21:13:39 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ёди рӯзгори ширин

ЧАРО АҲМАД ЗОҲИР БАРОИ НАСЛИ МАН МУҲИМ АСТ?

Кова Ҷиброн, Нависанда ва шоир

Паскӯчаи тангу дароз масири ҳар обиреро (раҳгузареро) ба утоқе мунтаҳӣ мекунад, ки аз фарти дуруфтодагӣ бачаҳо онро "ҷазира" ном ниҳодаанд: потуқи (ҷойи) шоъирон ва нависандагони бекору сархӯрда.

/images/stories/2012/06/15_ahmad-zahir-zindadil-2012.jpgИн ҷазира ҷойи чандон муҳимме нест. Танҳо барои сокинонаш муҳим аст. Зеро ҷазранишинон вақте гирди ҳам меоянд, хеле ҳарф мезананд ва ҳама ҳарфҳояшонро муҳим мепиндоранд. Ҳарфҳое аз ҳар ҷо ва ҳар ранг. Ҳарфҳое дар бораи шеър, филм, кумунисм, достон, дин, мусиқӣ, ғайбат, фалсафа ва хеле чизҳои дигар. Ин гуна дунёи кӯчаки ҷазиранишинон аз дунёи воқеъии "афғонӣ" бурида мешавад.

Ҳатто замоне ки дигар ҳеч тавоне барои баҳс ва ёвагӯйӣ намондааст, лаптопе хокзада дар гӯшаи утоқ нола мекунад ва садоҳои гуногунеро аз ҳанҷарааш (гулӯяш) берун медиҳад. Виктур Хоро, Муҳсини Номҷӯ, Александр Рибак, Энрик Мосиё, Аҳмад Зоҳир ва ҷазиранишиноне, ки гӯш мехобонанд ва ба иштибоҳашон пай мебаранд. Зеро дунёи кӯчаки онҳо ҳанӯз пур аз намодҳои "афғонӣ" аст.

Аҳмад Зоҳир нагузоштааст ҷазиранишинон аз воқеъият фирор кунанд. Ин Аҳмад Зоҳир ҳамеша нуқтаи васле аст миёни сокинони ҷазираи кӯчак ва дунёи воқеъии "афғонӣ". Худи ман ҳамин ки сари шаб рафта будам, то аз дукони сари кӯча сигорету тухми мурғу нӯшоба бигирам, дида будам, ки дукондор нахуст садои Аҳмад Зоҳирро, ки аз амвоҷи родию пахш мешуд, каме баланд кард, баъд хариди маро ба дастам дод.

Нустолжӣ

Аммо дар Аҳмад Зоҳир чи чизе аст, ки метавонад моро ба сӯйи худ бикашонад?

Зиндагии марде, ки сӣ сол пеш аз имрӯз дар авҷи булӯғи ҳунариаш дар шоҳроҳи Соланг кушта шуд, пур аз ибҳом аст. Дунёи воқеъии "афғонӣ" ӯро, ки дар ҷуғрофиёи бузурги порсизабонон, ки ҳама мешиносандаш, мисли ҳама падидаҳои дигар, дар ҳолае аз воқеъият ва афсона тарсим мекунад.

Ҳеч асаре мудавван (ҷомеъ) дар бораи корнома ва зиндагиаш дар даст нест, ҳеч як аз ҷазиранишинон ӯро дар замони ҳаёташ надидаанд; аммо бо ин ҳама ӯ метавонад нуқтаи васле миёни ҷомеъаи умумӣ ва ақаллиятҳои ҷазиранишини ин сарзамин бошад.

Ба ҷомеъаи "афғонӣ" коре надорам, ки чаро Аҳмад Зоҳирро дӯст доранд. Далоили зиёде метавонад вуҷуд дошта бошад. Афзун бар он, барои ман ҳеч муҳим набудааст, ки чаро Аҳмад Зоҳир се даҳа пайваста дар ҷомеъае маҳбуб буда, ки суннати ҳокимаш ҷони ӯро гирифт. Танҳо дӯст дорам он чиро, ки аз фазои ҷазиранишине дар ҷомеъаи "афғонӣ" дарёфтаам, мунсаҷим кунам.

Нахустин масъалаеро, ки Аҳмад Зоҳир ва таронаҳояш барои ҳамнишинони ман халқ карда, нустолжӣ аст. Нустолжии асре, ки насли ман ҳаргиз онро таҷруба накардааст.

Даҳаи чиҳил ва панҷоҳи хуршедӣ (шаст ва ҳафтоди мелодӣ)-и Кобул - дар авҷи як ҳаракати рӯ ба ҷилав ва дар остонаи як ақибгарди таърихӣ. Маконе обистан аз даргирии идеулужиҳои чапу рост; пойтахте пур аз мардони бителӣ (марбут ба гурӯҳи Бителз), шаҳре пур аз занони минижуппӯш (миниюбкапӯш ё доман-кӯтоҳпӯш), ҷое пур аз шавқи омӯхтан ва саранҷом Кобуле пур аз нависандагон, шоъирон, навозандагон, хонандагон, синемогарон ва...

Аммо оё баростӣ чунин будааст? Таърих ва нақди мудавване аз ин давра барои мо боқӣ намондааст; танҳо ривоятҳои шифоҳӣ ва осори парокандае баҷо монда чунин чизеро нишон медиҳад.

Ба сурати мунтазаъ (ҷудошуд) ва ба дур аз воқеъиятҳои сиёсӣ. Дар ин миёна Аҳмад Зоҳир ба унвони муҳиммтарин намоди он давра матраҳ мешавад. Намоде, ки шинохти насли моро аз иҷтимоъ ва фарҳанги даҳаи чиҳил ва панҷоҳи хуршедӣ нишон медиҳад.

Мавзӯъи дигар суханест, ки ҳамвора дар бораи ӯ такрор кардаанд. Ҳунарманде, ки ҳампойи замонаш ҳаракат мекард ва аз вазъияти ҳунари замонаш шинохти комил дошт. Ӯ нахустин касе аст, ки аз талфиқи (омезиши) созҳои шарқиву ғарбӣ баҳраи хубе гирифт ва таконе ба мусиқие дод, ки дар паскӯчаҳои харобот гирифтори тори анкабут шуда буд.

Ӯ мусиқиро ба миёни тӯдаҳо бурд ва шинохти ҷадиде аз мусиқӣ дар ҷомеъаи суннатӣ ироа кард. Инҳо ҳам бахше аз аҳаммиятест, ки шояд насли ман барои Аҳмад Зоҳир қоиланд.

Аҳмад Зоҳир, номус ва ғайрат

Аммо яке аз вуҷӯҳи муҳимми ин мард барои насли ман ҷанбае аст, ки то ба ҳол ё камтар перомуни он сухан зада шудааст ва ё ҳам ҷомеъаи фарҳангӣ аз канори он муҳтотона убур кардааст. Ҷанбае, ки ҳанӯз ҳам ҷомеъаи пӯсидаи "афғонӣ" онро мояи шармсорӣ ва лаккае нанг бар фусили фарҳанг медонад, ки солҳост фотеҳааш хонда шудааст.

Инҷост, ки роҳи Аҳмад Зоҳир аз ҷомеъаи "афғонӣ" ҷудо мешавад ва онро ба ақаллияте пайванд мезанад, ки то кунун ҷазиранишин аст. Таронаҳои Аҳмад Зоҳир пур аз табйини мафоҳими ҷазиранишинӣ аст.

Ӯ таронаҳоеро хонд, ки то кунун касе ҷасорати оҳанг сохтани он гуна таронаҳоро надорад. Шеъри маъруфи "Аҷаб сабре Худо дорад" аз Муъинии Кирмоншоҳӣ ва шеъри "Ёғӣ"-и Ҳушанги Шифо аз ҷумлаи ҳамин оҳангҳо буданд, ки ошкоро боварҳо ва пойбандҳои ӯро ба исму расми суннату мазҳаб нишон медоданд.

Аммо зеҳнияти ҳокими "афғонӣ" имрӯз ҳам чунин Аҳмад Зоҳиреро инкор мекунад. Мардони кулоҳбасар ва тасбеҳбадасти ҳамнасли Аҳмад Зоҳир замоне ки муқобили дурбини расонаҳо менишинанд, қадосатеро барои ӯ наққошӣ мекунанд, ки худи Аҳмад Зоҳир онро дар замони ҳаёташ туф карда буд.

Ҳаракати хилофи ҷараёни Аҳмад Зоҳир дар ҳама ҷиҳоти зиндагии кӯтоҳи ӯ пайдост. Ин ҳаракат аз нахустин силие (шаппотӣ) оғоз шуд, ки ба рӯйи падар зад ва идомааш ба марг мунтаҳӣ шуд, ки он ҳам натиҷаи ҳаракати хилофи ҷараён дар зиндагии шахсиаш буд.

Авом ва хавос гуфтанд, ки Аҳмад Зоҳир дар сонеҳаи ронандагӣ кушта шудааст. Андаке баъд, ки сояи ҳавл аз халқиҳо (мавсум ба ҷиноҳи "Халқ"-и кумунистҳо) аз сарашон парид, иддаъо карданд, ки Ҳафизуллоҳ Амин ӯро кушт. Аммо яке иддаъо накарда, ки Аҳмад Зоҳир пеш аз ҳама қурбонии қатлҳои номусӣ ва ғайрати "афғонӣ" шуд. Ғайрат ва номусе, ки Аҳмад Зоҳир як умр ба он хандида буд.

Ҳаракате, ки бо Аҳмад Зоҳир якҷо мурд

Понздаҳ-шонздаҳ сол пеш, замоне ки Толибон бар Кобул мусаллат шуданд, яке аз нахустин корҳояшон мунфаҷир кардани гӯри Аҳмад Зоҳир буд.

Агар Аҳмад Зоҳир як одами сиёсӣ буд, бегумон ба ин куниши Толибон тавре таваҷҷуҳ мешуд, ки гӯё чунин амале ба ишораи Покистон сурат гирифт. Магар акнун ҳама медонанд, ки ин ҳаракати Толибон нигоҳи расмии ҷомеъаи "афғонӣ" ба Аҳмад Зоҳир ва амсоли ӯ буд, ки то ҳанӯз ҳам камокон бар ҳоли худаш боқӣ аст. Шояд сурати фаъъолтараш дар ин ҳаракат мутабалвир (таҷассум) шуд.

Аҳмад Зоҳир чунин нигоҳеро нисбат ба худаш аз қабл фаҳмида буд ва ба ҳамин хотир буд, ки дар ҳеч шароите созу овозро дар хидмати нигаришҳои мутаҳаҷҷирона ва қабилаӣ қарор надод.

Он ҷое, ки ҳатто вожаеро дар таронаҳояш ба кор набурд, то баёнгари мафҳуми ҳувияти каззобе ба номи "афғоният" бошад.

Аҳмад Зоҳир алайҳи суннати бӯйноке туғён кард, ки уббаҳат (азамат)-и ин мубориза бо зеҳни пӯсидае ба тамоми маъно "афғонӣ"-ро ҳатто имрӯз насли ман эҳсос мекунад. Насле, ки на қудрати туғён дорад ва на таҳаммули пӯсидан ва ҳамин аст, ки насли мо ба ҷасорат ва ҷуръати Аҳмад Зоҳир ғабта мехӯрад ва дил ба ҳаракате месӯзонад, ки пас аз Аҳмад Зоҳир ҳаргиз ҷараён пайдо накард.

Бисту чаҳоруми хурдод (сездаҳуми июн) баробар аст бо сиву сесолагии марги Аҳмад Зоҳир, овозхони пуровозаи Афғонистон.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi