11:42:21 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ёди рӯзгори ширин

Ӯ ТАРОНАҲОИ АҲМАД ЗОҲИРРО БА ЗАБОНИ РУСӢ МЕХОНАД

Ва ё чаро мегӯяд, ки «марги муфоҷо орзуи маро якҷо бо Зулфиқори Азиз ба хоки тира бурд»?

Дар тӯли даврони омӯзиши эҷодиёти Аҳмад Зоҳир ман борҳо бо ашхосе аз ҷумлаи намояндагони дигар миллатҳо вохӯрдаам ва ё сурудҳояшонро аз тариқи кассетаву дискҳояшон шунидаам, ки таронаҳои Аҳмад Зоҳирро бо забони асл, бо забони модарии Аҳмад Зоҳир мехонанд. Хуб мехонанд, аз самими дил мехонанд. 

Рустам Гуломов - Ахмад ЗахирВале бори аввал дидам, ки мухлиси ашаддии Аҳмад Зоҳир ва ҳам овозхон аз ҷумлаи тоҷикон ҳамон як суруди Аҳмад Зоҳирро инчунин боз бо забони русӣ низ месарояд. Бо гитор месарояд ва хеле зебо. Сӯҳбате, ки бо ӯ доштам беш аз як соат идома кард. Тӯли ин як соат дар рафти сӯҳбат ӯ ҳар боре, ки номи ин хунёгари афсонавиву нотакрорро мегирифт, ҳамеша «Аҳмад Зоҳирҷон» мегуфт. Ман боре нашунидам, ки ӯ Аҳмад Зоҳир, ё танҳо Аҳмад гуфта бошад. Хаёл мекардам, ки ӯ дар бораи одаме, ки барояш муқаддастарин ба ҳисоб меравад ва ҳанӯз ҳам дар қайди ҳаёт асту ӯро ҳар рӯз мебинад, сӯҳбат мекард. 

 Муштариёни гиромӣ, биёед якҷо ба сӯҳбати ӯ меравем. Бубинем, ки ӯ кист ва чаро ба таронаҳои Аҳмад Зоҳир чунин дилбастагӣ дорад ва чӣ ӯро водор сохтааст, ки таронаҳои Аҳмад Зоҳирро ба забони русӣ бисарояд? Дар айни ҳол аз видеои сомона чанд таронаашро, ки хабарнигори мо сабт кардааст ва бори аввал дар шабакаи ҷаҳонии Интернет паҳн мешаванд, якҷо бубинем ва бишунавем. 

- Ва инак нахуст аз ӯ дар бораи шарҳи ҳолаш пурсон мешавем. 

- Ман Рустам Ғуломов, писари шоири мардумӣ Мӯсо Ғуломӣ мебошам. Падарам, Худо раҳматашон кунад, инчунин Аълочии маорифи халқ ва Муаллими хизматнишондодаи Тоҷикистон низ буданд. Ман соли 1972 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудаам. Соли 1989 мактаби миёнаи рақами 3-и ҳамин шаҳрро хатм карда, ба факултети забон ва адабиёти руси Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб дохил шудам. Дар давраи донишҷӯиям бо мардони шариф акаи Иброҳим Набиев ва акаи Сайфуллоҳ Малик, ки суруду таронаҳои Аҳмад Зоҳирҷон ва Муҳаммадрафиро хеле хуб медонистанд ва худ низ месароиданд, шинос шудам. 

Рустам Гуломов - Султони ХамадАкаи Сайфуллоҳ як рассом буд. Дар шӯъбаи фарҳанги шаҳр кор мекард. Лекин бо гитара суруд мехонд. Бародари акаи Сайфуллоҳ низ як журналист буд ва дар солҳои дар Афғонистон ба сифати тарҷумон кор карданаш бо овозхони афғон, яке аз дӯстони Аҳмад Зоҳирҷон, Аҳмад Наим шинос шуда буд. Ман ҳамеша баъди дарс ба назди акаи Сайфуллоҳ ба корхонааш, ки дар яке аз утоқҳои кинотеатри «Комсомол» буд, рафта суруду таронаҳои ӯро гӯш мекардам. Ӯ чи тавре, ки гуфтам аз эҷодиёти Муҳаммад Рафӣ ва бисёртар аз эҷодиёти Аҳмад Зоҳирҷон суруд мехонд. 

Дар кабинети кориаш расми се шахси бузург: Раҷ Капур, хонум Гугуш ва Аҳмад Зоҳирҷон, ки акаи Сайфуллоҳ онҳоро бо дастони ҳунарманди худаш кашида буд, дар девор овезон буданд. Дар зери акси Аҳмад Зоҳирҷон бо ҳуруфи арабӣ навишта шуда буд: «Аҳмад Зоҳир бо мост». Вақте, ки акаи Сайфуллоҳ бо гитар сурудҳои Аҳмад Зоҳирҷонро мехонд, ман ба акси Аҳмад Зоҳирҷон нигоҳ карда хаёлан ба олами афсонавие парвоз мекардам, ки дар он ҷо Аҳмад Зоҳир бо овози сеҳрнокаш суруд мехонд. 

Росташро агар бигӯям то ин давраи ҳаётам ман бисёр бачаи шӯх будам. Баъзан рафторҳои нодуруст мекардам. Вале аз замоне, ки аввалин бор сурудҳои Аҳмад Зоҳирҷонро дар иҷрои акаи Сайфуллоҳ ва баъдан бевосита аз кассетаҳои худи Аҳмад Зоҳирҷон шунидам, дар рафтору кирдорам дигаргуниҳо ба вуҷуд омадан гирифтанд. Бовар мекунед, ман бачаи 18-сола кассетаҳои Аҳмад Зоҳирҷона гаштаву баргашта ҳар рӯз то соатҳои 2 ва 3- шаб гӯш мекардам. Боре ҳатто дар хобам Аҳмад Зоҳирҷон даромад. 

-Мешавад, ки хоби дидагиатонро нақл кунед? 

- Хоб дидам, ки дар даруни толори консертӣ Аҳмад Зоҳирҷон барои консерташ омодагӣ мегирад. Мардум ҳама дар толор дар курсиҳо шиштаанд. Ман бошам дар як гӯшаи саҳна нишастаам. Байни ману мардум як шиғи чӯбӣ гузошта шудааст. Мардум аз он тарафи шиғ ба ман мегӯянд, ки «ту кӣ ҳастӣ, ки дар саҳна мешинӣ? Биё мисли мо дар толор бишин!». Дар ҳамин лаҳзаҳо Аҳмад Зоҳирҷон баландгӯякашро «як-як, ду-ду» гуфта месанҷид. Чун дид, ки мардум аз ҳузури ман дар гӯшаи саҳна норозигӣ карда истодаанд, ба тарафи ман гашта гуфт: «Рав, ту низ дар байни мардум бишин». 

Аз ин суханони Аҳмад Зоҳирҷон маро сахт алам кард. Қариб буд ки гиря кунам, ки чаро Аҳмад Зоҳирҷон маро нафаҳмид. Ҳамин вақт як гиторнавози Аҳмад Зоҳирҷон ба Аҳмад Зоҳирҷон гуфт, ки «Аҳмад Зоҳирҷон, ба ин бача кордор набош. Ин туро беҳад зиёд дӯст медорад». Дидам, ки Аҳмад Зоҳирҷон ба тарафи ман бори дигар нигоҳ карду магар чашмони ашколудамро дид, ки гуфт «Майлаш, бишин дар ҳамин ҷо». Дар хобам чунон хурсанд шудам, ки ҳадду канор надош. Ва дар ҳамин лаҳзаи нишот аз хобам бедор шудам… 

 

-Рустамҷон, чаро ту сурудҳои Аҳмад Зоҳирро ба ғайр аз он ки бо забони асл мехонӣ, боз ба забони русӣ низ месароӣ? Ба забони тоҷикӣ хонданат оё кифоя нест?

 -Соли 2002 дар Русия дар муҳоҷирати иқтисодӣ будам. Дар Маскав тарбуз мефурӯхтам. Шабона гиторамро, ки аниси кунҷи танҳоиву мӯнист шоми торам ҳаст, ба даст мегирифтаму оҳиста- оҳиста суруд мехондам. Табиист, ки сурудҳои Аҳмад Зоҳирҷонро мехондам. Ҳар боре, ки садои гиторам баланд мешуд, ба гирдам нафарҳои зиёде ҷамъ мешуданд. Дар байнашон намояндагони миллату халқиятҳои гуногун мебуданд. Вақте аз ман суол мекарданд, ки ин таронаҳои худи ман ҳаст ё хайр, мегуфтам не.

 Ва номи Аҳмад Зоҳирҷонро мегирифтаму мегуфтам, ки инҳо сурудҳои ин бузургворанд. Бархе аз онҳо мегуфтанд, ки Аҳмад Зоҳирҷонро мешиносанд. Кассетаҳояшро шунидаанд ва доранд. Масалан намояндагони Қафқоз, алалхусус чеченҳову грузинҳо мегуфтанд, ки Аҳмад Зоҳирҷон дар байни мардуми мо хеле маъруф аст. То ҳоло ҳастанд нафарҳое, ки ҳарчанд мазмуни сурудҳои Аҳмад Зоҳирҷонро намефаҳманд, лекин сурудҳояшро гӯш мекунанд. Онҳое, ки ба гирди ман ҷамъ мешуданд, аксаран ибрози таассуф мекарданд, ки матни сурудҳои Аҳмад Зоҳирҷонро намефаҳманд.

 Барои ҳамин ҳам ман баъзан бо оҳанги таронаҳои Аҳмад Зоҳирҷон шеърҳои шоирони классикамон Умари Хайём, Мавлавӣ ё худ Шамси Табрезиро, ки ба забони русӣ тарҷума шуда буданд, мехондам. Ёдам меояд як кампираки украинӣ чанд суруди Аҳмад Зоҳирҷона ба забони тоҷикӣ шунида хеле мутаассир шуд. Гуфт, ки «агарчӣ ман мазмуни сурудҳои Аҳмад Зоҳирҷона нафаҳмидам, вале ҳаминро донистам, ки садояш нолаву фарёд дорад. Дарду андӯҳи бепоёне дар садояш нуҳуфтааст. Садои ӯро вақте мешунавам гумон мекунам, ки бори гарони ғаму андӯҳам маро лаҳзае тарк мекунад. Ин садо маро ба дунёи дигар мебарад». Ва он кампирак аз ман хоҳиш мекард, ки дар бораи зиндагиномаи Аҳмад Зоҳирҷон ба ӯ қиссаҳо кунам.

 

-Чаро ба Аҳмад Зоҳир чунин меҳри беандоза дорӣ?

 -Баъзе аз дӯстонам маломатам мекунанд, ки девонаи Аҳмад Зоҳирҷон шудаам. Ман девона нестам. Ман ҳамин чизро медонам, ки Аҳмад Зоҳирҷон дар сурудҳои худ тамоми он дарду аламе, ки як инсон дорад, масъалаву проблемаҳое, ки дар инсони комил ҳаст, тамоми онҳоро дар сурудҳояш ҷо додааст. Дар ҳар як суруди ӯ ман лаҳзае аз лаҳзаҳои зиндагонии худамро мебинам. Ҳамон сурудро агар чанд рӯз баъд боз аз сари нав шунавам, лаҳзаи тозаи зиндагониам ба хотирам мерасад. Ана барои ҳамин Аҳмад Зоҳирҷон барои ман ва, фикр мекунам, барои ҳама писанд аст.

 

-Дар бораи Аҳмад Зоҳир ҳамчун як инсон чи чизҳоро медонӣ?

 - Ҳаминро медонам, ки Аҳмад Зоҳирҷон инсонҳоро новобаста аз мавқеи иҷтимоияшон, новобаста аз миллаташон, аз кишварҳояшон баробар дӯст медошт. Шунидам, ки ӯ мехостааст, ки дар байни кишварҳо сарҳад набошад, дар байни одамон кинаву адоват нисбати якдигар набошад. Ин волотарин орзуи як инсони бузург аст.

 

-Кадом суруди Аҳмад Зоҳирро дар аввали ба овозхонӣ шурӯъ карданат мехондӣ?

 - Ман суруди «Дар кунҷи дилам ишқи касе хона надорад»-ро бисёр дӯст медоштам. Дар ҳамон давраҳо ҳамин суруд беш аз дигар сурудҳояш мехондам. 

 

- Рустамҷон, чӣ тавре, ки акнун фаҳмидем ва шунидем, худат чанд суруди Аҳмад Зоҳирро ба ғайр аз он ки ба забони аслаш мехонӣ, инчунин ба забони русӣ низ месароӣ. Масалан суруди «Ту ба як дашти пур аз гул ту ба як отифа мемонӣ»-ро ба забони русӣ низ мехонӣ. Матни русии ҳамин суруд аз кадом шоир аст?

 

-Рости гап, ман матни русии суруди «Ту ба як дашти пур аз гул, ту ба як отифа мемонӣ»-ро аз дафтарчаи муаллимаамон дар Донишкадаи омӯзгорӣ апаи Шарофат гирифтам. Ин дафтари апаи Шарофат гулчини шеърҳо ном дошт. Кӣ будани муаллифи шеърро, мутаассифона, ман ба ёд нагирифтам.

 

-Худат факултети забон ва адабиёти русро хатм кардаӣ. Дар оилаи шоир ба воя расидаӣ. Оё шеър менависӣ, хосатан ба забони русӣ?

 -Баъзан гоҳ-гоҳе машқ мекунам. Масалан матни суруди «Ватан»-ро худам навиштаам: 

 

Ватан азизу меҳрубон аст,

Ватан ин ганҷи бебаҳост.

Ватан ин ёди рафтагон аст,

Ватан сари баланди мост.

 

Ба ҳифзат мо тайёрем, эй Ватан,

То он даме, ки ҷон аст дар бадан.

Барои хоки ту Ватан

Дареғ надорем ҷону тан.

 

Мо насли бовафои ту

Бисозем ҷон фидои ту,

То қатра хуни охирин

Мо ҳастем дар дифои ту.

 Матни русии суруди Аҳмад Зоҳирҷон «Ту гули нози ҳама»-ро ман навиштаам. Аниқтараш ин ҳамон тарҷумаи матни тоҷикии ҳамин суруд аст, ки худам тарҷума кардам: 

 

Ту гули нози ҳама,

Сарви таннози ҳама,

Ҳама моил ба туанд

Чӣ чора созам?

 

Тарҷумааш:

 

Ты стройна и красива,

Ты проста чуда дива,

Все без ума от тебя,

Как быть дальше мне?

 

-Чанд суруди Аҳмад Зоҳирро азёд медонӣ?

 -Тақрибан, 95-98 дар сади сурудҳои Аҳмад Зоҳирҷонро азёд медонам. Агар навозандаҳои хуб бошанд. қариб ҳамаи сурудҳоро азёд хонда метавонам. Вале вақте, ки бо гитор хонданӣ шавам, бояд ки бо дарназардошти вижагиҳои гитор қаблан омодагиҳои иловагӣ бигирам. Яъне мусиқиро бо гитор мутобиқ кардан даркор аст.

 

-Ба назари Шумо дар Тоҷикистон ҳастанд нафарҳое, ки сурудҳои Аҳмад Зоҳирро хуб бихонанд?

 -Бале ҳастанд ҷавонҳое, ки сурудҳои Аҳмад Зоҳирҷонро хуб мехонанд, вале ба назари ман дар байни овозхонҳои тоҷик худораҳматии Зулфиқори Азиз аз ҳама беҳтар сурудҳои Аҳмад Зоҳирҷонро мехонд. Бисёр орзу мекардам, ки бо ӯ як суруди Аҳмад Зоҳирҷонро дуэт бихонем. Маслиҳат ҳам карда будем. Вале марги муфоҷо ин орзуи маро якҷо бо Зулфиқори Азиз ба хоки тира бурд.

 

-Худо раҳмат кунад, Зулфиқори Азизро. Хонандаи хуб буд. Шумо метавонед ҳамин кори хайрро бо яке аз шогирдони Зулфиқор, бо яке аз бародарзодаҳои ӯ Шаҳром ё Остон, ки овозхонҳои хуб ҳастанд, амалӣ созед.

 -Дуруст аст. Худо хоҳад агар.

 

-Саволи охирини ин сӯҳбат. Оиладор ҳастед?

 -Бале, шукри Худо. Соҳиби се фарзанд низ ҳастам. Шукронаи ин ва дигар неъматҳои додаи Худовандро мекунам.

 

-Ташаккури зиёд. Дар амони Худо бошед.

 Мусоҳиб Султони Ҳамад

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3924-2010-12-19-19-22-49.html



Шарҳҳо   

 
+2 #4 RE: Ӯ ТАРОНАҲОИ АҲМАД ЗОҲИРРО БА ЗАБОНИ РУСӢ МЕХОНАДGuest 22.01.2011 11:26
Салом ба кулли хонандаву шунавандаи ин сомонаи пурарзиши миллати Точик... Зинда бошед, устодону ёру дустоин дар ин сомона кору фаъолият мекарда. Бовар кунед, аз хондани маколаву хабархои сомонаи Шумо бисёр хушам меояд. Кош чунин сомонахои точики зиёд шавад, мушкили баъзехо дар чустучуи хабархо осон гардад. Бори дигар миннатдоргии худро бар ахли эчоди сомонаи Рузгор мерасонам. Ва хушхол шудам, ки бо Рустамчон мусохибае ороставу пешкаши мо хонандагони сомона гардниданд. Ташаккур!!!
 
 
+3 #3 RE: Ӯ ТАРОНАҲОИ АҲМАД ЗОҲИРРО БА ЗАБОНИ РУСӢ МЕХОНАДGuest 21.01.2011 20:42
Бехтарин. Сипос ба масъулини ин сомона ки бехтарин ганчинахоро дар мавриди Ахмад Зохир гирдовари мекунанд. Зинда бошед ва Худо дар ин рохи Хайр мададгор!
 
 
+5 #2 RE: Ӯ ТАРОНАҲОИ АҲМАД ЗОҲИРРО БА ЗАБОНИ РУСӢ МЕХОНАДGuest 20.12.2010 19:34
Рахмати худо бод, бар шумо акаи Рустам! Шумо Ахмад Зохирро бузургворро барои дигар халкият бори дигар муаррифи кардед.
Барои чунин мулокотхоятон бо чунин ашхосон миннатдорам устод Султони Хамад!
 
 
+4 #1 RE: Ӯ ТАРОНАҲОИ АҲМАД ЗОҲИРРО БА ЗАБОНИ РУСӢ МЕХОНАДGuest 20.12.2010 16:13
Salom akai Rustami aziz,banda iftikhor doram bo Shumo,vaqt shud hatman akai Zafari Mirzoiyonro,ki az donishmandoni sh,Kulob ast va on jo zindagi mekunad yak suhbate namoed,on kas dar zamonhoi faoliytahoi khesg dar kishvari Afghoniston,bo marhum Ahmad Zohir muloqote dposhtaast,ba Shumo muvafaqiyatho orzumandam.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi