БИҲОҶАЛ РАҲИМОВА: "ДИНСИТЕЗӢ ИШТИБОҲИ БУЗУРГИ ҲИЗБИ КОММУНИСТ БУД"
Биҳоҷал Раҳимова, сиёсатмадор, собиқ муъовини нахуствазири Иттиҳоди Шӯравӣ, узви фаъоли ҳизби коммунисти Тоҷикистон 70 сола шуд.
Хонуми Раҳимова, ки аз занҳои фаъоли кишвар маҳсуб мешавад, дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ва баъд аз касби истиқлол дар симатҳои болои давлатӣ ифои вазифа кардааст. Ҳоло ӯ бознишаста аст ва дар канори тарбияи набераҳои худ раҳбарии созмони ғайридавлатии «Чашмаи ҳаёт» дар шаҳри Хуҷандро бар ӯҳда дорад. Хабарнигори мо дар Хуҷанд бо хонуми Раҳимова сӯҳбате анҷом додааст.
-Қабл аз ҳама Шуморо бо ҷашни 70 - солагиатон шодбош мегӯям, ин 70 соли умри хешро чи гуна арзёбӣ мекунед?
-Ташаккур. Фикр мекунам, ки ин ҳафтод сол чунон зуд сипарӣ гашт, ки нафаҳмида мондам. Беҳуда ҳам пиронсолон нагуфтаанд, ки "ин дунё - дунёи дурӯза" аст. Дар маҷмӯъ, ман аз зиндагиам пушаймон нестам. Ман дар хонаводаи мардуми меҳнатдӯст ба дунё омадаам. Мо дар хонавода шаш фарзанд будем, панҷумин ман будам. Модарам ҳарчанд саводи навиштану хондан надоштанд, вале моро дар роҳи меҳнатдӯстӣ, поквиҷдонӣ, имон доштан, дар маҷмӯъ дар чаҳорчӯбаи талаботи динӣ ва миллӣ тарбият карданд.
-Дар тӯли ин солҳо оё буданд мавориде, ки Шумо иштибоҳ кардаед ва аз он пушаймон ҳам шудаед?
-Дар ҷавонӣ кас намедонад, ки чӣ бурд дораду чӣ иштибоҳ аст. Зиндагӣ пастиву баландиҳои зиёд дорад. Шояд аз он пушаймонам, ки танҳо ду фарзанд дорам. Фикр мекунам, ки инсон ҳадди аққал бояд се фарзанд дошта бошад. Ин аз таҷрубаи зиндагиам мегӯям.
Шояд буданд мавориде, ки дар пайи кор нафареро ранҷонидаам ва вақте чунин маврид собит мешавад, хеле ғамгин мешавам. Шояд дар муошират дурушттар ҳам бошам. Вале зан бояд, ки нармтар бошад. Аз ин хислат пушаймон ҳам мешавам. Вале кӯшиш мекунам, ки ислоҳ бикунам, ислоҳ бишавам.
-Шумо аз оғоз узви фаъоли ҳизби кумунист будед ва бо боварҳои кумунистӣ устувор мондаед. Вале аксар кумунистон ақидаҳои хешро дигар карданд ва имрӯз бештаре аз онҳо худро демукрот медонанд. Вале чаро Шумо ба ғояҳои кумунистӣ устувор мондед?
-Ба ҳангоми фурупошии Иттиҳоди Шӯравӣ муъовини нахуствазири Шӯравӣ будам. Дар рӯзҳое, ки ҳодисаи ГКЧП, ки дар Маскав рух дод, ба кумитаи марказии ҳизби кумунисти Тоҷикистон телеграмма (хабарнома) фиристодам. Ин хабарнома аз дувоздаҳ нукта иборат буд.
Яке аз нуктаҳои он ин буд, ки дар зудтарин фурсат интихоботи раисҷумҳурро баргузор намоем. Нуктаи дигари ин буд, ки исми ҳизби кумунист ба ҳизби халқӣ - демукрот табдил бишавад ва ғайраҳо.
Пас аз ҳодисаи ГКЧП дар Душанбе анҷумани ҳизб баргузор шуд. Ман шунида будам, ки мудири шӯъбаи ташкилии кумитаи марказӣ лоақал матни хабарномаро қироат ҳам накардааст. Ин нуқсони ҳизби кумунист буд, ки фикру мулоҳизаи як узви ҳизби кумунист ҳеҷ чиз буд.
Вақте ки соли 1992 анҷумани ҳизби кумунист баргузор шуд, дар ин анҷуман мехостанд, исми ҳизби кумунистро ба ҳизби сусиёлистӣ табдил диҳанд. Ман ҷонибдорӣ он будам, ки лоақал исми ҳизби кумунист сусиёлистӣ бошад.
Хулоса қарор шуд ва исми он ҳизби кумунист боқӣ монд. Ман бо нони ҳизби кумунист, бо меҳнати кумунистӣ ва ғояҳои он панҷоҳсола шуда будам. Вале ман то имрӯз танҳо дар мавриди муносиботи ҳизби кумунист ба дин эҳсоси пушаймонӣ мекунам.
Аз нахустин ва охирин хатогиҳои ҳизби кумунист ин буд, ки атеизмро тарғиб мекардем. Бигзор давлат аз дин ҷудо мебуд, вале мо набояд ба мардум баромада мегуфтем, ки чаро ту ба зиёрати мазор рафтӣ, ё чаро ту намоз мегузорӣ, барои чӣ омин мекунӣ... ин ҳарфҳо нодуруст буданд.
Ин хатои бузургтарини ҳизби кумунист буд. Ва ҳоло аз о н хушҳолам, ки ин иштибоҳи замони Иттиҳоди Шӯравӣ ислоҳ шудааст. Аз ин лиҳоз, ман узви ҳизби кумунист будам ва ҳоло ҳам ҳастам, зеро бо ғояҳои он мувофиқам.
-Лаҳзаҳое, ки давлати Иттиҳоди Шӯравӣ пош мехӯрд, шумо дар чӣ ҳол қарор доштед?
-Дар воқеаҳои ГКЧП ман гӯиё ҳамроҳ ҳастам. Чаро ки ман узви собиқ давлати Иттиҳоди Шӯравӣ будам. Вале он ҳодисоте, ки шоми 19 август, ки гуфта мешавад, машварат будааст, кумиссиюн ташкил шуда будааст, аз ҳамаи он ҳодисот хабардор набудам.
Вале 19 август вақте субҳ аз телевизиюн тамошо мекунам, ки ГКЧП будаасту дар хиёбонҳо тонкҳо қарор доштааст, албатта ман дар ҳолати шигифтагӣ қарор гирифтам. Вақте ки ба утоқи кории худ мерафтам, он ҷо маъмурони амниятӣ ҳуҷҷатҳои маро хеле аз назар мегузарониданд. Ва аз Влидимир Шербаков, муъовини аввали нахуствазир пурсидам, чӣ гап аст? Вай посух дод, ки "ман ҳам мисли шумо аз чизе хабар надорам".
-Он вақт дар симатҳои раҳбарии Иттиҳоди Шӯравӣ ба рустаборон авлавияти бештар дода мешуд ва маъмулан намояндагони ин миллат ба вазифаҳои раҳбарӣ таъйин мешуданд. Оё барои як зани тоҷик фаъоляит дар давлати марказӣ дар Маскав душвор набуд?
-Ба ростӣ, дар сода ё мураккаб будани кор фикр намекардам. Ман ягон вақт барои мансаб талош намекардам, ҳама вақт мегуфтам, ки бояд аз рӯйи ихтисоси худ кор кунам, вале намемонданд. Мавзӯъи дигар ин аст, ки яку якбора ба ин симат нарасидам. То он вақт хамаи зинаҳои раҳбариро гузашта будам. Дуруст, гуфтед, ки дар Маскав асосан русҳо кор мекарданд, вале гоҳ-гоҳе намояндагони миллатҳои дигарро низ ба кор ҷалб мекарданд.
Интихоби номзадии ман ба симати муъовини нахуствазири шояд аз он сабаб буд, ки забони русиро хуб медонистам. Бояд иқрор бишавам, ки забони русиро аз синфи аввал омӯхтаам ва забони тоҷикиро то он ҳадде, ки забони русиро медонам, намедонам.
-Чаро аз миёни занони тоҷик, мисли Роза Отунбоева, раисҷумҳури Қирғизистон занҳои фаъоле дар сиёсат надорем? Чаро номзадии занҳо ба симати раиси ҷумҳур дар Тоҷикистон пешниҳод намешаванд?
-Нахуст, мушкил ин аст, ки занҳои тоҷик ҳануз барои кор дар ин симат омода нестанд. Онҳоро бояд тарбият кард. Ҳоло занони раҳбар, вакилон дорем, онҳо аз иҷрои вазоифи худ мебароянд. Агар мо дар сатҳи маҳал занонро тарбият кунем, албатта аз миёни онҳо лидерҳо, фаъолон бештар мешаванд. Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ тақозо мекарданд, ки 30 дарсади мақомот бояд аз ҷумлаи занҳо бошанд.
Ҳоло бисёр мегӯем, вале занони фаъолро дар маҳалҳо пайдо карда наметавонем, барои он ки онҳоро тарбият намекунем, омӯзиш намедиҳем. Вале беҳтарин чиз дар замони Шӯравӣ ин буд, ки дар маҳал омода мекарданд ва оҳиста-оҳиста ба зинаҳои болоӣ мебароварданд. Ҳоло ба назарам, аз набудани кодрҳои болаёқат маснадҳои болоиро медиҳанд, баъд вай сардаргум мемонад.
-Оё фарзандонатон мисли шумо дар симатҳои раҳбарӣ ҳастанд? Онҳо дар кадом риштаҳо кор мекунанд?
-Яке ҳам иқтисоддон ва барномарез аст. Вай дар шӯъбаи Бонки миллӣ дар шаҳри Хуҷанд фаъолият мебарад. Духтари хурдиам, пизишк, номзади улуми тиб аст. Вай дар шаҳри Маскав фаъолият дорад. Фарзандонам мегӯянд, ки шумо дар вазифаҳои раҳбарӣ будед, ба мо даркор нест. Онҳо тарбияти маро гирифтаанд ва шукрона мекунам, ки шиорашон ҳам дар зиндагӣ мисли ман ростқавлӣ ва поквиҷдонӣ аст.
-Оё дар тӯли ин солҳо ба орзуҳои худ расидед?
-Худораҳматӣ модарам таъкид мекарданд, ки вақте орзу ва дуъо кардан мехоҳӣ ҳамаро таманно бикун. Орзу мекунам, ки Тоҷикистон обод шавад. Бигзор он мушкилоте, афсӯс, ки имрӯз ҷой доранд, бартараф шаванд. Бигзор мардум ҷойи кор пайдо кунанд, омӯзанд. Бигзор, мардум аз ҳуқуқҳои худ огоҳ бошанд ва онҳоро истифода кунанд. Барои мо қабл аз ҳама сулҳ муҳим аст. Сулҳ бошад, боқӣ дигар корҳо мешаванд.
-Барои сӯҳбат, сипосгузорам.
Би-Би-Си