16:57:21 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Писари қозикалон

Ёде аз Ҳунарманди Мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ  Аслӣ Бурҳонов

Ҳар гоҳе сухан аз таърихи пурифтихори театри тоҷик ба миён ояд, беихтиёр номҳои Ҳомид Маҳмудов, Муҳаммадҷон Қосимов, Аслӣ Бурҳонов, София Тӯйбоева, Тӯҳфа Фозилова, Ҳоҷиқул Раҳматуллоев…дар саҳфаи андешаҳо (хотираҳо) пайдо мешаванд.

asli-burhonov 2345127898565

Бале, онҳо аз зумраи аввалин бунёдгузарони театри касбии тоҷик мебошанд, ки дар заминаи мактаби театри рус арзи ҳастӣ намудааст. Аз ҷумлаи шоҳсутунҳои театри миллии тоҷик Аслӣ Бурҳонов ҳунарманде буд, ки истеъдоди табииву маҳорати баланде дошт ва паҳнои ҳунараш хеле фарох буд. Ӯ зодаву парвардаи муҳити фарҳангиву адабии бостоншаҳри Бухоро буда, фаъолияти ҳунарии худро солҳои 1931-1933 дар театрҳои  Бухорову  Ғиждувон оғоз бахшидааст.

Аз соли 1933 то охири умр тақдири эҷодии ӯ пайванд ба Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ гардид. Ҳунарманде, ки дар ягон мактаби касбии ҳунар таҳсил накардааст, маҳз бо шавқу меҳри бепоён, ҷаҳду талош, садоқату сарсупурдагӣ ва заҳмату ҷустуҷӯҳои эҷодӣ ба куллаҳои баланди маҳорату истеъдод расида, дар иҷрои нақшҳои бузургу мураккаб, образҳои барҷастаи драматургияи ҷаҳониву миллӣ, каҳрамонҳои классикӣ ва таърихиву муосир, таҷассум намудани симову хислатҳои  мухталиф дар намоишҳои драмавию фоҷиавӣ ва ҳам мазҳакавӣ ба дараҷаи касбияти комил муваффақ гаштааст. Аслӣ Бурҳонов мисли бисёр шоҳсутунҳои театри тоҷик чун гули худруй дар боғи  мактаби эҷодии театр парвариш ёфтааст, ки дар нашъу нумӯи ӯ боғбонҳои оқилу соҳибтаҷрибаи гулистони санъати касбӣ Е.И. Мителман ва А.И. Платонов барин коргардонҳои маъруфи шӯравӣ ранҷу заҳмат кашидаанд.

Асли Бурҳонов воқеан ҳам устоди  мумтози саҳна буд. Нерӯву ҳарорати ҳунар, нутқи буррову садои қавӣ, техникаи мукаммали саҳнавӣ, ҳаракату физикаи озоди ҷисмонӣ ба ӯ имкон медоданд, ки дар саҳна ҷавлон занад, бо боли истеъдод парвоз кунад ва бо санъати баланди таҷассумгароӣ дар иҷрои ҳама гуна нақшҳо муваффақ гардад.

Дар бораи Аслӣ Бурҳонов театршиносону рӯзноманигорон мутахассисони соҳаи фарҳангу адаб, махсусан устод Низом Нурҷонов хеле зиёд навиштанду фаъолияти пурбору эҷодии ӯро мавриди таҳқиқу  баррасӣ қарор доданд.

Ман устод Бурҳоновро дар нақшҳои Ленин (намоишҳои «Хуррият»-и Ғ.Абдулло ва «Корвони бахт»-и М. Миршакар), нақши Сухсуров (мазҳакаи «Садо аз тобут»-и А. Каҳҳор), нақши Айнӣ (намоиши «Машъали маърифат»-и Г. Абдулло) ва нақши Шоҳ Лир (фоҷеаи «Шоҳ Лир»-и Шекспир) тамошо карда, маҳорат ва санъати тасвиргароиву таҷассумкории ӯро дар равшану ҷолиб инъикос намудани хислату рафтори қаҳрамонон  бевосита мушоҳида кардаам. Бурҳонов дар саҳна ҷазаба ва ҳарорати баланди иҷрокунандагӣ дошт, ки ба ҳамбозиҳо низ нерӯву илҳом мебахшид ва тамошобин ҳам гармиву қувваи истеъдоди ӯро аз канор амиқ эҳсос мекард…

Аз забони худи устод ва ҳампешагонаш  шунида будем ,ки барои ворид шудан ба нақши Ленин ӯ моҳҳо заҳмат кашида, шабу рӯзҳои зиёдеро бо либосу грими доҳӣ дар театр сипарӣ кардааст. Баъзе шабҳо бо хумори зану фарзандон бо ҳамон либосу грим (пардоз) –и Ленин ба хона рафта будаст, ки милисаҳо бо ифтихор дар роҳ борҳо ба ӯ саломи низомӣ (честь) додаанд.

Лаҳни гуфтори  Ленин, махсусан дар талаффузи ҳарфи «р» каме сакта доштани нутқи ӯро устод Бурҳонов хеле моҳирона баён мекард. Дар ҳар корхона (заводу фабрикаҳо) ва ё муассисаҳои таълимие, ки вохӯриву сӯҳбатҳои аҳли эҷоди театр баргузор мегардид, устод Бурҳонов ҳатман ҳамон монологи машҳури Ленинро, ки ба синфи коргару деҳқон муроҷиат карда, дар хусуси ба амал омадани инқилоби болшевикӣ хабар медод, бо забони худи доҳии пролетарият иҷро мекард:

«-Товарищи! Рабочая и крестьянская революция, о необходимости которой все время говорили большевики, совершилась!»    

Хитоби доҳӣ бо хунару садои қавии устод Бурҳонов ҳамеша бо кафкӯбиҳои пурмавҷи тӯлонӣ истиқбол меёфтанд ва кас худро беихтиёр дар як фазои инқилобӣ эҳсос мекард. Ман ин ҳолату илҳоми эҷодии устод Бурҳоновро бори аввал соли 1976 дар яке аз фабрикаҳои калони дузандагии шаҳри Бухоро ва баъдан борҳо дар корхонаву муассисаҳои мухталифи Тоҷикистон шоҳид будам.

Дар намоишҳои «Ҳуррият» ва «Корвони бахт» ҳангоме, ки (А.Бурҳонов) дар чеҳраи доҳӣ рӯи саҳна меомад, толори театр аз кафкӯбиҳои тӯлонии «набера»-ҳои Ленин ба ларза медаромад. Аксари вақт тамошогарон бо пайдо шудани Ленин (А.Бурҳонов) беихтиёр аз ҷой хеста қарсақ мезаданд.

Устод Бурҳонов нақшҳои ҳаҷвиро низ дар сатҳу дараҷаи баланди истеъдод иҷро мекард. Сухсурови ӯ дар намоиши «Садо аз тобут»-и А.Каҳҳор (таҳияи Ҳ.Абдураззоқов), роҳбари  айёру фиребгар, порахӯру маишатпараст, мағруру ҳавобаланде буд, ки хислатҳои баду рафторҳои хандаовари ӯ бо нозукиҳои ҳунару истеъдоди ҳунарпеша  басо равшан таҷассум меёфтанд.

Ба гуфтаи собиқадорон  нақшҳои Ҳоҷиваққосу Меҳтаробод, Труфалдинову Хлестаков, Қорӣ Ишкамбаву Фахриддинов ва ғайра  аз намоишҳои мазҳавакавии театр дар иҷрои устод Бурҳонов хеле ҳам барҷаставу хотирмон офарида шудаанд. Нақшҳои Мухтор-ака аз филми «Ман бо духтаре вохӯрдам», Карим-ака аз филми «Вақти зангирии писар расид» гувоҳи онанд, ки устод Бурҳонов ҳаҷвнигори хушсалиқае дар саҳнаву синамо мебошад.

 «Писари Қозикалон» дар саҳна «устухон надорад» мегуфтанд ҳампешагони собиқадор. Насли калонсол Аслӣ Бурҳоновро дар ғайбаш ҳамин тавр «Писари Қозикалон» меномиданд. Бале, ӯ воқеан ҳам фарзанди қозикалони Бухоро буда, бо нависандаи маъруфи тоҷик устод Ҷалол Икромӣ пайванди хешутаборӣ (писарамакӣ) дошт.

Яке аз ҳунармандони хубу собиқадори театр ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ҳайдар Шоҳимардонов, ки зодаи Бухоро буд, нақл мекард, ки падари Бурҳонов Қозӣ Бадриддинро болшевикҳо бо хориву таҳқирҳои зиёд ранҷу азоб  доданд. «Дар майдони Регистон ба дасти ӯву чандин саркардагони дигари дарбори амир сабадҳо дода амр мекарданд, ки саргини аспу харҳоро аз майдон ғундоранд ва ҳатто маҷбур мекарданд, ки ҳангоми ахлот кардани аспу харҳо сабадро зуд зери думи чорпоён доранд»- мушоҳидаҳои талхи даврони кӯдакиҳои худро ёдовар мешуд амаки Ҳайдар Шоймардонов.

Ба қавли идае аз ҳампешагон дар сиришту ниҳоди Бурҳонов, дар хислату рафтори ӯ ва ҳатто каҳрамонони саҳнавияш кибру ғурур, салобату ҳайбати   «қозикалонӣ» ё  худ «писари қозикалон» будан боқӣ монда буд. Дар роҳгардиву гуфтораш низ ҳамон ғуруру салобат эҳсос мешуд. Бо ҳамон мақому эътиборе, ки  дар ҷомеа ва дар доираҳои расмӣ дошт, чанд даъват депутати Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон  интихоб шуда буд, вале аз ваколатҳои худ барои  соҳиби шароиту манзили зист шудани ҷавонони театр  истифода накарда буд.   Ин мавзӯъ каме дарднок аст, ки аз идомаву тафсилоти он худдорӣ мекунам…

Ман дар давраи масъули иттифоқи касабаи кормандони театр буданам аз обрӯву эътибор ва ғуруру салобати устод Бурҳонов боре истифода бурда будам. Як сол барои дарёфти картошкаи зимистона баҳри  кормандони театр ба  назди  роҳбари  базаи  меваю сабзавот (Тоҷикплодовош) рафтам. (Насли калонсол хуб ёд доранд, ки чунин корҳо;- бо навбат дарёфт кардани маҳсулот ва маводи ғизо дар даврони Шуравӣ ба расмият даромада буд. Солҳое буданд, ки картошкаи хушсифати Россияро аз дуконҳои сабзавотфурӯшӣ ёфта харидорӣ кардан душвор буд.)

Директори база, ки турктабор буд, ба мактуби расмии мо чандон эътибору таваҷҷӯҳ накарда, навбати моро барои дарёфти картошка дар моҳи январ таъин намуд. Ман аз саргардониву ноумедӣ хеле хаставу асабӣ ба театр баргаштам ва дар фосилаи роҳи дароз ба зеҳнам  бархурд, ки бояд аз мақому эътибори Аслӣ Бурҳонов истифода кард. Зеро иттифоқи касабаи кормандони кумитаи радиову телевизион аз имкониятҳои касбии кумита ва мақому обрӯи раиси он Ғоибназар Қаландаров суистифода намуда, ҳануз моҳи октябр аз базаи Тоҷикмевасабзавот захираи картошкаи зимистонаи худро таъмин карда буданд.

Ман ҳам ба театр омада, бо мувофиқа ва иҷозаи рохбари он- вақтаи он Қошқарӣ Мирзоев устод Аслӣ Бурҳоновро бо мошини хидматии директор рост ба базаи меваю сабзавот ба « Душанбе-2» бурдам. Устод ҳарчанд, ки каме нотоб буд, вале барои ин кори хайр -таъмини захираи зимистонаи кормандон бо картошка (дар замони шуравӣ картошкаро нони дуввум меномидаанд) розӣ шуд, ки ба назди раиси мағруру ҳунарнописанди базаи меваю сабзавот биравад.

Долону даромадгоҳи қабулгоҳи раис пур аз одам буд. Бо дидани чеҳраи устод Бурҳонов ва шунидани садои «Ленини тоҷик» ҳама яктарафа истода ба ӯ бо эҳтиром роҳ медоданд. «Доҳӣ» бо ғуруру салобати хосаи худ дари раиси « Тоҷикплодовош»-ро кушода вориди кабинети ӯ шуд. Раис беихтиёр аз роҳаткурсиаш хеста ба истиқболи устод шитофт.

«- Магар ҳунармандони  театр ба картошка ҳақ надоранд?!  Зимистонро бе захираи маҳсулоти ғизоӣ чи гуна сипарӣ кунанд?! Онҳо ғами шиками худу бачаҳояшонро хӯранд, ё дар фикри офаридани нақшу образҳо бошанд?!» ба ҳамин маънӣ  омирона аз раис мепурсид устод Бурҳонов…

Ҳамон рӯз ба ҷои 10тонна  картошкаи дар мактуби мо дархост шуда ба ҳавлии театр 18 тонна  картошка ворид шуд, ки дар баробари кормандони худӣ боз ходимони  чойхонаи « Роҳат»- у муаллимони мактаби ҳамсоя (мактаби №9)  низ аз харидории картошкаи хушсифату хушлаззати сиёҳзамини Россия бархурдор гаштаанд…

Насли миёнаву ҷавони театр ҳам дар ҳузуру ҳам дар ғайбаш ӯро «Муаллим Бурҳонов» меномиданд. Устод Бурҳонов чанд соле таълимоти аз устодонаш гирифтаву таҷрибаи бои андӯхтаи худро ҳамчун коргардон-омӯзгор ба шогирдони шӯъбаи актёрии Донишкадаи давлатии санъати  Тоҷикистон  омӯхта, намоишҳои дипломӣ таҳия кардааст. Дар театр низ ҳамчун  коргардон фаъолияти густурдае карда, чандин намоишҳои мазҳакавиро рӯи саҳна овардааст.

Соли 1985 ҷашни 70-солагии муаллим Бурҳонов хеле пуршукӯҳу хотирмон таҷлил гардид. Мавҷи табрикот, қадршиносиву гиромидошти ҳунари асил, ҳазлу шӯхиҳои ҳампешагону шогирдон ҳусну азамати ҷашнро афзун менамуданд...

 Ҳамон сол Тӯҳфа Фозилова дунёи фониро падруд гуфт…

Охири солҳои 80-ум дегхонаи гармидиҳии инфиродии театр хароб гашта, бинои театр таъмирталаб шуда буд… Ҷои машғулияту гузарондани чамъомадҳои ҳайати эҷодии театр акнун бинои  мачлисгоҳи « Агробонк» буд, ки дар рӯ ба рӯи театр қарор дошт. Ҳоло он бинои асосии « Ориёнбонк» мебошад.

Устод Бурҳонов пиру бемор шуда буд, ва чашмонаш хира медиданд  Маросими ба нафақа гусел кардани ӯ дар ҳамон толори маҷлисгоҳи собиқ «Агробонк» хеле оддӣ ва хоксорона сурат гирифт.

Лаҳзаи бо ёрии писараш толорро тарк гуфтани ӯ мисли навори кино дар ёдам мондааст. Заифу нотавон ва бо чашмони пури ашк бо ҳамкорон худоҳофизӣ карду аз маҷлисгоҳ берун рафт. Дар вуҷуди хастаи ӯ дигар аз он салобату ғурур чизе намонда буд…

Дар ҳамон солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ чанд боре ӯро дар чорабиниву зиёфатҳои хайрияи маркази барҷомондагону бепарасторон воқеъ дар кӯчаи «Пионерон» (қафои кинотеатри 8-уми март)  дида будам.

Чашмонаш тамоман нобино шуда буданд ва худаш низ хеле лоғар гашта буд.  Писараш  Ӯктам акнун  дасту асои падараш  буд. Бо шунидани овозам маро зуд шинохта  «ҳа хушбурут, ин ту мӣ?!» гуён ҳолпурсӣ мекард. (Ӯ қаблан ҳам бо меҳр маро ҳамин тавр  «хушбурут»  меномид).

Дар ҳамон рӯзгори нобасомону солҳои даҳшатбори ҷанги шаҳрвандӣ аз ин ҷаҳони бевафо ба дорулбақо реҳлат кард. Ҷанозаи Артисти халқии СССР,  Депутати  Совети Олии РСС Тоҷикистон,  Барандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Рудакӣ, дорандаи даҳҳо ордену медалҳои гаронбаҳои шуравӣ дар даврони зуҳуроти демократӣ дар ҳавлии худаш хеле хоксорона доир гашт, ки мардум, ҷомеа аз даргузашти ҳунарманди маҳбуби худ тамоман бехабар монданд. (Дар даврони шуравӣ маросимҳои видоъ бо арбобони намоёни илму адаб, фарҳангу ҳунар ба як рӯзи  мотами умумимиллӣ табдил меёфт ва гиромидошти хотираи неки эшон барои насли наврасу ҷавонон дарси ибрату сабақи худшиносиву ифтихори миллӣ мегардид.)

Соли 2015 ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбии кишвар «Парасту» ба ифтихори 100-солагии устод Аслӣ Бурҳонов доир гардид…

Аз устод Асли Бурҳонов нақшҳои бисёр равшану образҳои тобноке дар навори синамои тоҷик ба мисли  Пӯлод Усмонов ( « Дар заставаи дур»), Мухтор-ака ( « Ман бо духтаре вохӯрдам»), Карим-ака («Писар бояд зан гирад»), Раҳимбек ( « Застава дар кӯҳистон»), Ҳоҷиёров («Одам пӯсташро иваз мекунад»), Абдуллохоҷа  (Дохунда), Амир  Нӯҳи Сомонӣ  (« Абуалӣ Сино»),  Ясавулбошӣ  («Субҳи Ганг») ба мерос мондаанд.

Фарзанди ҳунарманди ӯ Музаффар Бурҳонов яке аз ситораҳои  пурфурӯғи балети тоҷик аст, ки ҳамроҳи Малика Собирова дар бузургтарин саҳнаҳои ҷаҳон  Тоҷикистон ва миллати тоҷикро муаррифӣ кардаанд. (Ӯ ҳоло бо аҳли  хонаводаи худ  муқими  кишвари  Олмон аст).

Ёди неки абармардони ҳунар ва омӯзиши рӯзгору фаъолияти эҷодии эшон барои насли имрӯзу фардо дастури худшиносиву ифтихор ва расидан ба куллаҳои обрӯву эътибор аст.

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Ортиқ Қодир



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi