09:31:57 18-уми Ноябри 2017 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014


Qissahoi hijrat - 2015
 
1-Ruzgor_Plast_2016.jpg
 

Тақвим

<< < Ноябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

МЕҲРИНИСО: АҲМАД ЗОҲИР ҲУНАРМАНДИ ХОКСОР БУД

Меҳриниссо Бобобекова, яке аз шоираҳои ширинкаломи тоҷик, таи солҳои зиёде бо ҳамроҳии ҳамсараш олими забоншинос, доктори илмҳои филологӣ, профессор Шаҳбоз Кабиров дар Афғонистон кору зиндагонӣ кардаанд. Ин марҳилаи ҳаёти ин ду шахсияти дар Тоҷикистон  хеле маъруф ба солҳои давлатдории Муҳаммад Довудхон ва дар сари қудрат будани  намояндагони Ҳизби Халқӣ-Демократии Афғонистон рост омадааст. 

Ahmad ZahirДар як сӯҳбати ихтисосие бо шоира Меҳринисо  дар баробари дигар масоил ба ин самти ҳаёту фаъолияти ӯ дахолат карда будем. Ва ин сӯҳбат иборат аз чаҳор қисм таҳти рубрикаи «Адабиёт ва Фарҳанг» дар ҳамин сомонаи мо  ба нашр расидааст. Ҳоло мехоҳем аз ҳамин мусоҳибаи ихтисосӣ дар гӯшаи «Ёди рӯзгори ширин» маворидеро ба таваҷҷӯҳи Шумо пешкаш намоем, ки дар он ин шоираи таронанависи тоҷик хотираҳои хешро дар бораи Аҳмад Зоҳир баён кардааст. Дар ҳамин мавод бори аввал таронаи «Зебонигорам ба ман нигоҳ кун»-ро, ки хонум Меҳринисо якҷо бо Аҳмад Зоҳир дар яке аз маҳфилҳо хондааст, дар шакли видеоклип манзури тамошобинони шабакаи ҷаҳонии Интернет менамоем. 

Cабти аудиоии таронаи мазкур аз архиви доктори илмҳои филологӣ, профессор устод Ҷӯрабек Назриев ва  бархе аз аксҳо аз архиви шоира хонум Меҳринисо дастрас шудаанд, ки барои ин ба эшон ташаккур мегӯем. Видеоклипи онро хабарнигори мо Ҷаҳонгири Султон таҳия кардааст. Инак таваҷҷӯҳ кунед ба мусоҳиба ва он видеоклипи «Зебонигорам ба ман нигоҳ кун». 

- Мехостам дар бораи Аҳмад Зоҳир сӯҳбат кунем. Зеро дар байни шоираҳои форсигӯ шояд шумо ягона шоира ва дар байни олимони тоҷик шавҳари Шумо устод Шаҳбоз Кабиров камшумор олиме бошанд, ки Аҳмад Зоҳир меҳмони манзилашон шудаасту маҳфил оростаеду шеър хондаед ва ҳатто якҷо тарона сурудаед. Чунин бахти баландро на ҳар кас сазовор будааст. 

- Ҳангоме, ки дар Кобул будем, ман ҳанӯз хеле ҷавон будам. Ҳамон вақт дар Тоҷикистон ҳанӯз кассетаҳои тайпӣ ё магнитофонҳои кассетавӣ набуд. Шояд нафарҳои алоҳидае доштанд, вале мо надоштем. Ростӣ, дар ҳамон ҷое, ки шавҳарам Шаҳбоз Кабиров кор мекарданд, дар Институти Политехникӣ, аксаран ҳама калонсол буданд. Ман худамро танҳо эҳсос мекардам. Баъзан ҳатто падару модар ва хешу ақрабоямро ба ёд оварда мегиристам. Дар ҳамсоягиамон як зани калонсол зиндагонӣ мекард ва маро бисёр таскин медод.

Боре шавҳарам ба ӯ гуфт, ки ман шеър низ менависам. Бовар кунед, он зан аз ин гап чунон ҳам  ҳайратзада шуд, ки ман ҳайрон шудам. Барои ӯ шеър ин як чизи фавқулодда нодире будааст, ки на ба ҳама кас дастрас мешудааст. Ана ҳамин зан ба ман як рӯз як магнитофонро бо чанд кассетааш овард. Аниқтараш ман шӯразоре будам, ки ӯ бо ин кораш маро шодоб гардонд. Суруди аввалине, ки шунидам, суруди оқои Мададӣ буд, суруди «Ватан ифтихорам». Бароям хеле тааҷҷубовар буд, ки афғонҳо як ватани вайронаро васф мекарданд. Кассетаи дуввумро вақте гузоштам садое баланд шуд: Бевафоооо  ёрам…

 Баробари ба поён расидани ин ибора ғиреви мардум ба осмон печид. Ин сабт сабти консертӣ буд. Баъдан суруди дуввуми он «Ай дуздида чашм аз оҳу» садо дод: 

Ай дуздида чашм аз оҳу,

Омӯхта афсун ба ҷоду.

Сад ваъда додӣ вафо кун,

Ай фиребгар, ай дурӯғгӯ.

 Барои ман ин як тӯҳфаи ғайбӣ буд. Пушти кассетаро мемондам, рӯи онро мемондам. Ҳамин тавр беохир. Ҳеҷ не ки ташнагии ман бишиканад. Ва ман ин қадар мафтуни ин садову ин хондану ин фита шудам, ки намедонистам чӣ кор кунам. 

Бозӣ ту кардӣ бо сарнавиштам…

 Ҳар як суруд як дунё буд барои ман. Аз атрофиён аз касе, ки мепурсидам, ки ин сароянда кист, мутаассифона, касе ҷавоби дуруст дода наметавонист. Ҳамин тариқ қариб як сол гузашт.  Акои Ҷӯрабек Назриев ба Афғонистон омаданд. Ҳангоме, ки он кас омаданд,  бо ин ҳунарманд,  олим, донишманд , албатта аз илму ҳунар аз шеъру суруд сӯҳбат мекардем. Дар байни сӯҳбатҳо боре  кассетаи  ҳамон овозхонро ба магнитофон гузошта аз  акои Ҷӯрабек пурсидам, ки оё ҳамин ҳофизро мешиносад ё не? 

Гуфт:

 -Бале, мешиносам, ӯ Аҳмад Зоҳир ном дорад ва агар розӣ бошед, ҳамин рӯзи ҷумъа, ки рӯзи истироҳатӣ ҳаст, ӯро ба хонаи шумо ба меҳмонӣ меорам. Албатта ману Шаҳбоз розӣ шудем. 

Рости гап, ман чандон боварӣ надоштам, ки Аҳмад Зоҳирро ба ин зудӣ дар хонаи худ мебинем. Хайр, ба ҳар ҳол омодагӣ гирифтем. Омодагӣ гирифтем, ки агар Аҳмад Зоҳир наояд ҳам, акои Ҷӯрабек меоянд. Рӯзи ваъдагӣ расид. Он рӯз ҳеҷ гоҳ аз ёдам фаромӯш намешавад. 11-уми феврали соли 1976 буд. Соат тахминан  9-у ними субҳ буд. Дарвозаи хона тақ-тақ шуд. Дарро кушодам. Дар рӯ ба рӯям як ҷавони зебои дар тан пироҳани сурхро дидам, ки бо як мошини рангаш сурх ҳамроҳи акои Ҷӯрабек ва як ҷавони дигаре бо номи Довуд омада буданд. 

Ман то ин вақт боре ҳам Аҳмад Зоҳирро надида будам, ҳатто аксашро надида будам. Вале аз чи бошад, ки  ҳамон лаҳза гумон кардам, ки ӯро солҳои  сол, аз кӯдакӣ  мешиносам. Бахти бузурге маро насиб шуда буд. Аҳмад Зоҳир ва дигарон вориди хона шуданд. Ман зуд хостам, ки дар магнитофон кассетаи Аҳмад Зоҳирро монам. Аҳмад Зоҳир нагузошт.

 -Ҷое, ки Аҳмад Зоҳир аст, ӯ худ суруд хоҳад хонд,- гуфт ӯ. Ва бадоҳатан наъра кашид:

 

Шабҳои зулмонӣ, миёни тӯфонҳо,

Овора қалби ман дар дашту биёбонҳо,

Бо сад армонҳо.

 Ман дар ин садо ғарқ шудам. Дигар наметавонистам чашми худро аз чеҳраи зебои Аҳмад Зоҳир биканам. Ман то ба имрӯз аз ягон навор, ягон акс  ҳамон чашмон, ҳамон нуреро, ки он лаҳза дар симои Аҳмад Зоҳир дида будам, дигар надидам. Умуман, ба назари ман, ягон навор, ягон акс он нуреро, ки дар чеҳраи Аҳмад Зоҳир буд, нагирифтааст. Ё шояд ман ошиқи ҳунари ӯ будаму ба чашми ман чунин намуд? Не, гумон мекунам, ки ӯ ҳамин тавр буд. Чунки на танҳо як ман, балки ҳазорон ҳазор мафтуни Аҳмад Зоҳир дар ин синну соли ҷавонӣ буданд. Баъдан Аҳмад Зоҳир хоҳиш кард, ки барояш ягон асбоби мусиқӣ биёрем.

 Дар паҳлӯи манзили мо хонае буд, ки дар он як гӯшаро «Гӯшаи фарҳангӣ» ном ниҳода буданд. Дар ҳамин гӯша як аккордионе мавҷуд буд. Ҳамон аккордионро оварданд. Аҳмад Зоҳир каме навохт. Дид, ки намешавад, аз пайи овардани сози дигари мусиқӣ шуд. Ӯ гуфт, ки «Ман бори нахуст дар хонаи шӯравиҳо меҳмон ҳастам. То ин муддат дар хонаи ҳиндуҳо будам, дар хонаи амрикоиҳо будам, дар хонаи инглисҳо будам, вале дар хонаи шӯравиҳо бори нахуст омадам. Боз ҳам дар хонаи шӯравҳое, ки сурудҳои маро азёд медонанд. Аз ин рӯ бисёр мехоҳам, ки суруд хонаму хонам».

 Аҳмад Зоҳир ҳар вақте, ки як сурудро замзама мекард, ман ҳам баробараш мехондам. Ӯ аз ин хурсанд мешуд. Ӯ медонист, ки дар шӯравӣ як иддаъ  инсонҳое зиндагонӣ мекунанд, ки бо забони форсӣ дарӣ ҳарф мезананд ва онҳоро тоҷик меноманд. Ӯ радиои Тоҷикистонро бисёр гӯш мекард, махсусан сурудҳои тоҷикиро. Хулоса, Аҳмад Зоҳир ҳамроҳи шавҳарам рафта аз хонаи худ як асбоби мусиқиеро, ки синтезатораш мегуфтанд, оварданд. Дигар бовар кунед, ки то нисфи шаб дар хонаи мо як базми ҷамшедӣ  буд. Аҳмад Зоҳир суруд мехонду мехонд. Ҳеҷ хастагиро эҳсос намекард. Шаб аз нисф гузашту баъд худоҳофизӣ кардем. Ӯ ҳамон асбоби мусиқиашро дар хонаи мо монда рафт. Гуфт, ки ҳар боре ки гузораш ба ин тараф афтид, омада мегирад.

 

-Дар ҳамин маҳфил, ки як қисмати он дар магнитофони хонаводагӣ  сабт шудааст ва то ба имрӯз ба ёдгор мондааст, Шумо бо Аҳмад Зоҳир ва устод Ҷӯрабек Назриев  якҷо суруд хондаед.

 - Мо якчанд сурудро  якҷоя хондем. Аввалин суруде, ки хондем ин ҳамон сурудест, ки бо мисраи зерин сар мешавад:

 

Хабар овардаанд омадаӣ аз сафар баъди солҳои дароз

 Аҷибаш он буд, ки Аҳмад Зоҳир дар вақти сурудан баъзан матнро фаромӯш мекард ва ман ба ёдаш меовардам. Аз  ин хеле хурсанд мешуд. Мутаасифона, он вақт ҳанӯз видеокамераҳо роиҷ набуданд. Дар магнитофон ҳам на ҳамаи ин сӯҳбатҳо сабт шудаанд. Албатта барои ман, ки як зани тоҷик будам ва он ҳам аз Иттиҳоди Шӯравӣ хеле душвор буд аз ин бештар бо Аҳмад Зоҳир наздик шудан. Маро  мақомоти шӯравӣ метавонистанд нодуруст бифаҳманд.

 Аҳмад Зоҳир фарзанди собиқ сарвазири замони Зоҳиршоҳ буд. Барои сафорати шӯравӣ Аҳмад Зоҳир шахсияти дилхоҳ набуд.  Мо инро эҳсос мекардем. Шаҳрвандони шӯравӣ дар Афғонистон дар доираи як чаҳорчӯбае бояд кору фаъолият мекарданд. Аммо барои ман ин чаҳорчӯбаҳо чандон муҳим набуданд. Ман онҳоро риоя намекардам. 

-Боз кадом сурудҳоро шумо дар он ҷо якҷо хондед?

 -Суруди русии «Я встретил девушку»-ро ё худ «Дидам ҷамоле»-ро. 

Ах, это девушка

С ума свела меня

Разбила сердце мне

Покой взяла.

Баъд боз  ҳаминро бо тоҷикӣ мехондем:

Ақламро бурд,

Холи сиёҳ.

Дил пора кард,

Теғи нигоҳ

 Аҳмад Зоҳир бошад менавохту месуруд:

 

Ақлам рабуд,

Холи сияҳ

Дэл пора кард,

Теғи нигаҳ

  Баъдан суруди «Зебонигорам»-ро хондем. Пас аз он суруди «Бозӣ ту кардӣ бо сарнавиштам»-ро хондем. 

Бозӣ ту кардӣ бо сарнавиштам,

Раҳме накардӣ, ман ноумедам.

 Ҳар суруде, ки Аҳмад Зоҳир мехонд, ман ҳамроҳаш замзама мекардам. «Бӯйи ту хезад ҳанӯз, бӯйи ту аз бистарам». Ва боз чанд суруди дигарро хондем. Бояд рӯйи рост бигӯям, ки дар он лаҳзаҳо ман атрофиёнро фаромӯш кардам. Рӯ ба рӯ бо ҳунари Аҳмад Зоҳир будам. Мафтуни ҳунари ӯ шуда будам. Ҳамон шаб ман ба хоҳарам нома навиштам. Дар нома гуфтам агар дар зиндагӣ Худованд барои ман рӯзҳои хушбахттаринро ато карда бошад, яке аз ин рӯзҳо ҳамин рӯз аст. Гумон мекунам, ки ин зарринварақи китоби достони зиндагонии ман аст.

 Чунки Аҳмад Зоҳир меҳмони ман буд. Баъди чанде вақте ҷавоби хоҳарам Назираро гирифтам, ки аз ман мепурсид, ки  Аҳмад Зоҳир кӣ ҳаст? Хоҳарам худаш ҳам садои хуб дорад, суруд мехонад. Ман дар ҷавоб гуфтам, ки ман Аҳмад Зоҳирро бароят тӯҳфа мебарам. Кассетаи Аҳмад Зоҳирро барояш тӯҳфа овардам… Пеш аз ба Тоҷикистон рафтан аз Аҳмад Зоҳир пурсидам, ки «Аҳмад Зоҳир, ман аз Тоҷикистон бароят чӣ биёрам?». Ӯ гуфт, ки барои ман шампун биёр. Ӯ мӯйи худро хеле дӯст медошт. Падари Аҳмад Зоҳир каммӯй буд. Ҷӯрааш Довуд шӯхӣ мекард, ки « оқибат мисли Зоҳири кал мешавӣ». Аҳмад Зоҳир механдиду мегуфт «Аслан».

 Дар симои Аҳмад Зоҳир ман як ҳунарманди асилро пайдо кардам. Ман  ҳунари Аҳмад Зоҳир, садои ӯро хеле ва хеле дӯст доштам. Барои Аҳмад Зоҳир ҳам ташрифи ӯ ба хонаи як тан аз шӯравиҳо хеле аҳамияти калон дошт. Ӯ дар ин ҷо дарк кард, ки ҳунари ӯ пеши мардуми шӯравие, ки то он вақт онҳоро қариб, ки намедонист, чӣ қадар қадр дорад. Ба ғайр аз он Иттиҳоди Шӯравӣ як кишвари хеле пешрафта ва мутараққӣ буд. Аҳмад Зоҳир бо пайдо кардани шиносҳои нав аз Иттиҳоди Шӯравӣ обистани орзуҳои ширин шуд. Ӯ бисёр мехост ба Тоҷикистон як сафари ҳунарӣ дошта бошад. Ба Тоҷикистоне, ки дар он ҷо  ҳунари ӯро мешинохтанд ва қадр мекарданд.

 Вале афсӯс… Ҳарчанд Аҳмад Зоҳир ҷисман ба Тоҷикистон омада натавонист, вале сурудҳои ӯ марзҳоро убур карданд. Имрӯз Аҳмад Зоҳир султони қалбҳои аъзои ҳар як хонадони тоҷик аст. Имрӯз, бо гузашти солҳо, мебинам, ки аз он вохӯрии нахустин пеш аз ҳама мо бурд кардаем. Мо бо як ҳунарманде ифтихори чанд лаҳза буданро доштаем, ки ба гумон аст таърих ба мисли  ӯ каси дигареро биёрад. Ман овозхонҳои машҳурро бисёр дидаам. Дар сӯҳбати Шаҷариён будам, бо Саттор сӯҳбат кардем, хеле инсонҳои шарифанд, ҳунармандони бемисланд, вале Аҳмад Зоҳир чизи дигар буд. Аҳмад Зоҳир саропо ҳунар буд.

 Агар барои 10 дақиқа ба хона меомад, ҳатман ду суруд мехонд. Намегуфт, ки вақт надорам, табъам хира аст, садоям хаста аст ва ғайраву ҳоказо. Аҳмад Зоҳир дар баробари ҳунарманди бузург будан боз хеле хоксор буд, мардумашро нағз медид. Яке аз радиоҳое, ки аз Маскав пахш мешавад, барномае дорад бо номи «Звезда». Дар ин барнома гоҳу ногоҳ  аз мардум нуқтаи назарашонро дар бораи ситораҳои санъати овозхонӣ мепурсанд. Ман чанд рӯз пеш шунидам, ки Аҳмад Зоҳир дар қатори 10 нафар бузургтарин хонандагони ҷаҳон дохил шудааст. Тасаввур кунед, ки Аҳмад Зоҳир дар байни 10 ҳунарманде ҳаст, ки дар ҷаҳон эътироф ва беҳтарин дониста  шудаанд.Дар ҳамин барнома чор суруди ӯро шунавониданд. Аҳмад Зоҳир вақте суруд мехонад, ман фикр мекунам, ки як узви хонаводаи мо суруд мехонад. 

Бубинед:

Омад нафаси субҳу паёмат нарасонид,

Бӯйи ту биёварду саломат нарасонид.

 «Бӯйи ту», «рӯйи ту»-ро  ӯ мисли мо талаффуз мекунад. Ҳар як афғон низ мегӯяд, ки ӯ узви хонадони афғон аст. Ман Аҳмад Зоҳирро ҳар рӯз гӯш мекунам. Баъзан то субҳ гӯш мекунам. Албатта гоҳу ногоҳ ҳунармандони тоҷикистониро низ гӯш мекунам.  Мо ҳунармандони хуб бисёр дорем. Садои Ҷамшед бисёр гуворо ҳаст. Шодравон Зулфиқор хуб месароид. Ман ба ӯ  ҳамеша мегуфтам: «Зулфиқор, агар ту аз пайи садоят, аз пайи овозат шавӣ, ҳамон зебоӣ ва ҷаззобии Аҳмад Зоҳир дар ту ҳаст. Масалан, ҳамон ду суруде, ки ахиран дар телевизиони «Сафина» хонд, яке бар матни шеъри ман «Дил рабуданро барои дил супурдан дӯст дорам» буд ва дигаре суруди Аҳмад Зоҳир «Саҳар мегуфт булбул боғбонро».

 Ин аз камолоти Зулфиқор дарак медод. Зулфиқор ду рӯз пеш аз  намоиши ҳамин барнома ба хонаи ман омада буд ва аз мазмуни як байти суруди Аҳмад Зоҳир пурсон шуд. Мо дар атрофи ин байт хеле сӯҳбат кардем. Зулфиқор аз ҷумлаи овозхонҳое буд, ки хато хонданро бад медид. Ҳаракат мекард, ки шеърҳоро бе ғалат хонад. Баъди ду рӯзи тамошои  ин барнома ба ӯ телефон кардаму гуфтам, ки «Зулфиқор, дигар ман барои ту ғусса нахоҳам хӯрд, ки таронаи ояндаат чӣ гуна хоҳад шуд. Ин ду сурудат нишон доданд, ки ту комил шудӣ, ба камолот расидӣ.

 Аҳмад Зоҳири тайёр шудӣ». «Апаҷон, лутф мекунед, лутф мекунед. Мо куҷову Аҳмад Зоҳир куҷо», хоксорӣ кард Зулфиқори Азиз. Оҳ, осмони ҳасуд, азизони моро як як аз мо мерабояд! Ман дар умрам як хатои нобахшиданӣ кардам. Ин ҳам вақти ошноӣ бо Аҳмад Зоҳир ба ӯ пешниҳод накардам, ки як ғазали маро ба оҳанг дарорад. Дигар дар Тоҷикистон гуфтан мумкин аст, ки овозхони шинохта ва маъруфе нест, ки сурудҳои маро нахонда бошад. 

- Шумо агарчӣ шеъратонро барои сурудан ба Аҳмад Зоҳир надода бошед ҳам, вале шеъри ба ӯ бахшидаатонро дар пешаш хондаед-, ку? Ин ифтихор насиби на ҳар шоири форсигӯ шудааст.

 -Бале, дар пеши Аҳмад Зоҳир ман боре ҳам нагуфтам, ки шеър менависам. Вале ҳамон  шабе, ки ба хоҳарам мактуб навиштам ҳамон шаб шеъре дар васфи Аҳмад Зоҳир эҷод кардам. Баъдан бори дигар вақте, ки Аҳмад Зоҳир ба хонаи омад, ман чаҳор мисраи он шеърро дар китоби ашъори шуарои форсигӯи қитъаи Осиё бо номи «Мушоира», ки дар Маскав чоп шуда буд, навишта, китобро ба Аҳмад Зоҳир тӯҳфа кардем. 

Садои ту садои резиши борон,

Садои ту ғиреви обшорон…

 Дар китоби мазкур шеърҳои шоирони тоҷик низ дарҷ гардида буданд. Мо аз Аҳмад Зоҳир хоҳиш кардем, ки аз байни ашъори шоирони тоҷик шеъреро интихоб намуда ба оҳанг дарораду бихонад. Баъдан боз гуфтем, ки беадолатӣ нашавад, ӯ ба тарзи фолкушоӣ китобро кушояд ва ҳар шеъри аввалин кушодашудаи шоири тоҷикро ба оҳанг бидарорад. Аҳмад Зоҳир ҳамин хел ҳам кард. Адолат тантана кард ва шеъри маликушшуарои вақти тоҷик устод Мирзо Турсунзода кушода шуд. Аҳмад Зоҳир шеърро баланд баланд хонд: 

Туро сад бор гуфтам, ки ғуломат ман ҳамин кофист,

Фидои як саломат, як каломат ман ҳамин кофист.

Маслиҳат шуд, ки Аҳмад Зоҳир шеърро то Соли нав, яъне Наврӯз, ба оҳанг медарорад. Аҳмад Зоҳир чунон ҳам кард ва суруди «Туро сад бор гуфтам, ки ғуломат ман ҳамин кофист» аввалин бор рӯзи Наврӯзи соли 1976 дар хонаи мо садо дод. Аҳмад Зоҳир онро бо аккордеоне, ки аз ҳамон «Гӯшаи сурх» овардем, сароид.

 Мусоҳиб Султони Ҳамад

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/yodi-ruzgori-shirin/4039-2011-01-03-05-36-05.html



Шарҳҳо   

 
+1 #1 RE: МЕҲРИНИСО: АҲМАД ЗОҲИР ҲУНАРМАНДИ ХОКСОР БУДGuest 06.09.2012 11:35
Хоҳари азиз Меҳрнисо!
Барои хотира сад раҳмат, ҳазор орзуӣ саломатӣ!
Забони Шумо, ки маҳкам ба пояи забон, ки аз замони ғуломдорӣ то замони шӯравӣ барпо шудаасту такмил ёфтааст,такя мекунад,хеле гуворост. Ба рафиқ Султон аз ин сӯҳбат ташаккур.
Алигавҳар Бахтоваршоев.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


RuzgorPlast-banner 1