20:18:39 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Савлатшоҳи Мерган: Нооромиҳо дар Афғонистон аз табаддулоти давлатии Довуд оғоз мегиранд

Мусоҳиб Султони Ҳамад

17-уми июли соли ҷорӣ ба сарнагун шудани Муҳаммад Зоҳиршоҳ ва ба сари қудрат омадани Муҳаммад Довуд дар Афғонистон расо 40 сол пур шуд. Аксарияти сиёсатшиносону таҳлилгарони масоили Афғонистон бар ин назаранд, ки нооромиҳо дар ин кишвари ҳамсояи мо оҳиста-оҳиста маҳз аз ҳамин давра оғоз гардиданд.

1.merganov_17072013.jpg

Савлатшоҳи Мерган, аз ҷумлаи он афғонистоншиносони тоҷик аст, ки беш аз 20 соли ҳаёти худро дар ин кишвар, бахусус дар даврони ҳукмронии Муҳаммад Зоҳиршоҳ ва Муҳммад Довуд, сипарӣ кардааст ва беш аз ҳамтоёни дигари худ ба умқи сиёсатҳои зимомдорони вақти Афғонистон ворид гаштааст. Ӯ аз соли 1967 то оғози соли 1973 дар Вазорати плони Афғонистон ба ҳайси сартарҷумони мушовирони шӯравӣ ва баъдан то замони Толибон дар симматҳои мухталиф ҳамчун намояндаи Русия ва Тоҷикистон дар ин кишвар ифои вазифа кардааст. Сӯҳбати хабарнигори "Рӯзгор" бо ӯ низ рӯи масъалаи табаддулоти давлатии Муҳаммад Довуд давр мехӯрад.

-Муҳтарам Савлатшоҳи Мерган, ба ақидаи Шумо чаро Муҳаммад Довуд дар Афғонистон даст ба табаддулоти давлатӣ зад? Кадом сиёсати Муҳаммад Зоҳиршоҳ ӯро қонеъ намекард?

-Бояд бигӯм, ки дар замони аълоҳазрат Муҳаммад Зоҳиршоҳ вазъ дар Афғонистон ором буд ва мардум дар сулҳу амният умр ба сар мебурданд. Маҳз баъди табаддулоти Муҳаммад Довуд вазъ дар ин кишвар ба тадриҷ рӯ ба вахомат овард.

Масалан, ҳанӯз ҳамон давра, августи соли 1974, дар арафаи таҷлили рӯзи Истиқлоли давлатӣ, дар Кобул овоза шуд, ки Аҳмадшоҳи Масъуд рӯзи ид аз Панҷшер болои Кобул ҳамла мекунад. Аҳмадшоҳи Масъуд соли 1973 донишҷӯи соли дуввуми Институти Политехники Кобул буд. Бояд бигӯям, ки ин институтро барои Афғонистон шӯравиҳо сохта буданд.

Даҳ рӯз баъди табаддулоти Муҳаммад Довуд ба нишони эътироз ба ин табаддулот Институтро тарк карда ба дараи Панҷшер меравад ва эълон мекунад, ки алайҳи режими Муҳаммад Довуд ба мубориза бармехезад. Зеро Довуд подшоҳро ғайриқонунӣ сарнагун кардааст ва мехоҳад як режими зиддишариъатӣ бисозад. Бояд гуфт, ки Муҳаммад Довуд Афғонистонро сохти ҷумҳурӣ эълон карда буд.

Баъди паҳн шудани хабари ҳамлаи эҳтимолии Масъуд ба Кобул сафири ҳамонвақтаи Амрико дар Афғонистон ҷаноби Дабс ба Панҷшер рафт ва се рӯз дар он ҷо буд. Баъди бозгаштани ӯ боз овоза паҳн шуд, ки Масъуд аз амалӣ кардани нияти худ даст кашидааст. Вале баъдҳо ошӯбҳову исёнҳо алайҳи режими Довуд яке паси дигаре дар манотиқи мухталифи Афғонистон рух медоданд ва аксаран дар ин нооромиҳо нируҳои исломӣ даст медоштанд. Сиёсати пешгирифтаи давлатдории дунявии Довуд онҳоро таҳрик медод, ки ба муқобилаш мубориза баранд.

-Ба ҳар ҳол чаро ва чӣ гуна Муҳаммад Зоҳиршоҳро аз сари қудрат дур кард?

-Аълоҳазрат Муҳаммад Зоҳиршоҳ мисли дигар шоҳон ҳарамсарое, ки дар он ҷо занҳои зиёде мавҷуд бошад, надошт. Ба гуфтаи халабон ё худ лётчики хусусии Муҳаммад Зоҳиршоҳ, ки як шаҳрванди шӯравӣ аз Одесса буд, шоҳи Афғонистон пинҳонӣ аз зани худ Малика Ҳумайро бо духтаре, ки дар Кобул муовини раҳбари Литсеи занона будааст, издивоҷ карда буд ва гоҳ-гоҳ тавассути ҳавопаймо ба яке минтақаҳои Афғонистон рафта бо ӯ истироҳат мекардааст.

Аз ин билохира рӯзе занаш хабардор мешавад ва аз ғояти рашк ба рӯи аълоҳазрат чанг мезанад ва чеҳраи ӯро хуншор месозад. Аълоҳазрат ба хотири табобат Малика Ҳумайроро бо худ гирифта ба Италия сафар мекунад. Муҳаммад Довуд аз набудани Муҳаммад Зоҳиршоҳ истифода бурда даст ба табадулоти давлатӣ мезанад. Муҳаммад Довуд писари амак ва ҳамзамон шавҳари хоҳари Муҳаммад Зоҳиршоҳ буд.

-Оё табаддулот бе хунрезӣ сурат гирифтааст? Оё дар ҳукумат касе набуд, ки аз шоҳ ҳимоят кунад?

-Бале, табадуллот бе хунрезӣ сурат гирифт. Вале гап ин ҷост, ки Муҳаммад Довуд чанд сари сол дар замони ҳамин Муҳаммад Зоҳиршоҳ ба ҳайси садри аъзам, яъне сарвазири мамлакат ифои вазифа менамуд. Баъдан бо ибтикори шоҳ Парлумони кишвар қароре ба тасвиб расонд, ки тибқи он аҳли хонаводаи шоҳ, хешони наздики ӯ наметавонистанд, ки дар ҳукумат вазифаҳои садри аъзам, вазири дифоъ ва вазири корҳои дохиларо ишғол намоянд.

Муҳаммад Довуд тибқи ҳамин қарор вазифаи Садри аъзамро маҷбур буд канор бигзорад. Вале фикри ба сари қудрат омаданро ҳамеша дар сар мепарварид. Чун бо вазирони дифоъ, дохила ва амният рафтуомади наздик ва муомилаи дӯстона дошт, барои ӯ душвор набуд, ки тарҳи аз сари қудрат дур кардани Муҳаммад Зоҳиршоҳро бо онҳо дар миён бигзорад ва амалӣ созад.

- Оё баъди табаддулот тазъиқу фишор болои тарафдорони шоҳ сурат гирифт?

-На, чунин кор дар замони Муҳаммад Довуд набуд.

ӣ шуд, ки Муҳаммад Довудро аз сари қудрат дур карданд ва ба қатл расонданд?

-Миракбари Хайбар ном яке аз лидерони Ҳизби Демократики Халқи Афғонистон (на Ҳизби Халқӣ-Демократии Афғонистон чи тавре ки ғалат мегӯянд), ки ҳамзамон дар Академияи Полиси Кобул кор мекард, моҳи апрели соли 1978 аз тарафи ашхоси номаълум ба қатл расонда мешавад. Ҷонибдорони Миракбар ангушти иттиҳомро ба сӯи Муҳаммад Довуд мегардонанд.

Ин ҳодиса 18-ми апрел рух дода буд. Дар маросими ҷанозаи Миракбари Хайбар алайҳи Муҳаммад Довуд ва ҳукумати ӯ шиорҳои таҳдидомез садо медоданд. Аз ин рӯ аз ҳамон санаи 18-уми апрел то 25-уми апрел Муҳаммад Довуд дар қасри худ ҷаласаи ҳукматро доир карда аз аъзои ҳукумат иҷозаи ба ҳабс гирифтани роҳбарони ҲДХА-ро дархост мекардааст.

Вале дар ҳукумат на ҳама ба ин дархости ӯ розӣ мешуданд. Билохира, рӯзи 25-уми апрел чунин иҷозаро мегирад ва тамоми роҳбарони ҳизби мазкурро ҳабс мекунад. Чунин сурат гирифтани вазъро дида, раҳбарияти дар озодӣ будаи ҳизб инқилобро роҳандозӣ мекунад ва режими Муҳаммад Довудро сарнагун месозад.

-Оё шӯравиҳо дар созмондиҳии ба ном ин Инқилоби савр даст доштанд?

2.merganov_17072013.jpg-Бархе аз сиёсатшиносону таҳлилгарон бар ин назаранд, ки инқилоби моҳи апрел ё худ Инқилоби савр бо роҳбарии Иттиҳоди Шӯравӣ сурат гирифтааст, ки ин билкул хато аст. Ман ҳамон шабу рӯзҳо дар Кобул будам. Агар Иттиҳоди Шӯравӣ нияти инқилоб кардан медошт, дар ҳамон рӯзҳои инқилоб ақаллан ба кормандони сафорати хеш амр мекард, ки фарзандонашонро барои таҳсил ба мактаб, ки дар сафорат буд, аз ҳар гӯшаву канори шаҳр наоранд, зеро ҳаракат дар масири роҳ хеле хатарнок буд.

Ҳамон шабу рӯз як идда аз кормандони ГРУ ва КГБ дар бинои сафорат неву дар шаҳр зиндагонӣ мекарданд. Миёни мардуми афғон. Дар байнашон Виктор Козирев ном як корманди КГБ буд. Ҳамин шахс баъдҳо ба ман нақл кард, ки шабе, ки пагоҳаш дар Кобул инқилоб мешавад, баъзе роҳбарони ҳизб аз қабили Ватанҷору Гулобзай ба хонаи ӯ меоянд ва ба ӯ мегӯянд, ки фардо дар Афғонистон Инқилоб сурат мегирад ва давлатро ҲДХА ба дасти худ мегирад.

Ба гуфтаи ҳамон Козирев ӯ баъди рафтани меҳмононаш ба бинои сафорати шӯравӣ дар Кобул меравад ва аз он ҷо ба Маскав, ба идораи амнияти шӯравӣ хабари таъҷилӣ фиристода раҳбарияти онро аз инқилоби қарибулвуқуъ хабардор месозад. Баъдан сафирро, ки он вақт Пузанов ном шахсе будааст, аз хоб бедор карда, ин хабарро ба ӯ низ мерасонад. Вале Пузанов ба гапҳои ӯ чандон бовар намекунад.

-Идомаи сарнавишти Муҳаммад Довуд чӣ гуна буд?

-Раҳбарияти ҲДХА дар байни раҳбарияти мақомоти қудратии кишвар мавқеи хеле мустаҳкам дошт ва бо истифода аз нирӯҳои мусаллаҳи вазорати дифоъ ва вазорати корҳои дохила ин инқилобро пирӯз карданд. Муҳаммад Довуд тӯли ин муддат дар қасри худ буд ва шароиту имконияти пешгирӣ кардан аз ин ҳодисаро надошт. Азбаски пешниҳоди таслимшавиро напазируфт ба қавле дар ҷараёни гуфтушунид ба қатл расонда мешавад. Аҳли хонаводаи ӯро низ ҳамагӣ ба қатл мерасонанд.

Вале мутаассифона, бо аз байн бурдани режими Муҳаммад Довуд, оромиву субботе, ки дар замони Муҳаммад Зоҳиршоҳ буд, ба Афғонистон дигар барнагашт. Баръакс вазъият дар Афғонистон рӯз то рӯз бадтар мешуд ва оқибат он ба ҷанги тӯлоние, ки ҳанӯз ҳам идома дорад ва миллионҳо куштаву захмӣ бар ҷой гузоштаву миллионҳои дигарро бехонаву дар кардааст, оварда расонд.

- Ташаккур барои сӯҳбат.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi