10:33:28 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ёди рӯзгори ширин

Гулназар Келдӣ: «Аҳмад Зоҳир шоир ҳам буд!»

Гулназар Келдӣ муаллифи матни Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз маъруфтарин шоирони таронанависи кишвар аст. Дар Тоҷикистон нест овозхони маъруфе, ки бар пояи шеърҳои ин шоири ширинкалом таронае нахонда бошад.

1-gulnazar5623214545Ин воқеъиятро дар Тоҷикистон қариб ҳама аҳли зиё хуб медонанд. Вале кам касон медонанд, ки овозхони дӯстдоштаи Гулназар Келдӣ беҳтарин овозхони Шарқ шодравон Аҳмад Зоҳир асту шоири дӯстдоштаи мо аз ӯ хотираҳои дилчаспе ба ёдгор доранд. Дар як суҳбати кутоҳе бо усули чандрасонаӣ мо аз устод Гулназар хоҳиш кардем, ки ин хотирҳои зебои худро бо хонандагони азизамон дар миён бигузоранд. Ҷолиб он аст, ки ин суҳбат беш аз ҳафт сол пеш ба вуқуъ пайваста буд ва инак бори аввал дар расонаҳо ба нашр мерасад.

Гулназар: Вақте, ки мо ҳамчун тарҷумони мутахассисони шӯравӣ ба Афғонистон рафтем ва ҷои зиндагӣ ва кори мо Мазори Шариф буд, замони авҷи аълои шуҳрати Аҳмад Зоҳир буд. Аз ҳама аҷибаш, ки дар ёди ман мондааст, он буд, ки фитаҳои Аҳмад Зоҳирро ҳатто хонумҳои рус, ки бо мо зиндагӣ мекарданд ва хеле зиёд бо аҳли оилаашон рафта буданд, гӯш мекарданд ва лаззат мебурданд. Барои ман бисёр тааҷҷубовар буд, ки намояндаи дигар миллат ин қадар овози Аҳмад Зоҳирро, маҳорати ӯро, санъати ӯро дӯст медоранд. Шояд ин аз он ҷиҳат буд, ки Аҳмад Зоҳир тавонист беҳтарин намунаҳои санъати ҷаҳониро, санъати сурудхонии ҷаҳониро бо санъати Шарқ даромезад ва дар эҷодиёти худаш фароҳам оварад. Замоне буд, ки Аҳмад Зоҳир ба Мазори Шариф омад ва дар «Мазор Нандорӣ», ки ба як кинотеатрҳои оддии мо монанд буд, мисли кинотеатрҳои «8-уми март», «Ватан» ё «Ҷомӣ», ба ҳаминҳо монанд, дар ҳамин ҷо як базми ҳунарии худро орост. Ва ин мутахассисин бисёр хоҳиш карданд, ки ман чанд нафар хонумҳоро он ҷо барам. Албатта мардҳо он қадар шавқ надоштанд, вале занҳо бисёр Аҳмад Зоҳирро дӯст медоштанд. Ман тавонистам, ки чанд билет пайдо кунам ва он ҷо равем. Албатта мушкил буд. Чунки ҳама ошиқи Аҳмади Зоҳир буданд. Ба ҳурмате оне, ки мо мутахассисини шӯравӣ ҳастем ва дар он ҷо меҳмон ҳастем, чанд билет пайдо карданд ва мо он ҷо рафтем. Барои ман шараф он буд, ки аз номи ҳама мутахассисини шӯравӣ, ки сокини Мазори Шариф ҳастанд, як даста гул диҳам. Вай бисёр як ҷавони зебо ва мӯйҳои дарози айни ҳамон шуҳрату ҷунуну ошиқиву шоирияш буд. Вай шоир ҳам буд. Ман хеле афсӯс мехӯрам, ки баъди чанд соле, ки ба Кобул рафтам (чанд сол пеш аз ин) дар он мазор, қабристон гӯрашро пайдо кардем. Дар замони толибон харобаш карда буданд ва ҳоло каму беш тармим карда буданд. Як кӯдаке буд, ки дар даст сатили об дошт ва чун донист, ки мо ба зиёрати Аҳмад Зоҳир омадем, давида рафт қабри Аҳмад Зоҳирро аз гарду чанг пок кард. Як қабристони вайронаи сангистон. Хайр, одамизод, ки мурд чӣ фарқ мекунад? Аммо номи вай, ҳунари вай ҳамеша дар бӯстону гулистонҳост. Дар он ҷое, ки вай хок шудааст, ҳатто як сабза намерӯяд, саропо сангистон аст. Ва ман дидам бисёр хориам омад. Вай як суруди бисёр зебо дошт бар шеъри Симини Беҳбаҳонӣ:

Зи чӣ ҷавҳар офаридӣ дили доғдори моро,

Ки ҳазор лола пӯшад, пас аз ин мазори моро.

Ман гуфтам, ки « Ки ҳазор хор пӯшад пас аз ин мазори моро». Ҳақиқатан, хористон буд мазораш. Аввалҳои соли 1977 вақте, ки ман ба Ватан бармегаштам, аз назди як дӯкон мегузаштам. Он ҷо хуҷандиҳои ҳамшаҳриҳои худамон як дӯкони китобфурурӯшӣ доштанд. Дар ҳамон ҷо овози марғуладори Аҳмад Зоҳир садо медод. Вай ҳамон шеъри машҳури устод Турсунзода «Туро сад бор гуфтам, ки ғуломат ман, ҳамин кофист»-ро месароид. Ман ҳайрон шудам. Наход ин ҳамон шеъри устод бошад? Наход Аҳмад Зоҳир ин сурудро хонад? Воқеан, ин шеъри устод буд. Ман хоҳиш кардам. Онҳо барои ман як нусха сабт карданд, ки ин ҳанӯз барои фурӯш нест. Ман, ки барои ба хона баргаштан шитоб доштам, аз ҳамин нусхаи худам як нусхаи дигар ба воситаи ду магнитофонро рӯ ба рӯи ҳам мондан сабт кардам. Устод ( Мирзо Турсунзода) бемор буданд. Ба наздашон рафтам. Муаллимаи азизи мо духтари устод Фирӯзабону бо ҳамроҳии модарашон дар назди устод буданд. Духтурон гуфтанд, ки даромадан пешашон мумкин нест. Ман бо ҳамроҳии устод Лоиқ ва устод Сорбон рафта будам. Мутаассифона, ба наздашон даромада натавонистем. Фирӯзабону гуфтанд, ки духтурҳо иҷозат намедиҳанд. Ман фитаро ба он кас додам. Баъди чанд вақте, ки устод шифо ёфтанд, маро дар Иттифоқи Нависандаҳо дида гуфтанд, ки сабтатон ин қадар тоза нест. Албатта маълум буд, ки ман… Вале он сабтро он вақт касе надошт. Шумо тасаввур кунед, ин аввалин сабте буд, ки ман онро ба устод овардам. Ва баъди ин ман сабти аслии худро ба устод додам.

Хабарнигор: Он кас чӣ гуфтанд? Чӣ гуна вокуниш доштанд?

Гулназар: Он кас гуфтанд, ки бисёр хурсанд ҳастанд, ки чунин овозхоне, ки ҳамчун булбули Шарқ ном баровардааст ва ояндаи ӯ боз бузургтар аст, ин суруди маро замзама мекунад. Замзама шудани шеърҳои ман дар Тоҷикистону Ӯзбекистон ва ин атроф як чизи муқаррарист. Аммо оне, ки Аҳмад Зоҳир хонд, ин беҳтарин сурудаст. Воқеан, ин беҳтарин тарона аст. Ман хеле афсӯс мехӯрам, ки овозхонҳои мо ба ҳама тақлид мекунанд, ба ҳамин Аҳмад Зоҳир тақлид карда ҳамин сурудро намехонанд. Ман хеле афсӯс мехӯрам. Бояд овозхонҳои мо ҳамин корро кунанд.

Хабарнигор: Дуруст мегӯед, айнан ҳамин сурудашро овозхонҳои мо намехонанд.

Ташаккури зиёд.

Султони Ҳамад, барои сайти «Рӯзгор»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi