12:50:08 01-уми Июли 2025 сол

БО МАРДУМ КОР КАРДАН САҲЛ НЕСТ

Дар рушди бахшҳои гуногуни шаҳрдорӣ, хусусан тозагию ободонӣ, ба тартиб даровардани маҳали зист, ҳалли масъалаҳои марбут ба хизматрасонии коммуналӣ нақши  раисони маҳаллаю шаҳракҳо ва сарварони ҷамъиятҳои соҳибмулкони манзил калон аст. Ин аст, ки маҳз бо масъулиятшиносӣ ва чашмикордонию кӯшишу ғайрати иддае аз раисони маҳаллаҳо,  шаҳраку маҳалҳои пойтахт,  шаҳри Душанбе  назар ба солҳои қаблӣ ободтар гардида, ба ҳуснаш шукӯҳи хоса зам мегардад. Яке аз чунин маҳаллаҳо маҳаллаи Азизбекови ноҳияи Исмоили Сомонӣ аст, ки роҳбарии онро зани масъулиятшинос ва қавиирода Зокирова Инобат Бекназаровна ба ӯҳда дорад.

 

- «Ду сол аст, ки ман раисии маҳаллаи Азизбекови пойтахтро, ки дар маркази шаҳр воқеъ гардидааст, ба ӯҳда дорам», мегӯяд Инобат Бекназаровна. Мавсуф меафзояд, ҳангоме ки  маро ба ҳайси раиси маҳалла интихоб карданд,  маҳалла аз чанд ҷиҳат ақибмонда ба шумор мерафт. Зеро маблағи партов ва дигар бахши хизматрасонии коммуналӣ саривақт ҷамъ оварда намешуд. Дар зарфи ду сол корҳои зиёде ба анҷом расонида шуда, он ба яке аз маҳаллаҳои пешқадам табдил дода шуд. Хусусан, тозагии маҳалла  таҳти назорати доимии худам қарор дорад.

 

Дар кӯчаҳо гашта,  гирду атрофи партовгоҳҳоро доимо тоза ва дар ҳолати хуби санитарӣ нигоҳ медорем. Кӯҳансолони маҳалларо доимо аз ҳолу аҳволашон хабар мегирем. Аз ҷониби ҳукумат ба оилаҳои камбизоат лампаҳои каммасраф тақсим карда шуд. Инчунин, ҳар сари вақт бо вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе вохӯрию мулоқот ташкил намуда, масъалаҳои мубрамро баррасӣ менамоем.

 

-Чанд ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунад дар маҳалла?

 

-Дар маҳаллаи Азизбеков 341 оила ва дар маҷмӯъ 1400 нафар аҳолӣ  зиндагӣ менамояд.  Маҳалла, ки калон аст  сокинони он дар соҳаҳои гуногун фаъолият менамоянд. Занон низ фаъол буда, аксарияташон  дар муассисаҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ кор мекунанд. Бояд гуфт, ки пешрафти ҷомеа аз баланд будани сатҳи маърифат ва маданият низ вобастагӣ дорад. Чунки сокинони маҳалла аксарияташон шахсони бомаърифатанд. Агар доир ба ягон масъала аз онҳо эрод гиред,  хуб қабул менамоянд ва аз паи ҳал ва ислоҳи камбудӣ мегарданд. Яъне,  якдигарфаҳмӣ ва ҳурмату эҳтиром аст, ки он метавонад ба рафъи мушкилот ва пешрафти маҳалла мусоидат намояд.

 

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи анъана танзими ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  чӣ гуна риоя карда мешавад?

 

-Қонуни мазкур дар маҳаллаи Азизбеков пурра риоя карда мешавад. Ҳар як сокини маҳалла ҳангоми баргузор намудани маърака ва дигар маросимҳои миллӣ омада аз Раиси маҳалла ва сохторҳои марбута иҷозатнома мегиранд. Ягон маърака ғайриқонунӣ гузаронида нашудааст. Яъне, тӯйҳо ва анъанаҳо ҳама дар доираи қонун бо маслиҳату ҳамдигарфӣ ташкил ва гузаронида мешаванд.

 

-Дар ҷумҳурӣ аз 21 то 30 сентябри соли 2010 барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад. Дар робита  ба ин чорабинӣ чӣ корҳо дар маҳаллаи Азизбеков ба анҷом расонида шудааст?

 

-Дар мавриди гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар маҳаллаи Азизбеков рақами тамоми хонаю ҳавлиҳо ба тартиб дароварда шудаанд. Он ҳавлиҳое, ки бо сабабҳои гуногун рақам надоштанд,  бо рақам таъмин гардиданд. Кӯчаҳо ба тартиб дароварда шудаанд. Яъне,  омодагӣ ба маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст. 

 

иҳати  мумфарш кардани роҳи кӯчаҳои маҳалла кадом корҳо ба сомон расонида шудааст?

 

Дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи ба номи Исмоили Сомонӣ ва худи сокинони маҳаллаю кӯчаҳо, яъне бо роҳи ҷамъоварӣ намудани 50% -и маблағ аз ҳисоби сокинони кӯчаҳо ва 50% дигар аз буҷаи ноҳия роҳҳо мумфарш карда шуда истодаанд. Дар оянда низ дар нақша аст, ки роҳҳои баъзе кӯчаҳоеро, ки таъмирталабанд, мумфарш намоем.

 

-Дар мавриди риоя намудани  тозагию ободонӣ дар байни мардум корҳои тарғиботӣ бурда мешавад? 

 

Бале, қариб ҳамарӯза дар тамоми маҳаллаю кӯчаҳо шахсан худам мегардам,  бо мардум дар масъалаи риояи тозагию ободонӣ сӯҳбат ва вохӯриҳо мегузаронам. Ҳатто то соати 10 шаб дар кӯчаҳои маҳалла, хусусан атрофи партовгоҳҳо гашта назора мебарам. Дар аксар маврид ҳастанд волидайне, ки партофтани партовҳоро ба ӯҳдаи кӯдакон вогузор менамоянд. Дар чунин маврид агар дар дасти кӯдакон халтаҳои селафаниро бо партовҳо бинам,  ҳатман ба волидайнашон эрод мегирам.

 

Насиҳат ва таъкид мекунам, ки бояд падару модарон худашон партовҳоро бурда,  ба партовгоҳҳо партоянд. Зеро тозагию ободонӣ барои инсон дар мадди аввал истода,  гарави саломатии ҷомеа мебошад. Дар мавриди риоя накардани низоми рехтани  партовҳо ба партовгоҳҳо аз ҷониби сокинон аз онҳо ба маблағи 350 сомонӣ  ҷарима ситонида мешавад. Реҷаи партофтани партовҳо ба партовгоҳҳо, ки аз соати 5 –и шом то 11 шаб муайян гардидааст, аксаран аз ҷониби сокинони маҳалла риоя карда мешавад.

 

ӣ проблемаҳо вуҷуд дорад дар маҳалла?

 

-Проблемаҳои ҷиддӣ вуҷуд надоранд. Баъзан мешавад, ки  бо сабабҳои  объективӣ интиқоли об қатъ мегардад. Дар ин маврид пешакӣ сокинонро огоҳ менамоем, ки об захира намоянд.  Агар ягон мушкилот дар бахши хизматарасонии коммуналӣ пеш ояд,  ҳатман аз пайи ҳалаш мегардем. Дар маҳаллаи Азизбеков 14 кӯча, кӯчаҳои ба номи Т. Пӯлодӣ,  М. Қурбонов, Азизбеков, Помир, Беҳзод, Ш. Руставели, Анзоб ва гузаргоҳҳои дуюм ва  сеюми кӯчаи Лоҳутӣ мавҷуданд, ки ҳар як сокини ин кӯчаҳо дар корҳои ободонию тозагӣ ва ҳалли масъалаҳои марбут ба бахши хизматрасонии коммуналӣ дар ҳамкорӣ бо раиси маҳалла саҳми муносиби худро мегузоранд.

 

-Инобат Бекназаровна, ҳамчун зан ба ӯҳда доштани вазифаи раиси маҳалла ба Шумо мушкил нест?

 

Албатта,  барои зан ба ҳайси раиси маҳалла, хусусан бо мардум кор кардан душвор аст. Зеро он   вақт, масъулияти бештар ва қавииродагиро  талаб менамояд. Рӯзҳои нахустини фаъолиятам дар вазифаи раиси маҳалла бароям хеле мушкил буд. Вале бо гузашти вақт, шиносоии ҳар чӣ бештар ва муносибати хуб  бо сокинони маҳалла ва дастгирию кӯмаки онҳо ҳамаи он мушкилот  бартараф гардиданд. Яъне, ҳамкории мутақобилан судманд бо сокинони маҳалла ва ҳамдигарфаҳмию хушмуомилагӣ баҳри пешрафти соҳаҳои гуногуни ҷомеа  самараи хуб медиҳад.

 

Мусоҳиб Марзия Саидова, АМИТ «Ховар»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/zan-va-jomea/2989-2010-08-28-10-13-42.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ