01:58:55 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Латофат Насриддинова: Дар сиёсат шахси тасодуфӣ нестам!

"Ҷойи ӯро мегирам!"

Аввалин бор зани сиёсатмадорро дар симои мудири маорифи шаҳри Кӯлоб Патиҷон Раҳимова дидаму ҳавасам омад. Ман чун ӯ будан мехостам, вақте ҳамагӣ нӯҳ сол доштаму дар синфи сейи мактаби миёнаи №5-и шаҳри Кӯлоб мехондам.

latofat nasriddinova-545554Ин зан ҳар замон ба мактаби мо меомад ва ман то рафтанаш роҳу рафтор, тарзи гуфтор ва ҳатто либосҳои шинами барашро боддиқат назора мекардам. Падарам, ки худ муаллим буд, ба хонданам сахт аҳамият медод. Вақте мепурсид, ки дар мактаб нағз мехонӣ, фардо кӣ мешавӣ?" мегуфтам: "Ман ҷойи Патиҷон Раҳимоваро мегирам!". Баъдтар фаҳмидам, ки Патиҷон Раҳимова котиби Кумитаи шаҳрии ҳизб шуданд. Ҳар боре дар Кумитаи ҳизбии шаҳри Кӯлоб он касро медидам, ҳамон гапро такрор мекардам…

Факултаи педагогика-психологияи Донишкадаи педагогии шаҳри Кӯлобро (ҳоло Донишгоҳи омӯзгорӣ) бо дипломи аъло хатм кардам. Ба ман роҳхат доданд, то дар кафедраи педагогика-психология ҳамчун муаллима кор кунам. Маро барои ба аспирантураи шаҳри Санкт-Петербург фиристодан омодагӣ доштанд. Вале падарам барои корманди илмӣ шуданам розигӣ надоданд. Гуфтанд, ки агар ту орзуи сиёсатмадор шудан дорӣ, бояд ба кори ҳизбӣ гузарӣ. Ба ҳамин хотир, ман аз кор дар Донишгоҳи педагогӣ даст кашидам.

Дар давраи донишҷӯиям аъзои ҳизби коммунист шуда будаму аллакай собиқаи ҳизбиям буд. Ба Кумитаи ҳизбии шаҳри Кӯлоб, назди котиби ҳизбии соҳаи идеологӣҲусноро Шарифова, ки аллакай ба нафақа баромада буду кор мекард, рафтам. Гуфтам, ки мехоҳам коркуни ҳизбӣ шавам. Ӯ тавсияам дод: "Нав аз курсии донишҷӯйи бархостӣ. Якбора коркуни ҳизбӣ шудан мушкил аст, чунки таҷрибаи корӣ надорӣ. Биё ҷойе ба кор монамат. Камтар собиқаи корӣ бигиру ана баъд…"

Дар ноҳияи Ленинград 11 моҳ мудири боғча будам. Кумитаи ҳизбии ноҳия ташкил шуду маро ба кори ҳизбӣ даъват намуданд. Дувуним сол инстуктори Кумитаи ҳизбии ноҳия шуда кор кардам. Аз инҷо маро ба мактаби ҳизбии шаҳри Тошканд фиристоданд. Солҳои 1977 то 1979 дар бахши сиёсатмадории соҳаи идеологӣ таҳсил кардам. Хушбахтона, ин мактабро ҳам бо баҳои аъло хатм намуда, боз омадам ба кори ҳизбӣ.

Котиби ҳизбии ноҳияи Муминобод, Котиби ҳизбии ноҳияи Фархор, 7 сол Котиби ҳизбии шаҳри Кӯлоб, ду сол ҷойнишини раиси ҳукумати вилояти Хатлон, 9 сол раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукуматиҶТ ва муддате ҷонишини вазири маорифи ҷумҳурӣ будам. Имрӯз, ки ҳамчун мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба илм ва технологияи нав кор мекунам, таҷрибаи ҳаррӯзаам ба кор меояд.

Зинаҳоро бояд пай дар пай тай кард

Дуруст, ки ман тарбиятдидаи замони шӯравӣҳастаму дар даврони истиқлол роҳбарии зинаи болотар ба дӯшам афтод. Вале таҷрибаи кори шӯравӣҳанӯз ҳам ба кор меравад. Чунки дар он давр барои занҳо тамоми шароитро муҳайё мекарданд, то зина ба зина боло раванд. Вақте кадр зина ба зина боло мераваду собиқаи корӣ мегирад, медонад, ки дар зинаи поёнӣ чи гапу кор аст. Даҳсолае, ки давлати мо ҳуқуқбунёд шуд ва як бӯҳрони иқтисодии сахтро аз сар гузаронду чанде дар вартаи ҷанг афтод, беасар намонд.

Соҳаи маориф, тандурустӣ ва он соҳаҳое, ки бахусус кадрҳоро тарбия мекарданд, шикасти сахт хурданду таназзул ёфтанд. Ин соҳаҳо акнун, дар даҳсолаи ҳазораи сеюм рӯ ба рушд меоваранд. Дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Институти такмили ихтисоси кормандони давлатӣ, ки қаблан фаъолият мекарду дар давраи гузариш аз байн рафта буд, аз нав барқарор карда шуд.

Роҳбарони дағалу ғайридипломат

Дар тайёр кардани кадрҳо,бахусус онҳое, ки ба майдони сиёсат ворид мешаванд, камбудиҳо зиёд аст. Даврае, ки мо мактаби ҳизбӣ мехондем, илме меомӯхтем бо номи дипломатия. Донистани ин фан барои роҳбар бисёр зарур аст. Вале имрӯз он дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзонида намешавад. Агар ҳамин фанро бо теъдоди соатҳои зарурӣ ба донишҷӯён, бахусус дар курсҳои охир дарс диҳанд, касе, ки қобилияти оянда роҳбар шудан дорад, сайқал меёбад.

Зеро, чун ба вазифаи роҳбарӣ омад, дар муносибат бо зердастон, қабули шаҳрвандону гуселашон, ҳалли масъалаҳову мушкилоти онҳо оҷизӣ намекашаду одоби роҳбариро риоя мекунад. Вале, имрӯз бархе аз курсии донишҷӯӣ якбора ба кори роҳбарӣ мегузаранду бар зимми ин чи будани дипломатияро намедонанд, баъзан боиси норозигии мардум мешаванд.

Бисёр мешунавем, ки аз муносибати дағалонаи ин ё он нафару одоби роҳбариро риоя накардани кадом як сарвар ҳарф меравад. Ба қабулгоҳи бархе раисҳову вузаро даромадан ғайриимкон аст, аз онҳо сухани хубе шунида намешавад.

Сарварӣҳам мактаб дорад. Аз ҳамин хотир, вақте ман раиси кумитаи занҳои ҷумҳурӣ будам, як барномае бо номи мактаби "Сарварон" ташкил карда будем. Мо зиёда аз 80 нафар занҳоеро, ки дар вазорату корхонаҳо кор мекарданд, аз курси семоҳаи "Сарварон" гузаронидем.

Дар доираи 72 соат мо мавзӯъҳои бисёр заруреро, ки барои риояи протоколи роҳбарӣ даркор асту этикаи роҳбариро дарбар мегирад, ба ин занон омӯзонидем. Ба онҳо санъати сухан, (он чи ки дар мактабҳои олӣ кам омӯзонида мешавад), сохти давлатдориро дарс гуфтем. Ҳозир ман мебинам, ки қариб дар аксарияти вазорату корхонаҳо ҳамин кадрҳоро истифода бурдаанду онҳо лаёқати хуби роҳбарӣ доранд. Чунин курсҳоро оянда низ дар мактабҳои олӣҷорӣ кардан даркор.

Одамони тасодуфӣ, нотавонбинӣ, ҷойивазкунӣ ва пойиш дар сиёсат

Мегӯед дар сиёсати давр одамони тасодуфӣ зиёданд? Шахсан ман ба сиёсат тасодуфан ворид нашудаам. Назаре, ки бархе бо шиносбозӣ ё воситае дигар ба майдони сиёсат мебароянду ба мансабҳои болотар мераванд, шояд ҳеҷ гоҳ аз байн наравад. Чунин рафтор як-як дар даврони шуравӣҳам буд. Ин чиз дар асрҳои оянда ҳам шояд такрор ёбад.

Табиист, ки ҳарқадарҷомеа пеш равад, мутаассифона коррупсия, шиносбозӣ боқӣ мемонад. Вале талаботи замон, рафти кор худ нишон медиҳад, ки касоне тасодуф ба мансаб меоянд, дар майдони сиёсат пойиш карда наметавонанд. Фаромӯш набояд сохт, ки ҳар як болонишин бояд ҷавобгӯ ба курсии нишастааш донишу қобилият дошта бошад ва меҳнат кунад. Бесавод дар мансаб дуру дароз намемонад.

Иллате, ки дар сиёсат бештар занҳои моро домангир мешавад, нотавонбинии бархеи онҳост. Вақте ман дар Кумитаи занҳо кор мекардам, кӯшиш менамудам, то бонувонро сарҷамъ созам. Ба кормандонам мегуфтам, ки нисбати якдигар азизу меҳрубон бошанд. Имрӯз барои рушд ёфтани занҳои тоҷик, барои амалӣ шудани орзуву ҳавасҳояшон дар Тоҷикистон ҳама заминаҳо, ҳам ҳуқуқӣ, ҳам иқтисодӣ ва ҳам маънавӣ вуҷуд дорад. Барои соҳибҳунар халаловаранда ҳамин бахиливу тангдилии бархе нотавонбинон аст.

Зеро ҳар зане ба мансаби болотар равад, эҳсос мекунад, ки шумораи бадхоҳонаш афзудан дорад. Атрофи номаш суханҳои нолоиқ мешунаваду асабӣ мешавад. Ман ҳам аз шунидани чунин ғайбатҳо бенасиб набудам. Вақти дар мансаби боло буданам, зиёд хабар меоварданд, ки "фалонӣ нисбати шумо инхел сухани бад гуфту дигарӣ инхел". Ман бо ҳеҷ яке аз бадгӯён моҷаро наангехтаам, баҳс надоштам ва барои исботаш талош ҳам накардаам. Шояд яке аз сабабҳои дар мансаб пойистани ман маҳз ҳамин буд.

Сабаби дигараш, ман канори занҳо будам, ба ҳарфашон гӯш медодам, дардашонро мешунидам. Ман бо занон дар давраи бисёр вазнин кор кардам. Соли 1995, чун ба ин вазифа маро таъин намуданд, бисёр давраи ҳасос буду барои роҳбар пурмасъулият. Ҳар пагоҳӣ, ки коргоҳ меомадам, пеши дар занҳои бешавҳар, сағирадошта ва бесарпаноҳро гирён медидам. Ба онҳо ёрии башардӯстона мерасонидем.

Кӯшиш мекардем, то ҳадди имкон, корафтодаҳоро ноумед равон накунем. Қариб то солҳои 1997 панҷоҳ дарсади фаъолияти Кумитаи занҳо фақат ба ёрӣ додан сарф мешуд. Баъди ин кор дар рӯи қонуну қарорҳо нисбати ҳуқуқҳои занҳо шурӯъ шуд. То баҳол нафароне, ки лоақал аз мо сухани хуше шунидаанд, заноне, ки кӯмак дидаанд, ҳамкорони пешинаам суроғам меоянд. Аз он хотир ки ман миёни одамон фарқ намегузорам, ҳамаро як медонам.

Як чизро ҳеҷ намефаҳмам? Чаро вақте дар идорае як нафар роҳбар мешавад, меоянду ҳама ҳайатро "нав" мекунад. Ҳол он ки ташкили ҳайти хуби корӣ осон несту мумкин вақти ҷойивазкунӣ беҳтарин кадрҳо аз майдон дур карда шаванд. Ман чунин накардаам!

Хато ба хотири карйера

Рост, ки мо аксар хатоҳои худро намебинем, ё бинем ҳам аз изҳорашон худдорӣ мекунем. Ман ҳам шояд дар сиёсат хатоҳои зиёд карда бошаму дар чашми худам натобад. Вале ин чиз аз назари дигарон дур намемонад-ку?!

Ба ҳар сурат… Хатое, ки дар зиндагиям кардаам, пайванд аст бо сиёсат. Афсус мехӯрам, ки натавонистам аз се зиёда фарзанд дошта бошам. Якаш фарзандхондам асту бо дигарон баробар… Лоақал чор нафар мебуданд, беҳтар. Карйера гуфтам…

Вале аз оне, ки аспирантура нахондаму ба сиёсат рӯ овардам, афсус намехӯрам.

Ҳоло самти фаъолиятам ба илм робита дораду мебинам, ки дар соҳаи педагогика олимони мо чӣ дастовардҳое доранд? Нисф аз инҷо рӯбардор мекунанд, нисф аз ҷойи дигар ва ду ҷумла аз худ афзуда номзади илм мешаванд. Академияи илмҳои педагогӣ 42 номзади илм тайёр кардааст, вале дар маҳбасхонаи бачагона мебинем, ки ҳар сол зиёда аз сад нафар бачаро ба ҷурми ҷиноят меоранд. Агар ӯ номзади илм бошад, барои чӣ рисолаи илмияш дар ҳаёт, дар истеҳсолот амалӣ намешавад?

Магар онҳо фақат барои унвон кор мекунанд?

Воқеан ҳам, олим шудан осонтар шудааст, аз як кадр тарбия кардан!

Аксаран занҳое, ки ба кори сиёсат мераванд, аз баҳри зиндагии шахсияшон мегузаранд. Баъзеҳо хонавайрон мешаванд, чун ба оила эътибор намедиҳанд ё шавҳарашон мансабдории занро бардошт карда наметавонад. Вале ман бо шавҳарам 28 сол боз зиндагӣ мекунему бе ҳарфи пасту баланд. Ҳамеша кӯшиш кардам дар хона зани хона бошам. Дар хона ман як зани оддиям, зани ба эҳтироми шавҳар мерасидагӣ. Магар барои зани соҳибмансабу сиёсатмадор ин амал хатост?

Зулолаи Нур, барои "Рӯзгор"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi