Душанбе ва Доҳа: Дипломатияи парламентӣ — меҳвари таҳкими робитаҳои стратегӣ
Рӯзи 25 сентябр дар заминаи ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар шаҳри Душанбе вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар баргузор гардид.
Таҳлилгарони сиёсӣ бар ин боваранд, ки робитаҳои Душанбе ва Доҳа дар солҳои охир вориди марҳалаи нави сифатӣ шудаанд. Зимни ин мулоқоти созанда, ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории байнипарлумонии ду кишварро мавриди баррасии амиқ қарор доданд. Таъкид гардид, ки ин робитаҳо бар пояи эҳтироми мутақобил ва манфиатҳои муштарак шакл гирифта, соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, фарҳанг, маориф ва сайёҳиро фаро мегиранд.
Дар ҷараёни музокирот, ҳарду ҷониб нақши калидии дипломатияи парламентӣ ва гурӯҳҳои дӯстиро дар таҳкими пулҳои робита таъкид намуданд. Сарони ҳайатҳо бар зарурати идомаи табодули таҷриба, баргузории вохӯриҳои мунтазами байнипарлумонӣ ва ҳамоҳангии муштарак дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ изҳори назар карданд.
Бахши муҳимми умумиятҳои ду кишварро рушди ҳамкории иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ташкил медиҳад. Дар ин замина, таҳкими робитаҳо байни ҷавонон, занон ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин истифодаи имконияти мавҷуда барои табодули таҷрибаи қонунгузорӣ мавриди таваҷҷуҳи хоси нишаст қарор гирифт. Мулоқоти мазкур, ки дар фазои дӯстӣ ва эҳтироми мутақобил гузашт, бо изҳори омодагии комили ҷонибҳо барои идомаи ҳамкориҳои судманди парламентарӣ баёни фарҷом ёфт.
“Рӯзгор”
















