01:49:15 27-уми Сентябри 2026 сол

«ВАҚТЕ КИ БӮИ ВОЛИДОН АЗ ОҒӮШИ БАРОДАР МЕОЯД...»

Киштии зиндагии мо баъзан дар зери зарбаҳои паёпайи мавҷҳои қисмат чунон ғарқ мешаванд, ки ҷуз сӯзиш чизе боқӣ намемонад. Солҳои 2019 ва 2020 барои хонадони мо ду соли сиёҳ ва зулматбор буданд; рӯзгоре, ки ду чароғи фурӯзону эътимоди моро хомӯш кард ва файзу шодмониро аз остонаи мо бурд.

3fbf4514-8c5b-4336-8bfc-0c12ff69cc8aМо ҳанӯз дар сӯзиши ҷонкоҳи соли 2019 ва аз даст додани падари азизамон месӯхтем ва чашми нигаронамон ба даргаҳи холӣ буд, ки аҷал зарбаи дуюму ҷонгудози худро ба сарамон овард. Баъди рафтани падар ягона такягоҳ ва умеди мо модарам буд, аммо дар таърихи 27-уми сентябри соли 2020, ӯ низ оғӯши гарми худро аз мо дареғ дошта, барои ҳамешагӣ моро тарк намуд ва ба назди ҳамсафари ҳаётии худ кӯч баст.

Дар давоми як сол маҳрум шудан аз ду бол, аз ду фариштаи нигаҳбон ва аз ду чароғи фурӯзони зиндагӣ... Ин чи дарди сангинест? Вақте одам дар калонсолӣ ҳам падару модарашро гум мекунад, якбора худро кӯдаки ятиму бепаноҳ ва дармондае меёбад, ки дар ин дунёи пурғавғо ҳеҷ касе харидори ашкҳояш нест.

27-уми сентябр рӯзе шуд, ки офтоби хонадони мо тамоман рӯ ба ғуруб овард. Оне, ки бо бӯи пироҳанаш дарди бепадарӣ ва танҳоиро аз мо дур мекард, худаш ба назди падар кӯч баст ва моро дар ин дунёи бераҳм танҳо гузошт. Имрӯз, вақте ба кунҷи холии хона, ба он ҷойнамози танҳо ва курсиҳои холӣ менигарам, гулӯямро буғзи ваҳшатборе мегирад. Дигар касе нест, ки ҳангоми аз даргаҳ баромадан кушоиши кору роҳи сафедамонро дуо кунад. Касе нест, ки бо чашмони нигарон дар дами даромадгоҳ интизорамон бошад.

Мехоҳам ин дарди алами худамро ба гӯши фалак бирасонам ва ба ҳамаи фарзандон бигӯям: қадри ин ду ганҷи бебаҳо — падару модарро бидонед, то даме ки сояи давлаташон бар сари шумост. Хоки пояшонро сурмаи чашм кунед. Вақте онҳо мераванд, ҳеҷ чиз, ҳеҷ сарват ва ҳеҷ кас наметавонад ҷои он оғӯши беғаразу ҷонбахшро бигирад. Хонаи бе падару модар танҳо як девори сард аст, ки ҷон надорад.

Аммо дар миёни ин ҳама дарду сукути сард, як чиз дили маро ором ва рӯҳамро таскин медиҳад. Хонаи падариву модарии мо холиву вайрон намонд, чароғи ин ошёни муқаддас хомӯш нагашт. Ҳарчанд ҷисми шумо имрӯз дар ин хона нест, аммо бародари азизам ва ҳамсари нозанину меҳрубонаш тавонистанд бо тамоми меҳру муҳаббат, одамгарӣ ва садоқате, ки дар даврони ҳузури шумо буд, ин даргаҳро обод нигоҳ доранд. Бародарам бо ҳамон мардонагӣ ва насиҳатҳои падарвор ва келини хонадон бо ҳамон лутфу меҳрубонии модарона, ки аз шумо омӯхта буданд, оташи ин оташдонро фурӯзон нигоҳ медоранд. Онҳо бо ҳамон табассуми нуроние, ки рӯзе дар симои шумо буд, бо ҳамон хуш омадед, кушодарӯӣ ва меҳмоннавозии бепоёнашон намегузоранд, ки эҳсоси бепадарӣ ва бемодарӣ моро бишканад. Зиндагӣ ва рафтори имрӯзаи онҳо исботи он аст, ки тарбияи ҳалоли шумо беасар набудааст ва боварӣ дорам, ки рӯҳи шумо низ аз чунин фарзандони солеҳ шоду ором аст. Кадом вақте ки дилам бароятон танг шавад ва хумори бӯи шумо моро гирад, ҳатман ба хонаи бародарам — ҳамон ошёни канданашавандаи шумо меравем. Онҷо, дар он ҳаво ва дар он оғӯши гарми хонаводагӣ, мо худро боз ҳам дар канори шумо эҳсос мекунем. Гӯё шумо ҳоло ҳам ҳастед ва моро дуо мекунед...

Падари азиз ва модари ҷоннисорам! Ҳарчанд ҷисми шумо имрӯз дар оромгоҳи абадист, аммо ёди шумо, насиҳатҳои шумо ва меҳри бепоёнатон то даме ки нафас мекашам, дар қаъри дили ман зинда хоҳад монд. Шумо дар ин дунё ҳамеша бо ҳам ва такягоҳи ҳамдигар будед ва қисмат чунон шуд, ки дар охират низ зуд ба ҳам пайвастед.

Дуо мекунам, ки Худованди меҳрабон шуморо ғариқаи раҳмати худ гардонад, дар қабратон нури ҷаннат биборад ва ҷоятонро дар ҷаннатулфирдавс дар канори ҳам бигардонад.

Рӯҳатон шод ва хонаи охирататон обод бод, азизони дилу ҷонам...

Ҷаҳонгири Султон, “Рӯзгор” 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ