07:54:00 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Ёди рӯзгори ширин

Аз мусоҳибаҳои мондагори Аҳмад Зоҳир

(Ба ёди Аҳмад Зоҳир ва гиромидошти равони поки пажӯҳишгари тавонойи осори ҳунарманди садойи ҷодӯӣ – Султони Ҳамад ки чанд рӯз монда ба рӯзи солгарди даргузашти Аҳмад Зоҳир зи мо раҳиду ба малакути аъло пайваст). Ёдаш гиромиву хонаи охираташ обод.

Аҳмад Зоҳир: “Орзумандам шоҳиде хушбахтии инсонҳо бошам”

1-ahmadshah masood 451546Нахустин бор аст, ки мулоқоташ мекунам. Ҳануз охирин зарбае соъате деворӣ танинандоз аст, ки вориди утоқ мегардад ва худашро муаррифӣ мекунад:

Ман - Аҳмад Зоҳир ҳастам.

Аз вақтшиносиаш (муназзаму дақиқкор буданаш. Х. С.) хушам меояду мегӯям:

Шумо арзиши вақтро дарёфтаед. Ҷавобам медиҳад: начандон, вале кӯшиш мекунам ваъдахилоф набошам. Яке аз чавкиҳоро таъоруфаш мекунам ва ӯ бо ташаккур менишинад. Қабл аз ин ки гуфтугӯямро бо ӯ шурӯъ намоям, лаҳзае дақиқтар, аз назар мегузаронамаш; қоматаш мутаввасит (миёна) ва сурати кашидаву ороме дорад. Чашмонаш дар зери абрӯҳои ба ҳам пайвастааш бо дурахшише хоссе ҳолат ъаваз мекунад ва нигоҳаш собиту гирост.

Бо он ки либоси сода ба тан дорад, шику босалиқа ба назар меояд. Ҳолати шитобзадагие дорад ва ҳар лаҳза ба соъаташ нигоҳ мекунад. Мепурсам: мисли ин ки хеле аҷала доред? Дар ҷавоб ба суолам мегӯяд, ки ним соъат баъд, бояд, дар эстудюе мусиқӣ барои сабти чанд оҳанги тозаам ҳозир бошам. Ман ба хотире, ки зиёд вақташро нагирам, аз ӯ мепурсам,ки дар бораи худаш, зиндагияш ва ҳунараш суҳбат кунад.

- Лаҳзае ба фикр фурӯ меравад ва нигоҳашро ба сақфи утоқ меандӯзад, мисли ин ки мехоҳад хотироти гузаштаро аз завоёе андешааш берун кашад ва шурӯъ ба ҳарф задан мекунад: зиндагии ором ва бесару садое доштаам, ҳодисаву моҷароеро суроғ надорам, ки ба дарди гуфтану шанидан бихӯрад. Аз хурдсолӣ, ба мусиқӣ алоқа доштам ва ҳамин алоқаи ман боъис гардид, ки хонаводаам заминаи инкишофу парвариши истеъдоди ҳунарии маро мусоъид гардонад.

Хабарнигор: Вақте барои бори аввал, садоят аз родию пахш шуд, чи эҳсосе барои шумо даст дод?

Аҳмад Зоҳир: Эҳсоси ризоят аз худам бо каме ғуруре ҳамроҳ бо орзу, орзуе ин ки битавонам ҳунарманд шавам ва истеъдодамро дар хидмати ҳунар ва дар хидмати мардум қарор бидиҳам.

Хабарнигор: То кунун чанд порчаи мусиқиро бо овозатон дар родию сабт намудаед ва беҳтарини он аз назари худи Шумо кадом аст?

Аҳмад Зоҳир: То кунун 45 порча оҳанг (мусиқии ҷоз) бо садои ман дар родию сабт гардида ва бештар аз понздаҳ порча ҳам омодаи сабт дорам. Аммо дар мавриди беҳтарини онҳо ман назари хоссе надорам. Ба назари ман, ҳамаи онҳо хубанд. Ҳар ҳунарманде дигар ҳам, аъмм (сарфи назар) аз нивисанда, шоъир, наққош, мюзишен (навозанда ва мусиқидон, Х. С.) ҳамин тур аст. Ҳар асари ҳунарии як ҳунарманд, ба назари худаш зебову беайб аст. Вале воқеъиятро бояд аз забони дигарон шунид. Мардум хуб метавонанд арзиши кори як ҳунармандро таъйин (муайян, Х. С.) намоянд.

Хабарнигор: Дар мусиқӣ шогирди чи касе будаед, ки бештар дар роҳи борвар шудани истеъдодатон кумак намудааст?

Аҳмад Зоҳир: Метавонам бигӯям, шогирди ҳеҷ касе! Завқу андешаи ман бо каме истеъдоде, ки ба заъми (бовар ва андеша, Х. С.) дигарон дар вуҷуди ман ёфт мешавад, раҳнамоям будаанд. Албатта, касоне ҳам дар ин роҳ маро ҳамроҳӣ намудаанд, ки ман ин ҷо, махсусан, аз Нангиёлайҷон ном мебарам. Нангиёлай дар қисмати кампузи (басту банд, сохтани Х. С.) оҳангҳои ман заҳмати зиёд кашидааст ва ман воқеъан, аз ӯ муташаккирам.

Хабарнигор: Баъзе касонро ъақида бар ин аст, ки оҳангҳое ҷозе,ки ба овози Шумо ва гурӯҳҳои омотур (ғайриҳирфавӣ, Х. С.) иҷро мегарданд, копии оҳангҳои ғарбӣ аст,ки хонда мешавад ва нақши кумпазитур (оҳангсоз, Х. Сангин) дар онҳо ҳеҷ аст. Назари Шумо дар ин маврид чист?

Аҳмад Зоҳир: Калимаи копӣ, дар ин ҷо, мафҳуми воқеъиро ифода намекунад. Мо мекӯшем, мусиқии ғарбу шарқро бо ҳам даромезему оштӣ диҳем. Бидуни худситоӣ бояд бигӯям,ки ман дар ин роҳ пешқадамтар аз дигарон будаам. Дар мавриди кори кумпузитур, ёддовар мегардам, ки ихтилоти (ба ҳам пайванд хурдани, Х. С.) ду навъ мусиқии комилан мутазодд ба ҳам, бидуни он ки асолати ҳеҷ кадоме аз онҳо коҳиш ёбад, чизе болотар аз ҳунар аст.

Хабарнигор: Ҳоло, ки суҳбати кумпузитур дар миён аст, луфтан бигӯед, ки дар таркиби як оҳанги хуб аз ин се тан: шоъир, кумпузитур ва хонанда (овозхон, Х. С.) кадом як нақши ҳассостар дорад?

Аҳмад Зоҳир: Ба назари ман нақши кумпузитур.

Хабарнигор: Кори кудом кумпузитур ба назари Шумо боарзиш аст?

Аҳмад Зоҳир: Бояд бигӯям,ки дар кишвари мо, ҳанӯз имконоти мусоъиде, барои инкишофу пешрафти мусиқӣ вуҷуд надорад ва ё хеле кам вуҷуд дорад. Камбуди олоти мусиқӣ, ъомм набудани равиши нутишн (нота, Х. С.) дар мусиқӣ ва камбуди устоду муаллими мусиқӣ ҳамроҳ бо таъассуби бархе аз мардум дар мавриди ҳунар ва ҳунарманд, ҳамеша монеъи бузурги шукуфон шудани истеъдодҳо дар ин замина шудааст. Чунон, ки ҳамин ҳоло, теъдоди оҳангсозони хуби мо, аз теъдоди ангуштони як даст таҷовуз намекунад, ки ман ба кори ҳамаи онон эҳтиром мегузорам. Вале устод Сармаст, Нангиёлай ва Фаррух Афандиро бар дигарон тарҷеҳ медиҳам.

Хабарнигор: Худи Шумо ҳам то кунун оҳанг сохтаед?

Аҳмад Зоҳир: Ман дар мусофиратҳое, ки дар Ҳинд намудаам, дар риштаи нутишн (нота, Х. С.) ба таври хусусӣ, таҳсил намудаам. Ва чанд оҳангро низ ба ҳамин равиш сохтаам, ки аз он ҷумла, метавон аз оҳанги “ Хоб аз чашмонам рабудӣ” ёд намуд.

Хабарнигор: Шеъри ин оҳанг аз кист?

Аҳмад Зоҳир: Аз худам

Хабарнигор: Шумо шеър ҳам мегӯед?

Аҳмад Зоҳир: Иддаъои шоъирӣ надорам, вале баъзе авқот (вақтҳо) мекӯшам, эҳсоси худамро ба навъе бо каламот шакл бидиҳам ва ин шаклро бо оҳанге, ки барояш месозам, комил намоям. Албатта, дар ин қисмат оқойи Набил Ғамин, ҳамкори самимии ман мебошад.

Хабарнигор: Оқойи Набил шоъир аст?

Аҳмад Зоҳир: Шоъир нест, вале дарки шеърии хубе дорад ва ба ҳунари мусиқӣ низ хуб ворид аст.

Хабарнигор: То ҳоло фаҳмидам, ки зимни овозхонӣ, аз ҳунарҳои шоъириву кумпузишн( оҳангсозӣ, Х. С) ҳам баҳрае доред. Вале дар мавриди навозандагиатон чизе нагуфтед. Чи олотеро (асбобҳои мусиқӣ, Х. С.) навохта метавонед?

Аҳмад Зоҳир: Оккурдеун, тавла, флут (най), орган, пиёну навохта метавонам.

Хабарнигор: Ба назари Шумо, саҳлтарин тариқи инкишофи мусиқӣ дар Афғонистон, кадом аст?

Аҳмад Зоҳир: Ҷамъоварии истеъдодҳои қобили парвариш, фароҳам овардани заминаҳои мусоъид барои таҳсилоти ҳирфавӣ ва окодемик, фароҳам намудани олоти мусиқӣ ба паймонаи (миқдори) зиёд, ташвиқи (ҳавасамандгардонии) ҳунармандони воқеъӣ, таъмини зиндагии ҳунарманд - инҳо метавонад заминаҳои рушду инкишофи мусиқиро фароҳам намоянд.

Хабарнигор: Родиюи Афғонистон, то кунун, дар ин замина чи нақше доштааст?

Аҳмад Зоҳир: Нақши родию, махсусан, дар қисмати ҷамъоварии як теъдод оҳангҳои фулкрулик (марлумӣ, Х. С.) мусбату хуб будааст, вале на ба андозае кофӣ. Инро бояд бигӯям, ки аз родию интизороте ҳаст, қисман ба далели надоштани будҷае кофиву персуналу олот ва мушкилоти дигар бароварда шуда наметавонад. Вале қисмате аз ин чашмдоштҳо, қобили бароварда шудан ҳаст,ки ҷалби мусиқидонону гурӯҳҳои омотур ва ҷилавгирӣ аз рокид (аз байн рафтану бесамар Х. С ) мондани истеъдодҳо дар ҳамин заминаро мисол меоварам.

Хабарнигор: Ғолибан, дида мешавад,ки ашъору таснифоте,ки аз тарафе баъзе аз хонандагон (овозхонон, С. Х) хонда мешавад, аз назари шеърӣ сусту беарзиш аст ва агар нудратан (аҳёнан, Х. С.) шеъри хубе ҳам кумпуз шавад, хонанда онро ғалат мехонад. Ба назари Шумо барои рафът ин нақиза чи метавон кард?

Аҳмад Зоҳир: Ба вуҷуд овардани як кумитаи босалоҳияти мусиқӣ дар каноре родиюе Афғонистон ва назорату кунтруле доимии аъзои ин кумита аз ашъору оҳангҳо метавонад ин нақизаро рафъ кунад.

Хабарнигор: Аз худ ҳарф бизанед, Шумо таснифҳои ъошиқонаро хеле хубу пурэҳсос мехонед. Бигӯед, ки ъишқ дар зиндагии Шумо чи нақше доштааст?

Аҳмад Зоҳир: Ҳамон нақшеро, ки дар зиндагии ҳар ҳунарманде дигар доштааст. Ман ҳар вақт шеъре сурудаам, ҳар вақт созеро навохтаам, ҳар вақте ки таронаеро аз ҳанҷараам берун кардаам, бо тамоми эҳсос ъошиқ будаам. Аммо ъошиқе ки, ошиқи чи? Шояд тааҷҷуб кунӣ! ъошиқи худи ъишқ, ъошиқи зиндагиву ъошиқи табиъат. Эътироф мекунам ки ҳеҷ вақт касе ба сурати мушаххас дар дили ману эҳсоси ман набудааст!

Хабарнигор: Ҳоло чи тур?

Аҳмад Зоҳир: Ҳоло ҳаст, ман издивоҷ кардаам ва шарики зиндагӣ соҳиби қалбу эҳсоси ман аст.

Хабарнигор: Аз саргармиҳоят бигӯед, соъоти фароғати хешро чи тавр мегузаронед?

Аҳмад Зоҳир: Бо мутолиаву тамошои филмҳои хуб, албатта, агар филме хубе рӯи экрони синемоҳо ба намоиш гузошта шавад.

Хабарнигор: Беҳтарин филме ки то кунун дидаед, кудом аст ва кори кудом ҳунарпешаву октурро (актёр, Х.С.) хубтар аз дигарон медонед?

Аҳмад Зоҳир: Ду филм: “Дуктур Живаго” ва “Қиссаи ишқ”. Ин филмҳо рӯи эҳсоси ман асари зиёд гузоштаанд ва мафҳуми воқеъиву ъамиқе синеморо бо ҳамин ду филм дарёфтаам.

Хабарнигор: Суҳбат аз синемост. Ба назари Шумо, барои шинохту таъйини миқдори арзиши кори як ҳунарпешаи синемо, чи меъёре вуҷуд дорад?

Аҳмад Зоҳир: Ин ки бозии ҳунарпеша табиъӣ ва холӣ аз тасаннуъ (сохтакорӣ, Х. С.) бошад ва битавонад ҳолоти рӯҳӣ ва инфиъолоъоти (эҳсосоти) даруниро дар чеҳрае худ мунъакис созад.

Хабарнигор: Беҳтарин ҳунарпешагони синемо ба назари Шумо чи касоне ҳастанд?

Аҳмад Зоҳир: Кирк Дуглас, Дин Мартин, Зинат Амон ва Питаслер кумедияни (ширинкори, Х.С ) муваффақи синемои Омрико

Хабарнигор: Ҳунарпешагони мавриди назари худатонро гуфтед, хонандагону шуъарои матлуби худро ҳам муаррифӣ кунед!

Аҳмад Зоҳир: Ман аз миёни хонандагон, ба садои Энди Вилямз хонандаи омрикоӣ ва Кишор Кумар хонандаи ҳиндӣ, бештар ъалоқа дорам ва ғолибан, ба овозашон гӯш медиҳам. Аз миёни шуъарои муъосир, Раҳии Муайерӣ шоъири фақиди Ирон, Носири Таҳурӣ, Латифи Нозимӣ ва Маҳмуди Форониро бештар аз дигарон дӯст дорам.

Хабарнигор: Метавонам бипурсам, дилатон мехоҳад дар оянда чи кор кунед?

Аҳмад Зоҳир: Бале, гарче ман таҳсилотамро дар риштаи таълиму тарбия дар пуҳантунҳои (донишгоҳҳои) Кобул ва Бомбай ба итмом расонидаам, аммо бештар дӯст дорам, ҳунарманд бошам. Албатта ба шарте, ки ҳунари ман мавриди қабули мардум қарор бигирад.

Хабарнигор: Мардум Шумо ва овозатонро дӯст доранд, инро итминон дошта бошед!

Аҳмад Зоҳир: Медонам ва инро ба ҳисоби муҳаббату ташвиқи мардум мегузорам, на ҳунари худам.

Хабарнигор: Хуб, ҳоло нагуфтед чи кор мекунед, яъне вазифаи Шумо чист?

Аҳмад Зоҳир: Барои хидмати муқаддаси аскарӣ омодагӣ мегирам, қарор аст, шомили курси эҳтиёт шавам.

Хабарнигор: Муваффақияти Шуморо дар пешбурди ин вазифаи милливу хидмати муқаддас орзу мекунам. Вале инро нагуфтед ки дар давраи аскарӣ ҳам ба фаъъолиятҳои ҳунарии худ идома медиҳед ва ё на?

Аҳмад Зоҳир: Агар битавонам ва фаъъолияти ман монеъи вазифаи аслӣ нагардад, мекӯшам робитаам бо родию қатъ нагардад.

Хабарнигор: Агар хаста нашуда бошед, иҷозат бидиҳед охирин пурсишамро тарҳ (дар миён гузорам, Х. С.) намоям.

Аҳмад Зоҳир: Хоҳиш мекунам (яъне, марҳамат, ман дар хидмати шумо ҳастам. Х. С.)

Хабарнигор: Беҳтарин ва бузургтарин орзӯи Шумо чист? Дар ин ҷо, хонандаи ҳанҷараи талоӣ сукут мекунад ва ба андешаи жарфу ъамиқе фурӯ меравад. Ҳолати нигоҳаш тағйир мекунад, мавҷе аз андӯҳ, ба оромӣ дар чеҳрааш нақш баста. Эҳсос мекунам, дилаш мехоҳад, чизҳое бигӯяд, аммо наметавонад. Дубора суоламро такрор мекунам ва ин бор бо садои оромтар аз қабл ва бо лаҳни ғамангез, шурӯъ ба ҳарф задан мекунад ва мегӯяд: Ман умре кам, вале таҷорубу хотироти зиёде дорам, ъиллаташ ҳам он аст,ки солҳои зиёди умрро ба сафар гузаронидаам. Аз кишварҳои Ҳинду Покистон то кишварҳои Урупои шарқиву Омрико, Итолиёву Фаронса ва Инглистону Утриш ҳама ҷоро чанд бор дидаам. Дар ин сайру сайёҳатҳо, мутаваҷҷеҳ гардидаам, ки инсон дар ҳар куҷое бошад, ва дар ҳар мавқифе, (вазъу ҳолат, Х. С.) ки қарор бигирад, дар ҳар шароите, ки ба сар бибарад, наметавонад аз ғам бегона бошад, наметавонад хушбахтиро ба мафҳуми воқеъии он дарк кунад. Ҳамеша чизҳое дар зиндагӣ вуҷуд дорад, ки осоиши рӯҳии инсонро салб мекунад (аз байн мебарад, Х. С.) ва ман ниҳояти орзӯямро дар ин мебинам, ки як рӯз шоҳиди хушбахтии инсонҳо бошам.

Хабарнигор: Ин хушбахтӣ чи гуна метавонад ба вуҷуд ояд?

Аҳмад Зоҳир: Ба василаи сулҳи доимӣ, дӯстиву таъовуни (ҳамкорӣ, ҳамёрӣ, Х. С.) тамомии инсонҳо

Хабарнигор: Мехоҳам дар ин замина боз ҳам пурсишеро матраҳ кунам, ки садои занги телефун дар утоқ танин меандозад. Гӯширо бармедорам ва худамро ба мухотаби ноошно муаррифӣ мекунам. Мепурсад, Аҳмад Зоҳир инҷост?

Мегӯям, бале, фармоиш?

Бидуни заҳмат бигӯед, уркестри родиюи Афғонистон дар эстудюи сабти мусиқӣ дар интизораш мебошад.

- Хеле хуб

- Худо ҳофиз !

- Аз ҷояш бармехезад ва мегӯяд:

- Гуфтаниҳои дигар бимонад барои оянда.

- Дасташро бо гармӣ мефишорам ва Худо нигаҳдор мегӯям

- У то чанд лаҳзаи дигар бояд дар эстудю ҳозир шавад...

Маҷаллаи “ Жағ”, соли 1351 (1972 милодӣ), баргардони Х. Сангин

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi