| ЗОҲИРА ЗОҲИР: «АҲМАД ЗОҲИР ДАР ХУРДСОЛӢ БА МАН ЯК ПАНДЕ ДОДА БУД…» |
| Мақолаҳо - Ёди рӯзгори ширин | |||
| 12.04.2010 01:09 | |||
|
Дар ҳоли ҳозир ба корҳои расондани кӯмакҳои хайрия ба Афғонистон машғул аст. Замоне Зоҳира литсаи машҳури занонаи Зарғунаро дар Кобул хатм карда буд. Дар ҳоли ҳозир ин мактаб бо кӯмакҳои хайрияи Зоҳира Зоҳир, ки онҳоро ӯ дар Амрико ва дигар кишварҳо таҳия месозад, фаъолият карда истодааст.
Хабарнигори телевизиони «Тулӯъ»-и Афғонистон бо Зоҳира Зоҳир дар хонаи ӯ дар Амрико мусоҳибае доир кардааст, ки инак мӯҳтавои онро пешкаши Шумо муштариёни гиромии сомонаи «ruzgor.tj» менамоем.
Зоҳира: Мо барои се сол (ба Амрико) омада будем. Аксҳои зиёде аз Аҳмад Зоҳир надорем. Ҳеҷ албоме бо худ наоварда будем. Ин акс нест. Инро як артисти афғон дар Пешовар аз сари чӯб канда, боз онро пардоз додааст. Баъди марги Аҳмад Зоҳир ин кандакориро барои мо аз Пешовар тӯҳфа фиристода буд.
Хабарнигор: Шумо хоҳари Аҳмад Зоҳир ҳастед, хонандаи бисёр маъруфи кишвари мо. Ҳар гоҳе ки ба Афғонистон сафар мекунед, сари кӯчаву бозор байдои ӯра ҳатман мешунавед. Шумо ба ҳайси хоҳари Аҳмад Зоҳир чӣ хотираҳое аз ӯ ёд доред?
Зоҳира: Мисли ҳар як хоҳаре ки бародари худашро хеле зиёд дӯст дошт, аз Аҳмад Зоҳир хотираҳои зиёде дорам, ки вақт намерасад барои ҳамаи онҳоро гуфтан. Танҳо як хотираро ба шумо қисса мекунам. Аҳмад Зоҳир як инсони хуб буд, як мусулмони хуб буд. Аҳмад Зоҳир ба синни бисёр хурд мара як дарс ёд дод. Аҳмад Зоҳир 17 сола буд , ма ҳаждаҳсола. Якҷо мерафтем, ки аз хушкашӯӣ колои худро бигирем. Мутарбон (ронанда) истод кард, ки биравад колора биёрад. Як гадо ба пеши дари Аҳмад Зоҳир омад ва гуфт:
- Ба номи Худо ба ман кӯмак кунед.
Ман бакс (ҳамён)-и худро воз кардам, ки пули сиёҳи худро пайдо кунам ва ба гадо бидиҳам. Аҳмад Зоҳир ҳамроҳи худ ҳеҷ вақт баксаки ҷайбӣ намегардонд. Пулҳои худро ҳамеша чумулуқ дар мобайни ҷебуш буд. Ҳардуи мо дар он вақт муҳассил будем. На ӯ пайсадор буд, на ман пайсадор будам. Нав маоша бобии мо дода буд. Як миқдор нут дар ҷейбуш буд. И ҳами дасти худа дар ҷейби худ кард ва дидум, ки як мушт нута дар дасти аз и сарсафед дод. Гуфт:
- Бирав падар, Худо нигоҳ дорат.
Баруш гуфтам:
-Чаро аҷала кардӣ ма медодумуш пайса.
Гуфт:
Хоҳарак, ту нашнидӣ ки ӯ гадо чӣ хост?
Гуфтам:
-Пайса хост.
Гуфт:
-Не, не. Ба номи Худо ба ман кӯмак кунед, гуфт ӯ. Ту пули Худоро ҳамроҳи Худо читу ҳисоб мекунӣ? Ту пули сиёҳта меполидӣ? Ҳар вақт ба гадо ё каси дигар кӯмак мекунӣ, аввал дасти чап нафаҳмад, ки дасти рост чӣ кард ва дуввум ҳеҷ вақт пайсата ҳисоб накун, вақте ба номи Худо хайр мекунӣ.
Хабарнигор: Кадом байдои Аҳмад Зоҳира шумо хуш доштен ва ҳоло хуш дорен?
Зоҳира: Валлоҳ, ма куллӣ байдои Аҳмад Зоҳира дӯст дорам. Чунки Аҳмад Зоҳир Назар ба ҳамон ҳолати рӯҳии худ оҳангҳоро кампоз мекард. Агар хуш мебуд байди маста мехонд ва агар зиқ буд байдои зиқ мехонд. Ма аз миёни сурудҳояш ду суруди ӯра хеле хуш дорам. Яке «Агар овораву мастам, ба кас чӣ, ба кас чӣ?» ва дигаре суруди «Меравӣ аз ману лабрези фиғонам чӣ кунам», ки дар арӯсии хоҳарамон (Билқис) хонда буд. Ва боз як байди дигарашро, ки ба бачаи худ- Ришод хонда буд «Худо бувад ёрет»-ро низ дӯст дорам.
Хабарнигор: Чӣ боиси марги нобаҳангоми Аҳмад Зоҳир шуд?
Зоҳира: Аҳмад Зоҳир хилофи коммунистҳо буд. Ҳамроҳи коммунистҳо хуш набуд. Мусиқии Аҳмад Зоҳир ӯра бо онҳо душман сохта буд. Мусиқии Аҳмад Зоҳир барои он вақту замон инқилобӣ буд. Шӯҳрати ӯ низ барояш душманӣ овард. Як теъдод нафарон аз шӯҳрати ӯ хуш надоштанд. Аҳмад Зоҳира коммунистҳо куштанд. Бо дасиса бурдануш Соланг, дӯсти бисёр наздикуш Маҳбубулло бурд ӯро ба Соланг. Дар рӯзи таваллудаш бурдануш.
Хабарнигор: Худо раҳматаш кунад шаҳид шуд. Шумо бисёр ба Афғонистон сафар мекунед. Ба духтарҳои афғон кӯмак мекунед. Аз ин кор ҳосиле бардоштед?
Зоҳира: Одам ҳар кореро мекунад, ба як умед мекунад. Ҷавоби саволи шумора таърих хоҳад дод. Ман духтарони мактаби Зарғуна ва шогирдони мактаби Зарғунаро мисли авлодҳои худ фикр мекунам. Ҳамон тур ки ҳар модар барои пешрафти авлоди худ орзу дорад, ман ҳам барои пешрафти духтарои мактаби Зарғуна орзу дорам.
Ҳар боре ки ба Афғонистон меравам ва чеҳраҳои болидаи духтарони ин мактабро мебинам, ташвиқ мешавам. Валлоҳ духтарони мо ташнаи таълиму тарбия ҳастанд. Албатта бароям мегӯянд, ки синну солат ба ҷое расидааст, дигар сафар накун. Вале ман ҳар боре ки ба Афғонистон меравам ва чеҳраҳои хушу хуррами духтарони ин мактабро мебинам, рӯҳу тавони дигар меёбам.
Хабарнигор: Ташаккур, Зоҳираҷон, ки вақти худро барои мо дареғ надоштен, гуфтори хеле хубе карден.
Зоҳира: Ташаккур, барои шумо. Дуъо мекунем, ки Афғонистон ба хайр муваффақ бошад. Шумо ворӣ духтарой муваффақ дошта бошад.
Таҳияи Султони Ҳамад
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/yodi-ruzgori-shirin/2097--l-r.html
|













Назарҳо
RSS лентаи назарҳо.