РОБЕРТО ЛЕНТОН: "ДАРХОСТ ҚОБИЛИ БАРРАСӢ НЕСТ"
Бонки ҶаҳонӢ дархости Ӯзбакистон барои бозрасии тарҳи нерӮгоҳи "Роғун"-ро рад кард
Ҳайъати бозрасии Бонки Ҷаҳонӣ дархости Ӯзбакистон барои бозрасии асароти зистмуҳитӣ ва кишоварзии тарҳи сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” дар Тоҷикистонро рад кардааст. Бонки Ҷаҳонӣ тасмим гирифтааст, ки чунин бозрасиеро анҷом надиҳад, зеро дархости ҷониби Ӯзбакистон "бемавқеъ" (irrelevant) аст. Аз сӯйи дигар, ин ниҳоди молии байналмилалӣ гуфтааст, ки худаш дар чорчӯби тарҳи вижае куллияи масоили марбут ба сохтмони ин нерӯгоҳро арзёбӣ мекунад.
Тасмими радди шикоят ё дархости ҷониби Ӯзбакистон дар бораи тарҳи "Роғун" дар ҷаласаи муштараки ҳайъатҳои мудира ва бозрасии (Inspection Panel) ин бонк дар панҷшанбеи гузашта гирифта шудааст. Дархости ҷониби Ӯзбакистон аз сӯйи Дилором Файзиева, намояндаи порлумони он кишвар, Борӣ Алиханов, раиси созмони "Ҷунбиши муҳити зисти Ӯзбакистон", Саидрасул Сангинов, раиси созмони "Экофорум сивил сосаети" ва аз номи ҳудуди сад созмони ғайридавлатии ин кишвар ба таърихи 7 октябри 2010 имзо ва ба Ҳайъати бозрасии Бонки Ҷаҳонӣ ирсол шудааст.
Ҳайъати бозрасии Бонки Ҷаҳонӣ як ниҳоде мустақил аз мудирони ин бонк аст, ки шикоёт ва дархостҳои ворида дар бораи тарҳҳои ин бонк дар кишварҳои мухталиферо баррасӣ ва бозрасӣ мекунад.
"Минтақае зилзилахез"
Фаъолони зистмуҳитии Ӯзбакистон иддаъо кардаанд, ки "Бонки Ҷаҳонӣ дар мавриди тарҳи "Роғун" арзёбии яктарафа анҷом медиҳад ва манофеъи кишварҳои поёнобро нодида мегирад." Дар матни Дархости фаъолони муҳити зисти Ӯзбакистон омадааст, ки тарҳи нерӯгоҳи "Роғун" чиҳил сол пеш таҳия шуда ва мутобиқи меъёрҳои имрӯзӣ нест. Онҳо ҳамчунин иддаъо кардаанд, ки соли 1992, вақте ки умури сохтмонӣ дар ин нерӯгоҳ муттавақиф шуд, меъёрҳои ҳифзи таъсисот риъоят нашудааст.
Гузашта аз ин, фаъолони зистмуҳитии Ӯзбакистон навиштаанд, ки нерӯгоҳи "Роғун" дар минтақае зилзилахез бунёд мешавад ва ба ин далел, садди обанбори ин нерӯгоҳро хатари хароб шудан дар сурати вуқӯъи зилзилаҳое ба андозаи то 9 дараҷаи Риштер таҳдид мекунад. Аз ҷумла онҳо ҳушдор додаанд, ки дар сурати вайрон шудани садди обанбори "Роғун" баландии мавҷи об дар Норак то ба 280 метр ва дар Қароқалпоқистон то ба 6-7 метр хоҳад расид.
Ба навиштаи муаллифони ин дархост, дар сурати хароб шудани садди обанбори "Роғун", ҳудуди 700 маҳалли маскунӣ дар Тоҷикистон, Афғонистон, Туркманистон ва Ӯзбакистон бо ҷамъияти беш аз панҷ милюн нафар, аз ҷумла се милюн нафар танҳо дар Ӯзбакистон, бо хатари нобудӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд. Ҷониби Ӯзбакистон ҳамчунин иддаъо кардааст, ки дар пайи пур кардани обанбори "Роғун" бо 13 милёрд метри мукаъъаб об, ки дар 7-8 сол анҷом хоҳад шуд, кишварҳои поёноби Омударё бо камбуди шадиди об барои обёрии мазореъ рӯбарӯ хоҳанд шуд.
Ба навиштаи онҳо, ин амр ба навбаи худ бар зиндагии 18 милюн нафар аз ҷамъияти кишварҳои поёноб асароти манфӣ хоҳад гузошт. Фаъолони зистмуҳитии Ӯзбакистон ҳамчунин аз асароти эҳтимолии тарҳи нерӯгоҳи "Роғун" бар вазъияти муҳити зист, системи зисти ҷонварону гиёҳон ва танаввӯъи ҳаёт дар минтақа ибрози нигаронӣ кардаанд. Дар дархости фаъолони зистмуҳитии Ӯзбакистон аз аъзои Ҳайъати бозрасии Бонки Ҷаҳонӣ хоста мешавад, ки ба "мудирони омили ин бонк тавсия диҳанд, ки ин мавзӯъотро таҳқиқ кунанд."
"Дархост қобили баррасӢ нест"
Роберто Лентон, раиси Ҳайъати бозрасии Бонки Ҷаҳонӣ, зимни баррасии ин дархост, гуфтааст, ки ҷониби Ӯзбакистон нигарониҳоеро ҳам дар бораи тарҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи арзёбии асароти иҷтимоъиву зистмуҳитии тарҳи "Роғун" ва ҳам дар мавриди худи нерӯгоҳ матраҳ кардааст. Вай хабар додааст, ки аз 13 то 18 декабри соли гузашта гурӯҳе аз коршиносони Ҳайъати бозрасии Бонки Ҷаҳонӣ аз Ӯзбакистон, Тоҷикистон ва маҳалли бунёди нерӯгоҳи "Роғун" дидан карда ва бо фаъолони зистмуҳиии Ӯзбакистон ва мақомоти аршади ин кишвар ва Тоҷикистон мулоқот кардааст.
Ин гурӯҳ пас аз ин сафар гузорише ба Ҳайъати бозрасии бонк ироа додааст. Сипас, ҷаласаи муштараки ҳайъатҳои бозрасӣ ва мудираи Бонки Ҷаҳонӣ ба ин натиҷа расидааст, ки дархости ҷониби Ӯзбакистон берабту бемавқеъ аст ва "қобили баррасӣ нест". Ба ҳамин далел, Бонки Ҷаҳонӣ ба рағми тақозои Ӯзбакистон аз бозрасии тарҳи "Роғун" худдорӣ мекунад. Оқои Лентон дар суханронии худ дар ин ҷаласа, ки рӯзи 3 феврал баргузор шуд, гуфтааст, ки иддаъои ҷониби Ӯзбакистон дар маҷмӯъ ба тарҳи бунёди нерӯгоҳи "Роғун" марбут аст, дар ҳоле ки Ҳайъати бозрасии бонк бештар шикоятҳоеро баррасӣ мекунад, ки ба тарҳҳои худи ин бонк марбут бошанд.
Вай ҳамчунин афзудааст: "Бештари нигарониҳои Ӯзбакистон дар Арзёбии сохтмони "Роғун", (тарҳе, ки Бонки Ҷаҳонӣ сармоягузори он аст), бозтоб ёфтаанд. Ва ҳадафи аслии ин арзёбӣ ҳам аз он иборат аст, ки асароти эҳтимолии нерӯгоҳи "Роғун" омӯхта ва тасмими дурусте дар ин замина гирифта шавад. Ва ҳамаи масоиле, ки дар мавриди сохтмони ин нерӯгоҳ матраҳ аст, ба назар гирифта мешаванд."
Ба ин тартиб, ба назар мерасад, ки ҷониби Ӯзбакистон қабл аз анҷоми Тарҳи арзёбии "Роғун" тавассути Бонки Ҷаҳонӣ ва нашри натоиҷи он, ин арзёбиро алакай "яктарафа" хонда ва хостори бозрасии изофии он шудааст. Ин дар ҳолест, ки Бонки Ҷаҳонӣ ин иддаъоро қобили қабул намедонад.
Арзёбии тарҳи "Роғун"
Зимнан, тибқи тавофуқи миёни Бонки Ҷаҳонӣ ва давлати Тоҷикистон, ин ниҳоди молии байналмилалӣ ба арзёбии молӣ, фаннӣ ва зистмуҳитии тарҳи нерӯгоҳи “Роғун” оғоз кардааст. Дар авохири соли гузашта ширкате барои арзёбии фаннӣ ва молии ин тарҳ дар як музояда интихоб шуд. Интихоби ширкат барои арзёбии асароти зистмуҳитии ин тарҳ то баҳори соли ҷорӣ ба таъвиқ гузошта шудааст.
Бар асоси тавофуқи миёни Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ, давлати Тоҷикистон аз идомаи умури сохтмонӣ дар маҳалли эҳдоси нерӯгоҳи "Роғун" худдорӣ мекунад ва танҳо ба бозсозии таъсисоте машғул аст, ки дар замони Шӯравӣ сохта шуда буданд. Ӯзбакистон аз мунтақидони аслии тарҳи “Роғун” маҳсуб мешавад. Ихтилофи байни ду кишвар бар сари ин тарҳ дар соли гузашта ба маҳдудиятҳое дар рафтуомади вогунҳои Тоҷикистон аз қаламрави Ӯзбакистон мунҷар шудааст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар асари мутаваққиф шудани вогунҳои бории ин кишвар дар қаламрави Ӯзбакистон, зиёни қобили мулоҳизае бар иқтисоди Тоҷикистон ворид шудааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/rogun/4373-darkhost-kobili-barrasi-nest.html
-
30.07.2026 11:01
408
Мулоқоти Президентҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон
-
26.07.2026 12:30
535
Истиқлол ва Ваҳдат: Ду боли парвози Тоҷикистон ба сӯйи қуллаҳои ҷаҳонӣ
-
23.07.2026 12:56
407
САФАРИ ТАЪРИХӢ БА ҚАЛБИ ОСИЁ. Ва ё чаро Муғулистон барои Тоҷикистон муҳим аст?
-
06.05.2026 14:20
558
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
570
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
661
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
15.03.2026 21:05
440
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
1181
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
1230
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
11.07.2026 11:51
441
Нақши устод Пайванди Гулмуродзода дар рушди рӯзноманигории тоҷик
-
17.01.2026 11:47
1075
Профессор ва раҳбари собиқи СҲШ Рашид Алимов ба ҳайати таҳририяи «За рубежом» пайваст шуд
-
24.12.2025 15:28
974
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
21.07.2026 14:28
481
ТАҲҚИҚОТИ СОТСИОЛОГӢ. Дар Тоҷикистон издивоҷи бармаҳал коҳиш ёфтааст
-
17.07.2026 15:54
419
“Садамаҳои нақлиётӣ – проблемаи рӯз!”
-
16.07.2026 12:03
474
«Истиқлолият рамзи олии Ватану ватандорист!»
-
14.06.2026 14:44
659
САДОИ ҶОВИДОНИ БУЛБУЛИ ШАРҚ: ДАР ДУШАНБЕ 80-СОЛАГИИ АҲМАД ЗОҲИРРО ТАҶЛИЛ НАМУДАНД
-
18.05.2026 19:35
353
Дар Минск шоми бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ доир шуд
-
18.05.2026 19:15
428
«Духтаре аз «Хонаи Павлов»
-
22.12.2025 20:26
1161
Таърихи ташаккули ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва аҳамияти созишномаи нави байниҳукуматӣ
-
10.12.2025 16:56
1074
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1383
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
28.02.2025 13:34
2492
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2566
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3587
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
682
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
2056
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
2203
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
18.06.2026 23:00
2177
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1262
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
21.11.2025 11:56
1148
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
28.07.2026 11:18
283
Чемпионати ҷаҳонии соли 1962
-
21.07.2026 14:07
341
Чемпионати ҷаҳонии соли 1958
-
20.07.2026 18:07
214
Ҷоми ҷаҳон 2026 ҷаҳонро муттаҳид кард
-
03.08.2026 10:28
298
Чеҳраҳои мондагор: Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Мӯсо ал-Хоразмӣ
-
01.08.2026 11:28
339
Фермаҳои амудӣ: Кишоварзӣ дар даруни баландошёнаҳо
-
30.07.2026 11:10
398
Айнакҳои AR: Оё смартфонҳо ба зудӣ аз байн мераванд?










































