15:46:45 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ ба истиқболи Рӯзи Модар

Имрӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи давлатии Кохи Борбад ба истиқболи Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд. Ҷамъомади тантанавии бахшида ба Рӯзи Модар бо ворид шудани Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба саҳнаи толори бузурги Кохи Борбад оғоз ёфт.

1-ruzi-modaron_2015.jpg

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Рӯзи Модарро, ки ба оғози Соли оила рост омадааст, ба кулли мардуми Тоҷикистон, ба хусус ба модарону хоҳарон самимона шодбош гуфта, таъкид дошт: “Нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳимму арзишманд аст”.

Изҳори бовар карда шуд, ки “дар ин соли хотирмон ҳар як фарди бонангу номуси Ватан ибтикороти шоистаро амалӣ карда, дар тарғиби арзишҳои муқаддаси оиладорӣ ва баланд бардоштани фарҳанги хонаводагӣ саҳми муносиб мегузорад ва ба ин восита мақоми зан-модарро, ки нуру зиёи ҳаёт ва асоси бахту нишоти зиндагӣ мебошад, боз ҳам баланд мебардорад”.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла занони шарофатманд, ҷавонони ватандӯст, ҳамватанони бурунмарзӣ, инчунин ҳизбҳои сиёсии кишвар “барои ширкати фаъолонаашон дар интихоботи Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ, ки чанд рӯз пештар баргузор шуда, нишонаи равшани болоравии фарҳанги сиёсии ҷомеа, масъулияти ватандорӣ ва рамзи возеҳи суннати таҳаммулгароиву ҳамдигарфаҳмии сокинони кишвари маҳбубамон ба хотири сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва осоиши ҳар як оила гардид”, сидқан изҳори миннатдорӣ намуд.

2-ruzi-modaron_2015.jpg

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба болоравии нақшу мақом ва фаъолнокии занон дар ҷомеа, ки натиҷаи сиёсати боровари гендерии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, тазаккур дод: “Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, сарвари муваффақ, донишманди асил, табиби ҳозиқ, соҳибкори саховатпеша, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихориҳар яки мову шумо мебошад”.

Хотиррасон карда шуд, дар солҳои истиқлоли Тоҷикистон беш аз 120 ҳазор нафар духтарон, аз ҷумла 6 ҳазорашон тибқи квотаи президентӣ муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм намудаанд, ки ҳоло дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ бо муваффақият кору фаъолият доранд. Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ беш аз 83 ҳазор духтарон, аз ҷумла дар хориҷи кишвар қариб сеюним ҳазор нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

3-ruzi-modaron_2015.jpg

Зимнан зикр гардид, ки солҳои аввали истиқлол дар Тоҷикистон ҳамагӣ 64 зани соҳибкор мавҷуд буд, ҳоло бошад танҳо шумораи корхонаҳои хурду миёна, ки роҳбарашон занону духтарон мебошанд, ба 2220 расидааст ва беш аз 126 ҳазор намояндагони ҷинси латиф ба соҳибкории инфиродӣ машғуланд. Танҳо соли 2014 аз тарафи бонкҳои кишвар ва дигар ташкилотҳои қарздиҳӣ ба занони соҳибкор қариб дуюним миллиард сомонӣқарз дода шудааст.

Дар мақомоти ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявии идоракунии давлатӣҳоло беш аз 8 ҳазор занону духтарон фаъолият мекунанд, ки 500 нафарашон вазифаҳои роҳбариро ба уҳда доранд. Аз шаш ҳазор духтари тибқи квотаи президентӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таълимгирифта, 125 нафар дар мансабҳои роҳбарӣ кор мекунанд.

Таъкид гардид, ки нақши тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007- 2016 дар ин раванд басо муҳим аст.

4-ruzi-modaron_2015.jpg

Бо вуҷуди ин Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ин нишондодҳоро ҳам нокифоя номида, таъкид дошт, ки барои боз ҳам афзун намудани шумораи занону духтарони соҳибмаърифату донишманд ва дар ҷомеа фаъол тадбирҳои иловагӣ бояд амалӣ карда шаванд.

Ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумат дастур дода шуд, ки барномаи нави тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳоро барои солҳои 2016 - 2020 таҳия ва пешниҳод намоянд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки барои муайян намудани шумора ва ҳаҷми грантҳои нави Президенти кишвар барои пешбурди фаъолияти соҳибкории занону духтарон барои солҳои 2016 - 2020 то охири соли равон хулосаҳо пешниҳод карда шаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз сабабҳои Соли оила эълон намудани соли 2015, аз ҷумла таъкид дошт: “беназоратӣ, дуруст тарбия наёфтан, аз мактаб дур мондан ва аз муҳити тарбияи хонавода ва ҷамъият берун шудан боис гардидааст, ки иддае аз наврасону ҷавонон ва занону духтарон ба амалҳои номатлуб даст зада, мақому манзалати оиларо паст мезананд.

5-ruzi-modaron_2015.jpg

Қисми дигари фарзандон бо ҳамин сабабҳо ба гурӯҳҳои террористиву ифротӣҳамроҳ шуда, дар давлати ба ном исломии Ироқу Шом ба муқобили мусулмонони дигар меҷанганд ва аллакай даҳҳо нафари онҳо дар хоки бегона ба ҳалокат расидаанд”.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба ояти 93 сураи Нисои Қуръони карим, ки дар он омадааст: “ҳар кӣ муъминро бар қасд бикушад, пас ҷазои ӯ дӯзах аст”, пурсон шуд: “Оё модарон ва худи ин афроди гумроҳ намедонанд, ки ҷойи чунин ҷавонон дӯзах аст? Намедонанд, ки Сурияву Ироқ кишварҳои мусулмонӣ мебошанд ва аксари одамоне, ки ҳар рӯз қурбон мешаванд, мусулмонанд”?

Таъкид гардид, ки мардуми кишвар, ба хусус падару модарон ва касони соҳибэътибору обрӯманд дар муқобили хатари ин гурӯҳҳои ифротиву террористӣ бетараф набошанд, аз ин равандҳо пешгирӣ намоянд ва насли ҷавони Тоҷикистонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва некию накукорӣ тарбия кунанд.

Мавзӯи дигаре, ки мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт, тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегонаи либоспӯшӣ, хусусан либосҳои сиёҳ рӯй овардани иддае аз занону духтарони Тоҷикистон аст. Чунонки таъкид гардид, “ҳатто либоси мотамии занони тоҷик сиёҳ нест”.

Аз ин хотир, аз Шӯрои уламо, Маркази исломшиносӣ, кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавон, варзиш ва сайёҳӣ оид ба масъалаҳои дин, танзими анъана ва маросимҳои миллӣ, телевизион ва радио ва роҳбарони мақомоти иҷроияи давлатӣ дар маҳалҳо талаб карда шуд, ки барои пешгирӣ аз ин тамоюли номатлуб дар ҷомеа тадбирҳои муассир амалӣ намоянд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки тарроҳон тарҳи либосҳои намунавиро барои шахсоне, ки дар бозору фурӯшгоҳҳо, ошхонаву тарабхонаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ фаъолият менамоянд, омода кунанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба мушкили хонадоршавии хешу табори наздик таваҷҷуҳ намуда, ба вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва адлия супориш дод, ки оқибатҳои ин корро ба мардум дуруст шарҳ диҳанд ва доир ба ворид намудани тағйирот ба қонунҳои дахлдор барои пешгирӣ аз никоҳи хешутабории наздик пешниҳодҳо манзур намоянд.

Ба хотири ҳифзи шоистаи арзишҳои оиладорӣ дастур дода шуд, ки лоиҳаи “Консепсияи оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия ва пешниҳод карда шавад.

Ҳамчунин пешниҳод карда шуд, ки дар шаҳри Душанбе “Муҷассамаи модар” ва як маҷмааи кӯдакон бо номи “Меҳри модар” бо шароити намунавии ҳозиразамон бунёд карда шаванд.

Изҳори умед карда шуд, ки дар Соли оила мардуми кишвар боз ҳам фаъолтар гардида, тамоми нерӯ ва заковати хешро барои солимии ҷомеа ва оила сафарбар мекунанд ва дар рушди маърифати оиладорӣ, таҳкими пояҳои хонавода ва устувор намудани ҳаёти оилаҳои ҷавон саҳми арзанда мегузоранд.

http://president.tj



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi