«ҚИЁМИ РӮЗ»- ҶОИЗАИ НАВ МЕГИРАД?
Дирӯз,12.09.10, дар Анапа нуздаҳумин фестивали синамогарони ИДМ «Киношок» оғоз гардид. Синамои тоҷикро дар ин фестивали бонуфуз филми Носир Саидов «Қиёми рӯз» муаррифӣ мекунад. Бояд зикр кард, ки ин филм дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон нахустин филмест, ки ба навор сабт шуда, то имрӯз дар кинфестивалҳои мухталиф иштирок ва мукофтоҳои зиёдеро низ соҳиб гардидааст. Сужаи филм чунин аст, ки баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ як деҳа шумули ду давлат мешаваду аз байни он марз мебанданд ва сокинони ҳамеша якҷойи онро ҷудо кардан мехоҳанд.
Ҳамчунин дар ин филм атрофи ишқи поку самимии ду ҷавони деҳотӣ қисса меравад, ки бисёр ҷолиби диқкат аст. Сафар Ҳақдодов муаллифи сенарияи «Қиёми рӯз» ба он бовар аст, ки дар ин фестивал низ филми онҳо таваҷҷуҳи зиёдеро ба худ ҷалб хоҳад кард.
Ҳамчунин филми «Лӯхтакҳо»- и Чингиз Расулзода (Озорбойҷон), «Масакра»-и Андрей Кудиненко (Белоруссия), «Ба оина нигоҳ накун» -и Сурена Бабаяна (Арманистон), «Бачаҳои азизи ман»-и Жанна Исабаева (Қазоқистон), «Ҷашни арӯсӣ дар Бесраби»-и Наполеон Хелмис (Молдавия) дар ин фестивал иштрок мекунанд.
Садри ҳакамони фестивали мазкур продюсери рус Павел Каплевич буда, ҳамчунин дар ин ҳайат коргардонҳое чун Асаналӣ Ашимови қазоқ, Олег Фиалкои украин ва Владимир Хотиненкои рус низ ҳастанд. Интизор меравад, имрӯз, дар ҷараёни фестивали мазкур мизи гирде низ дар мавзӯи «Дирӯз, имрӯз ва фардои киноматеграфистони ИДМ» баргузор гардад.
Баҳманёр Муродов, «ИмрӯзNews»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3101-l-r---.html