Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
Дирӯз дар Маркази байналмилалии намоишгоҳии Душанбе (Dushanbe Expo) Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 ифтитоҳ гардид.
Ҳадафи асосии баргузории намоишгоҳ муаррифӣ ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон ва шаҳри Душанбе, ҷалби сайёҳони хориҷӣ, рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ, таҳкими робитаҳо байни субъектҳои соҳа, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нави сайёҳӣ мебошад.
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок менамоянд, ки аз ин шумора 22 ширкатро намояндагони кишварҳои хориҷӣ ташкил медиҳанд.
Зимни ифтитоҳи намоишгоҳ иброз гардид, ки чунин намоишгоҳҳо ба рушди устувори соҳаи сайёҳӣ, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, фарҳангӣ ва таърихии мамлакат ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ мусоидат менамоянд.
Тоҷикистон давлати дорои табиату кӯҳҳои нотакрор, пиряхҳои бузург, дарёҳои бешумор, обҳои маъданӣ, шифобахшу ширин, фарҳанги бостонию асил буда, пайваста таваҷҷуҳи мардуми ҷаҳонро ҷалб менамояд. Хусусан, шаҳри Душанбе-пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бойи сайёҳӣ буда, барои рушди соҳа инфрасохтори мукаммали он беш аз пеш хизмат мерасонад. Ҳамин аст, ки танҳо давоми шаш моҳи соли 2026 701,3 ҳазор сайёҳон ба шаҳри Душанбе омадаанд.
Дар натиҷаи тадбирҳое, ки давоми солҳои охир бо ташаббусҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои рушди босуботи пойтахт ва муҳайё сохтани шароити арзандаи зиндагӣ ба сокинон ва ташкили хизматрасонии босифат ва сатҳи баланд барои сайёҳон амалӣ шуданд, шаҳри Душанбе ободу сарсабз гардида, ба яке аз шаҳрҳои рушдкунанда ва пешрафтаи ҷаҳони муосир табдил ёфт. Ҳамин аст, ки шумораи сайёҳон нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 61 ҳазор нафар зиёд мебошад.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар шаҳри Душанбе зиёда аз 2500 иншооти сайёҳӣ ва хизматрасонӣ ҷойгир буда, ҳамарӯза аз рӯйи талаботи мавҷуда ба меҳмонони дохилию хориҷӣ хизмат мерасонанд.
Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 аз 24 то 26 сентябр баргузор шуда, 24 сентябр аз соати 14:00 то 17:00 ва 25-26 сентябр аз соати 09:00 то 17:00 идома хоҳад кард.
Дар намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ширкатҳои ҳавопаймоӣ, корхонаҳои хизматрасонӣ, муассисаҳои фарҳангӣ, сармоягузорон, намояндагони бародаршаҳрҳо, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмию таълимӣ ва доираҳои соҳибкорӣ иштирок доранд.
Дар доираи намоишгоҳ имконоти сайёҳии Тоҷикистон ва шаҳри Душанбе, захираҳои таърихию фарҳангӣ, табиӣ ва рекреатсионии кишвар, маҳсулоти сайёҳӣ ва хизматрасониҳои ширкатҳои ватаниву хориҷӣ муаррифӣ карда мешаванд.
Ҳамзамон дар доираи барномаи намоишгоҳ баргузории вохӯриҳои дуҷонибаи соҳибкорӣ дар шакли B2B, дарсҳои маҳорат барои намояндагони соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ, инчунин дигар чорабиниҳои соҳавӣ дар назар дошта шудааст. Дар раванди вохӯриҳо ва музокироти намояндагони ширкатҳо барои ба роҳ мондани ҳамкории нав ва таҳкими робитаҳои мавҷуда имконият фароҳам оварда шуда, ба имзои якчанд санадҳои ҳамкорӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир мегардад.
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 сеюмин намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ дар пойтахти мамлакат ба ҳисоб меравад. Нахустин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе соли 2024 бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе баргузор гардида буд. Солҳои 2025 ва 2026 намоишгоҳ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби ширкати сайёҳии «Сомон Трэвел» баргузор карда шуд.
Баргузории пайвастаи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе ба муаррифии имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, тавсеаи ҳамкории соҳавӣ ва фароҳам овардани заминаҳои нав барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат мусоидат менамояд.
АМИТ «Ховар»
















