09:19:51 13-уми Ноябри 2026 сол
Садои тирпаррониҳои Афғонистон дар Тоҷикистон шунида мешавад 06.05.2015 21:49 1398
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, даргириҳои шимоли Афғонистон ба вазъи марз таъсире нагузоштаанд, вале коршиносон бар инанд, ки таҳаввулоти ахир дар Кундуз набояд нодида гирифта шавад.
Смартфонҳои ҷавонони тоҷик: Дастёр, манбаи дониш ё фаҳшо? 06.05.2015 21:48 1592
Як пажӯҳиши нав дар бораи истифодаи телефонҳои ҳамроҳ дар Тоҷикистон маълум кардааст, ки бештар аз 66 % ҷавонон тарафдори истифодаи телефони ҳамроҳ дар ҷараёни таълим ҳастанд.
Ҷазои шаш сарбози ВКД барои шикастани ҷоғи ҳамхидматашон 06.05.2015 21:19 1368
Додгоҳиҳарбии гарнизони Душанбе шаш сарбози Вазорати умури дохилии Тоҷикистонро барои шикастани ҷоғи ҳамхидматашон Акбархӯҷа Абдураҳмонов аз 2 то 2.5-солӣ ба зиндон фиристод.
Ҷустуҷӯи даво ва сипари зидди ҷалби ҷавонон ба Сурия ва Ироқ 06.05.2015 21:17 1306
Ҷорӣ кардани дарси “Таърихи ислом” дар мактабҳо ва таъсиси зиндони ҷудогонаи тундгароёни мазҳабӣ аз пешниҳодҳое буданд, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон пас аз як пажӯҳиш ба миён гузошт.
Писари яке аз сарони Фронти Халқӣ дар Сурия кушта шуд 06.05.2015 21:10 1393
Ба иттилои Раёсати умури дохилии Хатлон, ахиран боз як ҷавони тоҷик - Сафар Рустамов, писари яке аз фармондеҳони собиқи Фронти халқӣ дар ҷангҳои Сурия кушта шудааст.
ВКД ва КДАМ номанависони зидди омӯзгорони Раштро ёфтанд 06.05.2015 21:07 1276
Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ вуҷуди се номаи таҳқиромез зидди омӯзгорон ва мудири мактаби 44-ро дар Раштро тасдиқ карда, аммо онро "ҳосил"-и хусумати шахсӣ хондаанд.
Видеои латту кӯби бародарон Собировҳо аз сӯи пулиси Русия 03.05.2015 23:41 1316
Маъмурони пулис баъди он ки фаҳмидаанд, лаҳзаҳои латту кӯб дар дурбинҳои назоратӣ сабт шудааст, ба Кумитаи тафтишотӣ шикоят кардаанд. Онҳо гуфтаанд, аввал бародарон Собировҳо дарафтоданд.
Дар Тоҷикистон 14000 танфурӯш ва 30000 марди ҳамҷинсгаро будаанд 02.05.2015 23:13 1793
​Бунёди ҷаҳонии зидди СПИД, сил ва вараҷа дар як гузорише мегӯяд, дар Тоҷикистон дар соли гузашта 14 ҳазор танфурӯш ва 30 ҳазор мардони ҳамҷинсгаро будаанд.
Даъваткунандаи "ҷиҳод" дар Сурия 13,5 сол гирифт 30.04.2015 09:30 1614
Додгоҳи ноҳияи Исфара дар шимоли Тоҷикистон сокини 31-солаи деҳаи Зархоки ин ноҳия Турсунов Абдуваққосро, ки мехост барои "ҷиҳод" ба Сурия равад ба муҳлати 13 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум кард.
Гумонбарони "дедовшина": Ҷоғи сарбози ҷавонро нашикастаем 30.04.2015 09:27 1405
Дар Додгоҳи низомии шаҳри Душанбе муҳокимаи 6 сарбози нерӯҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон идома дорад, ки ба бадрафторӣ нисбат ба ҳамхизмати худ ва паст задани шаъну эътибори ӯ муттаҳам мешаванд.
Изҳороти Кумитаи дини Тоҷикистон зидди ТВ "Висоли ҳақ" 26.04.2015 23:08 2420
​Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ эътироз дорад, ки шабакаи "Висоли ҳақ" якҷониба мақомоти тоҷикро "пуштибон"-и фоҳишахонаҳо ва "мухолиф"-и масҷиду мадраса гуфтааст.
Зеботарин, баландтарин ва... бузургтаринҳои Тоҷикистон 26.04.2015 23:07 2011
Ҳафтаи гузашта баъзе аз расонаҳои ҷаҳон сохтмони театри 100 миллиондолларии Тоҷикистонро ба баҳс гирифта, аз харҷи ин миқдор пули буҷа дар вазъи бӯҳронӣ изҳори тааҷҷуб кардаанд.
Ситора Назарова: "Хубиро аз хубрӯён бештар интизор бошед..." 26.04.2015 23:05 1525
Ситора Назарова, аввалин маликаи ҳусни Тоҷикистон, мегӯяд, шояд замони эҳё кардани озмуни зебоӣ дар сатҳи миллӣ фаро расидааст.
Аввал ташхиси тиббӣ, баъд – ЗАГС 26.04.2015 23:02 1757
Идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муваззаф шудаанд, бе санади ташхиси тиббӣҷавононро никоҳ накунанд. Дар ташхис вазъи саломат, пайванди хешутаборӣ ва бакорати арӯс зикр мешавад.
Маросими видоъ ва бахоксупории Иззатулло Ҳаёев дар Душанбе 26.04.2015 22:58 1348
Иззатулло Ҳаёев - собиқ раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон, ки дар 79-солагӣ аз олам даргузашт, дар қабристони Лучоб ба хок супурда шуд. Маросими видоъ бо ӯ дар масҷиди марказӣ баргузор гардид.