Мушаррафаи Қосим, бозигари нақши модар, 95-сола шуд
19 декабри соли 2013 бонуи ҳунар – Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Мушаррафа Қосимова 95 сола мешавад Рӯзи 19 декабри соли 2013 бонуи ҳунар – ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Мушаррафа Қосимова 95-сола шуд.
Тақдир ба ин бону дар баробари азобу кулфат лутфу эҳсони зиёдеро арзонӣ доштааст. Аз даст додани мардони дӯстдошта – Абулҳақ Усмонову (нахустин дромнигори тоҷик) Муҳаммадҷон Қосимов (Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ) ва фарзандони фарзонааш – шодравон Фаррухи Қосим ва Ҷамҳур Қосимов рӯҳи тавонои ӯро шикаста натавонист.
Аҷаб ин аст, ки худи ӯ ин доду гирифти тақдирро ҳамчун ҳадяи он низ қабул фармудааст. Абулҳақ Усмонов баробари дар давраи муъайяни ҳаётӣ пушту паноҳаш буданду меҳри ӯро дар дилаш парваридан дар шукуфтани ғунчаи ҳунараш саҳм гирифтааст. (А. Усмонов дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣҷон додааст).
Муҳаммадҷон Қосимов ба рушди томи ҳунараш дар саҳна мусоъидат намудааст. Ҳарчанд сояи истеъдоди фавқулъодаи Муҳаммадҷон Қосимов ҷилваи ҳунари бисёриҳоро пахш менамуд, Мушаррафабону дар баробари бонуи хонаи ин ҳунарманд будан ва фарзандони соҳибистеъдод мисли Фаррух ва Хуррамро ба дунё овардану тарбият намудан, рӯйи саҳна ва пардаи синемо нақшҳои ҷолибу хотирмон ва диданиеро офаридааст, ки чандин насли мухлисони теотру синеморо мафтун кардаанд.
Зодаи Самарқанди бостонӣ, ҳамроҳи як гурӯҳ фидоиёни ҳунар ба Душанбе барои ташкили теотри ҳирфаӣ омада, дар ин боргоҳи ҳунар қариб 50 сол фаъъолият намудааст (аз соли 1937 то соли 1985).
Дар саҳнаи теотри давлатии академии дром ба номи Абулқосим Лоҳутӣ аз иҷрои нақшҳои кӯчак оғоз карда, ба бозидани нақшҳои бузурги аз ҷиҳати равонию бозигарӣ мукаммал ноил гардидааст.
Имрӯз дар таърихи теотри тоҷик Мушаррафа Қосимова ҳамчун беҳтарин бозигари нақшҳои маишӣ дониста шудааст. Образҳои офвридаи ӯ - Латофат дар «Тӯй»-и Самад Ғанӣ (соли 1958) ва зани гӯл дар «Гавҳари шабчароғ»-и Сотим Улуғзода (1962) далели ин ҳарфҳо шуда метавонанд.
Ҳунарманд дар саҳнаи теотр чандин нақши занони муосирро хеле боварибахш офаридааст. Симои Баҳор аз намоиши «Ҳаёт ва ишқ»-и Файзулло Ансорӣ (соли 1958), то ҳоло пеши назари ҳазорон алоқамандони офаридаҳои ин ҳунарманд бо тамоми малоҳату назокаташ ҷилвагар аст.
Дар драматургияи миллӣ ва ҷаҳонӣ паҳлӯҳои мухталифи ҳунари Мушаррафа Қосимова ҷилвагар гардидаанд. Ӯ образҳои тоҷикдухтар Фирӯза ва Оиша-апаи қирғизро (аз намоишҳои «Дохунда»-и Ҷалол Икромӣ ва «Қуллаи Фудзияма»-и Чингиз Айтматов ва Қ. Муҳаммадҷонов, солҳои 1954 ва 19974) бо тамоми фарқияту умумиятҳояшон басо нишонрас офаридааст.
Бо гузашти солҳо, ҳунар ва образҳои офаридаи ҳунарманд низ тағйир ёфтаанд. Мушаррафа Қосимова оҳиста-оҳиста аз бозидани нақши духтарони шӯху шанг ба образҳои замони муосир ва созандаи замони нав гузашта, ҳамин тавр то маснади модару модаркалони саҳна расид.
Нақшҳои Модар аз намоиши «Беватан»-и Султон Сафаров(соли 1970), Бӯстонбибӣ аз намоиши «Ҷон модаракон»-и А. Қаҳҳор (соли 1972), Модаркалон аз асари «Номаро ман навиштаам»-и Файзулло Ансорӣ (соли 1973) ва Фармонбибӣ аз «Исёни арӯсон»-и С. Аҳмад (соли 1982) чун беҳтарин образҳои маишии саҳнаи тоҷик муаррифӣ мешаванд.
Ҳар ҳунармандро новобаста аз такопӯи зиёд офаридани як нақш миёни мардум машҳур месозад. Нақши момодоя Мушаррафа Қосимоваро аз филми «Марди мутаалиқи ду зан» дар дилу дидаи мардум ҷой намуд.
Ин аст, ки чеҳраи нӯронӣ, мӯйҳои сафеди ба пешона хамида ва қомати андаке хамшудааш пеши чашм ҳамеша ҷилвагар асту лафзи ширадораш чун зангулаи зиндагӣ аз абадияту муҳаббат ёдрас менамояд.
Нақши модари дар филми машҳури тоҷикии «Нисо» офаридааш низ аз ҳамин қабил образҳои ӯ ба шумор меравад.
Мушаррафабону Қосимова шоҳиди табаддулотҳои зиёде дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоъӣ ва фарҳангии кишвараш мебошад. Дар ҳама ҳолат мардум ба қавли Мушаррафабону шодию сурур ва ғаму андӯҳи худро дар ҳунарашон таҷассум менамоянд.
Новобаста аз гардиши фалак ва бозиҳои тақдир, ӯ худро зани хушбахте меҳисобад, ки бо беҳтарин ганҷинаҳои офаридаи бани одам ошноӣ пайдо карда, худ низ дар бозгӯйи яке аз хислатҳои наҷиби олитарин намояндаи бани башар - модари зиндагиофар саҳм гирифтааст.
Ба ҳунари ӯ дар дохилу хориҷи кишвар кафкӯбӣ намудаву ҳомиёни вақти Шӯравӣ аз қабили Иосиф Сталин (ҳангоми баргузории даҳаи нахустини адабиёт ва ҳунари тоҷик дар Маскав, соли 1941) дасташро фишӯрдаанд.
Чандин насли тамошобинону ҳанармандон Мушаррафабону Қосимоваро чун модари худ шинохта аз меҳру муҳаббаташ комёб гардидаанд. Ҳунарманди шаҳири тоҷик Маҳмудҷон Воҳидов, ки М. Қосимоваро модар мегуфт, бо лутфу марҳамат ва дуои неки ин зан ба қуллаҳои баланди ҳунар расидааст.
«Зиндагӣ худ саҳнаи бузургест, ки донистани ҳунарҳои зиёдеро талаб мекунад” - мугӯяд худи ҳунарманд. – "Кӯшидаам дар зиндагӣ ҳунарманди хуб бошам. Рӯйи саҳна бошад, грим он тараф истад, пеш аз ҳеҷ намоише ба лабонам ранг ҳам намолидаам. Саҳна маро ончунон ки будаам, қабул намуд».
Мардум низ Мушаррафа Қосимоваро ҳамин гуна қабул намудаан: маҳбубаи дилрабою хушадо, зани сода ва озода, модари ғамгусору ҷоннисор ва модарбузурги солору пухтакор…
Дар ин рӯзи муборак барояшон аз номи тамоми ҳамкорон ва мухлисонашон «Мавлуд муборак, модари азиз!» мегӯем. «Симои Шумо ташнагони ҷамоли модаронро шодоб ва синаҳои сарди ғамгусоронро гарму нарм нигоҳ медорад. Чеҳраи зебоятон ҳаргиз рӯйи ожангро набинад!»
Муҳаммадуллоҳи Табарӣ, муҳаққиқи театр, Би-Би-Си