ОЗОР ДАР БОЗОР: ЗАНОНИ ТОҶИР ЧӢ АНДОЗА АМНИЯТ ДОРАНД?
Турсуной Яъқубова яке аз занони фаъол ва собиқадор дар тиҷорат ва соҳибкорӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, дар маркази Тоҷикистон, аст. Турсуной соҳиби ду шуғл аст: вай ҳам пизишк аст ва ҳам омӯзгории фанни риёзиёт. Вале ӯ мегӯяд, ки ба сабаби ночиз будани ҳуқуқ дар муассисоти давлатӣ вай водор шудааст, ки ин машоғили худро тарк кунад ва ба тиҷорату соҳибкорӣ даст занад.
Ба гуфтаи ин тоҷири маҳаллӣ, дар гузашта оғози соҳибкорӣ ва ё таъсиси дуконе барои фурӯши мавод хеле мушкил буд, вале ахиран барои занон ин фаъолиятҳо дар Тоҷикистон то андозае осонтар шудааст. Хонуми Яъқубова гуфт: "Ман маъмулан ба фурӯши порча ва корҳои хайётӣ машғулам. Дар марҳалаи кунунӣ яке аз мушкилоте, ки занон ва духтарони тоҷир ва соҳибкор бо он ҳамвора рӯбарӯанд, гарон будани молиётест, ки мо барои ин фаъолиятҳоямон ба давлат пардохт мекунем."
Вай афзуд: "Ман маълули дараҷаи дувум ҳастам ва бархе авқот ба сабаби беморӣ аз фаъолият дар тиҷорат барои муддате маҳрум мемонам, вале дар ин сурат низ молиёти муҷаввиз ва молиёти моҳиёна (патент)-ро пардохт мекунам."
Турсуной мегӯяд яке дигар аз мушкилоте, ки онҳо имрӯзҳо ба он мувоҷеҳ ҳастанд, қатъ шудани интиқоли барқ ба манозили онҳост. Ба гуфтаи вай, онҳо се рӯз боз аслан нерӯи барқ надоранд.
Амнияти занони тоҷир
Ин мушкилоти занони тоҷир ва соҳибкор ва амнияти онҳо дар бозорҳо дар кунфаронсе зери унвони "Амнияти занон дар бозорҳои устони Суғд", ки рӯзи сешанбеи 23 ноябр дар шаҳри Душанбе доир шуд, баррасӣ гардид. Дар ин нишаст занони тоҷир ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон ва масъулони созмонҳои ғайридавлатии ин кишвар дар мавриди беҳбудии вазъияти занон ва духтароне, ки дар бозорҳо ва хиёбонҳои кишвар машғули тиҷорат ҳастанд, мубоҳисоте анҷом доданд. Дар аввали кунфронс, масъулони Анҷумани занони фаъол ва бозаргон ширкаткунандагони нишастро бо натиҷаи тарҳе дар бораи амнияти бозорҳо ва тиҷорати бехатар дар бозорҳои марзӣ дар устони Суғд ошно карданд.
Муҳаббат Нозимова, масъули ин тарҳ, мегӯяд, ки ин барнома аз аввали соли ҷорӣ оғоз шуда ва дар чаҳорчӯби он дар мавриди мушкилоте, ки занон ва духтарон ба ҳангоми тиҷорат дар устони Суғд бо он рӯбарӯ мешаванд, назарсанҷие анҷом шудааст. Хонуми Нозимова афзуд, ки аз мушкилоти умдаи занони тоҷир ва чаканафурӯш надоштани амнияти комил ба ҳангоми фаъолият ва рафту омади онҳо ба ҷойи кор ва маҳдудиятҳое аст, ки бархе авқот барои чунин занон масъулони бозорҳо эҷод мекунанд.
Нақзи ҳуқуқи занон
Аз сӯйи дигар, дар ҷомеъаи падарсолори Тоҷикистон, ки масъулияти аслиро мардҳо ҳам дар хонавода ва ҳам дар ҷомеъа бар дӯш гирифтаанд, ин пурсиш матраҳ аст, ки оё барои занон ва духтарон соҳибкор ва тоҷир будан осон аст ё хайр?
Ойниҳол Бобоназарова, коршиноси умури зан, барномаи ҷадид барои таҳқиқи вазъи амниятии занон ва духтаронро, ки аз сӯйи Сандуқи Занони Созмони Милали Муттаҳид ҳимояти молӣ мешавад, аз тарҳҳои бамаврид барои бонувони Тоҷикистон хонд. Хонуми Бобоназарова афзуд: "Дар шароити феълӣ, бисёре аз занон ва духтарон аз ҳуқуқи худ огоҳӣ надоранд ва замоне, ки ҳуқуқи онҳо аз сӯйи пулис ва ё соҳибони бозорҳо нақз мешавад, чи кор карданро намедонанд. Аз ин рӯ, роҳандозии чунин барномаҳо барои боло бурдани худогоҳии онҳо нақши муассире дорад."
Вай ҳамчунин гуфт: "Ман фикр мекунам, ки дар ҷомеъаи мо ба ин барномаҳо ва ба ҳалли мушкили занон намояндагони динро низ ҷалб кардан лозим аст. Зеро ин тарҳ барои тарбияти ахлоқии онҳое, ки аз фаъолияти занони тоҷир монеъ мешаванд ва ё ҳамсарони худро аз фаъолиятҳои иҷтимоъӣ дур мекунанд, муҳим аст."
Хонуми Бобоназарова мегӯяд дар солҳои ахир бештари заноне, ки ҳамсаронашон дар Русия машғули кор ҳастанд, батанҳоӣ таъмини рӯзгор ва тарбияти фарзандонро бар дӯш доранд. Аммо Тусуной Яқубова мегӯяд, ки шавҳараш на танҳо аз кори вай монеъ намешавад, балки дар ҳалли бархе аз масоили молӣ ба вай кумак мекунад.
"Ҷигарта бухурам тоҷирдухтари чашмсиёҳ"
Аммо бархӯрди на ҳама мардон бо занону духтарони тоҷик ва ё фурӯшанда муносиб аст. Нилуфар, духтари 18-сола низ чанд моҳ аст, ки ба модараш барои фурӯши маводди ғазоӣ дар яке аз гузаргоҳҳои зерзаминӣ дар хиёбони Исмоъили Сомонии шаҳри Душанбе кумак мекунад. Нилуфар мегӯяд, ки модараш дар бархе маворид мариз мешавад ва вай батанҳоӣ дар дукон ба фурӯши мавод даст мезанад. Нилуфар афзуд: "Баъзан бачаҳои ҷавон ба наздам омада гап мепартоянд ва ҳарфҳои нохуше, аз қабили "ҷигарта бухурам" ё "шумораи телефунта бидеҳ" мегӯянд. Ман аввал бо ҳарфҳои хуб онҳоро водор мекунам, ки ба ман халал нарасонанд, агар нашуд, танбеҳ мекунам. Ҷавононе низ ҳастанд, ки баъд аз он ки бо ҳарфҳои дурушт онҳоро аз назди дукон дур кунам, маро таҳдид мекунанд."
Яке дигар аз заноне, ки машғули фурӯши маводди ғазоӣ дар хиёбон буд, гуфт, ки дар баъзе мавридҳо кӯдакони шӯх аз наздаш шириниҳоро мегиранд ва фирор мекунанд ва ин зан қудрати бозгардондани чизи фурӯширо аз дасти онҳо надоштааст. Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи бархе аз шоҳидон, иддае аз харидорон ба ҳангоми суҳбат бо бонувони тоҷир аз шеваи дурушт ва ҳарфҳои қабеҳ истифода мекунанд ва занони фурӯшандаро таҳқир мекунанд. Ҳамчунин, гуфта мешавад ба ҳангоми чандин мавориди оташсӯзӣ дар бозори "Корвон"-и шаҳри Душанбе иддае аз занони тоҷир, ки дуконҳои онҳо дар макони оташсӯзӣ қарор дошт, муфлис шудаанд.
Озори занон аз сӮйи пулис
Ба гуфтаи бархе аз масъулони созмонҳои ғайридавлатӣ дар умури занон, мушкилоти аксари занони тоҷир ва соҳибкор набуди амнияти комили онҳо дар бозорҳо ва ҷомеъаи имрӯзӣ будааст. Ва ин душвориҳо на танҳо марбут ба занони тоҷир дар устони Суғд аст, балки бештари тоҷирон аз ҷумлаи занон дар саросари Тоҷикистон бо чунин душвориҳо рӯбарӯ мешаванд. Бисёре аз занони тоҷир ва ҳатто онҳое, ки дар хиёбонҳои шаҳрҳо ва навоҳии Тоҷикистон даст ба чаканафурӯшӣ мезананд, аз он гилоя доранд, ки кормандони пулис ва бархе авқот маъмурони молиёт аз фаъолияти онҳо монеъ мешаванд.
Ба гуфтаи онҳо, иддае аз кормандони пулис ҳатто барои фурӯши маводде дар маҳалли таҳти муроқибаташон аз занон пул меситонанд. Ҳарчанд ба гуфтаи занон, ки танҳо бо даромади ночизе аз фурӯши нон ва анъвои дигари маводди ғизоӣ сармоя барои рӯзгорро дарёфт мекунанд, онҳо ҳамеша молиёти моҳона барои ин фаъолияташонро пардохт мекунанд. Аммо масъулони ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон мавориди пулситонӣ аз сӯйи кормандони пулисро рад мекунанд.
Барномаҳои давлатӢ барои занони тоҷир
Тоҷинисо Абуқаюмова, масъули бахши ҳуқуқии Кумитаи зан ва хонаводаи Тоҷикистон, мегӯяд, ки давлат барои рушди соҳибкорӣ ва кумак ба занон ва духтарон барномаҳои вижаеро роҳандозӣ кардааст. Аз ҷумла, вай мегӯяд, ки тавассути кумитаи онҳо дар се соли ахир барои занон ва духтарон ҳудуди 90 кумаки ботахфиф ихтисос дода шудааст. Хонуми Абдуқаюмова афзуд: "Соли ҷорӣ кумита барои 30 зан ва духтар вомҳои имтиёзнок ба маблағи 15 то 30 ҳазор сомонӣ ихтисос дод, ки ин маблағҳо барои таъсис ва анҷоми фаъолиятҳои соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ пешбинӣ шудаанд."
Яке дигар аз масоиле, ки дар ҳамоиши занони тоҷир ба он таъкид шуд, масоили амниятии занон дар бозорҳои марзӣ буд. Дар ин ҳамоиш намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ аз ҷумлаи занон ва намояндагони созмонҳои байналмилалии мустақар дар Тоҷикистон ширкат доштанд. Бархе аз онҳо пешниҳод карданд, ки барномаи амнияти занон дар бозорҳо дар манотиқи дигари Тоҷикистон низ барои боло бурдани бедории ҳуқуқии занон ва духтарон роҳандозӣ шавад.
Заринаи Хушвақт, Би-Би-Си Душанбе
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/zan-va-jomea/3679-2010-11-26-14-33-16.html