10:54:00 12-уми Ноябри 2026 сол
ДОДСИТОНИ КУЛ: «13 ҲОЛАТИ ШИКАНҶА ТАСДИҚИ ХУДРО ЁФТ» 08.08.2011 09:32 1642
Истифода аз шиканҷа ё шеваи зӯроварии ҷисмонӣ нисбати маҳбусон ҳамоно масъалаи ҳалталаб боқӣ мондааст.
ҚОНУНИ МАСЪУЛИЯТИ ВОЛИДАЙН БА ҲУКМИ ИҶРО ДАРОМАД 06.08.2011 16:48 2275
Сар аз имрӯз дар Тоҷикистон Қонуни масъулияти волидайн дар тарбияи фарзанд ба ҳукми иҷро даромад. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамагӣ чаҳор рӯз пеш дар таърихи 2-юми август, пас аз баррасиҳои чандмоҳаи ҳамагонӣ, саранҷом ба ин қонуни пурсару садо ва баҳсбарангез имзо гузошта буд.
АФСАРОНИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ ДАР ИМА ТАҶРИБА МЕОМӮЗАНД 05.08.2011 10:10 1273
Дафтари матбуотии Сафорати ИМА дар Душанбе рӯзи 4-и август ба сомонаи «Рӯзгор» хабар дод, ки  ин сафорат сафари омӯзишии полиси ҷамъиятиро дар ИМА аз 14 то 24 июли соли 2011 дастгирӣ намудааст. Шонздаҳ нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷумла ...
ОҒОЗИ МУҲОКИМАИ ҶӮРАХОН ОХУНОВ ДАР ДОДГОҲИ ОЛӢ 04.08.2011 18:34 1426
Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 4-уми август муҳокимаи парвандаи раиси ширкати “Мовароуннаҳр”-ро оғоз кард. Додситони кулли Тоҷикистон Ҷӯрахон Охунов, раиси ширкати сохтмонии “Мовароуннаҳр”, ки ба сохтмони маскан машғул буд, дар “қаллобӣ ё тасарруфи амвол бо роҳи фиреб ба миқдори махсусан калон” муттаҳам карда буд.
ТУНЕЛИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН БО КӮМАКИ ЭРОН ТАКМИЛ МЕШАВАД 03.08.2011 12:44 1828
Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон эълом кардааст, ки ширкати сохтмонии «Сангоб»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон дар такмили тунели «Истиқлол» бо Тоҷикистон ҳамкорӣ хоҳад кард, хабар медиҳад, хабаргузори «Форс».
ГАРОНИИ НАРХҲО ДАР МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН 02.08.2011 14:40 1436
Дар моҳи мубораки Рамазон болоравии то 30 дарсади нархҳо дар бозорҳои водии Вахш ба мушоҳида расидааст. Агар ҳафтае қабл як кило гӯшт 22-25 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло он бар ивази 27-30 сомонӣ фурӯхта мешавад.
ТАСИМИМ ШАҲРДОРИ ДУШАНБЕ БАРОИ ТАҚСИМИ ГӮШТИ РОЙГОН БА ФАҚИРОН 02.08.2011 14:38 1615
Шаҳрдории Душанбе масъулони бозорҳои пойтахти Тоҷикистонро муваззаф карда, ки ҳамарӯза шуморе аз хонаводаҳои фақирро бо гӯшт таъмин кунад. Ҳамакнун қассобони бозорҳои шаҳри Душанбе ҳамарӯза аз панҷ то сӣ килугром гӯштро ройгон ба афроди камбизоъат, ки асомии онҳоро шаҳрдорӣ дар ихтиёрашон мегузорад, тавзеъ хоҳанд кард.
ДАР БАДАХШОН ТИБҚИ ИТТИЛОИ РАСМӢ 74 ҶАВОН НАШЪАМАНД АСТ 02.08.2011 10:48 1352
Шумораи умумии нашъамандон дар ВМКБ 833 нафар мебошад, ки 6 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд. Дар ин бора ба хабарнигорон зимни як нишасти матбуотӣ корманди Раёсати агентии назорати маводи нашъадор дар ВМКБ иттилоъ дод.
КӯЛОБ: КУРИЁИҲО РАВЕД, ТУРКҲО ОЕД 01.08.2011 17:50 1559
Идораи заминсозии Кӯлоб шартнома дар бораи истифода аз 1 200 ҳектор заминро, ки бо куриёиҳо имзо карда буд, лағв намудааст. Ду сол пеш куриёиҳо барои кишти шолӣ аз ноҳияи Фархори минтақаи Кӯлоб замин дастрас карда буданд.
ОЁ НИЁЗЕ БА ТАҚСИМИ ХАТЛОН БА ДУ ВИЛОЯТ ҲАСТ? 01.08.2011 13:37 1627
Мақомоти расмии Хатлон пешниҳодҳо дар мавриди ба ду минтақаи ҷудогона тақсим шудани Қӯрғонтеппа ва Кӯлобро нозарур мехонанд. Имрӯзҳо дар расонаҳо ишораҳое меравад, ки замони барҳам задани вилояти Хатлон расидааст.
ХИТОБИ Э.РАҲМОН БА ТОҶИРОН: "МАҲСУЛОТРО АРЗОН КУНЕД" 01.08.2011 13:34 1821
Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз тоҷирон хост, ки дар моҳи шарифи Рамазон дари хайру эҳсонро боз кунанд. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, шоми якшанбе мардуми кишварро ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрик кард ...
ДАЪВАТИ РАМАЗОНИИ ТӮРАҶОНЗОДА АЗ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН 01.08.2011 13:30 1682
Агар раисиҷумҳур қонуни масъулияти волидайнро имзо кунад, намози таровеҳ бе ширкати то 18-солаҳо доир хоҳад шуд. Моҳи шарифи Рамазон рӯзи якуми август шурӯъ шуда, дар давоми 30 рӯз мусулмонони Тоҷикистон рӯзадор хоҳанд буд.
ДАР БАДАХШОН ДАР НИМ СОЛ 15 ҲОДИСАИ СӮХТОР РУХ ДОДААСТ 29.07.2011 18:26 2005
Дар нимсолаи аввали соли равон дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 15 ҳодисаи сӯхтор ба амал омад, иттилоъ дод муовини хадамоти давлатии оташнишонии вилоят Анвар  Шолангаров зимни як нишасти матбуотӣ бо хабарнигорони вилоят.
ДОДСИТОНИИ КӮЛОБ ШИКОЯТ АЛАЙҲИ МАЪМУРОНИ ПУЛИСРО "ҚАБУЛ НАКАРД" 29.07.2011 14:58 1540
Як сокини шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ки додситонии ин шаҳр шикояти ӯ дар мавриди лату кӯби писараш тавассути маъмурони пулисро қабул накардааст. Ба гуфтаи Аҳрор Сафаров, маъмурони пулис писари ноболиғи ӯро дар иртибот бо беназмиҳои мухлисони футбол дар шаҳри КӮлоб дар шаби 14 июн "ба таври ғайриқонунӣ" боздошт ва лату кӯб ....
РИШВАГИР ГУНАҲКОР Ё РИШВАДЕҲ? 28.07.2011 18:41 1490
Бино ба натиҷаи пажӯҳиши Маркази тадқиқоти стратегӣ фасоди молӣ бештар дар бахши тандурустӣ, маориф ва БДА ба назар мерасад. Назира Бобоева бо ҳамроҳии писараш дар бемористони бемориҳои сирояткунанда бистарӣ буд, ки тамоми масрафоти ин бемористон аз сӯи созмонҳои байнулмилалӣ пардохт мешавад.