12:16:47 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Низорамоҳ Зарифова: Аз зиракии кӯдакӣ то сиёсат

Як вақт даруни хоку лой ҷулида, аз куҷо медонистам, ки сиёсатмадор мешаваму ҷоям сари минбар? Замони кӯдакии ман чун солҳои охири фаъолияти сиёсиям даврае буд пургирудору кашмакаш.

nizoramoh 545412216565Солҳои 1931-32 Иттифоқи советиро барқарор карданду яккахоҷагӣ барҳам хӯрда, ҷояшон колхозҳову ташкилоту ҷамъиятҳо ташкил мешуданд. Бисёри одамон "кофар сари давлат омад, мусулмонҳоро мекушаду молашонро мегирад"-гуфта, фирор мекарданд. Ҳама пайи гурезогурезу хонаи мо омад-омади меҳмон. Сари кӯча бозӣ мекардем, ки касе буд, хабар овард: " Хостгорҳои туян, хонатон омадиян". Хостгорҳо модару чанд хеши наздики Қосимбой гуфтанӣҷавони ҳамқишлоқиямон буданд.

Гапу хабару гурезогурез ки буд, мехостанд маро келин карда, ҳамроҳашон баранд. Он вақтҳо духтаронро дар 9-солагӣ побанд карда, 10-11 - сола шавҳар медоданд. Ҷавон 19- солаву ман бошам ҳамон вақт ҳафтсола. Падарам мегӯяд, ки "духтари ман хурд аст", вале хостгорҳо пофишорӣ мекунанд. Худамро ҷеғ заданд. Пешакӣ хабаро, ки шунида будам, илоҷҷӯстам. Рӯмолро аз сарам дур андохтаму панҷаҳоямро дар об тар намуда, ба хоку хокистар олудам ва рӯю мӯямро "қашанг" кардам.

"Лабай, лабай, чӣ мегӯй, отаҷон!?",- гуфта, бо афту андоми мазанг пеши меҳмонҳо даромадам. Даҳони чанде во, дар чеҳраи баъзе занҳо табассуми зебо, падарам бошад… хандаи баланд зад: "Гуфтам ку, Низорамоҳи ман духтарбача, ҳозир кӯдак, беақл!"- рӯ овард ба меҳмонҳо ва фармудам: "Ҳичӣ не бачам, бирав бозӣ кун!" Вақте берун баромадам, ба духтарчаҳои ҳамсолам шодиёна расондам: "Ҷавобшона додам!". Ҳамин зиракии кӯдакӣ буд, вагарна ки медонад, ҳоло дар куҷову бо чӣ мақоме мебудам?

Сағирапарвар…

Давлати Шӯравиро сағирапарвар мегӯянду онҳое, ки аз рӯзгорамон огоҳанд, модари маро. Рӯзҳои сахте буд. Модарам розӣ нашуд, ки ҳамроҳи дигарон гуреза шуда, Афғонистон равем. Ҳамон солҳо падарам аз дунё гузашт. Баъди кашмакашиҳои давр гуруснагӣ омад. Аз Кӯлоб хлеб оварда, ба мардум ҳисобӣ тақсим мекарданд. Хонаамонро гирифта, анбори колхоз карданду молро ба кулбае кӯчонданд. Боми хона нообод буд ва вақти андак борони сахт мечакид.

Ҳарчанд худ ҳоли зоре доштем, модарам бачаву духтаракони бесоҳиби кӯчаро шабу нимашаб ҳам оварда, дар барамон ҷой мекард. Баъзан ҷанҷол мебардоштем, ки инҳо бегонаянду таги як кӯрпача хоб намекунем. Модарам бошад мегуфт: "Кӯдакон, бегуноҳанд. Мумкин очаву оташон бошад? Ҳоли соҳиб меёван. Хоб кунед, бачам!" Бисёр буданд чунин дармондаҳо… Дар хонаи мо истода, калонтар, ки шуданд, ягон ҷо кор мекарданд. Кадомеяш соҳиб медошт, мерафту касеяш не, дар деҳаи мо мемонд…

… Фарқ надорад, ки ӯ соҳибдор аст ё бекас, аз тарафи ҳукумат кӯшиш мекарданд, то насли наврас хонад, касбу кор ёд бигиранд. Ман мактаби миёнаро ҳам пурра нахондаам. Баъзан дар зимистон пойи луч мактаб мерафтам, чунки шароити зиндагиямон вазнин буд. Боз роҳи мактаб ҳам дур…

…Бовуҷуд, шояд кадрҳои маҳаллӣ лозим буд, ки моро дар қатори чандин нафар ба омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб хонданӣ бурданд. Ҳамагӣ якуним сол хонда будем, ки талабгор пайдо кардем. Як рӯз тоторзане омаду гуфт, ки чор-панҷ нафарро бояд ба омӯзишгоҳи педагогии Душанбе баранд, зеро дар марказ кадр зарур аст.

Ин зан онқадар ҷаззоб гап мезад, ки таваҷҷӯҳи моро ба худ кашиду шахсан Душанбе хонданӣ рафтанро шарти зарурӣ ҳисобидам. Вақте ин хабарро ба модарам расонидам, ба неву нестон даромад. Ҳамин шабу рӯзҳо падарандарам раиси шаҳри Кӯлоб буд. Ин барои ман баҳона шуд. Чунки агар он замонҳо касони роҳбар духтаронашонро барои хондан иҷозат намедоданд, аз ҷониби ҳукумат ҷазо медиданд. Ба модарам гуфтам: "Агар не, шавҳарат аз вазифа мемонад!".

Дидори мардони сиёсиву "сари суд"

Мо ҳафт нафар духтарони маҳаллиро "шарту зарур" гуфта, баҳри хондан Душанбе оварданд. Дарсҳои омӯзишгоҳ бароямон осон набуд, чунки русиро намедонистем, то аз адабиётҳои гуногун истифода барем, аз фалсафаву ҳуқуқу иқтисод бехабар будем. Вале ҷаҳд мекардем, ки омӯзему ҳамеша фаъол бошем. Ман, ки духтари бебок будам, ба варзиш ҳам шуғл доштам. Бояд дар Маскав роҳпаймоии (парад) умумииттифоқии варзишӣ мегузашт.

Гурӯҳе, ки аз Тоҷикистон бояд дар ин роҳпаймоӣ иштирок мекард, сесад нафарро ташкил медоду ман ҳам шомили он будам. Ба мо либосҳои варзишӣ доданд ва барои машқ мувофиқ гуфта, пӯшидем. Ҳар субҳ либоси варзишӣ дар тан велосипедсавор Кӯли Комсомол меомадам. Давоми як моҳ дар ҳамин ҷо машқ гузаронида, омода шудем. Акнун мо дар Маскав. Шаб дар Майдони Сурх машқ кардему субҳ роҳпаймоӣ сар шуд.

Байрақбардори мо Анзурат Раҳимова буд. Дар болои мавзолей аъзои Политбюро саф кашиданд. Хушҳол будем, ки байни чандин давлатҳо мо ҳам иштирок намудем, ҷойи сеюмро гирифтем ва шахсиятҳои бузургро дидем…

Баъди аз Маскав баргаштан ман бо ҳамон рӯҳия-хурсанду модарам дар деҳа гирён. Аз рӯи ман шуда, чӣ гапҳои сарду сахте нашунидааст. Дар деҳаамон овоза: "Духтари Шарифамоҳ беҷогард шудааст. Дар кӯча таги турсуку майка велосипедсаворӣ карда мегардад." Ҳамин ки ба деҳа расидам, "сари судам" бароварданд. Ҳама аҳли маҳалла ҷамъу модарам дар як гӯша бо сари хам. Як-як пурсиданду ман ҷавоб медодам, ки чӣ кор кардаму ба куҷоҳо рафтам. Гуфтам, ки дар ҳайати варзишгарон будам, ҷойи намоён гирифтем, бо аъзои Политбюро вохӯрдем, дар зиёфаташон будем, баъди намоиши варзишӣ бо либоси миллӣ баромадем, Тоҷикистонро васф карданд ва шахсан Сталин ба пуштам се бор тап-тап зада гуфт:

"Молодетс!-Қанд зан!". Баъди нақлам мӯйсафеди обрӯманди маҳалла, хеста гуфт: "Падаратда раҳмат! Агар касе минбаъд дар ҳаққи ҳамин духтари мо гапи ноҷо мезанад, рӯзашро мебинад!". Дидам, ки чеҳраи модарам шукуфт…

Омад паси ноомадӣ

Омӯзишгоҳи педогогии шаҳри Душанберо хатм кардаму хурсанд будам, ки баргашта аз пайи касбу кор мешавам. Вале, бадбахтона ҳамон сол Ҷанги Бузурги Ватанӣ сар шуд. Аз ҳамон вақт кори ман дар сафи комсомолу миёни мардум оғоз ёфт. Маро мудири шӯъбаи кадрҳои Комиҷроияи шаҳри Кӯлоб таъин намуданд. Асосан вазифаам ба кор ҷалбу таъмин кардани одамон буд. Дар ин баробар ҳамроҳи аъзои комиссияи махсус миёни мардум гашта, оид ба вазъи ҳаррӯзаи ҷанг маълумот медодем.

Ба дармондаҳо кӯмак мерасонидему дастгирии молии мардумро қабул карда, аз ақибгоҳ ба фаронт мефиристонидем. Барои ман аз ҳама вазнин расонидани хатҳои сиёҳ буд. Ҷанг ҳам тамом шуду мардум осуда гаштанд. Бо шавҳарам Зуҳуршоҳ Раҳматуллоев маҳз ҳамин солҳои вазнин шинос гаштаму чанде баъд оиладор шудам. Соли 1945 мудири шӯъбаи мактабҳои Комитети комсомолии вилояти Кӯлоб интихоб гардидам. Мо бештар дар самти дастгирии оилаҳое, ки фарзандонашонро дар ҷанг аз даст додаанд, кор мебурдем.

Ҳамин солу замон ва солҳои 1947-52 ҳам, ки мудири шӯъбаи занони Комитети партиявии вилояти Кӯлоб будам, кушиш менамудам ҷавононро ба корҳои ҷамъиятӣҷалб намоям. Барои он, ки дониши сиёсии бештар ҳосил кунам, маро ба мактаби олии партиявии назди КМ КПСС фиристоданд. Вазифаи мудири шӯъбаи занони КМ ПК Тоҷикистонро ним сол барои ман боздоштанд. Гуфтанд, ки меоиву худат онро ба ӯҳда мегирӣ. Ман не мегуфтам, вале…

Аз ӯҳдааш мебароӣ!

Ҳамон бегоҳе, ки аз Маскав хона омадам, занг зада гуфтанд: "Пагоҳ соати 10 Шӯро мешавад ва бояд ба кори пешбаришуда тасдиқ гардед. Ҳатман ба Душанбе биёед". Ҳарчанд мондаву лакот будам, субҳ аз Кӯлоб гашта Душанбе омадам. Роҳбарон ба гуфтаашон истоданду ман норозигӣ мекардам. Мегуфтам, ки: "Инҷо инқадар занҳои модниву гапдонро мебинӣ, ки… Маро назарашон ҳам намегирад. Дар миёни инҳо чӣ гуна кор мекунам? Не, наметавонам!". Алиев, ки Котиби Сека буд, гуфт: "Каме, ки  кор кардӣ, бало мешавӣ!"

Вале, иродаи ман мустаҳкам шуд, вақте аз Бобоҷон Ғафуров шунидам:

"Ман Шуморо аз рӯи зиндагиномаатон мешиносам. Дар доираи васеъ кор накардаиву бовар надорӣ?... Акнун кор мекуниву бовар дорам, ки метавонӣ!". Хушбахтам, ки таҳти роҳбарии ин марди бофазилат кор кардам.

Истеъдод дар ҷойи аввал!

Воқеан ҳам маро маҷбур ба зинаҳои роҳбарӣ бароварданду ба кори сиёсат кашиданд. Вале ман аввалтар аз ҳама ба фаҳмишу дониши худ такя кардаам. Бартарии замони Шӯравӣ ҳамин аст, ки он вақт асос кадр тайёр кардан буд, на ғаразу шиносбозӣ. Вақте раиси Шӯрои занҳо шудам, пеши худ мақсад гузоштам, ки аз миёни занону ҷавондухтарони маҳаллӣ танҳо истеъдодҳоро кашф кунему рӯи об барорем. Чеҳраҳои нави кашфкардаи мо зиёданд.

Ҳангоми Анҷумани ҳафтум китобе баровардем таҳти унвони "Спасибо Партия!"(Ташаккур Ҳизб!), ки номи бисёри онҳо инҷо сабт шудааст. Сар карда аз Ибодат Раҳимова, ки ҳамсоли ман аст, Г.Бобосодиқова, Г.Сафиева, Г.Пиракова, Мирзоалиева, Г.Савриддинова…ҳама кадрҳои замони моянд. Миёни толибилмону донишҷуён ҳар нафари эҷодкореро, ки медидем, дастгирӣ мекардем. Квота ҷорӣ карда будему он мисли ҳоло ба раису кабирзодаҳо дода намешуд. Квота мегӯянду пешакӣ соҳибаш кӣ, маълум.

Бадбиниҳо

Акнун тасаввур кунед, ки ман ҷавондухтари сивудусола будаму Котиби Сека шудам. Инҷо занҳое менишастанд, ки чандин солҳо вазирӣ кардаанд, муовини раиси Шурои вазирон буданд, дар Шӯрои Олӣ кор мекарданд. Онҳо мехостанд, ки ман Котиби Сека шавам? Не! Бахилӣ дар ҳама давру замон ҳаст. Ягон нафарашон ба ман ошкор чизе нагуфтааст. Лекин ман ин бадбиниро аз рамузашон мехондам.

Дидаву дониста, вақте ба ин зинаи роҳбарӣ гузаштам, такя ба ҳамин занҳо кардам. Маҳз ҳамон занҳои роҳбарикунандаи калонсоли атрофамро, ки якчанд кас буданд, ҷамъ карда, гуфтам: "Мебахшед, ман ҳам духтари худатон. Ман аз деҳот омадаму Шумо зодаи шаҳр. Вазиреду одамони калони роҳбар. Кордону рӯзгордидаед. Шумо ба ман ёд медиҳед. Мо бо якдигар кор мекунем." Тобашонро ёфтаму умре "Низорамоҳ!" мегуфтанд. Якаш ба навад расидаву ҳоло ҳам телефон мекунад ва "бачам нағзӣ?" гуфта, мепурсад.

Хато?

Воқеан ҳам солҳои охири фаъолияти ман давраи бисёр сангину нангин буд. Мардум ноорому бисёриҳо роҳи ҷонхалосӣ мекофтанд. Вақте маротибаи аввал Маҳкамов, Паллаев ва Ҳаёев истеъфо медоданд, ман хеста гуфтам, ки: "Шумо чӣ хел мард!? Халқро дар чӣ ҳолат мондаед? То имрӯз роҳбар будеду акнун партофта меравед? Ҳиҷ кас Шуморо намебахшад!". Ман хато кардам, ки онҳоро баргардонидам? Мақсади ман ин буд, ки одамони ҷамъшударо ором кунанд. Вазъиятро фаҳмонанд, мардумро ҷо ба ҷо кунанд, баъд баромада раванд… Вале ҳол бадтар ки шуд, дубора истеъфо доданд. Он шабу рӯзҳо ҳарчи аз дастам омад, кардам...

Зулолаи Нур, барои «Рӯзгор»

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №22, 09 илни соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi