15:06:20 12-уми Октябри 2026 сол

ЭСТРАДАИ МУОСИРИ ТОҶИК: ҲУНАРИ АСИЛ Ё БОЗОРИ ШЕЪРҲОИ ЛУЧУ ФАЧ?!

Санъати мусиқӣ ва суруд ҳамеша оинаи фарҳанг ва маънавиёти як миллат аст. Халқи тоҷик бо доштани таърихи бойи адабӣ ва шоирони бузурге чун Рӯдакӣ, Мавлоно, Саъдӣ ва Ҳофиз, ҳамеша бо каломи мавзун ва пурмаъно худро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст. Аз ин рӯ, суруд дар фарҳанги мо на танҳо воситаи дилхушӣ, балки манбаи тарбия ва ғизои маънавӣ буд. Аммо он чизе, ки имрӯз дар эстрада ва фазои маҷозии тоҷик мебинем, боиси нигаронии ҷиддӣ ва афсӯс аст.

4cbc0b2e-755b-4480-bd91-9cfaa0b211212b2b81

БОЗОРИ «ШЕЪРҲОИ» БЕМАНТИҚ ВА КӮЧАГӢ

Имрӯзҳо сафи сарояндагоне, ки бе ягон дониши адабӣ, саводи мусиқӣ ва дарки маънӣ вориди саҳна мешаванд, рӯз ба рӯз меафзояд. Матнҳое, ки онҳо барои сурудҳояшон интихоб мекунанд, на танҳо аз қофияву вазн дуранд, балки аз лиҳози мантиқ комилан бемаъно, лучу фач ва ноҷо ҳастанд.

Ин гуна сурудҳо на танҳо завқи бадеии ҷомеаро паст мезананд, балки забони ноби тоҷикиро низ олуда ва хор мекунанд.

ВАҚТЕ КИ «ҚОФИЯ» ҶОЙИ МАНТИҚРО МЕГИРАД

Барои фаҳмидани авҷи ин фоҷиа, кофист, ки ба чанде аз «хитҳо»-и гаштаву баргаштаи Ютуб ва ТикТок гӯш деҳем. Дар ин сурудҳо мантиқ қурбони вазни сунъӣ ва қофияҳои арзон шудааст:

«Ишқи мағозагӣ» ва савдои эҳсосот дар матнҳои имрӯза, ки ишқро ба моли бозор шабеҳ мекунанд.

Дарду алами «Ошхонагӣ», ки ошиқи ҷабрдида ҳиҷронро бо номбар кардани ашёи рӯзгор ё таомҳо тасвир мекунад.

Ибораҳои берабт ва «Сатли холӣ», ки дар як мисраъ аз чашмони сиёҳ мегӯянду дар мисраи дигар — аз нархи пиёз ё рақами мошин.

САБАҚИ УСТОДОН: САНЪАТИ АСИЛ ЧӢ ГУНА БУД?

Барои он ки бидонем санъати ҳақиқӣ чист ва суруди тоҷикӣ бояд чӣ гуна садо диҳад, кофист ба гузаштаи на чандон дур ва мероси устодони бузурги худ назар андозем. Онҳо ҳеҷ гоҳ ба гӯши шунаванда ва каломи аҷдодӣ беҳурматӣ намекарданд:

Одина Ҳошим -овози ҷарангосӣ ва дутори ӯ паёми таъриху фарҳанги миллат буд. Устод Одина Ҳошим каломи классикиро чунон бо сӯзу дарди ватандорӣ месуруд, ки ҳар як сурудаш шоҳкории адабӣ ва таърихӣ ба шумор мерафт. Ӯ ба саҳна ва калима муқаддас нигоҳ мекард.

Давлатманд Холов -султони фалак ва муаррификунандаи каломи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар ҷаҳон. Устод Давлатманд бо овози қонунии худ нишон дод, ки мусиқии суннатии тоҷик метавонад баландтарин фалсафаи башариро ба гӯши ҷаҳониён расонад. Суруди ӯ мактаби маърифат ва ирфон буд, на тиҷорати арзон.

Акашариф Ҷӯраев -ин марди шариф, фолклор оҳангҳои мардумиро бо чунон матнҳои нобу пурмаъно ба саҳна овард, ки то имрӯз сирру асрори дилҳоро такон медиҳанд.

Нигина Рауфова -бо он овози махмаливу нотакрораш сурудҳои халқиро ба қуллаи баланд бардошт ва ҳар як мисраи хондааш бӯйи ватан, модар ва ишқи покро медод.

Ҷӯрабек Назрӣ ва Қурбоналӣ Раҳмон -ин ду устоди каломи заргарӣ бо интихоби ғазалҳои дурри ноёби адабиёти классикӣ ва муосир нишон доданд, ки суруд бояд фалсафа ва маънӣ дошта бошад. Театр ва саҳна бо суруди онҳо мактаби тарбия буд.

Муқаддас Набиева ва Тоҷиддин Муҳиддин - Насли тиллоии эстрадаи тоҷик, ки нишон доданд, ки ҳатто суруди шӯху муосир бояд шеъри баланд ва вазни дуруст дошта бошад. Сурудҳои онҳо пас аз даҳсолаҳо ҳам “хит” ва мондагоранд.

Кароматуллоҳи Қурбон -султони оҳангҳои маҳин ва сурудҳои пурсӯз, ки ҳар як матни интихобкардааш як шедеври адабӣ буд. Ӯ ҳеҷ гоҳ барои «хайп» шеъри арзон нахонд.

Ин устодон ва садҳо нафари дигар санъати тоҷикро бо хуни дил ва эҳтиром ба каломи асил зинда нигоҳ доштанд. Имрӯз бошад, сарояндагони кӯчагӣ ин мероси гаронбаҳоро бо матнҳои сабуки худ арзон мефурӯшанд.

ДАВРОНИ «РЕЙТИНГ» БА ҶОЙИ МАҲОРАТ

Сарояндагони имрӯза, махсусан насли ҷавони «ситораҳо», бештар дар пайи дида шудан (хайп) ва ба даст овардани лайкҳо ҳастанд. Вақте ки меъёри санъат миқдори обуначиён мегардад, сифат ҷойи худро ба камчину арзонӣ медиҳад. Аммо устодони мо ба мисли Одинаву Давлатманд барои миллионҳо лайк не, барои таърих ва дили мардум месуруданд.

РОҲИ ҲАЛИ ИН МУШКИЛ ЧИСТ?

Санҷиши қатъии матнҳо (Цензура) -ниҳодҳои марбута бояд пеши роҳи сурудҳои лучу фачро гиранд.

Омӯзиш аз мактаби устодон -сарояндагони ҷавон бояд пеш аз микрофонро ба даст гирифтан, фалаки устод Давлатманд ва ғазалхонии устод Одинаро гӯш кунанд ва фарқи шерро аз сафсата бифаҳманд.

Интиқоди фаъоли ҷомеа -бо гӯш накардан ва бойкот кардани чунин сарояндагон, мо бозори онҳоро касод мекунем.

ҲУНАРМАНДОНИ АСИЛИ ИМРӮЗ: ЧАРО САФАШОН КАМ ВА САДОЯШОН КАМЭҶОД АСТ?

Хушбахтона, дар ин гирдоби бемаъниҳо ва бозори тиҷоратии эстрада, ҳанӯз ҳам ҳунармандони ангуштшуморе ҳастанд, ки ба конуну қоидаҳои санъати асил содиқ мондаанд. Онҳо соҳиби саводи баланди мусиқӣ ва адабӣ буда, ҳар як суруди худро бо каломи мавзуни шоирони касбӣ, ғазалҳои ноб ва оҳангҳои зиндаву рӯҳнавоз ороиш медиҳанд. Онҳо хизмати содиқона ва рисолати фарҳангии худро идома медиҳанд, аммо мутаассифона, сафи онҳо камва суръати эҷодашон низ суст аст.

Барои ин чанд сабаби амиқи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ вуҷуд дорад:

Ҳунарманди асил барои офаридани як суруди мондагор моҳҳо ва ҳатто солҳо заҳмат мекашад. Ӯ шеърро заргарӣ мекунад, оҳангро мепазад ва барои ҳар як нота хуни дил мехӯрад. Дар замони мо, ки бозори мусиқӣ талаб мекунад, ки дар як ҳафта се-чор «хити сунъӣ» барояд, ҳунармандони касбӣ наметавонанд ва намехоҳанд сифати худро қурбони суръати бозор кунанд. Аз ин рӯ, онҳо камэҷод ба назар мерасанд.

Офаридани мусиқии зинда ва кор бо шеъри баланд хароҷоти зиёди моддӣ ва заҳмати дастаҷамъонаро талаб мекунад. Сарояндагони бемаъно бо як компютер ва матни кӯчагӣ дар як рӯз суруд сабт карда, аз ҳисоби тойифаи сабукписанд маблағҳои калон меёбанд. Аммо ҳунармандони асил аксар вақт барои сармоягузории лоиҳаҳои бузурги фарҳангӣ танҳо мемонанд, зеро сарпарастон (спонсорҳо) бештар дар пайи «хайп» ва лоиҳаҳои тиҷоратии зуд даромадпазиранд.

Бисёре аз ин ҳунармандони боистеъдод ва бошараф аз ҷанҷолҳои сохтаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва рақобатҳои нопоки ТикТоку Инстаграм канорагирӣ мекунанд. Онҳо намехоҳанд номи худро дар баробари сафсатагӯёни бозорӣ олуда созанд. Ин канораҷӯӣ ва хомӯшии наҷибона, мутаассифона, боис мешавад, ки сафо ва садои онҳо дар зери мавҷи баланди сурудҳои лучу фач камтар ба гӯши насли ҷавон расад.

Ин гурӯҳи ангуштшумори ҳунармандон дар асл охирин қалъаи мудофиавии фарҳанги мо ҳастанд. Кам будани саф ва камэҷодии онҳо на аз заъфи ҳунарашон, балки аз нишони серталабӣ, масъулиятшиносӣ ва эҳтироми амиқи онҳо ба шунаванда аст. Онҳо миқдорро қурбони сифати мондагор кардаанд.

ҶАМЪБАСТ ВА ХУЛОСА: АЗ ИСЁНИ БЕМАЪНИҲО ТО ЭҲЁИ КАЛОМИ АСИЛ

Таҳлили вазъи кунунии эстрада ва фазои мусиқии тоҷик нишон медиҳад, ки мушкили сурудҳои «лучу фач» ва бемантиқ танҳо як масъалаи оддии дилхушӣ ё завқи шахсии чанд сароянда нест. Ин як бӯҳрони амиқи фарҳангӣ ва иҷтимоӣ аст, ки мустақиман ба масунияти маънавии ҷомеа ва ояндаи забони миллӣ таҳдид мекунад. Вақте ки калимаҳои пучу кӯчагӣ ҷойи ғазалҳои созандаи устодон ва шеъри баланди классикиро мегиранд, сатҳи тафаккури ҷомеа, махсусан насли ҷавон, рӯ ба таназул меорад.

Барои гузаштан аз ин марҳалаи уфт ва расидан ба ҳадафҳои волои фарҳангӣ, зарур аст, ки се унсури асосӣ — давлат, ҳунарманд ва ҷомеа дар якҷоягӣ амал кунанд:

1. Ҳадафи Фарҳангӣ: Ҳифзи низоми арзишҳо ва каломи аҷдодӣ

Санъати мусиқӣ набояд танҳо воситаи тиҷорат ва «хайп»-и рӯзмарра бошад. Ҳадафи асосии фарҳангӣ — эҳёи мактаби заргарии устодоне чун Одина Ҳошим, Давлатманд Холов ва Кароматуллоҳи Қурбон аст, ки саҳнаро заминаи маърифат ва ирфон медонистанд. Вазорати фарҳанг ва шӯроҳои бадеӣ бояд ҳамчун филтри устувор нақши цензураи касбиро барқарор кунанд, то матнҳои беҳувият ва беаслу насаб имкони садо додан аз минбарҳои расмиро пайдо накунанд.

2. Ҳадафи Иҷтимоӣ: Тарбияи завқи бадеии шунаванда

Ҷомеа оинаи санъат аст ва санъат тарбиякунандаи ҷомеа. Истеъмоли маҳсулоти пастсифати мусиқӣ шуури иҷтимоиро коҳиш медиҳад. Ҳадафи иҷтимоии мо — табдил додани шунавандаи оддӣ ба як мунаққиди серталаб аст. Вақте ҷомеа суруди бемаъниро бойкот мекунад, клипҳои пучро тамошо намекунад ва ба матнҳои лучу фач вокуниши манфӣ нишон медиҳад, бозори ҳунарҳои сохта худкор касод мешавад. Тарбияи ин завқ бояд аз оила, мактаб ва расонаҳо оғоз гардад.

3. Масъулияти насли ҷавони ҳунарманд

Сарояндагони насли ҷавон бояд дарк намоянд, ки шӯҳрати сунъии ТикТок ва Ютуб зудгузар аст, аммо номи нек ва асари мондагор ҷовидон мемонад. Микрофон ва саҳна масъулияти шаҳрвандӣ ва миллиро тақозо мекунад. Омӯзиш аз мактаби устодони гузашта ва ҳамкории зич бо шоирони касбӣ ягона роҳи наҷоти ҳунарманди имрӯза аз вартаи бемаънист.

ХУЛОСАИ НИҲОӢ

Мубориза бо сурудҳои бемантиқ, мубориза барои зинда мондани забони тоҷикӣ ва ҳувияти миллии мо аст. Санъати тоҷик, ки асрҳо бо каломи Мавлонову Ҳофиз ҷаҳониёнро тасхир карда буд, сазовори лаҳни кӯчагӣ ва матнҳои арзони «бирӯзӣ» нест. Вақти он расидааст, ки бо талаби ҷиддии иҷтимоӣ ва назорати қатъии фарҳангӣ ба ин бесарусомонии эҷодӣ нуқта гузошта шавад ва саҳна дубора ба ниёишгоҳи ҳунари асил ва маънавияти баланд табдил ёбад...

Ҷаҳонгири Султон, “Рӯзгор”

Назари Шумо

Security code
навсозӣ