12:08:12 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Зиёрати бибӣ Ойбибии 113-сола

Дар як маъракае сухан аз боби куҳансолтарини одамони ҷумҳурӣ рафт. Дар ин миён номи кампири Ойбибӣ, ки бо вуҷуди 113 сол доштанаш, ба хотири он, ки ҳанӯз ҳам ҳушаш ба ҷо, хотираи қавӣ ва саломатии хуб дорад ва муҳимтар аз ҳама ҳодисаҳои аз сар гузаронидаашро хеле хуб дар ёд дорад, таваҷҷуҳи маро бештар ба худ ҷалб кард.

1-oybibii-113-solaБисёр мехостам, ки аз наздик бо ӯ шинос шаваму суҳбате дошта бошам. Ва ин орзуям чанде пеш ҳангоми сафаре ба вилояти Суғд ҷомаи амал пӯшид. Ҳини дар осоишгоҳи "Баҳористон" истироҳат карданам тасодуфан бо набераи он кас Абдусаттор, ки дар ҳамин осоишгоҳ духтури қалб шуда кор мекардааст, шинос шудам. Абдусаттор, ки худ беш аз шаст сол дорад, чун фаҳмид рузноманигорам бо як майли томе дар бораи бибиаш ба сухан оғоз намуд. Қиссаҳои ҷолиберо аз ӯ шунидам. Баъд аз ин хоҳиши дидани ин модари бузургвор дар ман аз пештара боз ҳам бештар гардид…

Инак, бо мусоидати Абдусаттор, мо дар рӯ ба рӯи ҳам дар хонаи ягона фарзанди дар қайди ҳаёт мондаашон, духтарашон Зулайхо, дар деҳаи Лоҳутии ноҳияи Конибодом нишаста дар иҳотаи наберагону аберагонаш суҳбат мекунем.

Нахуст аз ӯ мепурсам, ки чӣ гуна ӯ исбот мекунад, ки 113-сола аст? Дар посух мегӯяд, ки ин дар асноде, ки дар вақташ ҳукумати навтаъсиси шӯроҳо солҳои сиюми асри гузашта ба ӯ дода буд, сабт шудааст. Агар ин санадро фарзандону наберагонаш гум накарда бошанд, ҳанӯз бояд дар хона бошад. Дар он санад соли таваллудаш январи соли 1901 қайд шудааст.

Яке аз аберагонаш аз ҷумлаи духтарҳо, ки дар суҳбат ҳузур дошт, ба сухан ҳамроҳ шуда гуфт, ки боре ҳангоми ба тартиб даровардани сандуқи бибикалонаш ҳамон ҳуҷҷатро дида буд ва шоҳидӣ дода метавонад, ки соли таваллуди бибикалонаш дар он ҷо 1901 навишта шуда аст. Далели дуввуме, ки дорам, гуфт кампир, ин аст, ки аз рӯи солшумории мӯчар, солам соли муш аст. Нависандаи ин сатрҳо ин тарзи солшумориро ба сабаби аз ёд кардани ин рубоии машҳур медонад:

Мушу бақару палангу харгӯш шумор,

З-ин чор чу бугзарӣ наҳанг ояду мор.

З-ин пас ба аспу гӯсфанд аст ҳисоб,

Ҳамдунаву мурғу сагу хук охири кор.

Аз рӯи ин солшуморӣ агар бигирем январи соли 1901 баробар бо соли муш аст.

Замоне, ки подшоҳи ҳамон вақти Русия Николаи 2-ро аз тахт барканор карданд, ман духтари 16-17 сола будам. Ба сари қудрат Ленин омада буд ҳамон вақт дар Русия. Мардуми бою бадавлат аз ин тағйироти ҳукумат чандон хурсанд набуданд. Вақте, ки ҳукумати болшевикон дар тарафҳои мо ташкил шуд мардуми доро ба муқобили он ҷанг мекарданд. Онҳоро босмачӣ мегуфтанд. Аммо баъдтар оромӣ шуд. Ленин мурд ба ҷояш Сталин подшоҳ шуд, мегӯяд кампири Ойбибӣ. Баъд Хрушов омад, баъд Брежнев…

2-oybibii-113-solaАз амир Олимхон аз ӯ мепурсам. Мегӯяд, ки бале, медонад. Вай подшоҳи Бухоро буд. Дар Бухоро мисли дар Русия инқилоб шуд ва амир Олимхон ба Афғонистон гурехт. Маълумоти дигареро дар бораи амир Олимхон намедонистааст. Аз бибии Ойбибӣ дар бораи хонадоршавиаш мепурсам. Тахмин мезанад, ки 17-18 сола будааст, ки ӯро падару модараш ба Ғаничон ном писари Шукурбой ба шавҳар медиҳанд. Се фарзанди аввалаашон баъди таваллуд чандон умри дароз надида яксолаву дусола шуда вафот мекунанд.

Баъдан Худованд ба онҳо 7 фарзанди солим медиҳад, ки ҳар кадом соҳиби хонаву дар шуда, умри бобаракати дароз дидаанд. Вале мутаассифона, имрӯз дар қайди ҳаёт аз ҳамон ҳафт фарзанд танҳо як духтарашон Зулайхо мондаасту халос. Шукр, ки синни Зулайхо аз ҳафтод гузашта бошад ҳам солиму бардам аст. Кампири Ойбибиро асосан ҳамин духтараш бо келинҳову набераҳояш нигоҳубин мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки дар нигоҳубин карданаш чандон мушкилиеро эҳсос намекунад. Ҳанӯз ҳам бардам аст.Намозҳояшро дар вақташ мехонад. Ҳарчи хӯрок пухтем ҳамонро мехӯрад.

Ҳамагӣ чанд сол пеш фарзанди калониаш Абуҷаббор ин дунёро дар синни беш аз 80-солагӣ падруд гуфта будааст. Фарзандони дигараш ҳам касе пештару касе дертар паси ҳам ин дунёи фониро тарк кардаанд. Мушкилтарин лаҳзаҳои ҳаёташ ҳамин лаҳзаҳои видоъ бо ҷигаргӯшаҳояш будаанд. Вале вақте, ки набераву абераҳояшро дар гирду атрофаш хурсанду шодмон мебинад, шукри Парвардигор мекунад, ки нишонаҳоеро аз фарзандонаш дар симои онҳо мебинад. Имрӯз кампири Ойбибӣ бо ифтихор мегӯяд, ки беш аз яксаду панҷоҳ набераву бештар аз 200 абера дорад. Фарзандони абераҳояшро ӯ ҳисоб накардааст ва шумораашонро намедонад. Ва фақат дуъо мекунад, ки Худованди бузург ҳамаи онҳоро дар паноҳи исматаш аз тамоми балоҳои заминиву осмонӣ солим нигаҳ дораду тамоми орзуҳояшонро ҷомаи амал пӯшонад.

3-oybibii-113-solaАз шавҳари марҳумаш пурсон мешавам. Мегӯяд, ки Ғаниҷон як деҳқони серкору боҳавсала буд. Дар замони барқарор шудани шӯравӣ аввал як муддат бригадири колхоз ва баъдан раиси колхоз интихоб шуда кор кардааст. Тӯли ин муддат бибӣ Ойбибӣ дар паҳлӯяш ҳамеша рост будааст. Аввалҳо ҳамчун аъзои колхоз кор кардааст. Баъд аз он ки фарзандҳояш бештар шудааст дигар бо тарбияи онҳо машғул будааст. Вале аз кори деҳқонӣ намондааст.

Аз ҳар як ваҷаб замини бекорхобида самаранок истифода мекардааст. Дар куҷое, ки зиндагӣ карда бошанд дар он ҷо ӯ ҳатман боғеро обод кардааст. Сифати маззаи ширини зардолуҳои зардолузорҳои парвариш намудаи ӯро мардуми атроф то ба ҳол мегӯянд. Ин хислати неки бибӣ Ойбибиро имрӯз наберааш Абдусаттор доро аст.Абдусаттор аслан духтур аст. Мактаби олии духтуриро хатм кардааст. Вале деҳқониро хеле зиёд дӯст медорад. Чанд сол пеш ӯ аз заминҳои бекорхобидаи атрофи деҳаашон қитъаеро ба иҷора мегирад ва дар онҷо зардолуҳои хушмаззаву бодому анор мешинонад ва имрӯз ин қитъа ба як боғи хурраму зебое табдил ёфтааст.

Ҳар сол ҳосили фаровон медиҳад. Нависандаи ин сатрҳо ин боғро бо чашми сар дид. Рости гап, боварии кас намеояд, ки дар чунин ҷое, ки баровардани об ба онҷо хеле душвор бошад ва заминаш асосан аз сангҳо иборат аст, чунин як боғеро дар як муддати кутоҳ бунёд созанд. Росташро гӯям, мегӯяд Абдусаттор, насиҳатҳои модаркалонам ва ҳидояти раҳбари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи обод кардани сарзаминамон, илҳомбахши ин гуна корҳои ман ҳастанд. Ман ҳам мехоҳам мисли модаркалонам аз худ нишонаи неке боқӣ гузорам. Албатта баъди фарзанд боғи обод беҳтарин нишона аз инсонҳост.

Ҳини худоҳофизӣ кардан бибӣ Ойбибӣ аз ман пурсид:

-Писарам чӣ ном дорӣ?

Гуфтам: Султон.

4-oybibii-113-solaГуфт бародари шавҳари ман низ Султон ном дошт. Паҳлавони номдор буд. Дар тамоми маъракаҳои хурсандие, ки дар водии Фарғона баргузор мегарданду дар онҳо мусобиқаи гуштингирӣ мешуд, дар ҳамаи онҳо ӯ ҳатман ширкат меварзид ва ҳамеша ғолиб меомад. Тахтапушташ хокро надида буд. Бо вуҷуди паҳлавону бузургҷусса буданаш шахси заминиву хоксор буд. Хизматаш ба мардум хеле зиёд мерасид.

Масалан дар кандани ҳамин канали калони Фарғона, ки аз канори деҳаамон мегузарад, Султон-полвон аз ҳама бештар хизмат кардааст. Умуман дар обёрӣ кардани заминҳое, ки имрӯз дар минтақаи мо сабзу хурраманд, заҳмати зиёд кашидааст. Худо раҳматаш кунад, ки хеле ҷавон аз дунё рафт. Банохост бемор шуду чандон касалие накашид. Дар ҷанозааш қариб се ҳазор одам ширкат кард.

Чунин анбуҳи одамонро дар ягон ҷанозаи шахсияти дигар касе надида буд. Тамоми полвонҳои гирду атроф, ба хусус аз водии Фарғона, ба ҷанозааш омада буданд. Падарашон Шукурбобо баъди гӯрондани писарашон ҳамеша пеши Худо гиряву зора мекарданд, ки "Худоҷон, Султонамро гирифтӣ, маро низ ба пешаш бар!". Дуъояш пеши Худованд мустаҷоб шуд. Ҳамагӣ баъди се рӯзи ба хок супурдани Султон- полвон Шукурбобо низ аз ин дунё рахти сафар баст.

Дуъо мекунам, ки Султонҷон, Худованд ба Шумо умри дарози бобаракат диҳаду ба камоли пирӣ расида дар хизмати мардум обрӯ гиред ва ҳузури фарзандонатонро бубинед. Омин!

Султони Ҳамад, "Рӯзгор", Конибодом



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi