08:45:16 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

НИГАРОНӢ АЗ АФЗОИШИ ТАНФУРӮШӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

«Мо ҳар рӯз дар ҳамин ҷо ҳастем. Зиндагӣ маҷбур кардааст. Чӣ кор кунем? Ман 100 сомонӣ маош мегирам, ба ҳеҷ чиз намерасад. Маҷбурем, ки шаб кор кунем».

Ин суханони зани танфуруше мебошанд, ки дарёфти ризқи хешро маҳз дар чунин роҳ медонад. Ӯ мегӯяд, бо ин роҳ барои рӯзгузарони худ ва кӯдаконашон қути лоямут пайдо мекунад. Авҷ гирифтани падидаи танфурӯшӣ дар Тоҷикистон мақомоти зирабти кишварро водор кардааст, ки тадбирҳои ҷиддиро ба роҳ монанд. Ахиран як идда бонувони фаъоли ҷамъияти низ ин падидаи номатлубро, ки сади роҳи бунёди ҷомеаи солим мегардад, мавриди таҳлил қарор додаанд. 

Зарафо Раҳмонӣ, намояндаи ҲНИТ ва узви Клуби мубоҳисавии занон, мегӯяд, бар ин назар аст, иҷрои фарзу суннатҳои анъанавии тоҷикиву исломӣ метавонад аз ин падидаи номатлуб ҷилавгирӣ кунад. Вай меафзояд, «зуҳури ин падидаи номатлуб дар ҷомеа сафи кӯдакони бепадару модарро зиёд мекунад, чунки аксарияти ин занҳо баъди таваллуд кӯдаконро ба ятимхонаҳо ва ё ҷойи дигар месупоранд»

Мавлуда Оймаҳмадова, ки бо аз намояндагии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумат дар ин нишаст ҳузур дошт, гуфт то ҷое шиддат гирифтани танфурӯшӣ Кумитаи занонро низ нигарон кардааст ва пайваста дар ин самт тадбирҳои муштарак бо вазорати корҳои дохилӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳалӣ дар ҷумҳурӣ андешида мешаванд.

Ба гуфти Мавлуда Оймаҳмадова, ҳангоми гузаронидани рейд ва сӯҳбат бо чунин занон маълум шуд, ки аксарияти онҳо шабона кӯдакони худро дар хона танҳо гузошта, ба роҳ мебароянд. 

Маҳинаи Даврон, журналисти ҷавон, мегӯяд, ки сабабҳои шиддат гирифтани ҳолати танфурӣшӣ миёни духтарон ва занҳои ҷавон дар сатҳи пасти иҷтимоии онҳо набуда, балки ба тарбияи ахлоқӣ вобастагӣ дорад. 

Ба гуфти хонум Маҳина, солҳои қабл сабабҳои ба чунин роҳҳо рафтани духтарон ва занҳои ҷавонро асосан дар сатҳи пасти иқтисодии хонаводагӣ унвон мекарданд, вале бо гузашти вақт маълум шудааст, ки иддаи дигар аз сабаби сабукандешиву камфарҳангӣ ба чунин роҳҳо мераванд. Ва ин ҳолат барои Тоҷикистон, ки ҳамагӣ 7 миллион ҷамъият дорад ва 52 дарсади онро занон ташкил мекунанд, нигаронкунанда аст.

Зайнаби Муҳиддин, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi