине доштанд. Дар ин бора сабтҳои видиюие дар ихтиёри нерӯҳои мухолифон вуҷуд доштанд. Аз сӯйи дигар, дар ин амалиётҳо дар суфуфи нерӯҳои давлатӣ сарбозон, афсарон ва мушовирони низомии Русия мушорикат доштанд. Далели дигар он аст, ки он замон тахминан хисороти ҷанг, аз ҷумла кушташудагонро, ҳисоб карда ва даҳшатзада шуданд.

Гуфта мешавад, ки тахминан яксад ҳазор нафар дар ин ҷанг кушта шудаанд. Вале ба назари ман, ин рақам бештар аз яксад ҳазор аст. Ва то ҳол касе талош накардааст, ки теъдоди дақиқи кушташудагон ва осебдидагони ин ҷангро мушаххас кунад. Фикр мекунам, ҷомеъа он замон ба натиҷае расид, ки ин ҷанг ба суди кадоме аз кишварҳо ҳаст, вале на ба суди худи тоҷикон. Ва дер ё зуд ин ҷанг бояд хотима меёфт.

-Ба назари Шумо, барои кадоме аз кишварҳо ин ҷанг аҳаммият дошт?

-Бештар барои Русия. Зеро, Русия талош дошт, ки ҷамоҳири собиқи шӯравиро таҳти кунтрули худ нигаҳ дорад. Соли 1992 дар Қурғонтеппа, дар дохили полки (ҳанги) 191-и дивизияи (лашкари) 201-ум шоҳиди як ҳодиса шудам. Сарҳанг Меркулов, фармондеҳи ин воҳиди низомӣ, аввал барои як ҷониби ҷанг як ҳеликуптер силоҳ фиристоду, сипас барои ҷониби дигар. Русия дар ин ҷанг мушорикати аслӣ дошт. Ва Русия чеҳраҳои аслии ин ҷангро низ матраҳ мекард.

-Дар мавриди Узбакистон ва нақши он дар ҷанги дохилии Тоҷикистон чи назаре доред?

-Нақши Узбакистон низ бузург аст. Узбакистон ҳамеша мехост, ки маркази жиюпулитикии минтақа бошад. Кофист, ки куллияи зиреҳпӯшҳо ва тонкҳои "Фронти халқӣ" (Ҷабҳаи халқ) аз Узбакистон буданд. Ҷангандаҳои узбак низ дар ҳарими ҳавоии Тоҷикистон фаъъол буданд.

Дар мароҳили нахусти музокироти сулҳи Тоҷикистон ҷониби Узбакистон талош дошт, ки таъсире дошта бошад. Вале дертар намояндаҳои ин кишвар аз ширкат дар музокирот худдорӣ карданд. Он замон равобити миёни Душанбе ва Тошканд низ ба сардӣ гароида буд. Бавижа, баъд аз он, ки Тошканд аз роҳи фишор сарҳанг Шишлянниковро, ки шаҳрванди Узбакистон буд, нахустин вазири дифоъи Тоҷикистон таъйин кард.

Зимнан, то ҳол дар мавриди нақши Узбакистон дар қазияи Тоҷикистон ба таври кофӣ пажӯҳиш нашудааст. Маслан, иттилоъе, ки мо дорем, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар шӯриши нофарҷоми сарҳанг Маҳмуд Худойбердиев дар Тоҷикистон нақши Дӯстум, фармондеҳи узбактабор, дар шимоли Афғонистон бузург аст.

-Гуфта мешавад дар марҳилаи ниҳоии музокирот, ки дар Маскав баргузор шуд, бавижа дар охирин шаби қабл аз имзои созишнома ҷонибҳо суҳбатҳои тунде доштанд. Шумо аз онҳо огоҳ ҳастед?

-Воқеъан чунин сӯҳбатҳо буданд. Вале, ҳоло наметавонам ҷузъиёти онҳоро ба хотир оварам. Аммо, ба назарам, мушкилот сари саҳмияи сидарсадии мухолифон дар сохторҳои давлатии Тоҷикистон буд.

-Магар мухолифон саҳмияи бештаре тақозо доштанд?

-На, давлат бо саҳмияи сидарсадӣ мувофиқ набуд. Дар хотир дорам, ки ҳатто номзадии ман ба симати вазири фарҳанги Тоҷикистон пешниҳод шуда буд. Ва хушбахтона, барои ман, ин амр рад шуд.

-Баъд аз имзои созишномаи сулҳ дар чеҳраи намояндагони давлат ё мухолифон хушҳолиро мушоҳида кардед?

-На. Ҳар ду ҷониб ба марҳилаи ниҳоии музокирот дар ҳоли хастагӣ расиданд. Ба назарам, ҳар ду ҷониб дарк мекарданд, ки ҳарчанд ҷанг хотима ёфтв, вале куллияи шароити зиндагии муштарак мушаххас нашуда буд. Дертар, ҳарчанд Кумисиюни оштии миллӣ фаъъолият дошт, вале терурри афроди саршинос оғоз шуд. Зеро, авомили аслии даргирии миёни тоҷикон то ҳол побарҷост.

-Баъд аз имзои созишномаи сулҳ ҳайъати давлатӣ ба Душанбе баргашт. Аз Эмомалӣ Раҳмон дар фурӯдгоҳ ба унвони қаҳрамони миллӣ истиқбол шуд. Ҳайъати мухолифин куҷо рафтанд?

-Бархе аз онҳо ба Теҳрон, дигарон ба Кобул рафтанд. Бархеҳо, мисли ман, дар Маскав монданд, баъзеҳо озими ватан шуданд. Ҳама эҳсос мекарданд, ки анҷоми музокирот ба маънии бохти ҷонибе нест.

Зеро ҳар ду ҷониб ба мавзеъи худ содиқ монданд. Танҳо хунрезӣ қатъ шуд, вале аз лиҳози ақидатӣ ҳама дар мавзеъи худ содиқ буданд. Агар нигоҳ кунем, наҳваи таъсиси ҳукумати Тоҷикистон дар соли 1992 бо солҳои ахир чандон тафовуте надорад.

Ба ин далел, дар заминаи эҳдоси ҷомеъаи демукротик ва таъсиси ҷомеъаи маданӣ, ки ҷузъе аз тавофуқоти сулҳи миёни тоҷикон буд, ҳеҷ пешрафте ба назар намерасад. Шахсан ман мехостам Точикистонро як кишвари демуроктик, пешрафта ва озод бубинам. Мехостам Тоҷикистон кишваре бошад, ки аз мавзеъи жиюпулитики худ дар минтақа садо баланд кунад.

Вале, ин ҳама нашуд ва Тоҷикистон ҳамчунон таҳти кунтрули Маскав қарор дорад. Авомили ин амр мухталиф аст, ки ҳузури 1,5 милюн муҳоҷири тоҷик дар Русия ва пойгоҳи низомии ин кишвар дар Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳост.

Бо ин вуҷуд, ҳамеша мехостам ба Тоҷикистон баргардам ва ба ин далел аз дарёфти шаҳрвандии Русия худдорӣ кардам. Ҳамеша изҳор медоштам, ки Тоҷикистон ватанам аст ва ман бояд ин ҷо бимирам, вале бо марги худ, на иҷборӣ.

-Вале дар ниҳоят табаъияти Груҷистонро дарёфт кардед. Чаро ин тур шуд?

-Бори нахуст ба Гурҷистон 10 сол қабл сафар карда будам. Ин кишвар бо табиъату ҳавояш ва муносибати мардум мушобеҳи Тоҷикистон аст. Ва як нуктаи дигар, 15 дарсади захираи вожагони забони гурҷӣ аз калимоти форсӣ иборат аст.

Эҳсос мекардам, ки дар Русия зиндагӣ кардан бароям сахт, зеро фаҳмиши ин кишвар бароям душвор аст. Гузашта аз ин, баъд аз ба қудрат расидани Путин мушоҳида мекардам, ки ҷомеъа дубора ба гирдоби истолинизм бармегардад. Ин марҳиларо ҳоло "путинизм" номидан дурусттар аст.

Баҳори соли 2008 ман дар Гурҷистон, дар соҳили дарёи Сиёҳ, қитъаи замине харидорӣ кардам. 5 августи ҳамон сол ҳамроҳи наздиконам аз Маскав ба Гурҷистон омадем, то мавзӯъи сохтмони маскан дар ин қитъаи заминро бо ҳам баррасӣ кунем.

Ҳамон вақт ҷанги миёни Русия ва Гурҷистон оғоз шуд. Дӯстонам аз ман хоҳиш карданд, ки барояшон дар заминаи "ҷанги иттилоъотӣ" бо Русия кумак кунам. Ва ҳамин тур то 29-уми августи ҳамон сол ман дар Тифлис будам. Вақте ба Маскав баргаштам, нисбат ба худ таҳқиру таҳдидҳо мешунидам. Маро душману хоин меномиданд ва мегуфтанд, ки ман дар сангари "фошистҳои гурҷӣ" ҷангидаам.

Эҳсос мекардам, ки тағйири ақоиди онҳо имконпазир нест, зеро онҳо ба таблиғоти расонаҳои давлати Русия сахт пойбанд ҳастанд. Вақте таҳдидҳо ҷиддитар шуданд, ба ин натиҷа расидам, ки фавт кардан дар кишваре, ки онро дӯст намедорам, шарт нест. Ва ба Гурҷистон кӯч бастам.

Ҳоло дар донишгоҳе дар Гурҷистон тадрис мекунам ва аз муассисони шабакаи телевизиюнии "PIK" ҳастам. Ин шабака ба сокинони ҷамоҳири собиқи шӯравӣ дар бораи воқеъиятҳои Гурҷистон ба забони русӣ гузоришҳое пахш мекунад.

-Шумо дар Тоҷикистон ва Русия зиндагӣ кардед, ҳоло шаҳрванди Гурҷистон ҳастед. Барои тавсеъаи Тоҷикистон чи чизеро зарурӣ медонед?

-Ҳамон чизе ки барои он гурҷиҳо зиндагӣ мекунанд. Барои озод будан. Озодӣ барои гурҷиҳо омили муҳиммтарин дар зиндагист. Гурҷӣ метавонад гурусна бошад, фақир бошад, вале вай озод аст. Ин озодии ботинӣ муҳаррики тавсеъаи Гурҷистон аст. Озодихоҳии гурҷиҳо ин миллатро тӯли ҳазорсолаҳо ҳифз кардааст.

Озодӣ рукни аслии демукросӣ аст ва вақте миллат озод аст, сохтмони ҷомеъаи демукротик имконпазир мешавад. Сотхмони ҷомеъаи демукротик бидуни озодӣ ғайримумкин аст. Машварати ман ин аст - озод бошед ва боқимонда ҳама имконпазир мешавад.

-Барои сӯҳбат сипосгузорам.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi