03:47:52 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Хазони бебаҳор

Моҳи октябр. Дарахтон рӯ ба баргпартоӣ ниҳода буданд. Гоҳ-гоҳ шамоли сард ҳам мевазид, вале аз борон нишоне набуд. Муҳайё дар бистари беморӣ мехобиду гоҳ-гоҳ ба берун менигарист. Абрпораҳои сафед дар фазои осмони беканори нилгун шино мекарданд. Назараш ба як абрпора духта шуд, ки шакли дилро дошт. Абрпора оҳиста-оҳиста аз абри бузург ҷудо шуд, сонӣ ба чор тараф панҷа кашид, оқибат шакли харчангро гирифт.

1-khazoni-bebahor-111Дар паҳлуяш падараш, модараш, фарзандонаш нишаста буданд. Онҳо ҳис карданд, ки нафасгирии бемор душвор мешавад. Муҳайё чашм ба ҳозирин духт. Ҳиссиёте вуҷудашро фаро гирифт. Се сол боз бо марг мубориза мебурд. Гоҳ-гоҳ ғолиб мебаромад. Вале бемории саратон бо чанголҳояш вуҷудашро фишор медод, боз сар мезаду дарди ҷонкоҳе ҷисмашро месӯзонд. Муҳайё ба ҳозирин нигарист. Ҳис кард, ки ин охирин нигоҳҳои ӯст. Беморӣ ғолиб баромадааст, дигар наметавонад бо ин деви ҳафтсар даст бо гиребон шавад.

Ҳозирин ҳама бо умеди қудрати Иллоҳие буданд, ки ба ин ҷисми нотавон қувваи тозае бахшаду атсае зада аз бистар хезад. Муҳайё, ки лабонаш парчин баста буданд, бо меҳр ба ҳозирин нигарист. Чашм ба падар духт ва оҳиста гуфт:

-Падарҷон, маро пиҳил кунед, - боз нафас гирифту такрор кард. - Пиҳил кунед…

Ин охирин суханони духтарам ба мани ғамзада буд.

Аз ҷой нимхез шуда ба чеҳраи заъфаронии Муҳайё нигариста гуфтам:

-Пиҳил кардам, пиҳил кардам, духтарам…

Нигоҳи Муҳайё ба фазои беохир, фазое, ки дар он тамоми мавҷудоти зиндаю мурда дар парвозанд, духта шуд. Ба сари духтарам хам шудам. Чашмони Муҳайё аз дурахш мемонданд. Сари беморро ба рӯи даст гирифтам. Бадани бемор сард мешуд. Пас аз чанде гӯё Муҳайё тифле буд, ки дар оғӯшам хобаш бурда.

Тақвими девор 17 октябри соли 2013-ро нишон медод…

***

Фасли баҳор буд. Дарахтон чодари сафед пӯшида. Доманакуҳҳо арғувонӣ. Осмон соф. Аз хоб хестаму ҳамроҳи писарам Камолҷон шитобон ба таваллудхона рафтем, он ҷо модарашон Гулшан хоб буданд. Аҳли оила таваллуди аъзои нави хонаводаро интизорӣ мекашидем. Фарзандонам бо ҳам меҳрубон буданду ба хона ҳамеша хӯшӣ меоварданд. Шӯхии онҳо, бозии онҳо, ману завҷаамро шод мекард. Ду духтару як писар доштем, умедамон бар Худо буд, ки фарзанди чорум писар бошаду мисли чормағз ширину гуворо.

Ба қабулгоҳи таваллудхона расидему даричаро куфтем. Хоҳари шафқат онро боз кард. Салом дода, аҳволи завҷаамро пурсидам, дастовези овардаамро ба дасташ додам.

-Ҳамин ҷо бошед, ман аҳволашонро мефаҳмам, агар тавонанд, худашон меоянд, -гуфт хоҳари шафқат ва зуд аз зинапояҳо боло баромад.

Ба назарам ӯ дер мекард. Писарчаам боло-боло меҷаҳид, ки аз дарича дарунро бинад.

-Модарат дар кунҷи дигар бино хоб аст, духтур биояд, баъд ба он ҷо рафта, аз берун ба модарат гап мезанем.

Писарчаам ором шуд. Ду зан ба дарича наздик шуданд. Яке сар ба дарун дароварду сонӣ ба ҳамроҳаш гуфт:

-Ҳеҷ кас нест.

-Тақ-тақ кун.

-Ҳозир меояд, -- гуфтам ба онҳо.

Ҳамин замон садои помонӣ ба гӯш расид. Хоҳари шафқат хандон ба назди дарича омад. Чангаки дарро кушоду берун баромад.

-Кашед, яктаҳа! - гуфт.

Ҳис кардам, ки хабари хуше овардааст.

-Мекашам, - гуфтам, - ҳарчи дар тан дорам тӯҳфа мекунам.

-Келин фарзанд таваллуд карданд. Духтарча. Ҳоло хобанд, хеста роҳ рафтанашон мумкин не.

Писарчаам "Хоҳарча, хоҳарча!" - гӯён боло-боло ҷаҳид. Ман аз киссаам панҷоҳ сум бароварда ба киссаи ҳамшира андохтам.

-Эъ, шумо чӣ кор мекунед? Мумкин нест.

-Барои хабари хуш мумкин аст, - гуфтам ман. Занҳои дар наздамон буда ҳам маро табрик карданд.

-Аз тиреза ҳам дидан мумкин нест?

-Не, илтимос, завҷаатонро бесаранҷом накунед. Ман ба он кас самимият ва хурсандии шуморо мерасонам.

ӯед, ки духтарчаро Худо додааст, ҳарчӣ доди Аллоҳ аст, шукргузорем, - ба писарчаам нигариста гуфтам. - Хоҳарчадор шудӣ, муборак шавад!

Баргашта ба хона омадем. Аз ин хабар дар хона ҳама хӯш шуданд.

-Гаҳвора мехарем? - пурсид духтари калониям Кимиё.

-Гаҳвора дорем.

-Номашро чӣ мемонем? - пурсид хоҳараш Лайло.

-Ҳамроҳи модарат фикр мекунем.

Хурсандии мо ҳадду канор надошт. Шабро рӯз кардему субҳи дигар ҳамакаса ба дидорбинӣ ба таваллудхона рафтем. Ғизо ва гулдаста харидем. Ба завҷаам аз омадани мо хабар доданд. Худаш хилъати беморӣ дар тан ба наздамон омад. Гулдастаро ба ӯ супурда аз аҳволи тифлак пурсидем.

-Хоб аст, - гуфт. - Шир нӯшид. Мӯи сараш сип-сиёҳ. Ба апаҳояш монанд.

-Гиря намекунад? - пурсид духтарчаи калониям.

-Не, ҳоло гиряро ёд нагирифтааст.

-Ба хона биояд, ман ёд медиҳам, -- гуфт Лайло.

2-khazoni-bebahor-111Мо сӯҳбати кӯтоҳе кардему ба хона баргаштем. Баъд барои тифлак бастаи либосу рӯҷо харидем. Пас аз як ҳафта завҷаамро ҷавоб доданд. Бо "Волга"-и сафед ӯро ба хона овардем. Ҳаво соф буду беғубор. Ҳамсояҳо моро пешвоз гирифтанд. Аз чор тараф садои "Муборак шавад! Муборак шавад!" Ба гӯшам мерасид.

Пас аз пароканда шудани ҳамсояҳо пиразанҳо барои завҷаам кат тахт карданду ӯро хобонда, тифлакро дар паҳлӯяш гузоштанд.

Пиразани ҳамсоя ба наздам омад:

-Домулло, ягон мулло биёред, дар гӯши духтарча азон хонад, гӯшаш бо каломи мусулмонӣ кушода шавад.

Он солҳо муллоёбӣ ҳам кори осон набуд. Ба кӯча баромадаму азм кардам, ки ба масҷид рафта ягон касро биёрам. Аз рӯ ба рӯям муллои маҳаллаамон, ки дар ҳама хурсандию мотами мардум шарик буд, баромад. Мақсадамро ба ӯ фаҳмондам.

Бе нею нестон ба хона омад. Занон тифлакро парпеч карда, ба наздамон оварданд. Мулло ба гӯшаш азон хонду дуои нек кард.

-Падари маънавияш шумо шудед, - гуфтам ман.

-Умраш дароз бошад.

Рӯзи дуюм боз духтарчаам ба наздам омад.

-Дада, ба хоҳарчаам чӣ ном мемонем?

-Муҳайё! - гуфтам. - Ин ном дар сарам давр мехӯрд:

Як сари мӯё фурӯ нагзоштӣ,

Ҷумларо он ҷо Муҳайё сохтӣ.

Духтарчаам: "Муҳайё! Муҳайё!" гӯён ба назди модараш давида рафт.

***

Муҳайёи майдаҳаки мо бо ноз калон мешуд. Дар сини чорсолагиаш ҳис кардам, ки зирак асту шӯх, баъзе хислатҳои бачаҳоро дорад. Аз модараш дида, бештар ба ман майл дошт. Ба дафтари кориам медаромаду хомӯш менигарист, ки чӣ менависаму чӣ мехонам.

Сонӣ мактабрав шуду ишқаш бо китобу хондан афзуд. Дар мизи кории ман нишаста дарс тайёр карданро дӯст медошт.

Вақте Муҳайё синфи ёздаҳ мехонд, ба ман гуфт:

-Падарҷон, ман мехоҳам, ки агроном шавам.

-Нияти хуб, - гуфтам, - вале чаро ин фикр ба сарат зад?

-Агроном хизматгори халқ аст. Мехоҳам, ки мисли шумо ба халқам хизмат кунам, апаи калониям Кимиёхон пизишк, Лайлохон - дорусоз (фармасевт), аком Камолҷон - муҳандис, ман мехоҳам, ки касби шуморо давом диҳам.

Пас аз хатми мактаби миёна, ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон супурд. Дохил шуд.

Хонданаш хуб буд. Ҳеҷ гоҳ фахр намекард, ки падараш устоди донишгоҳ аст. Баъзан маслиҳат мепурсид. Боре дар институт ба дафтари кориам даромад, ба фикрам дар курси чорум мехонд. Аз хонишаш, дарси муаллимон пурсидам. Изҳори қаноатмандӣ кард. Сонӣ гуфт:

3-khazoni-bebahor-111-Падарҷон, фикр мекунам, ки барои Тоҷикистони мо агрономҳои донишманд хеле заруранд. Замини кишт кам аст, хусусан заминҳое, ки обёрӣ мешаванд.

-Хонед, - гуфтам, - агрономҳои пешқадам шавед. Технологияи ҳосилнокиро инкишоф диҳед. Ояндаи хоҷагии қишлоқ дар дасти шумост.

-Қисми зиёди заминҳои зироаткории ватанамон дар куҳистон аст. Агар, агротехникаи ин заминҳоро дуруст ба роҳ монем, ба фикрам, ҳосили фаровон гирифтан мумкин.

-Бобоҳои мо, - гуфтам ба ӯ, - дар куҳистон деҳаҳо обод карданд. Дарахтҳои нав шинонданд. Медонистанд, ки кадом қитъаи замин барои кадом навъи зироат беҳтар аст. Мувофиқи шароити ҳамон замон ҳосил мегирифтанд. Аммо, вақтҳои охир ба инкишофи ҳосилнокии пахта бештар диққат дода шуду дигар зироатҳо: парвариши гандум, зағир, ҷав, нахуд, лубиё, арзан аз назар дур монд. Ин зироатҳо дар кӯҳистони ватани мо хуб месабзанд. Боғдориро ривоҷ додан мумкин: зардолу, себ, тут, чормағз, бодом меваҳои асосианд.

-Китоби устод Махсумов Акбар Нусратуллоевичро хондам.

-Кадом китобашонро хондӣ?

-"Масъалаҳои асосии заминҳои лалмӣ дар Тоҷикистон". Ана, ҳамин заминҳо метавонанд, ки моро хӯронанду пӯшонанд.

-Духтарам, замонаш мерасад, ки деҳқонҳои тоҷик ҳам ҳосилнокии зироатро баланд мебардоранд.

Муҳайё каме хомӯш монд, сонӣ ба ман гуфт:

-Агротехника ва тухмипарвариро бояд инкишоф диҳем. Хориҷиён аз мо хеле пеш рафтаанд, мо мелангем.

- Барои пешбурди агрономия ва агротехника маблағ зарур, духтарам. Боз ин ҷангҳои шаҳрвандӣ ба сари деҳқонҳо ва заминҳо офатҳо овард. Мардумро тарсонд ва гурезонд. Ҳамааш хуб мешавад, духтарам…

Ӯ оромона аз дафтари кориам баромад.

Муҳайё бо завқ забони немисӣ мехонд. Малакаи хуби забондонӣ дошт. Ба ҳар коре азм мекард, ҳатман ҳамон корро ба ҷо меовард. Ман ба қароре наомада будам, ки пас аз хатми институт ба ӯ чӣ кореро раҳнамоӣ кунам. Вазъият дар ҷумҳуриямон ҳам ором шуда буд. Колхозҳоро барҳам медоданду хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкил мекарданд. Каме бесаранҷомӣ ба назар мерасид. Дилам мехост, ки Муҳайё дар наздам бошаду ба ягон кори илмӣ машғул шавад.

Муҳайё шавқ дошт, меҳр дошт ба агрономӣ. Мехост ба байни мардум равад. Ба онҳо ёрӣ расонад. Дилаш месӯхт ба Ватанаш, ба халқаш.

Дар охири курси панҷум ба Бахтиёр ном ҷавоне, ки дар шӯъбаи мелиоратсияи донишгоҳ мехонд, меҳр баст. Тақдирашон будааст, тӯю хурсандӣ кардем, бо ҳам хонадор шуданд.

Бароям рӯзҳои хурсандӣ буд. Меболидам аз фарзандонам. Солҳои навадуми асри гузашта вазъияти хоҷагии қишлоқи ҷумҳуриямон душвор буд. Техника куҳна, заминҳо кишт нокарда, мутахассисон намерасиданд. Моликияти колхозиро тороҷ карданд. Муҳайёи ман, ки ғами халқу деҳқонҳоро мехӯрд, аз ин вазъият дилхун мешуд. Шавҳараш Бахтиёр Қаландаров ӯро таскин медод. Ман ҳам ба Муҳайё мефаҳмондам, ки сабр кунад, ин рӯзҳо мегузаранд. Одам бо умед ва орзуҳояш зинда аст.

Рӯзе Муҳайёро хандон дидам. Бояд гӯям, ки дар солҳои навадуми асри гузашта чеҳраҳои хандон хеле кам буданд. Муҳайёи ман ҳам бисёр кӯшиш мекард, ки дар ҳузурам худашро орому осоишта нишон диҳад. Аллакай соҳиби як фарзанд - Фаридунҷон ҳам буданд.

ӣ навигарӣ? - пурсидам.

Муҳайё рӯ ба рӯям нишасту гуфт:

-Падарҷон, ташкилотҳои байналхалқӣ рӯ ба кишвари мо ниҳодаанд. Мехоҳанд, ки дар рушди хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон саҳм гузоранд. Ман ба гурӯҳи мутахассисони кишоварзии Олмон шомил шудам. Ҳамроҳи онҳо дар шароити ноҳияҳои куҳистони Тоҷикистон зироаткориро таҳқиқ мекунем.

-О, ин кори хайр-ку! - гуфтам. - Оё бароят душвор нест? Ягон ҷои наздиктарро интихоб накардӣ?

-Дилам мехоҳад, ки ба мардуми ноҳияҳои куҳистон ёрӣ расонем. Ҷангҳои дохилӣ ва бесарусомониҳо онҳоро ба азобу нодорӣ гирифтор кард.

-О, дур аз хонаю дар, шавҳарат чӣ мегӯяд?

-Падари Фариддун розӣ аст.

-Ихтиёрат, духтарам, ба ту муваффақият мехоҳам.

Муҳаё ҳамроҳи мутахассисони олмонӣ ба сафар баромад. Ҳафтаҳо дар ноҳияҳои куҳистон мегаштанд. Чанде дар Балҷувон, Муъминобод буданд. Баъд корро дар Файзобод давом доданд.

Боре пас аз сафар пурсидам:

-Духтарҷонам, корҳоятон чӣ хел?

4-khazoni-bebahor-111-Аҳволи мардум вазнин аст. Гуруҳи мо ёрӣ мерасонад. Тухмӣ медиҳад, ба баъзе хоҷагиҳо техника ҳам медиҳем. Фикр мекунам, ки агар мо зироатҳои ғалладона ва боғпарвариро мувофиқи шароити куҳистон ба роҳ монем, самараи хуб ба даст меорем. Солҳои зиёде, дар замони Шӯравӣ, ба кишти пахта диққат додаанду истифодаи заминҳои куҳистонро фаромуш кардаанд.

-Мардум шуморо чи хел қабул мекунад?

-Хеле хуб. Ба онҳо ҳам кумак мерасонем. Тухмӣ медиҳем, тарзи кишту нигоҳубинашро мефаҳмонем. Онҳо хурсанданд.

Муҳайё ва гурӯҳаш ба ноҳияҳои Файзобод, Рашт, Мастчоҳи куҳӣ рафтанд. Сонӣ Муҳайёро барои таҷрибаомӯзӣ ба Полша, Чехословакия, Италия, Франсия фиристоданд.

Ман - падараш ҳайрон мешудам, ки чӣ қувваи иллоҳие дар вуҷуди Муҳайёст, ки ӯро ба омӯхтани илм, дониш, таҷрибаи фаровон ҳидоят мекунад.

-Падарҷон, - мегуфт ба ман.

-Бале, - мегуфтам.

-Аҳволи халқи куҳистон хеле вазнин аст. Ба онҳо истифодаи заминро омӯзондан лозим. Замини куҳистон метавонад аҳолии онро хӯронаду пӯшонад. Одамони куҳистон дилсоф, покиза, заҳматкашанд. Дар Комсомолобод барояшон пул сохтем. Чӣ қадар хурсанд шуданд. Маро духтархонд гирифтанд.

Ман ҳам хурсанд мешудам аз муваффақиятҳои Муҳайё…

Ҳайҳот. Соли 2011, вақте соҳиби 3 фарзанд буд, ба касалӣ дучор шуд. Синадард. Ба духтурҳо муроҷиат кардем. Муоинаю табобатро сар карданд. Вале беморӣ рӯз ба рӯз шиддат мегирифт, Муҳаёро азоб медод. Ӯ кӯшиш мекард, ки худро ба даст гирад, дардашро ошкор накунад.

Вақте мутахассисон гуфтанд, ки гирифтори бемории саратон аст, ҳушам канд, вале наметавонистам, ки ин даҳшатро ба ӯ матраҳ кунам. Духтурҳо бо боварӣ мегуфтанд, ки илоҷи табобат ҳаст.

Ҷарроҳӣ кардан зарур. Муҳайё ҳам фаҳмид, ки гирифтори бемории саратон аст. Дар бораи ин беморӣ китобҳо хонда будам. Даҳшаташро ҳам медонистам. Бадзот ва хавфнок буд. Илм ва олимон аз замонҳои қадим ба муқобилаш мубориза мебурданд. Муҳайё ҳам бемории саратони инсону растаниҳоро хуб медонист. Умедамон ба духтурҳо буд.

Ҳама ба ташвиш афтодем. Духтари азизам, ҷону ҷигарам, хандону шӯхам, боғайрату шуҷоам дар назди чашмамон хазон мешуд. Худамро ба чор тараф мезадам, табиб ҷустуҷӯ мекардам. Беморӣ Муҳайёро бистарӣ кард.

Дар шифохона дар паҳлуяш менишастам. Ӯ дар ҳузурам кӯшиш мекард, ки худро бардам нишон диҳад. Маро ғамгин накунад. Умуман, Муҳайё, аз кӯдакияш зиндадил буд, ҳаётро дӯст медошт, мехост, ки одамон хушбахт бошанд. Вақте аз ноҳияҳои дурдаст бармегашт, бо дард аз зиндагии мардуми он ҷо ҳикоят мекард. Гӯё ки азоби онҳо ба баданаш гузашта бошад, намехост сари касе дард кунад, шиками тифле гурусна бошад.

Ҳеҷ дилам намехост, ки духтарам аз пеши чашмам дур бошад. Китобе намонд, ки дар бораи дарди саратон нахонда бошам. Омоси онро даҳшатнок ва фаъолу ғайри фаъол мегуфтанд. Одам хислати аҷиб дорад. Ҳар лаҳза ба чизи нек умед мебандад. Аз Парвардигор мадад меҷӯяд.

Ҳамин вақт дари ҳуҷра боз шуду як марду ду зани деҳотӣ ба даст халтаҳои салафанӣ даромаданд.

-Оҳ, Муҳайёҷон! - гуфт яке аз занҳо ва духтарамро ба оғӯш кашид. - Туро ёд кардем. Дар деҳа ҳама дар борат гап мезананд. Шунидем, ки бемор шудаӣ… Худо, шафоат кунад.

Зани дуюм ҳам Муҳайёро ба оғӯш гирифт. Сонӣ занҳо ашк рехтанд. Ба Худо муроҷиат карданд. Дарди Муҳайёро гузаранда гуфтанд. Мард ҳам ба Муҳайё салом кард. Аз лаҳҷаашон маълум буд, ки мардуми Файзобод буданд.

Ману марди ношинос берун баромадем, ки занҳо озод сухан гӯянд.

Мард тахминан панҷоҳсола буд.

-Шумо падари Муҳайё мешавед? - пурсид аз ман.

-Бале, -гуфтам.

-Ташаккур ба фарзанди калон кардаатон. Ғамхор, дилсӯз, меҳрубон. Дар рӯзҳои мушкил ба мо ёрӣ расонданд. Барои кишту кор тухмӣ надоштем. Тухмӣ доданд, маслиҳат доданд, нуриҳои маъданӣ ёрдам карданд. Вақте ба ноҳия мерафтанд, чеҳраашон хандон буд. Оилаи маро апахон гирифта буданд.

Аз ӯ пурсидам:

-Додарам, чӣ кораед?

-Дар замони Шӯравӣ сардори бригада будам, ҳоло соҳибкорам. Бо аҳли оилаам замин гирифтем. Баъзеҳо фикр мекунанд, ки куҳистони тоҷик танг асту хоҷагии қишлоқ ривоҷ намеёбад. Мутахассисони олмонӣ ҳамроҳи Муҳайё чанд бор ба Файзобод рафтанд. Шароити моро диданд. Ба одамон тавсия доданд, ки пахта, ғалла, зироатҳои хӯроки чорво, зироатҳои полезию боғпарвариро ривоҷ диҳанд. Ёрии башардӯстона мерасонданд. Мо, ба маслиҳати онҳо боғҳои назди ҳавлӣ ва бобоиямонро обод кардем. Замин гирифтем, кишт кардем. Ҳоло зиндагиямон, шукри Худо, бад нест. Ҳосил аз худамон зиёдатӣ мекунад. Боз ба бозор бароварда мефурӯшем.

Бемории хоҳарам Муҳайёро шунида ташвиш шудем…

Аз дохили ҳуҷра занҳое, ки ба аёдати Муҳайё омада буданд, берун баромаданд. Мо ба истиқболашон рафтем. Дар чашмонашон ашк ҳалқа мезад.

-Бисёр лоғар шудааст, рангаш ҳам парида. Худо шафоат кунад.

-Амак ҳеҷ беҳбудӣ ҳаст?

-Умед дорем… - гуфтам.

-Меравем? - пурсид мард аз занҳо.

-Хоҳари шафқат гуфтанд, ки бисёр гап назанед, бемор хаста мешавад. Мо чанд рӯз дар шаҳр мемонем. Боз Муҳайёҷонро хабар мегирем.

-Агар рафтанӣ бошем, ман даромада хайру хуш кунам, - гуфт мард.

Ман ҳамроҳаш ба ҳузури Муҳайё даромадем. Хоҳари шафқат набзашро месанҷид.

-Ҳарорат надорад, қалбаш хуб кор мекунад. Саҳат мешавад…, - гуфту аз дар баромад.

Мард ҳам бо Муҳайё хайру хӯш карда, гуфт, ки боз хабар мегирем. Зуд саҳат шаваду ба ноҳия биояд. Ҳама интизораш. Духтархонд шудааст.

Меҳмонҳоро ба хона хондам, онҳо узр пурсида, дар шаҳр кори бисёр дорем, вақт шавад, телефон карда, баъд меоем, гуфтанд.

Дар ҳуҷра боз ман мондаму Муҳайё. Ба назарам хурсанд менамуд. Беҳуда нагуфтаанд, ки заҳри одамро одам мегирад. Муҳайё ба ман гуфт:

-Падарҷон, ҳеҷ намехоҳам, ки одамон барои ман шуда, ташвишу саргардон шаванд.

-Ин тавр нагӯ, духтарҷон. Масофа байни дӯстон як қадам менамояд. Дидори якдигар ғанимат аст.

-Шумо ҳам аз барои бемории ман шуда аз корҳоятон мондед. Ман танҳо монам ҳам зиқ намешавам, ташвиш нашавед, падарҷон.

-Муҳайёҷон, барои ман як тори мӯят аз ҳама кори рӯи дунё азизтар аст. Ту хушбахтии ман ҳастӣ, саодати ман, бахти ман. Сиҳат мешавию корҳои нокардаи маро давом медиҳӣ

Ҳамин вақт дари ҳуҷра кушода шуду завҷаам Гулшан, домодам Бахтиёр, наберачаам Марями хурдакак даромаданд. Марям давида худашро ба оғӯши модараш партофт. Гулшан Муҳайёро бӯса кард. Бахтиёр аҳвол пурсид.

-Касалӣ ба синаи дигарам гузаштааст, - фаҳмонд ба ӯ Муҳайё.

-Сахт азоб медиҳад?

-Тоқат мекунам.

-Ҳамааш хуб мешавад, - Муҳайёро дилбардорӣ кардам ман.

-Дадаш, шумо равед, имшаб назди Муҳайёҷон мемонам. Марямро домодатон мебарад.

Ҳеҷ дилам намехост, ки аз назди духтарам дур бошам. Аз пешонааш бӯсидаму аз ҳуҷра баромадам. Қатраҳои ашк аз чашмонам дур намешуданд.

***

Ҳама гуна доруҳо дар муқобили ин дард оҷиз монданд. Мутахассисон маслиҳат доданд, ки беморро ба Алмаато бурда, ҷарроҳӣ кунем. Ду апаи духтураш - Кимиёю Лайло шабу рӯз дар болои сараш буданд. Дард духтарамро азоб медод. Омос рӯз ба рӯз инкишоф меёфт. Кимиё хоҳарашро ба Алмаато бурд. Дар он ҷо ҷарроҳӣ карда, ба Душанбе оварданд. Рӯзҳои аввал Муҳайё худро беҳтар ҳис мекард. Ба меҳмонҳое, ки хабаргириаш меомаданд, бо табассум сӯҳбат мекард. Вале, пас аз чанде маълум шуд, ки ҷарроҳӣ бо муваффақият нагузаштааст. Саратон боз реша давондааст. Дард бештар шуд. Чӣ ноумедие…

Беморӣ Муҳайёро азоб медод, вале ӯ ба муқобилаш мубориза мебурд. Барояш зиндагӣ, одамон, ҳаёт азиз буд. Ман дар ин лаҳзаҳо ва рӯзҳо ҳис мекардам, ки иродаи инсон дар мубориза бар муқобили беморӣ мақоми муҳим мебозидааст. Муҳайё боварӣ дошт, ки ин дард, ин касалиро аз сар мегузаронад, ғолиб мебарояд.

Маслиҳат шуд, ки беморро ба Москва бурда ҷарроҳӣ кунанд. Ин сафарро язнааш Фирдавс ба зима гирифт.

Маълум шуд, ки касалии саратон аз гӯшт ба устуғон таъсир кардааст. Устуғонро тарошиданд. Умед доштем, ки беморӣ аз беху бун нест мешавад. Охир духтурҳои ботаҷриба даҳҳо беморонро наҷот додаанд. Пас аз чанде Муҳайёро аз Москва ба Душанбе оварданд. Таҳти назорати духтурҳо буд. Дору мехӯрд. Табобат мегирифт. Вале… Пас аз муддате маълум шуд, ки мараз аз бунаш нест нашудааст. Чӣ даҳшате, чӣ бадбахтие! На дорӯ ба он таъсир мекарду на ҷарроҳӣ. Мисли аҷириқ аз ин ҷо решакан мекардед, аз ҷои дигар сар мебаровард.

Духтари азиз ва азобдида, пуртоқатамро боз ба Москва бурданд. Ин маротиба устуғонҳои синаҳояшро боз тарошиданд. Ҳама умедамон ба духтурҳо буду ба Худои тори сарамон.

Муҳайё мурдан намехост, мо ҳам умед доштем, ки аз ин мараз наҷот меёбад. Ӯро боз ба Душанбе оварданд. Акнун аз Муҳайёи ман, ки зани тануманду чеҳрахандон, дилҷӯю дилёб, чобуку кордон буд, танҳо пӯст монда буду устуғон. Вале иродаашро аз даст намедод.

Боре ба ман нигариста гуфт:

-Падарҷон, ман набояд бимирам, намехоҳам фарзандонам сағира шаванд. Корҳои нотамомам зиёданд.

-Худо хоҳад, ҳамааш хуб мешавад, - гуфтам ба ӯ.

Модараш Гулшан, ки дар паҳлуямон буд, гуфт:

-Ба духтарам чашм расид. Чашм санги хороро мекафонад. Ҳама аз корашу муваффақиятҳояш ҳасад мебурданд.

Ҳамкорӣ бо мутахассисони Олмону сафар ба ноҳияҳои ҷумҳурӣ, хориҷа фаҳмишу дониши Муҳайёро васеъ карда буданд. Ӯ мутахассиси комил шуда буд. Ҳар масъалаи хоҷагии қишлоқро метавонист мустақилона ҳал кунад.

Ман ба таъсири чашм боварӣ надоштаму Муҳайё ҳам. Вале дар ин ҳолат ба андеша рафтам. Одамон ба якдигар таъсир мерасонанд. Бемориҳо аз як кас ба каси дигар мегузарад. Шояд гапи Гулшан ҷон дошта бошад.

Вале боз ноумедӣ паси ноумедӣ. Бемории саратон боз сар зад. Чӣ бадбахтие, чӣ нокомие. Ин мараз намехост, ки бадани Муҳайёро тарк кунад. Се ҷарроҳӣ натиҷа надод. Мутахассисони олмонӣ ба аёдати Муҳайё меомаданд, дар хариди дору ва ҷарроҳӣ ёрӣ мерасонданд.

Боре пас аз аёдати онҳо Муҳайё ба ман гуфт:

-Падарҷон, мутахассисони Олмонӣ мегӯянд, ки ба кишвари онҳо равам, он ҷо эҳтимол шифо ёбам. Онҳо ёрӣ мерасонанд.

Гуфтаанд, ки дар ноумедиҳо басе умед аст, поёни шаби сиёҳ сафед аст. Умед доштам, ки мӯъҷизае рӯй медиҳаду Муҳайё саҳат мешавад. Аз бистари беморӣ мехезад, мисли пештара бардам-бардам қадам мемонад, ҳамроҳи ҳамкоронаш бо чеҳраи хандон ба хона медарояд, аз муваффақият ва нақшаҳои ояндаи кораш ба ман ҳикоят мекунад.

-Духтарам, ҳамааш дар дасти Парвардигор аст, - гуфтам. - Ба шавҳарат Бахтиёр маслиҳат кардед?

-Пешакӣ маслиҳат карда будам. Розӣ ҳастанд. Ҳамроҳам мераванд. Мутахассисони ҳамкорам гуфтанд, ки ёрӣ мерасонем.

Охирҳои моҳи августи соли 2013 Муҳайёро ба Олмон бурданд. Қариб як моҳ дар он ҷо буд. Духтурҳои олмонӣ ҳама имкониятҳоро ба кор буданд, ҷарроҳӣ, сӯзондани решаҳои саратон, тарошидани устуғон. Ҳайҳот… натиҷае надод. Гуфтанд, ки беморӣ ба хун гузаштааст. Табобат намешавад.

Беморро ба Душанбе оварданд. Ба ғайр аз Худо, дигар ба чизею касе умед надоштем. Ҳама ғамгин шудем. Духтурҳо меомаданд, назорат мекарданд.

Вале дар назди ин харчанги даҳшатнок бандагони Парвардигор оқибат оҷиз монданд, Муҳайё ҷон ба Ҳақ супорид.

17 октябр фиғону нола дар ҳавлӣ баланд шуд. Завҷаам Гулшан худро мисли мурғи нимбисмил бардошта мезад. Ҳама ашк мерехтем. Пас аз ин қадар азобу тобоварӣ, Муҳайёро аз даст додем.

Муҳайёро ба хоки хунук супоридем. Боди сарде мевазид. Баргҳои дарахтонро дар гуристон ба рӯи қабрҳо мерезонд. Ашкҳои мо гӯё борони фасли тирамоҳ буданд.

Модари Муҳайё, Гулшани азизам ҳам аз ғам як моҳ баъд ҷон ба Ҳақ супорид.

***

Эй ҷафопеша фалак, нолаву фарёд аз ту!

Нест ҷое зи ту ободу диле шод аз ту!

Ҳар ниҳоле, ки дар ин боғ баруманд шуда,

Канда гардида ба бедод зи бунёд аз ту!

Акнун фасли баҳор аст. Ин сатрҳоро ба хотири духтари азизам менависаму ашкҳоям ҷорӣ мешаванд. Хаёл мекунам, ки мӯъҷизае рух медиҳаду Муҳайёям аз зери хок сар мебардорад:

Навбаҳор омаду гулҳо ҳама растанд зи хок,

Ту ҳам аз хок баро, эй гули хандони падар!

"Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун!"

Насрулло ИССОЕВ

Бознашразҳафтаномаи «Рӯзгор» №19, 14 майисоли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi