08:29:55 22-уми Сентябри 2026 сол

Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд

Имрӯз дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба шарҳи дусолаи татбиқи Нақшаи амали солҳои 2024–2026-и   «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баргузор гардид.

796872104 1790758322855023 7766987883817395091 n«Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» 12 самти стратегии рушди системаи тандурустии мамлакатроро муайян мекунад. Нақшаи амали солҳои 2024–2026 ҳуҷҷати асосии амалиётии татбиқи он мебошад, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии шарикони рушд таҳия шудааст.

Зимни ҷаласа гурӯҳи таҳлилии соҳаи тандурустии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гурӯҳи кории байниидоравӣ шарҳи дусолаи раванди татбиқи Нақшаи амали солҳои 2024–2026-и «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»-ро пешниҳод намуд.

Гуфта шуд, ки шарҳи мазкур давраи ҳисоботии аз январи соли 2024 то декабри соли 2025 фаро гирифта, дар асоси «Чаҳорчӯбаи мониторинг»-и аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда — «Абзори ҷамъоварии маълумот» ва Ҳисоботи якуми миёнамуҳлат, ки қаблан ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шудааст, таҳия гардидааст.

Нақшаи амали солҳои 2024–2026 ҳамчун воситаи асосии амалиётии татбиқи 12 самти стратегии ин стратегия хизмат намуда, онҳоро ба тадбирҳои мушаххас аз рӯи чор самти афзалиятноки беҳтар кардани дастрасӣ, сифат ва вокуниши хизматрасониҳои ёрии аввалияи тиббию санитарӣ, маблағгузории устувор, системаи ҳамгирошудаи идоракунии тандурустӣ ва тандурустии рақамӣ, инчунин рушди устувори захираҳои кадрии соҳаи тандурустии ба ҳам алоқаманд табдил медиҳад.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ