08:10:20 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

ТАҶЛИЛ АЗ ЗОДРӮЗИ БОЗОР СОБИР

20 ноябри соли 2009 дар маҷлисгоҳи Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон бо ибтикори ҳафтаномаи «Миллат» зодрӯзи Бозор Собир шоири шаҳири миллат, ки феълан дар ИМА ба сар мебарад, ҷашн гирифта шуд, ки дар он адибон, журналистон, сиёсатмадорон, намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва дигар алоқамандони шеъри ноби Бозор Собир ширкат варзида, суханронӣ намуданд. 

Маҳфилро сардабири ҳафтаномаи «Миллат», журналисти варзидаи кишвар Адолат Умарова ҳусни матлаъ бахшид. Ӯ аз ташаббуси ҳафтанома дар бораи ҷамъу гирд кардану дар шакли китоб ба чоп омода сохтани соядастҳои устод Бозор Собир сухан гуфта, аз ҳамкасбони худ даъват ба амал овард, ки дар обод кардани гӯшаи ноободи ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии диёри азизи хеш вобаста ба имконияту тавоноии худ саҳм бигиранд.

Садри маҷлис ровии хушсадову ширинсухани тоҷик, Ҳунарманди мардумии кишвар Ортиқи Қодир баъди бо як шеваи гӯиши ҷаззоби хеш хондани чанд порча шеъри ноби шоири дур аз Ватан, риштаи суханро ба маъруфтарин шоири муосири тоҷик устод Мӯъмин Қаноат дод.

Мураббии аксари шуарои имрӯзаи тоҷик устод Мӯъмин Қаноат дар бораи эҷодиёти Бозор Собир сухан гуфта, қайд намуд, ки Бозор Собир на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҷаҳони форсигӯёни имрӯз аз ҷумлаи он шоирони камшуморест, ки шеърро рӯдакивор мегӯяд.

Дар шеъри ӯ мо анъанаи неки шуарои гузаштаи хеш, яъне равону содда баён кардани мазмуни баландро мебинем-, таъкид намуд устод Мӯъмин Қаноат. Шеъри ӯ аз шеъри дигар шоирони форсигӯе, ки имрӯз аз шаҳрҳои Аврупову Амрико садо баланд мекунанд, аз ин ҷиҳат ба куллӣ фарқ мекунад. Ӯ агарчӣ аз таҷрибаи онҳо ва шоирони хушзавқи рус истифода кардааст, вале бо роҳу равиши хеш ба пеш рафтааст.

Шамсулҳаққи Ориёнфар вобастаи фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон дар суханронии худ бештар рӯйи масъалаи шинохти шоирони тоҷик дар Афғонистон таваққуф намуд. Ӯ азҷумла гуфт, ки дӯстдорони адабиёт дар Афғонистон аз шуарои тоҷик бештар аз дигарон бо ашъори устод Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор ва устод Бозор Собир шиносоӣ доранд.

Дӯсти овони ҷавонии Бозор Собир, журналисти маъруфи кишвар Теша Раҷаб, ки дар бораи ӯ қиссаи тарҷумаҳолие ҳам навишта ба чоп расондааст, хотироти хешро дар бораи ин дӯсти шоираш ба ҳозирин хеле ҷолибу шавқовар ҳикоят кард.

Дар ин маҳфил китоби «Марворидҳои ноёби Бозор», маҷмӯаи силсилаи мақолаҳо дар бораи соядастҳои ин шоири маъруфи кишвар, ки тӯли соли 2008 дар ҳафтаномаи «Миллат» ба табъ расида буданд, муаррифӣ гардид. Таъкид шуд, ки ин китоб аз рӯйи мавзӯъ, мазмуну мундариҷаи хеш дар адабиёти имрӯзи тоҷик таҷрибаи аввалин ба шумор меравад. Дар идомаи ҳамоиш шоир ва олими шинохта Рустами Ваҳҳобиён, адабиётшинос Боймурод Шарифов, коргардони синамо Сафарбек Солеҳов, раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, шоир ва файласуф Мирзоҳусайни Бадалипур, ки ҳар кадом сухани ҷолибе, хотираи фаромӯшношудание аз ин устоди сухан доштанд, бо як шавқу рағбати зиёде онҳоро барои ҳозирин ироа карданд.

Бархе аз ин суханварон паҳлӯҳои мухталифи ҳаёт ва эҷодиёти устод Бозор Собирро ба риштаи таҳлил кашиданд, аз осори устод Бозор Собир ва навиштаҳои худ барои устод порчаҳои шеърӣ қироат карданд. Вале байти серистеъмоле, ки дар ин маҳфил мукарраран аз сӯи ҳозирин хонда мешуд, байти худи устод Бозор Собир буд, ки мегӯяд:

Паррандаҳои муҳоҷир ба лона баргаштанд,

Дубора чаҳ-чаҳа сар шуд чаро намеоӣ?

 «Рӯзгор»



Шарҳҳо   

 
0 #1 BabaGuest 09.06.2013 19:14
Бозор Собир, масъули иҳонатҳои худ ба ислом аст
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Ҳол, аз ин пас, мавриди хитоби банда, Бозор Собир аст.
Бозор Собири сар то по дурӯғгӯ, муфтарӣ ва беадаб! Агар туро имрӯз ба “ту” хитоб мекунам, чун туи беадаб, бо носазогӯиҳои худ нисбат ба як абармарди тоҷик, ки хадамоти арзандаи эшон барои ҳеч тоҷике пӯшида нест, ҳатто сазовори хитоби “Шумо”-ро ҳам аз даст додаӣ.
Дар ин навиштор қасд надорам ба дифоъ аз мақому ҷойгоҳи волои устод Шакурии Бухороӣ дар баробари носазогӯиҳои ту нисбат ба эшон бипардозам; чун мӯътақидам, ёвагӯиҳои ту ба эшон ҳатто сазовори посух гуфтанро ҳам надоранд, аммо ба унвони фарде мусалмон ва пойбанд ба ойини муқаддаси ин дин, барои худ воҷиб медонам, пиромуни дурӯғҳои ту ба ислом нукотеро ёдовар шавам.
Бозор Собири ….! Чӣ бадӣ аз ноҳияи ойини поки ислом дидаӣ, ки то ба ин ҳад ба он метозӣ?
Оё хирадписанд будани омӯзаҳои ин дин аст, ки туро нороҳат карда? Чун ойини муқаддаси ислом, дар ноҳияи гузиниши андеша, аз пайравонаш хостааст, то бар мабнои тааққул ақоиди хеш баргузинанд, на бар асоси тақлиди кӯр-кӯрона ва пайравӣ аз афкори обову аҷдод; он ҷо ки мефармояд: “Пас бандагони маро мужда бидеҳ; ҳамон касонеро, ки ба суханон (ва дидгоҳҳои мухталиф) гӯши ҷон месупоранд ва он гоҳ беҳтарини онҳоро пайравӣ мекунанд; инонанд касоне ки Худованд роҳашон намуда ва эшонанд хирадмандон.” (Зумар, 16 ва 17).
Оре, имрӯз вазифа ва воҷиби ҳар тоҷики мусалмон ва ғаюр аст, ки дар чорчӯби қонуни мавҷуди кишварамон (на худсарона), аз болои Бозор Собир ба хотири ин ҳама иҳонату таҳқираш ба соҳати муқаддаси исломи азиз, ба додгоҳ шикоят бибаранд, ки агар накарданд, фардои қиёмат пеши Худованди Мутаол масъул хоҳанд буд.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi