20:17:45 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2021 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Вохӯрию мулоқоти шӯъбаи кор бо занон ва оилаи вилоят бо занони маҳаллаҳои шаҳри Конибодом

Санаи 5-уми августи соли равон аз ҷониби гурӯҳҳои доимоамалкунандаи назди шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар деҳаҳои Фирӯзоба, Шӯрқӯрғон, Шаҳидқароянтоқ, Сайҳуни Ҷамоати деҳоти ба номи Ортиқов ва дар Кумитаи маҳаллаҳои Шерозӣ, Бобокалонов, деҳаи Қарақчиқуми Ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳри Конибодом байни занони хонашин корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ гузаронид.

konibodom 56896

Вохӯрию мулоқоти мазкур бо мақсади татбиқи амалии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд», «Дар бораи мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» пешгирии падидаҳои номатлуб, аз ҷумла зудбоварии занону духтарон, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, масъалаҳои ҳунаромӯзии занону духтарон, бахусус ҳунарҳои қолинбофии дастӣ, сӯзанидӯзӣ, адрасбофӣ, фарогирии духтарон ба зинаи сеюми таҳсил, пешгирии бемориҳои нашъамандӣ, ВМНО, худкушӣ ва сӯиқасд ба он, ба ҷиноят даст задани занону духтарон гузаронида шуда, дар ин вохӯриҳо занони фаъол, соҳибтаҷрибаву рӯзгордида, аъзоёни гурӯҳҳои мушоҳидони маҳаллаҳои номбурда ҷалб карда шудаанд.

Аъзоёни ин гурӯҳҳо ҳавлӣ ба ҳавлӣ гашта, аз ҳолу аҳволи мардум дидан карда, муаммо ва мушкилоти онҳоро якҷоя бо мақомотҳои дахлдор ҳал намуданд ва ҳамчунин шумораи занони имконияташон маҳдуд, ки қобилияти ҳунаромӯзӣ доранд, дар сатҳи маҳаллаҳо муайян намуда, онҳоро ба курсҳои махсуси ҳунаромӯзӣ даъват карданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар навбати худ иштирокчиён бо суолу дархостҳои хеш оид ба масъалаҳои маскуншавӣ, имтиёзҳо ба оилаҳои фарзандони имконияти маҳдуддошта, ташкили кӯдакистон, сехҳои дӯзандагӣ, гирифтани нафақа, ба танзим даровардани тӯю маросимҳо, намозгузории ноболиғон дар масҷидҳо, гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба намояндагон муроҷиат намуда, аз тарафи онҳо посух ва маслиҳатҳои муфид гирифтанд.

Ҳамчунин, гурӯҳҳои корӣ якчанд занҳои имконияташон маҳдудро аёдат карда, бо мушкилоту муаммоҳои онҳо аз наздик ошно гардиданд ва ба гурӯҳи мушоҳидон супориш дода шуд, ки саривақт аз аҳволи онҳо бохабар бошанд.

Баргузории чунин вохӯрию мулоқотҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ тибқи нақша дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят идома дорад.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi