23:07:26 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ёди рӯзгори ширин

ШОМЕ, КИ ЧУН АҲМАД ЗОҲИР ФАРОМӮШНОШУДАНИСТ

Шоми сешанбеи 14-уми июн ба муносибати 65-солагии рӯзи таваллуди овозхони нотакрори Машриқзамин Аҳмад Зоҳир ва 20-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо ибтикори сомонаи мустақили ҷамъиятиву сиёсии «Рӯзгор» ва як гурӯҳи ҳаводорони садои Аҳмад Зоҳир дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон консерти ҳунармандони Тоҷикистон бо ширкати овозхонҳо аз кишвари ҳамсоя ва бародари Афғонистон таҳти унвони «Ҷаҳони Ишқро шоҳам» баргузор гардид.

 111-ahamadzoir-4111.jpg

Ровии консерт, муҳаққиқи ҳаёт ва осори ин хунёгари бесобиқа, сардабири сомонаи «Рӯзгор» Султони Ҳамад, дар оғози намоиш аз ҷумла иброз дошт, ки «Ҷаҳони мусиқиро ҷаҳони Ишқ меноманд. Зеро касе, ки вориди ин ҷаҳон мешавад, хоҳ овозхон бошад, хоҳ оҳангсоз ва ё хоҳ шунавандаи оддӣ, албатта ӯ ошиқ аст. Ошиқи зиндагӣ, ошиқи табиат, ошиқи дилбар, ошиқи Худо… Касе, ки дар сина ин оташро надорад, ҷаҳони Ишқ барои ӯ бегона аст. Имрӯз ҳамаи онҳое, ки худро табааи ин қаламрав медонанд, яъне ҳам овозхонҳо, ҳам оҳангсозон ва ҳам шунавандагони мусиқӣ бо як овоз Аҳмад Зоҳири шаҳидро шоҳи қаламрави ҷаҳони мусиқӣ, яъне шоҳи ҷаҳони Ишқ донистаанд.

Ва чи хушаст, ки базми зодрӯзи Шоҳаншоҳи Ишқ бо ҷашни 20 солагии Истиқлолияти давлатӣ дар як вақт рост омад. Суруди «Зиндагӣ охир сарояд бандагӣ даркор нест»-и Аҳмад Зоҳир, ки бар матни шоири инқилобии мо Абулқосими Лоҳутӣ эҷод шудааст, дар як гӯшаи қалби ҷавонони солҳои 70-80-уми асри гузаштаи кишвари азизамон, ки он замон дар зери султаи Иттиҳоди Шӯравӣ ба сар мебурдем, нури эҳсоси истиқлолталабиро рӯшан мекард. Суруду таронаҳои ӯ дар таблиғи забони тоҷикӣ-дарӣ-форсӣ, дар бедор шудани эҳсоси худшиносии миллӣ нақши созандае доштанд.

Ҳамин буд, ки дар он солҳо ҳаракати ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатӣ зуҳур кард ва билохира забони тоҷикӣ мақоми давлатиро дар замони шӯравӣ соҳиб шуд, ки ин қадами нахустин ва устувор ба сӯйи истиқлолияти давлатӣ буд. Аз сӯйи дигар Истиқлолияти давлатӣ, ки онро Худованди бузург бароямон 20 сол қабл арзонӣ дошт, ба мо имконият фароҳам овард, ки Аҳмад Зоҳир ва дигар шахсиятҳои бузурги фарҳангиву сиёсии кишварҳои ҳамзабонамонро хубтару амиқтар бишносем. Ҳамин аст, ки ровӣ ин ду ҷашни муборакро барои ҳамаи ҳамватанони азиз ва алоқамандони садои Аҳмад Зоҳир самимона табрик арз намуд ва ташрифи онҳоро ба толори бошукӯҳи Филармонияи давлатӣ, ки моломол буд, хайра мақдам гуфт.

ahamadzoir-4666.jpg

Дар оғози консерт Қурбоналӣ Абдуллоев, ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон таронаи ба тозагӣ ба муносибати 65-умин солгарди зодрӯзи Аҳмад Зоҳир эҷод намудаи худро, ки матнаш аз шоираи маъруфи кишвар Фарзонаи Хуҷандӣ буда он «Шевани ҷовидонаи Зоҳир» номгузорӣ шудааст, ба тамошобинон пешкаш кард. Бояд гуфт, ки Аҳмад Зоҳир баъди хунёгари афсонавӣ Борбади Марвазӣ шояд ягона овозхони форсигӯ ҳаст, ки баъди маргаш аз ҳама ҳамтоёни худ дида бештар мавриди ситоиш ва васфи шуарои замон қарор гирифтааст.

Дар сӯги марги ӯ, дар ситоиши лаҳнии Довудии ӯ, дар бораи ҷавонмардии ӯ ва дигар хусусиятҳои неки инсониаш шоирони зиёде шеърҳо гуфтаанд. Аз марсия сар карда то «Аҳмадзоҳирномаҳо» навиштаанд. Оҳангсозон ин шеърҳоро ба оҳанг даровардаанд ва овозхонон онҳоро сурудаанд. На танҳо шуарои форсигӯ ин корро кардаанд, балки туркҳову русҳову дигар миллатҳо низ васфи ӯро сурудаанд. Агар тамоми шеърҳоеро, ки дар васфи Аҳмад Зоҳир навишта шудаанд, ҷамъ бикунем, як китобе бузурге хоҳад шуд. Таронаҳоеро, ки дар васфи Аҳмад Зоҳир эҷод шудаанд ва суруда шудаанд агар дар албомҳо ҷой бидиҳем, чандин албом хоҳем доштем.

Барномаи консертии мазкур расо се соату бист дақиқа идома дошт. Беш аз 30 нафар овозхонҳои маъруф машҳури Тоҷикистон ва сарояндаҳои шавқии алоқаманди садои Аҳмад Зоҳир дар ин консерт бо суруду таронаҳои махсус барои ҳамин чорабинӣ омода кардаи худ ширкат карданд. Қариб ҳамаи таронаҳои таҳия намудаи онҳо ё аз эҷодиёти Аҳмад Зоҳир буданд ва дар васфи ӯ суруда шуда буданд. Муҳим он буд, ки қариб ҳамаи онҳо бори нахуст маҳз аз ҳамин саҳна садо медоданд. Масалан таронаи «Шабе зи шабҳо»-ро бигирем.

 ahamadzoir-4777.jpg

Ин сурудро Аҳмад Зоҳир бар пояи суруди машҳури «Шоҳи Рокенролл» Элвис Пресли «Итс нав ор невер», ки он дар навбати худ дар асоси суруди оҳангсози машҳури Италия Эдуардо ди Капуа «О сол мио» эҷод шудааст, таҳия намудааст. Онро Аҳмад Зоҳир дар даврони ҷавониаш сурудааст. Маъмулан қариб тамоми сурудҳои Аҳмад Зоҳирро чи хонандаҳои тоҷикӣ ва чӣ хонандаҳои афғону эронӣ ва дигар халқҳо ба барномаҳои консертии худ ворид карда хондаанд, ба ҷуз ҳамин суруд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҳамин суруди Аҳмад Зоҳирро касе аз овозхонҳо нахондааст. Бинобар ин яке аз овозхонҳои тоҷик ширкаткунанда дар ҳамин консерт бо номи Анвари Эҳсон тасмим гирифт, ки ҳамин сурудро ба репертуари худ ворид карда дар дар ин маҳфил пешкаши тамошобинони сершумор намояд.

Ё худ Сафаралии Қурбоналӣ, яке аз сарояндаҳои ҳирфаӣ, ки асосҳои вокалро медонад, дар ин консерт суруди «Ёди рӯзгори ширин»-ро бо ду забон сароид. Ҳам ба забони дарӣ ва ҳам ба забони итолиявӣ. Бояд гуфт, ки таронаи «Ёди рӯзгори ширин»-ро дар пояи як оҳанги композитори машҳури Италия Эрнесто де Куртис «Торна а Сорренто» таҳия шудааст. Аслан ин сурудро ҳам Аҳмад Зоҳир бар пояи як суруди Элвис Пресли бо номи «Саррендер» эҷод кардааст. Элвис Пресли бошад оҳанги ин сурудро аз ҳамон суруди «Торна а Сорренто»-и итолиявӣ гирифтааст.

Дар ин консерт инчунин бархе аз таронаҳои Аҳмад Зоҳир бори нахуст ба ду забон: тоҷикӣ-дарӣ ва ҳиндӣ садо доданд. Масалан Фурқати Саид, раҳбари бадеии ансамбли давлатии «Шашмақом» суруди «Хоб аз чашмонам рабудӣ», ва Парвини Маҳмадёр, хатмкардаи яке аз мактабҳои мусиқии Ҳиндустон суруди «Пайдо шуду пайдо шуд»-ро ҳам бо забони дарӣ-тоҷикӣ ва ҳам бо забони ҳиндӣ хонданд, ки писанди тамошибонон шуданд.

ahamadzoir-4222.jpg

Толори консертии Филармонияи давлатии Тоҷикистон, ки наздик ба ҳазор ҷои нишаст дорад, аз тамошобин моломол буд. Дар ин консерти ройгон овозхонҳои машҳури кишвар Қурбоналӣ Раҳмонов, Ҷамшед Исмоилов, Баҳодур Неъматов, Аҳмадҷон Муҳаммадиев, Ҳотами Равшан, Гулмурод Тағоев, Лӯҳира Мӯминова, Шаҳроми Абӯбакр, Пенҷӣ Анаев ва овозхонҳое, ки аксаран сурудҳои Аҳмад Зоҳиррро мехонанд ба мисли Асадуллоҳи Шамсзод, Аслиддини Бадал, Абдухолиқ Сӯфиев, Алӣ Сабурӣ, Қувваталӣ Раҳмонов, Сӯфии Зафар ва инчунин сарояндаҳои ҷавон Муслиҳиддини Қиём, Шамсиддини Азиз, Суҳайлои Сайдаҳмад, Беҳрӯзи Қиём, Ромизи Парвиз, Аловуддини Ҷарронӣ ҳунарнамоӣ карданд. Азим Расо, овозхони афғони муқими Тоҷикистон бо ҳамроҳии табланавозон Салим Бохтарӣ ва Шермуҳаммади Кобулӣ бо ширкати худ ба ин консерт ҳусну шаҳомати хоса бахшиданд.

Бояд гуфт, ки корҳоеро, ки дар таҳия ва баргузор кардани ин консерт ба иҷро расидаанд, бархе аз алоқамандони садои ин овозхони беназир бо усули санҷидашудаи ҳашар анҷом додаанд. Масалан чанд нафар ороиши саҳнаро ба ӯҳда гирифта бошанд, чанд нафари дигар дар таҳияи даъватномаҳо, эълонҳо ва корҳои дигар саҳм гузоштаанд. Созмондиҳандагони ин консерт миннатдории худро ба роҳбарияти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Раёсати фарҳанги ҳукумати шаҳри Душанбе, маъмурияти Филармонияи давлатии Тоҷикистон барои ройгон ба иҷора додани толори консертӣ ва маслиҳатҳои муфидашон дар беҳтар гузаронидани ин чорабинӣ иброз медорад.

Консерти мазкур аз сӯи Телевизиони «Сафина» пурра наворбардорӣ шуд ва як соату бист дақиқаи ин консерти фаромӯшношуданӣ аз тариқи ин телевизиони шоми рӯзи 17-уми июн ба маърази тамошо гузошта шуд. Таҳиякунандагони ин консерт барои ин амали хуб ба раҳбарияти ТВ «Сафина» изҳори миннатдорӣ менамоянд.

«Рӯзгор»



Шарҳҳо   

 
+4 #2 RE: ШОМЕ, КИ ЧУН АҲМАД ЗОҲИР ФАРОМӮШНОШУДАНИ СТGuest 09.11.2011 16:28
Ман хотиротамро дар оҳангҳои ӯ сабт кардам ва оҳангҳои ӯ мавҷуди маро дар худ гунҷонид…
Садое ба гармии хуршед…
Садое ба покии борон…
Ваҳ! Ин чӣ садову ин чӣ оҳанг аст…
Ва ин садост, ки мемонад…
Вақти рафтан шуда…
 
 
+6 #1 RE: ШОМЕ, КИ ЧУН АҲМАД ЗОҲИР ФАРОМӮШНОШУДАНИ СТGuest 02.08.2011 14:46
Вокеан хам Султон султони калбхост, ки дилеро ба диле мепайвандад.. Ва созмон додани чунни тачлил аз зодрузи хунёгари Шарк Ахмад Зохир гувохи ин гуфтахост. Зихи Хочи Султон, фарзанди фарзонаи миллату диёр. Идизода
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi