18:20:28 30-уми Июни 2025 сол

БОЗОР СОБИР САБАҚИ ШЕЪР МЕДИҲАД

Гузорише аз дарси шеъри устод Бозор Собир дар маҳфили Хайрандеш

Китобхонаи ба номи устод Лоҳутӣ чунин базми шеърро ёд надорад. Дар оянда ҳам эҳтимолан чунин маҳфили самимиву гармеро касе дигар дар ин ҷо бад ин шева бо чунин як бузурги шеъри муосири тоҷик баргузор карда натавонад. Толор моломоли алоқамандони шеъру дӯстдорони каломи бадеъ аст. Ба ин ҷо аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ошиқони шеъри ноби устод Бозор Собир аз пир то ҷавон гирд омаданд.

 

Дар байни  навқаламон чеҳраҳои шиноси назми имрӯзаи тоҷик аз қабили Сафармуқаммади Аюбзодаи Маҳзун, Зиё Раҳмон, Шарифи Мисайзод, журналист Мираҳмади Амиршоҳ,  шоираҳои хушкалом Барно, Анзурат, Шоирабону, мунаққид Мубашшири Акбарзод ва боз ашхоси ношиноси зиёдеро дидан мумкин аст. Дар оғози маҳфил маслиҳат шуд, ки хоҳишмандон аз  ҷумлаи аҳли қалам намунаҳо аз ашъори худро дар пеши устод Бозор қироат мекунанд ва устод онҳоро арзёбӣ менамояд. Сипас чанде саволу ҷавоб хоҳанд кард. Инак лақзақоеро аз ин дарси шеър бароятон пешкаш менамоем.

 

«Маҷнунбед мегуфтӢ, дуруст мешуд»

Шоири ҷавон Бурӣ Сармад назираеро бар ғазали машҳури  устод Бозор қироат кард. Устод ба ду байти он таваҷҷӯҳи шоири ҷавон ва ҳозиринро ҷалб намуд:

 

Модар ту бирафтиву асоят паси дар монд,

Бар додару бар хоҳару ман сӯзи ҷигар монд…

Ду қӯша сафедори дари ҳавлии додар,

Гардида сарозер зи он решаи тар монд.

 

Байти аввал хуб аст. Тасвири зебое дорад. «Асоят паси дар монд» тасвир аст. Вале дар байти дуввум калом табиӣ набаромадааст. Сафедор ҳеҷ вақт сарозер намеафтад. Агар маҷнунбед мегуфтӣ, дуруст мешуд. Чунки маҷнунбед худ гирён аст, сархам аст.

 

«Ту ба ҳамин як байт машҳур мешавӢ»

Абдуқаҳҳори Қосим аз шаҳри Турсунзода шурӯъ кард ба хондани  шеъре дар васфи устод Бозор. Шоир ӯро аз хондани идомаи шеър манъ намуд ва гуфт шеъри хубашро бихонад. Абдуқаҳҳор шеъреро то ба охир қироат кард. Устод гуфт, ки ин шеърат рӯҳияи занона дорад. Онро агар духтаре мегуфт, шеъри хубе мебуд. Шеъри дигаратро бихон. Абдуқаҳҳор шеъри дигарашро қироат кард. Вақте ба ин мисраҳо расид:

 

Чу сайди чобуке омад ба тӯри дидаи ман,

Ба теғи мижа маро куштаву шикор гирифт.

 

Устод гуфтанд: «То ин замон «теғи абрӯ» мегуфтанд, вале «теғи мижа»-ро нашунида будам. Оё «теғи мижа» ҳаст?

 

Чун шоири ҷавон ба ин байт расид:

 

Ба рӯйи зону гирифтам, нишондамаш ба канор,

Надонистам, ки чӣ сон тори сар қарор гирифт.

 

Устод кӯдаквор шодӣ карданд: «Офарин. Хуби хуб гуфтӣ. Ту ба ҳамин як байтат машҳур мешавӣ».

 

«Ана Ҳаминро шеър мегӮянд»

Шоири ҷавон Мирзо Кенҷа чанд рубоӣ хонд. Дар байни онҳо танҳо ду рубоӣ ба устод хуш омад. Бояд гуфт, ки ба устод Бозор Собир аз миёни ашъори зиёде, ки дар ин маҳфил барояш хонданд, махсусан  ҳамин рубоии зерини Мирзо Кенҷа бештар аз дигарон писанд омад:

 

Аз шаҳри мусофирӣ чиҳо овардам?

Дар чеҳраи заъфарон тило овардам.

Дурдона зи ашки ғурбату дастовез,

Ду халта ба зери дидаҳо овардам.

 

Олӣ, офарин, ана ҳаминро шеър мегӯянд,- гуфтанд устод Бозор Собир.

 

АфсӮс, ки шоирони мо пир шуданд…

Баногоҳ дар назди устод Шарифи Шайдо (Мисайзод) пайдо мешавад ва ин шеърро мехонад:

 

Афсӯс, ки шоирони мо пир шуданд,

Бо дасти қаламгир асогир шуданд.

Во ҳасрату во маломату вовайло,

Бар шоираҳои мо, ки кампир шуданд.

 

Устод шеърро шунида мегӯянд, ки «ҳа, ин аз Лоиқ аст». Аммо Мисайзод исрор меварзад, ки «не, ин моли устод Бозор Собир аст. (ҳама механданд)

 

Бозор: Э ҳаа, рост гуфтӣ. Инро бахшида ба Гулрухсор гуфта будам. 

 

«Хуб гуфтаасту бераҲмона гуфтаст»

Шоираи Раҳимҷон, яке аз шоираҳои маҳфил: -Устод, як савол. Як рӯз гузарамон ба бинои Иттифоқи Нависандагон афтид ва ҳамон шоираеро, ки шумо «кампир» гуфтед, дидем. Ӯ ба мо гуфт, ки «касе, ки баъди ман шеър менависад, рӯйи варақ беҳуда сиёҳ мекунад». Шумо дар ин бора чӣ мегӯед? Оё ӯ дуруст гуфтааст?

 

Бозор: Ҳамон «кампир» гуфт? (ҳама механданд)

 

Шоира: Бале.

 

Бозор: Хуб гуфтаасту бераҳмона гуфтааст. (Мавҷи ханда). Ғанӣ гуфтааст, ки

 

Шеъри дигаронро ҳама доранд ба хотир,

Шеъре, ки Ғанӣ гуфт, касе ёд надорад.

 

Шеъри шиор шеъри сангар аст

Мубашшири Акбарзод: Устод, имрӯз, мутаассифона, шеъри моро шиорзадагӣ фаро гирифтааст. Ватан гуфтану истиқлол гуфтан тамоми шеъри моро фаро гирифтааст. Назари шумо ба шиорзадагии шеъри имрӯзи тоҷик чист?

 

Бозор Собир: Замони табадуллотҳо шеъри худро дорад.

 

Мубашири Акбарзод: Ин хуб аст ё бад?

 

Бозор Собир: Инро хуб ё бад гуфта намешавад. Ин шеъри замони худаш аст. Масалан Маяковский мегуфт:

 

Нависанда он аст дар ин рӯзгор,

Ки шеъре бигӯяд, нависад шиор.

 

Дар замони инқилоб шиор муҳим буд. Адабиёт бе шиор намешуд. Шиор дар он замон масъалаи аввали адабиёт буд. Барои ҳамин ҳам замони мо, ки замони табаддулот ҳаст, ногузир шиор мешавад. Аз ин гила кардан даркор нест. Замони шикасти зиндагӣ, инқилоб,  табаддулот шиорҳо мешаванд ва ин табиист. Шеъри шиор фақат шеъри ҳангома нест, Шеъри рӯз аст.

 

Ва бе шеъру шиор инқилоб карда наметавонед. Масалан бо шеъри Ҳофиз шумо майдони ҷанг рафта наметавонед. Майдони инқилоб рафта наметавонед. Майдони мубориза рафта наметавонед. Бо «Шоҳнома» меравед. «Шоҳнома» ҳамаш шеъри майдон аст. Шеъри сангар аст. Шеъри ҷанг аст. Ман шеъри шиорро ҳеҷ вақт рад накардам. Беҳтарин шеър аст.

 

Қаламам нест як ангушти ман аст

Сипас устод Бозор барои ҳозирин шеъри бахшида ба қаламашро хонд. Қаламе, ки шеъраш моро сеҳр мекунад:

 

Ҷеваке ман ба сари дил дорам,

Ҷои пул нест, барои қалам аст.

Қалами ман ба дилам наздик аст,

Ба фишори дилам одат кардаст.

Хиш-хиши тарзи қаламронии ман,

Тапиши ин қалби маро мемонад.

Тапиши қалбам агар мавзун аст,

Хиш-хиши хомаи ман мавзун аст.

Ин қадар ранг, ки дар дафтари ман,

Аз димоғи қаламам мерезад,

Хуни рангини ман аст.

Аз димоғи қаламам дар дафтар,

Хуни ман мерезад.

Чун қалам нест касе ҳамраги ман,

Чун қалам нест касе ҳамхунам.

Дасти ман дар таги ангушти қалам,

Қаламам набзи маро месанҷад.

Мешуморад қаламам набзи маро,

Менигорад қаламам набзи маро.

Тапиши набзам агар мавзун аст,

Тапиши хомаи ман мавзун аст.

Қалами ман ки дар ангушти ман аст,

Қаламам нест як ангушти ман аст.

Бо ин ангушт шаш ангушти ман аст.

Ин шаш ангушт, ки дар мушти ман аст,

Басам ин мушт, ки дар пушти ман аст.

 

Катибаи санги мазори Нодирпур

Шоири ҷавоне: Устод, шунидем, ки катибаи санги мазори Нодири Нодирпурро шумо навиштаед. Оё ин дуруст аст?

 

Бозор: Зани Нодирпур гуфт, ки шоирро дар таги як дарахти арча гӯр кардем. Барои санги гӯраш ягон чиз навиштан даркор. Ба ман нагуфт, ки навис. Лекин ман навиштам. Ман худам надидам. Одамон гуфтанд, ки  ин шеърро дар он ҷо навиштанд. Дар он ҷо шеър пур аст. Ҳамон санги мазори Нодирпур пуропури шеър аст. Азҷумла ҳамин шеъри ман ҳам ҳаст:

 

Хоби абадат ба шеър ошуфта кунем,

Санги лаҳадат ба бӯсаҳо суфта кунем.

Ҳарчанд, ки беболину бистар хобӣ

Дар сояи миҷгони санавбар хобӣ.

 

Андеша кунед аз намаки ҳар суханаш

Хайрандеш: Толорро дар ихтиёри мо танҳо барои ду соат ба иҷора додаанд. Ин мӯҳлат, мутаассифона, ноайён гузашт. Мо бояд бо устод Худоҳофизӣ кунем. Ва бо қироати ин чаҳор мисраъ, ки  ба ифтихори ташриф овардани устод гуфтаам, ба ин базми шеър ҳусни хотима мебахшам:

 

Бозори бузурги шеър омад Ватанаш

Хосияти нек дорад ин омаданаш.

Эй ҳамватанон, дигар намонед равад.

Андеша кунед аз намаки ҳар суханаш.

 

Султони Ҳамад, ИмрӯзNews

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3073-2010-09-08-06-13-55.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ