09:20:57 12-уми Ноябри 2026 сол
Нархи бензин дар Душанбе каме арзон шудааст 15.01.2015 21:55 1615
Дар ҳоле ки нархи нафт дар ҷаҳон дар ним соли охир 57 дарсад коҳиш ёфтааст, нархи бензину солярка дар Душанбе билохира ва он ҳам ҳудуди 15 дарсад пойин рафт. Коҳиши босуръати нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ, билохира дар Тоҷикистон низ эҳсос шуд.
Посухи ҳукумати Душанбе ба Асадулло Раҳмон 15.01.2015 21:50 1277
Шаҳрдории Душанбе бо пахши изҳороте ҳарфҳои Асадулло Раҳмонро "хандаовар" номид. Раиси Кумитаи телевизион ва радио 5 рӯз пеш гуфта буд, беғаразии онҳоро додгоҳ собит намудааст.Шаҳрдории Душанбе бо нашри изҳороте ба муқобили ҳарфҳои Асадулло Раҳмон ...
10 фатвои зиддунақиз: Гӯшти малах - "ҳалол", Бобои барфӣ - "ҳаром" 15.01.2015 21:44 1667
Фатвои як рӯҳонӣ аз Арабистони Саудӣ, ки сохтани “одами барфӣ”-ро ҳаром ҳукм кардааст, мавҷи баҳсҳоро дар атрофи ин масъала барангехт.
Ҳимояти парлумон аз маркази барқу гармидиҳии нав 15.01.2015 21:41 1386
​Маркази барқу гармидиҳии нав, ки то ду соли оянда дар Душанбе сохта мешавад, талаби мардумро ба гармӣ ва нерӯи барқ 10 баробар бештар аз маркази феълӣ таъмин хоҳад кард.
Хадамот: "Кори Рустами Эмомалӣ дар соли 2014 олӣ буд" 14.01.2015 14:57 1261
Масъулони Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз кори раҳбари ин ниҳод - Рустами Эмомалӣ дар соли гузашта ситоиш карда ва онро хеле олӣ гуфтанд. Аммо худи Рустами Эмомалӣ дар ин нишаст иштирок надошт.
Ҳамлаи ҳакерҳо ба сомонаи сафорати Тоҷикистон дар Фаронса 14.01.2015 14:55 1243
Cомонаи сафорати Тоҷикистон дар пойтахти Фаронса дар пайи ҳамлаҳои ахири террористӣ дар ин шаҳр мавриди ҳамлаи ҳакерҳое қарор гирифтааст, ки бо аз байн бурдани тамоми маълумоти нашршуда дар саҳифаи асосии сомона ...
“Салафия” ҷараёни экстремистӣ эълон шуд 13.01.2015 07:14 1271
Ҷараёни тозапайдои “Салафия”, ки фаъолияташ аз соли 2009 ба инҷониб дар Тоҷикистон мамнӯъ буд, ахиран бо қарори Додгоҳи олии кишвар созмони экстремистӣ эълон шудааст.Додгоҳи олии Тоҷикистон равияи мазҳабии “Салафия”-ро дар қаламрави кишвар ...
Посухи Сиёвуш ба "Абу Умариён" 11.01.2015 23:04 1232
Як ҷавони тоҷик бо номи Сиёвуш Наботӣ ба “Абӯ Умариён" - як ҷангии тоҷик дар Ироқ, ки аз раҳбари гурӯҳи "Давлати исломӣ" хостааст ба онҳо иҷозаи "ҷиҳод" дар Тоҷикистонро бидиҳад, посух додааст, ки айнан инҷо нашр мешавад.
Нархи нирӯи барқ арзон мешавад, вале дар... 11.01.2015 23:01 1284
Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, аз моҳи феврал нархи нирӯи барқ дар ин кишвар пойин меравад. Нурбек Элебоев, раиси Оҷонсии давлатии танзими кори соҳоти маводи сӯхту энержии Қирғизистон, ба хабарнигорон гуфт, аз 1 феврал барои хонаводаҳо ва корхонаҳое ...
Иҷора барои чанд соат ё фоҳишахона? 11.01.2015 22:59 1392
Мақомоти умури дохилаи Тоҷикистон аз ошкор шудани боз 3 фоҳишахона дар шаҳри Душанбе хабар медиҳанд. Аз аввали сол танҳо дар пойтахти Тоҷикистон алакай 6 фоҳишахона ошкор ва соҳибонашон дастгир шудаанд.
Мулло Ҳайдар: "Хуни ноҳақро Худову Паёмбар ҳам инкор мекунанд" 09.01.2015 08:05 1157
Гурӯҳе аз сокинони Душанбе субҳи 8 январ дар назди сафорати Фаронса дар Душанбе ба ёди қурбониёни ҳамлаи дирӯза шамъ фурӯзон кардаву гул гузоштаанд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон ин ҳамларо "ғаддорона" ва “даҳшатангез” номида, маҳкум кардааст.
Муродалӣ - аввалин тоҷики кушташуда дар ҷанги Украина 09.01.2015 08:02 1216
Мақомоти вилояти Хатлон ҳалокати дастикам як ҷангии тоҷик дар ҷангҳои Украинаро тасдиқ карданд. Падари Муродалӣ Барфиев мегӯяд, то шунидани хабари маргаш дар 3 моҳи пеш намедонист, ки писараш аз муҳоҷират дар Русия ба ҷанг рафтааст. Падархонди Муродалӣ Барфиев, ки ба гуфтаи мақомот ...
Талаби 11 соли зиндон - барои Шӯҳрат Қудратов 08.01.2015 15:47 1065
Айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳи Душанбе барои вакили мудофеъ Шӯҳрат Қудратов 11 сол ҳукми зиндони низомаш шадид пурсидааст.
Дузди "донишманд"-и хонаи "Ҷумъа-Мускул" 08.01.2015 15:45 1247
Дар Кӯлоб шахсеро, ки ҳудуди 10 рӯз қабл манзили корманди собиқи Хадамоти гумруки Тоҷикистон Ҷумъахон Раҷабов ворид ғорат карда буд, боздошт кардаанд.
Холиқзода: "158 нафар дар хориҷ ғайрирасмӣ таҳсил доранд" 06.01.2015 21:54 1054
Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир дар таълимгоҳҳои мазҳабии кишварҳои исломӣ 158 нафар ҷавонони тоҷик ба таври ғайрирасмӣ таҳсил доранд.