18:48:00 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ЗОДРӮЗ МУБОРАК!

20 феврали соли равон фарзанди барӯманди миллат, ходими давлативу ҷамъиятӣ генерал-полковник Сайидамир Зуҳуров ба синни мубораки 60 қадам мегузоранд. Сайидамир Зуҳурович фаъолияти меҳнатии худро ба ҳайси муаллими таърих дар мактаби ба номи Горкийи ноҳияи Фархор дар соли 1967 оғоз намуда, сипас дар соли 1977 барои кор ба Кумитаи бехатарии давлатии СССР даъват мешаванд. Пас аз хатми мактаби КБД-и Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус дар КБД-и Тоҷикистон ба кору фаъолият мепардозанд. Муддате дар Афғонистон вазифаи махсуси давлатиро иҷро карда, аз соли 1990 то 1991 дар дастгоҳи марказии КБД-и СССР иҷрои вазифа намудаанд. То таъин ба вазифаи Раиси Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонишини раиси КБД-и минтақаи Кӯлоб буданд. 

Сайдамир Зухуров 1Сайидамир Зуҳурович замоне, ки сарвари Кумитаи амнияти миллии ҷумҳурии соҳибистиқлолиТоҷикистон таъин гардиданд, фаъолияти ин созмони як замон муқтадири давлатӣ, чун сойири мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бо сабаби, пеш аз ҳама, аз байн рафтани давлати Шӯравӣ ва як қатор омилҳои объектививу субъективӣ ба куллӣ фалаҷ гардида буд. Ҷумҳурӣ ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуда, минтақаҳои мухталифи кишвар аз итоат ба марказ саркашӣ менамуданд, ва ҳатто, пойтахти Ватан ба минтақаҳои таҳти нуфузи қумандонҳои гурӯҳҳои ғайриқонунӣ тақсим гардида буд. Кумитаи  амният таҳти сарварии Сайидамир Зуҳуров дар ҳамкорӣ бо мақомоти дигари қудратӣ тавонист бо заҳматҳои зиёд чумҳуриро аз вартаи ҳалокат наҷот дода, қонуну қонуниятро дар кишвар пойдор созад. Нақши мақомоти амният ва сарвари он Сайидамир Зуҳуров дар радифи сохторҳои дигари ҳокимияти давлатӣ, дар татбиқи сиёсати  Сарвари давлат, хотимаи ҷанги бародаркуш, пойдории сулҳу  салоҳ дар кишвар, таъмини ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, баргардонидани ҳамватанони тарки Ватан карда аз Афғонистон ва кишварҳои дигари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, таъмини амнияти онҳо дар ҷойҳои истиқомат ва, дар умум, таҳкими давлату давлатдории тоҷикон дар ҳақиқат бузург аст. 

Сайидамир Зуҳурович бо заҳмати зиёд тавонистанд ин созмонро дубора эҳё кунанд, кормандони собиқадори тарки Кумита гуфтаро дар атрофи худ ҷамъ ва кадрҳои нави маҳаллиро тарбия намоянд ва нерӯи созандаи эшонро баҳри таъмини амнияти давлати тозаистиқлоламон равона созанд. Мақомоти амният дар кӯтоҳтарин фурсат таҳти сарварии ин шахси наҷиб ба натиҷаҳои назарраси корӣ ноил гардида, обрӯву эътибори собиқаи худро миёни сокинони кишвар аз нав ба даст овард ва онҳо дар зарурат бо умеду боварӣ ба ин созмони бонуфӯз  рӯ меоварданд. 

Дар таҳкиму тавсеъа ва рушди ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва хадамоти махсуси кишварҳои мухталифи хориҷӣ Сайидамир Зуҳурович хидмати босазое ба анҷом расонидаанд. Ҳар як сафари эшон ба кишварҳои дуру наздики хориҷӣ бо имзои қарордодҳову созишномаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва хадамоти амнияти ин кишварҳо ба анҷом мерасид. Мавсуф миёни роҳбарони хадамоти махсус ва мақомоти қудратии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бо меҳнатдӯстӣ, заковати касбӣ, одаму одамгарӣ ва хоксориву фурӯтании хеш дорои мартабаву обрӯю эътибори хоса мебошанд. 

 Дар талаби иҷрои вазифаҳои хидматӣ Сайидамир Зуҳурович ниҳоят ҷиддӣ ва сахтгиру серталаб бошанд ҳам, вале дар лаҳзаҳои зарурӣ нисбат ба зердастони хеш басо бомулоҳиза ва ғамхору меҳрубон ҳастанд. Ҳамеша аз ҳолу аҳволи кормандони худ ва бознишастагони Кумита бохабар буда, дар фурсати зарурӣ ба хидматашон мерасанд ва мурдаву зиндашарики ҳар яке мебошанд. Одаму одамгарӣ, некиву накукорӣ, мардиву мардонагӣ, шуҷоату далерӣ ва дигар сифатҳои ҳамидаи инсонии Сайидамир Зуҳурович ба ҳамкасбону дӯстон ва сойири шахсоне, ки ин ҷавонмарди наҷибро аз наздик медонанду мешиносанд, ба пуррагӣ маълум асту ба он арҷ мегузоранд. 

Сайидамир Зуҳурович муддате ба ҳайси Вазири корҳои дохилӣ, Муовини сарвазири ҷумҳурӣ ва Раиси Кумитаи сарҳадот низ кору фаъолият намуда, бо меҳнати ҳалол ва дилсӯзонаи худ ба халқу Ватан сазовори обрӯву эҳтироми беандозаи мардумони кишвар гардидаанд. Ҳоло Сайидамир Зуҳурович вазифаи Сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати ҷумҳуриро ба ӯҳда дошта, чун ҳамеша бо масъулияти баланд, содиқонаю софдилона, хоксоронаву дилсузона адои вазифа менамоянд. Кору фаъолият ва роҳи дар шаст сол тайнамудаи ин шахси шариф барои чекистони ҷавон ва фарзандони баору номуси кишвар  дар ҳар давру замон намунаи барҷастаи садоқат ва  хидмат ба халқу Ватан. вафодорӣ ба касбу кори хеш ва мактаби тарбияту намунаи ибрат хоҳад буд. 

Меҳнати ҳалол ва пурсамари мавсуф дар иҷрои вазифаҳои масъули мухталиф, чи даврони Шӯравӣ ва чи соҳибистиқлолии кишвар, бо чандин мукофотҳои баланди давлатӣ қадр карда шудааст, ки унвони Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, орденҳои «Исмоили Сомонӣ» дараҷаи II, «Байрақи сурх», «Шуҷоат» ва теъдоди зиёди медалҳо аз зумраи онҳо мебошанд. Ниҳоят, Сайидамир Зуҳуровичи азизро ба муносибати 60-умин солгарди зодрӯзашон табрику таҳният гуфта, барояшон ва дӯстону пайвандонашон тани сиҳат. хотири чамъ, сари баланд ва барори кору саодати рӯзгор орзумандем. 

Собиқадорони амният:

Генерал-лейтенант А.Н. Азимов,

Генерал-лейтенант А.Р. Азимов,

Генерал-лейтенант С.К.Камолов,

Генерал-лейтенант Г.Н.Соловьёв,

Генерал-лейтенант А.С.Купцов,

Генерал-лейтенант А.М.Амонов,

Генерал-майор Д.М. Мамадризобеков,

Генерал-майор Б.Н.Абдуллоев,

Генерал-майор Х.Ҳ.Ҳамроқулов,

Генерал-майор Д.Б.Бобоев,

Генерал-майор Ш.С.Салимов,

Генерал-майор Э.Ю.Мухидинов,

Генерал-майор Е.Руднев,

Генерал-майор А.Сулаймонбеков,

Генерал-майор Д. Н.Назиров, 

Полковник О.Пояндашоев,

Полковник Э.С. Курбонов,

Полковник  Ф.Носиров,

Полковник Ҳ.Ҳамидов,

Полковник С.Исмаилов,

Полковник Р.Махмадалиев,

Полковник  Ҳ.Амонбеков,

Полковник  С.Н. Абдолов, 

Полковник Д.М. Мадаминов,

Полковник Н.Низомов,

Полковник  И. Раззоков,

Полковник  Т.Ҷ. Юнусов,

Полковник З.Зарипов,

Полковник Қ.Сафархолов, 

Полковник Ф.Батыршин,

Полковник Б.Ш. Раҳмонов,

Подполковник У.Шерматов,

Подполковник Т.Маҳмадмуродов,

Подполковник М.Соҳибов,

Подполковник Ш.Фозилов,

Подполковник И.Нарзуллоев ва дигарон.

 



Шарҳҳо   

 
+2 #1 RE: ЗОДРӮЗ МУБОРАК!Guest 13.06.2011 11:19
Устоди гироми!
Зодрузатонро табрик мегуям!
Дар солхои пурошуби чанги дохили ман хам дар тахти рохбарии Шумо дар Вазорати Амният кор мекардам. Аз бисёр чихат хислатхои неки инсони ва кушишхои зиёди ватандустонаи Шумо боис шуданд, ки дар Точикистони азизи мо ороми пойдор гардид.
Орзу дорам, ки садхо соли дигар зиндаву саломат бошеду ба Ватани азиз хизмат намоед!
Бо арзи эхтироми шогирдона-собик корманди Вазорати Амнияти Чумхурии Точикистон, нафакахур Юнусов У.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi