06:47:51 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ПАЗИРО: "ДАР 50 СОЛ МАРДУМИ АФҒОН СЕ БОР ГУРЕЗА ШУДАНД"

Дар Тоҷикистон нахустнамоишини филми "Тамсили ғайрат", сохтаи Нилуфари Пазиро, коргардони афғони муқими Конодо, баргузор шуд. Ин филм баъд аз зуҳри рӯзи чаҳоршанбеи 20 октябр дар толори кунфронси дафтари намояндагии Барномаи Тавсеъаи СММ ё UNDP дар Душанбе ба намоиш даромад. Филми "Тамсили ғайрат" аз сарнавишти як духтари ҷавони афғон ҳикоят мекунад, ки ба сабаби мавҷудияти сунани мухталиф дар Афғонистон дучори мушкилоте мешавад.

 

niloofari paziroБа гуфтаи таҳиякунанда, яке дигар аз масоиле, ки дар филм рӯяш таъкид шудааст, мушкилоти ҳазорон паноҳандаи Афғонистон аст, ки ҷанг ва нооромӣ дар он кишвар рӯйи зиндагии иҷтимоъии онҳо таъсири ногуворе бар ҷой гузоштааст. Нилуфари Пазиро, коргардони филм, аз солҳои 1980 то ҳол дар Конодо ба сар мебарад. Вай мегӯяд, ки сарнавишти мардуми паноҳандаи афғонро бахубӣ дарк мекунад, зеро худаш низ баъд аз ҳамлаи Шӯравӣ ба Афғонистон ба Конодо муҳоҷират кардааст.

 

Дар рӯзи баргузории нахустнамоиши филми "Тамсили ғайрат" дар Душанбе ҳамкорамон Заринаи Хушвақт мусоҳибае бо Нилуфари Пазиро анҷом дода ва хонуми Пазиро гуфтааст, ки дар панҷоҳ соли ахир мардуми Афғонистон се бор маҷбур шудаанд дар асари норомиҳо кишвари худро тарк кунанд.

 

Нилуфари Пазиро: Ман бо волидонам аз Афғонистон дар авоили солҳои 1980, яъне дар оғози нобасомониҳо гуреза шудем. Нахуст ба Покистон ва сипас ба Конодо рафтем. Вале бештари мардуми афғон, ки хоҳиши зиндагӣ дар кишварашонро доштанд, баъд аз оромии нисбие дар Афғонистон ба ватан бозмегаштанд ва бо оғози даргириҳои ҷадид боз роҳи фирорро пеш мегирифтанд. Ин гуна гурезаҳо дар се бори фирор аз кишвар тамоми дороиҳо ва ҳатто пайвандонашонро аз даст доданд.

 

Зоҳиран, филми Шумо низ ба ҳамин мавзӯъ ихтисос ёфтааст. Мешавад, дар бораи муҳтавои филм ба мо бештар иттилоъ диҳед?

 

Ин нахустин филм аст, ки ман таҳия кардам. Ва филм дарвоқеъ як достони ишқӣ аст, ишқи як духтари ҷавон ва як писари ҷавон, ки дар рустои дуруфтодае дар шимоли Афғонистон ба сар мебаранд. Ва онҳо қарор аст, ки бо ҳам издивоҷ кунанд. Вале гурӯҳе аз хориҷ ба ин русто меояд, то филмеро бо ширкати рустоиён таҳия кунад ва духтари ҷавон алоқаманд мешавад, ки дар филм нақше офарад. Ин духтар бидуни иҷоза аз касе аз манзилаш берун меояд.

 

Ин рафтори духтари рустоӣ, ки бидуни иҷозаи падар, бародар ва ё номзадаш ба берун аз манзил меравад, боъиси он мешавад, ки вай бо фоҷеъае рӯбарӯ шавад. Аз сӯйи дигар, дар ин филм хонаводае низ ҳузур дорад, ки дар Эрон паноҳанда шуда ва ба ҳангоми бозгашт ба русто дармеёбанд, ки манзил ва тамоми дороиҳои онҳо аз даст рафтааст.

 

Ва чизе, ки ин ду достонро ба ҳам муртабит мекунад, ҳузури як духтари афғон аст, ки аз хориҷ, яъне аз Конодо ба русто меояд. Ин қисса бештар бар асоси зиндагии худам таҳия шудааст. Ин духтар мехоҳад барои кишвараш ва мардуми афғон хидмат кунад ва бавижа қасд дорад ба занон ва духтарон кумак кунад, аммо дарвоқеъ дармеёбад, ки ончи тассаввур мекард, бо воқеъият тафовути зиёде дорад. Ин сӯитафоҳумҳо боъиси эҷоди мушкилоте дар ин русто мешавад.

 

Чаро Шумо маҳз масоили марбут ба паноҳандагонро дунбол кардед?

 

Мавзӯъи гурезу баргашт чизе ҳаст, ки решааш дар зиндагии худам вуҷуд дошт. Ман кӯдак будам, ки аз Кобул паноҳанда шудам, нахуст ба Покистон ва сипас ба Конодо муҳоҷир шудем. Вале ман худро хушбахттарин шахсе эҳсос мекунам, ки ҳоло дар ин ду кишвар, ҳам Конодо ва ҳам Афғонистон, ҷойи по дорам ва дар ҳар ду кишвар хонавода дорам.

 

Дарвоқеъ ҳамин дарди гузоштану рафтан дарди бузургест ва бисёр сахт аст, ки одам ӯро фаромӯш кунад ва баргаштанам ҳам дарди бузургтар аз вай аст. Бавижа, ҳангоме ки ба ватан бозмегардӣ ва дармеёбӣ, ки ҳама чиз тағйир кардааст. Он зиндагии қаблӣ вуҷуд надорад, одамҳо тағйир кардаанд ва замину дороӣ фурӯхта шудааст. Вақте ки аз як дунёи солиму ором ба ҷойе, ки нобасомонӣ дорад, бармегардӣ ва дармеёбӣ, ки мардум миёни худ даргир аст, хеле бароятон зиндагӣ сахт мегузарад.

 

Ба назари Шумо, дар чунин шароите бадбахттарин қишри ҷомеъа кадом аст?

 

Ба назари ман, бештари мушкилот дар чунин замони бесомониҳо ба сари занону кӯдакон меафтад. Вақте ки ҷанг ва нороҳатӣ асту ҷомеъа аз ҳам мепошад, тамоми занону кӯдакон қурбонии аслии он мешаванд. Мардҳо ба ҷанг мераванд ва шаҳиду қаҳрамон мешаванд ва дар ин маврид низ боз модарон ва занон бадбахт мешаванд. Боз ҳам занон бева мемонанду бо кӯдаконашон саргардон мешаванд. Ва дар Афғонистон бештари чунин занон ноновари хонавода ҳастанд.

 

Ва ҳатто мардоне, ки аз набард бозгаштаанд, куллан иваз мешаванд ва ба ҳолати зиндагии чунин мардҳо хушунати ҷангӣ афзун мешавад. Ва боз ҳам барои занон мушкил пеш меоранд. Дар ҳамаи ин ҳолатҳо, бо вуҷуди ҳамаи ин душвориҳо, занони афғон ҳамеша сокит ҳастанд ва сару садо ҳам намекунанд. Барои ин занҳо ҳатто кӯчактарин хушҳолӣ низ хушбахтӣ меорад. Ва дар филми ман рӯйи ин мушкил таъкид шудааст. Барои мисол, духтари қаҳрамони филми ман аз як минҷоки гесӯ ин қадар шодӣ мекунад, зеро дар зиндагии онҳо хушҳолӣ хеле андак аст.

 

Филми Шумо бештар дар кадом кишвар наворбардорӣ шудааст? Ва дар мавриди афроде, ки дар наворбардорӣ бо Шумо ҳамкорӣ карданд, чанд ҳарфе бигӯед.

 

Дар тавлиди филми ман се фарҳанги мутафовити ҷаҳонӣ ҳузур дошт. Яъне ҳамкорони ман аз Конодо, гурӯҳи Тоҷикистон ва гурӯҳи Афғонистон, ки бо вуҷуди тафовутҳои забонӣ, гурӯҳи кории филм мукаммал буд ва ба ҳангоми наворбардорӣ ҳамдигарро ба осонӣ мефаҳмиданд. Ҳудуди 90 дар сади филм дар Тоҷикистон наворбардорӣ шудааст. Ва дар гурӯҳи филмбардорон низ кормандони фаннии гурӯҳ теъдоди бештарашон аз Тоҷикистон буданд.

 

Дар нақши мардуми рустоӣ низ сокинони як рустои Тоҷикистон ширкат доштанд. Аз ҷумла, қаҳрамони нақши аслии мардро Раҷаб Ҳусейнов, ҳунарпешаи тоҷик, иҷро кард. Дар нақши қаҳрамони аслӣ, духтари ҷавон Морино Гулбаҳорӣ, ҳунарпешаи ҷавоне аз Афғонистон буд. Нақши падараш Қутбиёрро, ҳунарманде афғонӣ иҷро кард. Ва аз Конодо низ гурӯҳе бо ман ҳамроҳ буданд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/zan-va-jomea/3400--q-50-------q.html



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi