Ёде аз Нигина Рауфова
Гули худрӯи боғи ҳунари тоҷик Нигина Рауфова аз сарчашмаи зулоли эҷодиёти шифоҳии мардум об хӯрда ба камол расидааст. Аз ин ҷост, ки ӯ бо истеъдоду маҳорати худододи табиӣ, суруду таронаҳои мардумӣ ва сабку услуби хоси ҳунарӣ зуд маҳбубу азизи ҳар як хонадони тоҷик гардид.
Нигина Рауфова бо талошу заҳмат, машқу ҷустуҷӯиҳои эҷодӣ, баҳрабардорӣ аз файзи мусиқии касбӣ, ҳамкориҳои пурбор бо устодони санъат ва оҳангсозону шоирони маъруф, бо садоқати бепоён ба ҳунар обрӯву эҳтиром ёфта, ба мақоми шӯҳрату эътибор расид, ба фатҳи қуллаҳои баланде дар ҳунар ноил гашт, комёбиҳои зиёдеро ба даст овард, тавассути сафарҳои ҳунарӣ басо оламу одамро дид, дар бисёр саҳнаҳои бузург ба санъати волои ӯ каф заданд, вале ӯ ҳамон тавре ки буд, боқӣ монд. Як духтари оддии кӯҳистони тоҷик, бо дили софу беғубори тоҷикӣ, бо рӯҳу андешаи тоҷикӣ, бо пироҳани тоҷикӣ, хоксору фурӯтан, ҳалиму меҳрубон, мардонаву меҳнатқарин…
Сурудҳои ӯ ифодагари умеду ормон, дарду ҳасрат ва розу ниёзҳои занону модарон буданд. Овози гирову лаҳни дилнишини Нигина дар дили ҳар як шунаванда эҳсосоти наҷиберо бедор месохт.
Раҳматии модари ман ҳангоми аз радио ё телевизион баланд шудани садои апаи Нигина зуд ҳама корро як сӯ мегузошту атрофиёнро маҷбур мекард, ки хомӯш истанд ва худ то анҷоми суруд ба тамом гӯшу ҳуш мешуд ва баъд оби дидагонашро поккунон корашро идома медод.
Бисёр сурудҳои апаи Нигина ба монанди «Файзбод», «Рубоиёт», «Модар», «Аскарбача», «Бачамой» чун таскини дилу марҳами дарду аламҳои модарон садо медоданд.
Зеро тақдир ӯро хеле барвақт дар сини 3-солагӣ аз оғӯши гарму меҳри модар бенасиб, ба маҳрумиятҳову сахтиҳои зиёди зиндагӣ дучор намуда буд. Тавре, ки худ ёдовар мешуд, дар сини 16-солагӣ ба комбинати матоҳои пахтагини шаҳри Душанбе ба кор омаданаш як исёне буд алайҳи нобасомониҳои қисмат… Бо сӯзу дард, самимиву пургудоз суруд хонданҳояш низ аз ранҷу заҳматҳои дар рӯзгор кашидааш маншаъ мегирифтанд…
Дар радифи ҳунари баланд апаи Нигина дорои одамияти баланд буд. Ӯ бо хислату рафторҳои неку наҷиби хеш ба бисёр мардон сабақи мардиву мардонагӣ меомӯхт.
Дар бисёр базму маъракаҳои суру шодии мардуми камбизоату нодор ба таври хайрия хизмат кардани ӯро шогирдону пайравонаш бо меҳру ифтихори баланд ба ёд меоранд.
Тобистони соли 1998 ман апаи Нигинаро ба ҷашни арӯсии бародаронам даъват намудам. Ӯ на танҳо худ балки тамоми ҳунармандони ансамбли «Дарё»-ро низ ҳамроҳ ба деҳаи кӯҳистони мо овард.
Ҳавлии тангу кӯчаки мо ба як дунёи пур аз шодиву фараҳ табдил ёфта буд. Ҳунармандони маҳбуби халқ Лола Азизова, Қурбоналӣ Абдуллоев, Саидқул Билолов, Муҳаррама Шарифова, Малика Саидова таҳти сарварии апаи Нигина бо дарёи меҳру ихлос ва суруду чакомаҳои дилошӯби худ мазрааи қалбҳои мову аҳли деҳаро шодоби шодиву нишот намуданд. Хусусан модари муштипарамон аз дидани ҳунарманди дӯстдоштааш дар ҷашни хонаободии ҷигарбандонаш он қадар шоду масрур, он қадар хушбахту сарфароз буд, ки ба истилоҳ ба худ ҷои нишаст намеёфту дар куртааш намеғунҷид. Ин некиву иқдоми ҷавонмардонаи апаи Нигинаро аҳли хонадони мо ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард…
Чеҳраи зебову нуронӣ, дили дарёву пурмеҳри апаи Нигина ҳангоми дидору сӯҳбат ба кас беихтиёр фараҳу шодӣ, гармиву хушӣ мебахшид, агар дар дил ғуссаву нороҳатие дошта бошӣ, зуд рафъ мегардид…
Ҷашни 50-солагии Нигина Раупова (1995) дар толори Театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ хеле зебову пуршукӯҳ ва басо самимиву хотирмон сурат гирифта буд. Табрикоти расмии Ҳукумату вазорати фарҳанг, кумитаи садову симои ҷумҳурӣ, шодбоши дӯстон, ҳазлу шӯхиҳои пурмеҳри аҳли фарҳангу ҳунар, меҳрномаҳои шогирдону ҳамкорон ҳусни маҳфилро ба маротиб афзуда, ба соҳибҷашн нерӯву илҳоми тоза мебахшиданд. Сазовор қадр гардидани заҳматҳои сангину пурарзиши эҷодкор арҷгузорӣ ба ҳунару истеъдоди ӯ аз як ҷониб барои боз ҳам пурмаҳсултару пурботар кору фаъолият кардани ӯ мусоидат намояд, аз ҷониби дигар ин амри муборак барои насли наврасу ҷавони ҷомеа беҳтарин дастури ибрату сабақи зиндагӣ хоҳад буд…
Баъди ҳамон ҷашни пурнуру бошарофат Нигина Рауфова худро чандин сол ҷавонтару нерӯмандтар эҳсос карда чашмаи илҳомаш бештар ба ҷӯш омад ва чун як шохоби пуршӯру мусаффои «Дарё»-и ҳунар беҳтарин чакомаҳоро эҷоду тараннум кард ва ба гӯши дили ҳаводорони ҳунари худ расонд. Ҳамкориҳои эҷодияш бо оҳангсозону шоирони маъруф бештару пурбортар гардид.
Соли 2005 дар барномаи театрикунонидашудаи ҷашни 60-солагии Ғалаба, ки дар мавзеъи Харангон бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, сурудҳои «Аскарбача» ва «Бачамой»-и Нигина Рауфова ворид гаштанд. Ман ҳамчун ровӣ мушоҳида кардам, ки ин сурудҳо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, меҳмонони ҷашн ва хусусан сарвари давлатро сахт муттаасир сохтанд. Дар он бахши барнома, ки бо гирифтани номаи сиёҳ дар хонадоне фиғони мотаму андӯҳ ва дар пасманзар (фон)-и он суруди «Бачамой» баланд шуд, беихтиёр тамоми иштирокдорон аз ҷумла Раиси ҷумҳур бо эҳсос оби дида рехтанду гиристанд.
Дар фарҷоми барнома Роҳбари давлат бо ҳаяҷону эҳсоси мамнуният ба ҳамаи аҳли эҷоду ҳунар барои чунин намоиши рангину пурмуҳтаво изҳори сипос намуда, ба апаи Нигина эҳтирому ташаккури хоса баён кард ва ҳамаи собиқадорони саҳнаву коргардонҳоро бо мукофоти махсус (телевизиори ранга) ва иштирокчиёни дигари намоиши бошукуҳи театрикунонидашударо бо мукофоти пулӣ сарфароз гардонид. Ҳамаи иштирокчиёни барнома аз апаи Нигина ва таъсиру баракати сурудҳои ӯ мамнуну миннатпазир буданд…
Дар раванди тамринҳо ман чанд бор ҳамроҳи апаи Нигина аз Харангон ба Душанбе омада будам. Апаи Нигина бо меҳру ихлоси хосаи худ хоҳиш карда буд, ки дар ҷашни 60-солагиаш ҳам ва баъди он дар базми хонаободии писараш Аҳмадҷон масъулияти барандагиро ба зимма бигирам.
Роҳбарияти Кумитаи садову симо, вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, ҳунармандони ансамбли «Дарё» бо роҳбарии Саидқул Билолов бо шавқу ҳарорати хосаи эҷодӣ ба ҷашни 60-солагии ҳофизи халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Нигина Рауфова омодагии ҷиддӣ мегирифтанд. Муаллифони ҷашнвора Низом Қосим ва Саилқул Билолов тамоми паҳлӯҳои фаъолияти эҷодиву шахсияти апаи Нигинаро ба назар гирифта барномаи ҷолибу пурмуҳтавое мураттаб карда буданд…
Рӯзу соати ҷашн муайян шуда буд… Вале сад афсӯсу дареғ, ки тири қазо як ҷаҳон ормонҳову ниятҳои хайрро бо марги нобаҳангоми ҷигарбанди апаи Нигина, Аҳмад, ки мебоист баъди як моҳ хонадор шавад, барбод дод…
Дар остонаи шасти камолоти умр овозхони маҳбубу азизи халқ аз зарбаи ҷонкоҳи тақдир дилрешу ҷигархун гашт.
Матни барномаи ҷашн дар рӯи мизи кори ман зору ҳайрон монд…
Ман дар арафаи ҷашнаш бо апаи Нигина мусоҳибае анҷом дода будам, ки дар саҳифаи ҳафтаномаи «Чархи гардун» ба чоп расида буд. Зимни сӯҳбат апаи Нигина дар мавзӯҳои мухталиф, ҳаёти эҷодиву шахсӣ, устодону шогирдонаш, гузаштаву имрӯзи санъату ҳунар, вазъи фарҳангу ахлоқи ҷомеа ва амсоли ин изҳори андеша карда буд. Аз ҷумла ба саволи:- «Ба роҳи сипардаи хеш, ба умре, ки сарфи ҳунар ва хидмати мардум гаштааст, худ чӣ гуна баҳо медиҳед?»- чунин посух дода буд- «Ин саволро бояд дар 70-солагиям медодед, чунки ман акунун ба шаст омадам ва ҳоло вақту имкон дорам, ки қарзи фарзандии хешро назди халқу ватанам пурра адо намоям… Ман аз умри сипардаи худ комилан розиям. Ҳаёти рангину бобаракате насибам гашта… Подоши ранҷу заҳматҳои дар роҳи душвори ҳунар кашидаам, меҳри халқ, ашки модарон, кафкӯбиҳои мухлисони самимӣ ва таваҷҷӯҳу эътибори роҳбарон мебошад. Ман ба ҳама пастию баландиҳои зиндагӣ, хушиву нохушиҳои рӯзгор сарбаландона тоб овардам, аз комёбиҳо мағруру саргаранг нашудам, аз шӯҳрату собиқаи фаъолияти эҷодии худ нанозидам, намаки халқро пос доштам, ҳамеша ҳалол меҳнат кардам ва бурд кардам. Ин аст ҳикмату сабақи рӯзгори ман…»
Вале ин бор марги ҷигарсӯзи фарзанд рӯҳи қавии ӯро то андозае шикаст. Ният дошт, ки баъди маҳфили ҳунарии худ писараш Аҳмадро хонадор карда, модарвор ормон бишканад. Ин ормони ширинро ҳамроҳи ҷигарбанд ба синаи сарди хок супориду дигар ба худ омада натавонист… Баъди панҷ соли марги фарзанд 22-декабри соли 2010 қалби пуршӯру пурмеҳри ҳунарманди маҳбуби халқ аз таппиш боз монд…
Ёдҳои ширину хотираҳои басо неке дар қалби шогирдону пайравонаш, ҳамкорону мухлисони сершумораш боқӣ монданд. Сабту наворҳои зиёде аз кӯлбори рангину пурбори эҷодиаш номи неки ӯро ҷовидонӣ сохтанд. Ёдаш ба хайру рӯҳи азизаш шоду хушнуд бод!
Ортиқи Қодир, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон