23:45:45 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Кадоме беҳтар: фоҳишаҳои расмӣ ва ё занҳои дуввум-2

Қисмати аввали мавод

Никоҳи "Мисёр" ва "Муваққат"

Ба ҳар сурат...чун ҷомеаи Тоҷикистон мусалмонӣ ҳасту аксар афроди он пойбанди таълимоти исломӣ мебошанд, дар посух ба он бонуе, ки дар оғози матлаб зикри ҳолаш рафт, гуфтанием, ки аз нигоҳи шариъати волои исломӣ ин кори шумо мавриди мазаммат ва накӯҳиш қарор намегирад. Ба иборати дигар, шумо бо интихоби ҳамсари дуввум гунаҳкор дониста нашудаед.

ki-behtar-fohishahoi-rasmi-Дар ривоёти дуруст ва саҳеҳ омадааст, ки яке аз модарони мӯъминон-ҳамсарони Ҳазрати Муҳаммад(с), ки синнашон ба ҷое расида буд, дарк кард, ки он Ҳазрат(с) қасди аз вай ҷудо шуданро дорад, хитоб ба Паёмбари Худо(с) гуфт, ки маро аз шарофати ҳамсарӣ аз Расули Худо маҳрум накунед. Ман ҳаққи шабонаи худамро ба Оиша(р)- ҳамсари ҷавони Паёмбар(с)-бахшидам. Ин пешниҳоди эшонро Расули Худо(с) қабул карда, дар хусуси ҷудо шудан аз ӯ нияташонро тағйир доданд.

Дар ҳоли ҳозир низ дар аксар кишварҳои исломӣ бо истидлол ба ҳамин ривоят никоҳе бо номи "Алмисёр" роиҷ аст. Дар ин намуди никоҳ, ки аксар маврид пешниҳоди издивоҷ аз ҷониби занҳо сурат мегирад, мардон оддатан гаҳу ногаҳе барои зиёрату комситонӣ ё агар дар ғурбат бошанд, барои шабро рӯз кардан ва ё ҷои амне барои зиндагии муваққати худ пайдо кардан, чунин пешниҳоди эшонро қабул мекунанд.

Аммо чун як аз пешшартҳои ин намуди издивоҷ низ дар бисёр маврид худкифоии занон аз нигоҳи таъмини нафақа аст, қариб, ки кулли нафақаи моддӣ бар дӯши худи занон аст, на мардон. Албатта, инро набояд фаромӯш кард, ки ин навъи издивоҷ ҳамсони никоҳи муваққат, тавре дар назди аҳли ташшаюъ ҳаст, намебошад. Дар ин намуди издивоҷ бархилофи никоҳи муввақат зану фарзанд ба ҷуз баъзе аз пешшартҳои зикршуда, аз тамоми ҳуқуқҳои ҳамсарӣ ва фарзандӣ бархӯрдор мебошанд.

Аммо дар никоҳи муваққати аҳли шиа чунин нест. Муттассифона, дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳам эҳсос мешавад, ки кам-кам никоҳи мувваққат, ки аслан аз нигоҳи аҳли суннат ва ҷамоат ва бахусус фиқҳи ҳанафӣ ҷоиз дониста намешавад, тавассути шиагароён ё шиашудагоне, ки дар донишгоҳҳо ва мадориси Эрону дигар кишварҳое, ки зери нуфӯзи шиаён (шиаён гуфта, шиъаёни Исмоилии худамонро дар назар надорем, чун то ҷое аз эшон пурсида, таҳқиқ ҳам кардаем аслан ин намуди никоҳ дар назди онҳо низ раво дониста намешавад) қарор доранд, ривоҷ ёфта истодааст.

Ин афрод никоҳи муваққатро расман ҳамчун як намуди хидматрасонии шаҳвонӣ бо пардохти як маблағи муайяне, ки гоҳ зани тоҷик асли мақсадро намедонад ё ба таври норушан дар ин хусус барояш маълумоте додаанд, барои чанд соат ё чанд муддат мавриди амал қарор медиҳанду ҳангоми ба анҷом расидани муддати мазкур зан ва ё агар фарзанде ҳам аз эшон ба дунё омада бошад, тарк мекунанд. Дар намуди никоҳи муваққати шиаён зану фарзанд на аз ҳаққи мерос баҳраманд мешаванду на аз насабу ҳасаб. Ҳатто нафақаи фарзанд ҳам ба дӯши зан мегузарад.

На худфаноӣ ва на миллаттабоҳӣ!

Ба он идда аз танфурӯшони миллатдӯсте ҳам, ки мегӯянд бо тоҷикони худамон ҳастем, вале даромади аслиамон аз ҳисоби хориҷиҳост, гуфтанием, ки барои бақои миллат ва пойдории оилаи солим на худатонро фано кунеду на миллатро табоҳ! Исломи азиз натанҳо худи зиноро ҳаром эълом кардааст, балке омилҳои ба зино наздик шуданро ҳам ҳаром донистааст, (Ишора ба оятҳое сураҳои Ал-Асро ва Ан-Нур).

Ҳатто дар вақти интихоби ҳамсари дуввум ҳам ҳангоми вафот ё талоқ гирифтани зан аз шавҳар, барои пок шудани зан вақтҳои мушаххасе муайян кардааст, то мабодо бунёди оилаи навбатии онҳо осибпазир нагардад. Тибби муосир ҳам исбот кардааст, ки дар вақт бо мардҳои мухталиф ҳамхоба шудани зан ба саломатии ҳардуи онҳо, балки ба тамоми ҳамхобашавандаҳои номашрӯъ зарар дорад.

Бемориҳое аз қабили ВИЧ, СПИД ва даҳҳо намуди дигарро ҳам маҳсули ҳамин гуна ҳамхобашавиҳои номашрӯъ донистааст. Ба ҳамин хотир, агар ин бонувон бақои миллатро мехоҳанд, хитоб ба онҳо гуфтанием, ки лутф карда дӯстписарони тоҷикатонро, ки ҳатман оилае ҳам доранд, гирифтори худ накунеду бунёди оилаи солими онҳоро низ аз ҳам напошед. Чун барои бақои миллат радд кардани чизҳои зараровар аз ҷалби манофеъи он авлотар дониста мешавад, шумо ҳам бо бузургии худ карам намуда бо ҷалби манофеи андак зарарҳои ҷуброннопазирро болои онҳо ба бор наоваред.

Худои карим ҳам ба ин маъно гуфтааст, ки: Ҳар касе, ки аз истодан дар рӯ ба рӯи Парвардгораш битарсаду нафсашро аз хоҳишоти шаҳвонӣ боз дорад, ҷояш биҳишти барин аст, дар ҷои дигаре мегӯяд барояш ду биҳишт аст,(Ан-Нозиъот, оятҳои 40-41 ва сураи Ар-Раҳмон, ояти 46). Аз ин ояи карима метавон истинбот кард, ки худдорӣ кардан аз баровардасозии ғаризаҳои ҷинсӣ ва талаботи шаҳвонӣ аз роҳҳои номашрӯъ метавонад бақои наслҳоро замонат бидиҳад ва ҷомеаи инсониро ба як ҷомеаи саъодатманд табдил намояд.

Ғайрати мардон, вале гоҳе по ба сӯи зиндон

Ва аммо дар бораи ғайрат ва миллатдӯстии он идда аз мардоне, ки ёдашон дар боло рафт, гуфтанием, ки эҳтиром ва хайрандешиатон нисбат ба миллат ба ҷои худаш, вале талаботи риояи қонунҳои амалкунанда ҳам яке аз рукнҳои ватандӯстӣ унвон мешавад. Дар бораи риояи адолати гуфтаатон, дар ривоятҳои саҳеҳ ҳам далел дорем, ки Расули Худо(с) бо он қалби бузург ва маҳаббату каромате, ки доштанд, аз Аллоҳ пок борҳо ба ин маънӣ талаб кардаанд, ки "Худоё ин кори дил аст ва ман дар тақсими меҳру маҳаббат ва баробар баровардасозии ниёзҳои ҷинсии ҳамсарон оҷизам.

Ин ду яке ба дилу дигаре ва тавоноӣ марбут ҳастанду ҳар дуи онҳо таҳти ҳукму фармон ва иродаи Ту қарор доранд". Агар он қадар бақои ин миллат бароятон муҳим аст, ҳарфи худатонро ба гӯши вакилони интихоб кардаатон бирасонеду онҳоро қонеъ ва мутақоид кунед, ки ин рафтори шумо дуруст ва мантиқӣ ҳаст! Вакилон бояд қонунҳои амалкунандаро дар ин маврид бознигарӣ намуда, тағйиру иловаҳоеро ба онҳо ворид созанд, то мабодо барои миллатдӯстӣ шуда, коратон ба суд биафтаду поятон ба зиндон ва он орзуҳои дар дил парвардаатон ба боди фано бираванд...

Ба ҷои хулоса

Дар баробар, сафи онҳое, ки ҳамсари дуввум шудан барояшон дардовар ва ё кулфатбор будааст, кам нестанд. Ҳамчунин як нафар ба мисли муаллиф наметавонад тамоми дардҳои ҷомеа, бахусус танфурӯшону ҳамсарони дуввумро дарк кунад. Бар илова, чун ҷомеаи мо мусалмонӣ ҳаст, зикр кардан ба маврид аст, ки мо дар ривоятҳои саҳеҳ аҳодисеро дорем, ки танҳо будани марду зан, ба маънии занбезорӣ ва шавҳарбезориро мазаммат кардаанд.

Ҳатто таъкидҳое дар ҳадисҳои шариф дорем, ки издивоҷро яке аз рукнҳои пуррашавии имон ва ҳатто нисфи он донистаанду Қуръони карим ҳам онро мояи оромиш хондааст. Тибби муосир низ ба он хулоса омадааст, ки аз ҳад зиёд баровардасозии ғаризаҳои ҷинсӣ, ё аз ҳад кам ва ё ин, ки барои солҳои мутамодӣ бароварда насохтани талаботи ҷинсӣ барои касоне, ки ба синни балоғат расидаанд, зарар дораду бар илова метавонад чандин бемориҳоеро низ дар пай дошта бошад.

Аз ин рӯ солҳои тӯлонӣ дар интизори ҳамсари таку танҳо ва ё шоҳписару шоҳдухтари орзӯҳо нишастанро ҳам тавсия надодааст. Ислом ҳам мегӯяд, агар хулқу диндории ҳамсаршаванда бароятон писанд омад, мунтазир каси дигаре нашавед, то пушаймониеро ба бор наоварад. Хулоса, тамоми онҳое, ки дар ин баҳс моро ҳамроҳӣ карданду хеле аз нуктаҳое, ки мо натавонистем даркашон кунем ва онҳо лутф намуда, зикрашон карданд, изҳори ташаккур ва миннатдорӣ мекунем.

Ва аммо бо таваҷҷуҳ ба ҳама ҷанбаҳое, ки дар рафти баҳси ин матлаб зикр шуд, ҳамоно эҳсос мешавад, ки суоли "Кадоме беҳтар: фоҳишаҳои расмӣ ва ё занҳои дуввум?", посухи дақиқ ва мушаххаси худро дар ҷомеа наёфтааст. Умедворем мақомоти дахлдор ҳам дар ояндаи наздик дар ин маврид назари худашонро кӯшоду равшан мегӯянд ва ба ин баҳси мо ҳамроҳ мешаванд.

Амруллоҳи НИЗОМ, махсус барои "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №11, 19 марти соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi