13:41:18 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Маҳбуба Камолова: «Ҳизби коммунист обрӯ ва эътибори худро аз даст додааст»

Чанде пеш нашриёти «Ирфон» китоби муовини сардори раёсати МТС назди президенти Тоҷикистон Маҳбуба Камоловаро бо номи «Раванди интихобот ва хусусиятҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба забони русӣ аз чоп баровард. Хабарнигори мо бо муаллифи китоби мазкур, номзади илмҳои сиёсӣ Маҳбуба Камолова дар мавзӯъи ташаккулёбии системаи муосири сиёсӣ ва фаъолияти азҳоби сиёсии мамлакат мусоҳиба баргузор кард.

-Системаи муосири сиёсӣ ва фарҳанги нави сиёсии Тоҷикистонро дар даҳсолаи охир чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

mahbuba-kamolova-78455665.jpg-Дар таърихи давлатдории муосири тоҷикон марҳалаи ташаккулёбии системаи муосир ва фарҳанги нави сиёсӣ аз соли 2000-ум оғоз ёфтааст. Чунки баъд аз баргузор шудани райъпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағийру иловаҳо ба Сарқонуни ҷумҳурӣ (санаи 26-уми сентябри соли 1999), заминаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ барои бозсозии сохти давлатдорӣ гузошта шуд. Баргузор шудани райъпурсӣ ва қабул шудани тағийру иловаҳо аз як тараф аз он шаҳодат медод, ки сокинони кишвар зарурати ворид кардани дигаргуниҳоро саривақт дарк карданд, аз тарафи дигар шаҳодат аз он медод, ки дар ҷомеа меъёру арзишҳои нав пайдо шуданд. Ин ду омил дар навбати худ барои ташаккулёбии фарҳанги нави сиёсӣ дар шароити Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат мекард.

Таъсис додани парлумони касбии иборат аз ду палатаи намояндагон қадами қатъие буд барои бунёди давлати демократӣ. Яке аз талаботи давлати демократӣ мавҷудияти шохаҳои мустақили ҳокимият ва таъмини плюрализми сиёсӣ дар ҷомеа мебошад. Плюрализми сиёсӣ бошад аз талаб ва дархости сиёсии шаҳрвандон ба воситаи интихобот маншаъ мегирад.

-Шумо, ки оид ба ҷараёни интихобот ва хусусиятҳои он тадқиқот анҷом додаед раванди рушд ва фаъолияти азҳоби сиёсии кишварро дар давоми солҳои охир чӣ гуна шарҳ медиҳед?

-Бисёрҳизбӣ ифодакунандаи манфиат ва мавқеи мухталифи аъзои ҷомеа мебошад. Азҳоби сиёсӣ ифодакунандаи ормонҳои сиёсии омма мебошанд. Натиҷаи интихобот баёнгари дар миёни интихобкунандагон чӣқадар маҳбубият доштани ин ё он нерӯи сиёсӣ мебошад. Маҳбубият доштан ва ё надоштани ин ё он ҳизби сиёсӣ пеш аз ҳама аз барномаи ҳизб, аз шахсияте, ки ҳизбро роҳбарӣ мекунад, аз фаъолияти пешвоён ва фаъолони ҳизб, ки дар миёни интихобкунандагон ва ҷонибдорони ҳизб кор мебаранд, вобастагӣ дорад.

Таҳлил ва тадқиқоти натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ дар давраи солҳои 2000-2010 тадриҷан ва босубот рушд гирифтану такомул ёфтани як қатор азҳоб ва дар баробари ҳамин торафт кам шудани нуфуз, маҳбубият ва шумораи аъзои азҳоби дигарро баён месозад. Интихобот оинаест, ки потенсиали мавҷуда ва имконияти воқеии ҳар як ҳизбро инъикос мекунад.

Дар интихоботи соли 2000-ум шаш ҳизби сиёсӣ барои роҳ ёфтан ба парлумони касбӣ мубориза бурда, Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ба гирифтани 36 курсӣ, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба гирифтани 13 курсӣ, Ҳизби наҳзати исломии  Тоҷикистон ба гирифтани 2 курсӣ дар парлумони мамлакат муваффақ шуданд. Дар 11 ҳавзаи интихоботӣ интихоботи такрорӣ баргузор шуданд, ки ин аз шиддати интихобот ва дарки масъулияти интихобкунандагон гувоҳӣ медод.

Дар интихоботи соли 2005-ум тағйироти ҷиддӣ дар электорати ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба амал омад: коммунистон дар ин интихобот ҳамагӣ 20, 63 фоизи овози интихобкунандагонро гирифта тавонистанд ва аз тариқи рӯйхати ҳизбӣ танҳо 4 нафар аъзои ҳизби коммунист ба парлумони кишвар роҳ ёфтанд. Яъне, интихобкунандагон тасаввуроту дархост ва боварии худро нисбат ба ин ҳизб, нисбат ба барномаи он аз даст доданд. Баъдан интихоботи парлумонии соли 2010 баргузор гардид, ки он низ натиҷаҳои фарқкунанда дошт. НуфузиҲизби коммунистӣ боз ҳам паст рафт ва дар интихобот ҳамагӣ 7 фоиз овози интихобкунандагонро гирифта, намояндагони он дар парлумони кишвар (тариқи рӯйхати ҳизбӣ) аз 4 нафар то 2 нафар кам шуданд.

-Яъне аз як интихобот то интихоботи дигар обрӯ ва нуфузи ҳизби коммунисти Тоҷикистон камтар шудааст?

-Бале, дар ибтидо интихобкунандагон зери таъсири ҳасрат (носталгия) аз замони шӯравӣ, ба ҳизби коммунист боварӣ ва эътимод доштанд, вале бо гузашти вақт, хусусан баъд аз ба имзорасии сулҳ ва ворид шудани мамлакат ба давраи нав – давраи созандагиву ободкорӣ, ин ҳизб тадриҷан обрӯ ва эътибори худро аз даст дод. Шумораи ҷонибдорону пайравон ва аъзои он ба маротиб кам гардид.

-Сабабу омилҳои кам шудани нуфузи ҳизби коммунист чӣ буда метавонад?

-Аз як тараф бефаъолиятии худи ҳизб, набудани ҳамдигарфаҳмӣ дар сатҳи роҳбарӣ, аз тарафи дигар барои ҷомеа бегона будани таълимоти коммунистӣ боиси он гардид, ки мардум, интихобкунандагон тадриҷан ба ҳизби коммунисти Тоҷикистон ҳамчун ба нерӯи сиёсӣ умеду боварии худро қатъ кунанд. Тағйироти глобалӣ, ки имрӯз дар ҷаҳон ба назар мерасад, шаҳодат аз он медиҳад, ки дигар он интернатсионализми коммунистӣ, ки таълимоти марксистӣ таблиғ мекард, ба таҳхонаи таърих роҳ гирифтааст. Акнун дар ҷойи аввал нигоҳ доштани давлатҳову миллатҳо меистад, зеро ҳодисаҳои замони охир, дар мисоли Сурия, Ироқ, Яман, Ливия нишон медиҳанд, ки доираҳои манфиатдор метавонанд будан ё набудани як давлатро зери шубҳа қарор диҳанд. Дигар омил ин аст, ки роҳбарияти ҳизби коммунист дар давоми 20 соли охир натавонист потенсиали ҷавононро ба худ ҷалб кунанд.

-Интихоботи парлумонии моҳи марти соли ҷорӣ баргузоршуда аз интихоботҳои пешина чӣ тавофут дошт?

-Дар интихоботи соли равон 8 азҳоби сиёсии расман ба қайд гирифташуда иштирок карданд. Барои ишғоли 63 мандати депутатӣ 285 номзад номнавис шуданд, ки аз ин ҳисоб 30 нафарро занон ташкил медоданд. ҲХДТ - 65,4 фоиз, Ҳизби аграрӣ - 11, 7 фоиз, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ - 7,5 фоиз ва Ҳизби сотсиалистӣ - 5, 5 фоиз овози интихобкунандагонро ба даст оварда бо намояндагони худ дар парлумон роҳ ёфтанд. Аммо ҳизби коммунист, наҳзати исломӣ, ҳизби демократӣ ва сотсиал-демократӣ бо гирифтани мутаносибан: 2,2 %, 1,6%, 1,7% ва 0,5% овози интихобкунандагон натавонистанд, садди 5 фоизаро гузаранд.

Тафовути асосӣ ин буд, ки бори нахуст дар давоми 15-20 соли охир, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва Ҳизби наҳзати исломӣ натавонистанд намояндагони худро аз тариқи интихобот ба парлумони мамлакат ворид кунанд.    

-Кадом омилҳо боиси дар интихобот шикаст хурдани ин ҳизбҳо шуда буданд?   

-Бояд гуфт, ки ҳукумати мамлакат дар симои КМИР ба ҳамаи азҳоби сиёсӣ дар гузаронидани корҳои ташвиқотии пешазинтихоботӣ бо истифода аз телевизион ва дигар васоити ахбор шароити якхела муҳайё намуда буд. Аммо пешвоён ва намояндагони ҳизби коммунист, наҳзати исломӣ ва сотсиал-демократӣ дар мулоқотҳои пешазинтихоботӣ ба ҷойи он ки дар хусуси ҷабҳаҳои стратегии барномаҳои сиёсии худ сӯҳбат кунанд, танҳо ба танқиди фаъолияти ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти кишвар машғул шуданд. Номзадҳо аз ҳизби коммунист ва наҳзати исломӣ дар рафти мулоқот бо интихобкунандагон на манфиатҳои интихобкунандагон, балки манфиатҳои ҳизби худро муаррифӣ мекарданд. Ҳамчун мутахассис изҳор мекунам, ки шикасти ҲНИТ ва ҲКТ дар интихоботи имсола табиӣ ва чашмдошт буд. Номзадҳои ҲНИТ ба ҷойи он ки интихобкунандагонро ба барномаҳои худ шинос кунанд, рӯйрост муносибати манфии худро нисбат ба Ҳукумати мамлакат изҳор намуда, одамонро рӯҳан ба муқобили сохти ҷамъиятии кунунӣ равона месохтанд. Дар хусуси мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ, набудани ҷойҳои корӣ баромадҳои танқидӣ намуда, аммо худ ягон алтернатива пешниҳод намекарданд. Агар ки номзадҳои наҳзати исломӣ ба танқиди барномаҳои ҳукумат машғул буданд, пас номзадҳои ҳизби коммунист дар миёни интихобкунанадагон ягон замина ҳам надоштанд.

Бинобар ҳамин ман чунин мешуморам, ки дар давоми 10-15 соли охир на танҳо фарҳанги сиёсии интихобот дар мамлакат ба таҳаввулоти ҷиддӣ дучор шудааст, ҳамчунин афкори ҷамъиятии интихоботкунандагон низ дигар шуд. Акнун интихобкунандагон номзадҳои арзандаи худро на аз рӯи ваъдаҳои хушку холӣ, балки дар асоси барномаи азҳоби сиёсии фаъол, ҳизби ҷавобгӯ ба манфиатҳои давлату миллат интихоб мекунанд. Даврони ҳизбҳои ба таълимоти бегона такядошта ва ҳизбҳои ба созмонҳои террористӣ ва фаъолияти иртиҷоӣ алоқаманд ба охир расидааст.

- Ташаккур барои мусоҳибаи самимӣ!

АМИТ "Ховар"

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi